Дар Масҷидулақсо чӣ хабар?

Ду рӯз аст, ки режими ишғолгари саҳюнист барои аввалин бор аз соли 1967 то кунун, Масҷидулақсо, нахустин қиблаи мусалмононро баста ва иҷозаи иқомаи намози ҷумъа ва пахши азон дар ин масҷидро намедиҳад.

Аввалҳои субҳи ҷумъа (14.07.2017) буд, ки се ҷавони фаластинии сокини сарзаминҳои ишғолии 1948, бо низомиёни режими саҳюнистӣ дар атрофи Масҷидулақсо даргир шуданд. Ин се ҷавони фаластинӣ дар амалиёти шаҳодатталабонаи худ муваффақ шуданд ду низомии саҳюнистро аз пой дароваранд ва худ низ ба зарби гулӯлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд.

Вежагии мунҳасир ба фарди ин амалиёт он буд, ки се ҷавони шаҳодатталаб муваффақ шуданд тамоми тадобири амниятии режими саҳюнистӣ дар Қудс ва Масҷидулақсоро бишкананд ва дар атрофи ин масҷид бо саҳюнистҳо даргир шаванд ва ду тан аз онҳоро ба дарак восил кунанд.

Баста шудани Масҷидулақсо

Пас аз ин амалиёт ва муташанниҷ шудани авзоъ дар Масҷидулақсо, режими саҳюнистӣ ин масҷиди шарифро барои аввалин бор аз 1967 то кунун, баст ва иҷозаи иқомаи намози ҷумъа ва пахши азонро дар ин масҷид надод.

Ин мавзӯъ боис шуд фаластиниҳо намози ҷумъаи худро дар масирҳои мунтаҳӣ ба Масҷидулақсо иқома кунанд.

Режими саҳюнистӣ эълом кардааст, дар ростои тадобири амниятии изофӣ, Масҷидулақсо то қабл аз рӯзи якшанбе бозгушоӣ нахоҳад шуд.

Ин режим дар тамоми масирҳои мунтаҳӣ ба бахши қадимии Қудс истҳои бозрасӣ қарор дода ва тадобири амниятиро ташдид кардааст.

Фирос Аддиббас, масъули равобити умумӣ ва расона дар Масҷидулақсо эълом кард, 58 корманди идораи авқофи исломӣ субҳи имрӯз (шанбе) боздошт шудаанд ва ба маркази пулис дар Қудси ғарбӣ барои бозҷӯӣ мунтақил шудаанд.

Умар ал-Кисвонӣ, мудири Масҷидулақсо низ эълом кард, ин масҷид аз соатҳои аввалияи субҳи шагбе ба сурати комил муҳосира аст ва идораи авқоф иттилооте дар бораи замони бозгушоии он надорад.

Дар ҳамин росто, Маъмун Алхашим, вакили фаластинӣ низ эълом кард, режими саҳюнистӣ боздошти се тан аз кормандони идораи авқоф ба номҳои Айман Алхолидӣ, Моҷид Аттамимӣ ва Ториқ Сандуқаро тамдид кардааст.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: