Ислом ва Эронзамин (38)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (1)

Густардагӣ ва ҳамаҷонибагӣ

Дар ин бахш, ба хадамоте, ки мутақобилан Эрон ва эрониён нисбат ба ислом ва ё тамаддуни исломӣ анҷом додаанд мепардозем. Дар оғози бахши дуввум тазаккур додем, ки хидмати як қавм ба як дин ин аст, ки нерӯҳои моддӣ ва маънавии худ, завқу истеъдод ва фикру ибтикори худро дар ихтиёри он қарор диҳад ва дар ин кор хулуси ният дошта бошад.

Эрониён беш аз ҳар миллати дигар нерӯҳои худро дар ихтиёри ислом қарор доданд ва беш аз ҳар миллати дигар дар ин роҳ самимият ва ихлос нишон доданд. Дар ин ду ҷиҳат ҳеч миллате ба пойи эрониён намерасад, ҳатто худи миллати араб, ки дини ислом дар миёни онҳо зуҳур кард. Ҳадафи мо дар ин бахш, исботи ин ду ҷиҳат аст, хусусан ҷиҳати дуввум.

Роҷеъ ба хадамоти фаровони эрониён ба ислом, зиёд сухан гуфта мешавад, вале камтар ба ин нукта таваҷҷӯҳ мешавад, ки эрониён шоҳкорҳои худро дар роҳи хидмат ба ислом ба вуҷуд оварданд ва ҷуз нерӯи ишқ ва имон, нерӯи дигаре қодир нест шоҳкор халқ кунад. Ва дар ҳақиқат ин ислом буд, ки истеъдоди эрониро таҳрик кард ва дар ӯ руҳи тозае дамид ва ӯро ба ҳаяҷон овард; агар на, чаро эрониён садяки ин ҳимматро дар роҳи кеши пешини хеш буруз надоданд?

Ба ҳамон нисбат, ки ислом як дини ҳамаҷониба аст ва бар ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти башарӣ сайтара дорад, хадамоти эрониён ба ислом низ васеъ ва густарда ва ҳамаҷониба аст ва дар саҳнаҳо ва ҷабҳаҳои гуногун сурат гирифтааст. Мо дар ин мухтасар ҳарчанд ба таври иҷмол, дар ҳудуди имконот ва иттилооти худамон, ба ҳамаи ҷавониб ва ҷабҳаҳо ишора мекунем.

Аввалин хидмате, ки бояд аз он ном бурд, хидмати тамаддуни куҳани эронӣ ба тамаддуни ҷавони исломӣ аст. Ин тамаддуни куҳан ба тамаддуни ҷавон ва боазамати исломӣ кӯмак ва хидмати фаровон намуд. Ҳарчанд ин матлаб аз мақсуди аслии мо, ки ташреҳи хадамоти содиқонаи эрониён ба ислом аст берун аст — зеро мавриди истифода қарор гирифтани як тамаддуни куҳан барои як тамаддуни ҷадид, ки дар ҳоли рушд ва по гирифтан аст, табиӣ ва қаҳрӣ аст — вале ин ду матлаб ончунон ба ҳам пайвастааст, ки бо зикри ҳар як бидуни дигаре матлаб ноқис ба назар мерасад. Ба илова, унвони китоб “Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон” аст, аз ин рӯ ночорем ба он чӣ марбут ба Эрон аст низ ишора кунем, аъамм аз он ки ҷузъи хадамоти эрониёни мусалмон шумурда шавад ё шумурда нашавад. Хонандаи ин китоб вақте ба инҷо мерасад, табъан моил аст аз ин матлаб ҳам огоҳ гардад.

Аз ин ки бигзарем, ба хадамоти эрониёни мусалмон ба ислом мерасем. Хадамоти эрониёни мусалмон дар ҷабҳаҳои мухталиф сурат гирифтааст: ҷабҳаи нашру таблиғ ва даъвати миллатҳои дигар, ҷабҳаи сарбозӣ ва низомӣ, ҷабҳаи илму фарҳанг, ҷабҳаи завқу санъату ҳунар. Акнун сухани худро аз хадамоти тамаддуни куҳани эронӣ ба тамаддуни ҷавони исломӣ оғоз менамоем.

* * *

Тамаддуни Эрон

Аз мо нахоҳед, ки ба тафсил вориди баҳси моҳияти тамаддуни эронӣ ва арзиши воқеии он ва таҳаввулоте, ки дар он аз давраи ҳахоманишӣ то давраи соcонӣ рух дод бишавем. Зеро аввалан, салоҳияти ин баҳсро надорем, ки монанди як мутахассис изҳори назар кунем. Ва сониян, аз мавзӯи баҳси мо хориҷ аст. Мо дар инҷо бо истифода аз мусалламоти торих, ки мавриди қабули соҳибназарон аст ва бо иттико ва нақл аз аҳли назар, баҳси худро идома медиҳем. Бинобар ин, он чӣ мегӯем, ҳама манқулот аз ину он аст.

Ду матлаб қатъист: яке ин ки Эрон қабл аз ислом аз худ дорои тамаддуне дурахшон ва бо собиқа буда ва ин тамаддун собиқаи тӯлонӣ доштааст. Дигар ин ки ин тамаддун дар давраи исломӣ мавриди истифода воқеъ шуда, ва ба қавли Ж. Маноша:

Эрониён бақоёи тамаддуни талтифшуда ва парвардае ба ислом таҳвил доданд, ки бар асари ҳаёте, ки ин мазҳаб дар он дамид ҷони тоза гирифт.” (Тамаддуни эронӣ, ба қалами ҷамъе аз ховаршиносон, с.247)

Аммо қисмати аввал: яъне ин ки Эрон аз як тамаддуни куҳан бархӯрдор будааст, агарчӣ ниёзе ба баён ва тавзеҳ надорад, аммо шарҳи мухтасари он бефоида нахоҳад буд.

Дар китоби “Эрон аз назари ховаршиносон”, тарҷумаи оқои дуктур Ризозодаи Шафақ, нақл аз китоби “Рӯзгори бостон” дар бораи назми идории Эрони ҳахоманишӣ мегӯяд:

Идораи кишвари шоҳаншоҳии Эрон, ки аз баҳри Алҷазоир то рӯди Синд ва аз уқёнуси Ҳинд то Хазар имтидод меёфт, кори осоне набуд ва дар гузашта ҳеч гоҳ ҳукмдоре дар муқобили чунон вазифаи сангин воқеъ нашуда буд, ки Куруш онро шурӯъ кард ва Дориюши бузург (521- 585 қ.м) идома дод. Ин гуна созмони кишвардориро, ки дар ховарзамин, балки дар тамоми ҷаҳони мутамаддин, аввалин бор ба вуҷуд омад, яке аз мароҳили қобили таваҷҷӯҳи торихи башар тавон шумурд…

Ва низ дар ҳамон китоб дар бораи нерӯи дарёии Эрони ҳахоманишӣ менависад:

Дар замони Хашоёршо писари Дориюш, Эрон чандинсад киштӣ дар дарёи Медитарона дошт ва нерӯмандтарин давлати дарёии аҳд буд.”

Ва ҳам дар он китоб менависад:

Дар замони Дориюш як руҳонии маъруфи мисриро, ки ҷузъи усарои мисрӣ дар Эрон буд маъмур сохтанд биравад ва дар Миср омӯзишгоҳи пизишкӣ ва ҷарроҳӣ барпо дорад…

Дар бораи санойеъи аҳди соcонӣ менависад:

Санойеъи аҳди соcонӣ аз лиҳози торихи ҳунари Эрон муҳим аст. Фанни меъморӣ дар он давра тараққӣ карда буд ва ҳанӯз аз бақоё ва анқози кохҳо ва масокин ва маъобид ва қилоъ ва саддҳо ва пулҳо, метавон ба азамати он пай бурд. Дар Фирӯзобод ва Шопур ва Сарвистони Форс ва Тисфун (Мадоин) ва Қасри Ширин бақоёи қасрҳои вайрони соcонӣ машҳуд аст.” (Ҳамон манбаъ, с.20)

Ҷоҳиз дар китоби “Алмаҳосину вал-аздод” иддао мекунад, ки:

Эрони соcонӣ беш аз ҳар чизи дигар ба сохтмон таваҷҷӯҳ дошт ва ин амр аз сангнабиштаҳое, ки аз он давра боқӣ монда пайдост, аммо ба китоб таваҷҷӯҳ надошт; баръакси давраи исломӣ, ки ҳам ба сохтмон таваҷҷӯҳ шудааст ва ҳам ба китоб.” (Алмаҳосину вал-аздод, с.4)

Вил Дуронт дар “Торихи тамаддун” (ҷилди даҳум аз тарҷумаи форсӣ) дар ҳудуди 60 сафҳа ихтисос медиҳад ба тавзеҳ ва ташреҳи тамаддуни соcонӣ. Дар бораи улум дар он давра мегӯяд:

Паҳлавӣ — забони ҳиндуурупоии Эрон дар салтанати Ашкониён — дар замони Соcониён низ маъмул буд. Аз адабиёти он замон фақат 600 ҳазор калима боқӣ мондааст, ки ҳама марбут аст ба дин. Мо медонем, ки он адабиёт васеъ будааст, аммо чун мӯбадон ҳофиз ва ноқили он буданд, бештар осори ғайридиниро мегузоштанд, то аз миён биравад. Шоҳони соcонӣ ҳомиёни равшангари адабиёт ва фалсафа буданд. Хусрави Анушервон дар ин кор бартар аз ҳамаи онон буд. Ба фармони ӯ осори Афлотун ва Арасту ба забони паҳлавӣ тарҷума ва дар Донишгоҳи Ҷундишопур тадрис шуд.” (ҷ.1, с.234)

Чунонки медонем, Донишгоҳи Ҷундишопур дар он аҳд таъсис шуд. Ин донишгоҳро масеҳиёни эронӣ идора мекарданд ва яке аз марокизи бузурги фарҳангии ҷаҳон шуд. Ин маркази бузург дар давраи ислом идома ёфт ва вақфае дар кораш ҳосил нашуд. Табибони масеҳӣ, ки дар даврони хулафои аббосӣ номашон бурда мешавад аз қабили Бахтишуъ, Ибни Мосавайҳ ва ғайруҳум фориғуттаҳсили ҳамин донишгоҳ буданд. Баъдҳо, ки Бағдод ба сурати маркази сиқли дониши ҷаҳон даромад, Ҷундишопур таҳтушшуъо қарор гирифт ва тадриҷан мунқариз шуд. Донишгоҳи Ҷундишопур яке аз марокизе буд, ки ба тамаддуни исломӣ кӯмак кард ва ба он хидмат намуд.

Вил Дуронт дар бораи ҳунари соcонӣ мегӯяд:

Аз сарвату ҷалоли Шопурҳо, Қубодҳо ва Хусравҳо чизе ҷуз бақоёи ҳунари даврони соcонӣ баҷо намондааст, аммо ҳамин миқдор кофист, ки моро аз давом ва қобилияти инъитофи ҳунари Эрон аз замони Дориюши Кабир ва Перспулис то даврони шоҳ Аббоси Кабир ва Исфаҳон ба шигифт оварад.” (Ҳамон манюаъ, ҷ.251)

Дар бораи нассоҷии он аҳд мегӯяд:

Санъати нассоҷии Соcониён аз тарҳҳои наққошӣ, муҷассамасозӣ, суфолсозӣ ва соири ашколи тазйинӣ баҳраманд шуд. Порчаҳои ҳарир, мутраз, дибо ва димишқӣ, густарданиҳо, рӯпӯшҳои сандалӣ, соябонҳо, чодарҳо ва фаршҳо бо ҳавсалаи бисёр ва маҳорат бофта ва он гоҳ ба гунаи рангҳои зард, обӣ ва сабз рангомезӣ мешуданд.” (Ҳамон манбаъ, с.254)

Дар бораи санъати суфолсозӣ мегӯяд:

Аз суфолинаҳои замони Соcониён ҷуз қатаъоте, ки барои истифодаи рӯзмарра сохта шуда буд, чизе баҷо намондааст, бо ин вуҷуд, санъати суфолинасозӣ дар даврони Ҳахоманишиён бисёр пеш рафта буд ва зоҳиран дар салтанати Соcониён низ то ҳадде идома ёфт ва баъд аз ғалабаи аъроб такмил шуд.” (Ҳамон манбаъ, с.255)

Вил Дуронт муддаӣ аст, ки:

Бар рӯйи ҳам, ҳунари Соcониён намоёнандаи бозхезӣ аз чаҳор қарн инҳитоти даврони Ашкониён аст. Агар мо ба қайди эҳтиёт аз бақоёи он қазоват кунем, бояд бигӯем, ки дар камолу азамат ба пойи ҳунари даврони Ҳахоманишӣ намерасад. Ҳамчунин аз ҳайси ибдоъ, резакорӣ ва завқ, бо ҳунари Эрон баъд аз ислом баробарӣ натавонад кард.”

Вил Дуронт дар хотимаи ин фасл мегӯяд:

Ҳунари соcонӣ бо ишоъаи шаклҳо ва ангезаҳои ҳунарии худ дар Ҳиндустон, Туркистон ва Чин дар машриқ, ва Сурия, Осиёи Сағир, Қустантания, Болкон, Миср ва Испониё дар мағриб дайни худро адо кард. Шояд нуфузи он ба ҳунари юнонӣ ёрӣ кард, то аз ибром дар намоиши тасвирҳои килосик даст бардорад ва ба равиши тазйинии бизонтӣ гарояд. Ва ба ҳунари масеҳияти лотин муъозидат намуд, то аз сақфҳои чӯбӣ ба торамҳо ва гунбадҳои оҷурӣ ё сангӣ ва деворҳои диъомаӣ атфи таваҷҷӯҳ кунад. Ҳунари сохтани дарвозаҳо ва гунбадҳои бузург, ки хосси меъмории соcонӣ буд, ба масҷидҳои исломӣ ва қасрҳо ва маъобид мунтақил шуд. Ҳеч чиз дар торих гум намешавад, дер ё зуд ҳар фикри халлоқ фурсат ва таҳаввул меёбад ва ранг ва шарораи худро ба зиндагӣ меафзояд.” (Ҳамон манбаъ, с.256)

Дар китоби “Эрон аз назари ховаршиносон” фасли севвум таҳти унвони “Манобеи ҳунари исломӣ”, аз китоби “Дасте дар ҳунари исломӣ” таълифи Деманд (Demand), раиси қисмати ҳунари Ховари Наздик дар музеи Метрупул чунин нақл мекунад:

Дар замони ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) араб аз худаш санъате надошт, ё агар дошт, ночиз буд. Баъд аз фатҳи Сурия ва Байнаннаҳрайн ва Миср ва Эрон буд, ки ҳунарҳои ин мамоликро иқтибос карданд. Аз манобеи суҳуфи чинӣ ба даст меояд, ки хулафои умавӣ аз тамоми вилоёти мафтуҳа масолеҳ ва устодонеро ҷалб мекарданд ва дар бинои шаҳрҳо ва қасрҳо ва масоҷиди ҷадид мавриди истифода қарор медоданд, муъаррақсозҳои бизонсӣ ва сурияӣ барои тазйиноти масоҷиди Димишқ истихдом мешуданд ва таҳти риёсати як устоди эронӣ ба кор мепардохтанд. Ҳамчунин барои абния дар Макка санъатгароне аз Миср ва Қудс ва Димишқ оварда шуданд ва ин истифода аз масолеҳ ва амала (коргарон) то асри Аббосиён идома ёфт. Табарӣ низ дар торихи худ гӯяд, ки барои бинои Бағдод устодоне аз Сурия ва Эрон ва Мавсил ва Куфа истихдом гаштанд. Бо ин тартиб, ба тадриҷ як услуби исломӣ, ки аз ду манбаъ яъне исавии шарқӣ ва соcонӣ сарчашма мегирифт ба вуҷуд омад.”

Ҳамчунин дар ҳамон мақола менависад:

Гарчи дар гузашта ҳам баъзе муҳаққиқон ба таъсири ҳунари соcонӣ дар ҳунари исломӣ пай бурда буданд, вале аҳаммияти ин матлаб бештар ахиран дар сояи ҳафриёти ахир дар Тисфун дар наздикии Бағдод, ва Кеш дар Байнаннаҳрайн, ва Домғон дар Эрон миқдори зиёде масолеҳ бахусус гаҷбурриҳои тазйинӣ ба даст омада, ки дар онҳо сармашқи санойеъи аввалияи исломӣ дида мешавад.”

Ва низ менависад:

Ҳунари соcонӣ мустақиман идома ёфта ва ба ҳунари исломӣ мунтаҳӣ шуда, ки ҳунармандон гоҳе айни онро нақш карданд ва гоҳе онро тағйир доданд ва сабки хоссе ба вуҷуд оварданд.”

Неҳру дар “Нигоҳе ба торихи ҷаҳон” ҷилди 2 фасле таҳти унвони “Мудовимати сунани қадимии Эрон” боз кардааст ва мехоҳад собит кунад, ки руҳи фарҳанг ва ҳунари Эрон аз ду ҳазор сол пеш то кунун идома ёфтааст. Вай мегӯяд:

Ҳунари Эрон сунани дурахшон ва намоёне дорад. Ин суннатҳо дар муддати беш аз 2 ҳазор сол (баъд аз замони Ошуриҳо то кунун) идома ёфтааст. Дар Эрон дар ҳукуматҳо, дар силсилаҳои подшоҳон ва дар мазҳаб тағйироте рӯй додааст. Сарзамини кишвар зери тасаллути ҳукмронон ва подшоҳони худӣ ва бегона қарор гирифтааст. Ислом ба он кишвар роҳ ёфта ва бисёр чизҳоро мунқалиб сохтааст ва бо вуҷуди он, сунани ҳунарии Эрон ҳамчунон мудовимат доштааст.”

Ҳам ӯ мегӯяд:

Артиши аъроб дар ҳоле, ки ба сӯйи Осиёи Марказӣ ва шимоли Офриқо пеш мерафт ва густариш меёфт, на фақат мазҳаби тозаро ҳамроҳи худ мебурд, балки як тамаддуни ҷавон ва дар ҳоли рушдро низ бо худ дошт. Сурия, Байнаннаҳрайн ва Миср ҳама дар фарҳанги арабӣ (исломӣ) ҷазб шуданд ва таҳлил рафтанд, забони арабӣ забони оддӣ ва расмии онҳо шуд ва аз назари нажодӣ низ бо аъроб ба ҳам омехтанд ва шабеҳи якдигар шуданд. Бағдод, Димишқ, Қоҳира марокизи бузурги фарҳанги арабӣ (исломӣ) шуданд ва бар асари ҷаҳиши пурнерӯе, ки аз тамаддуни ҷадид ба вуҷуд омада буд, сохтмонҳои зебои бисёре дар онҳо бапо гардид… Ҳарчанд Эрон шабеҳи аъроб нашуд ва дар миллияти арабӣ таҳлил нарафт, тамаддуни араб (ислом) таъсири фавқулъода дар он дошт ва ислом дар Эрон ҳамонанди Ҳинд як ҳаёти тоза барои фаъолияти ҳунарӣ эҷод кард. Ҳунар ва фарҳанги арабӣ (исломӣ) ҳам таҳти нуфуз ва таъсири Эрон воқеъ шуд.”

Чунонки медонем, бархе китобҳои эронӣ дар давраи хулафои умавӣ ва аббосӣ тарҷума шуд. Ҳарчанд ин китобҳо бо китобҳое, ки аз соири манобеъ тарҷума шуд қобили муқоиса набуд, дар айни ҳол метавон онро аз навъи кӯмаки тамаддуни эронӣ ба тамаддуни исломӣ ба шумор овард. Мо дар оянда дар боби тарҷумаҳои эронӣ баҳси мухтасаре хоҳем кард.

Мусалмонон низомоти идории худро аз Эрон иқтибос карданд; дафотир ва давовини дастгоҳи хилофат ба сабки дафотир ва давовини қадимии Эрон танзим мешуд ва аҳёнан забони идорӣ ва дафтарӣ забони форсӣ буд. Баъдҳо худи эрониёни мусалмон тарҷеҳ доданд, ки ба забони арабӣ баргардонанд.

Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” менависад:

Аввалин нақл аз забони дигар ба забони арабӣ ба амри Холид ибни Язид ибни Муовия сурат гирифт. Вай илмдӯст буд ва ба санъати кимиё алоқа дошт. Ҷамоате аз фалосифаи юнонӣ, ки дар Миср мезиистанд ва бо забони арабӣ ошно буданд эҳзор кард ва фармон дод иддае аз китобҳои он фаннро аз забони юнонӣ ва қибтӣ ба забони арабӣ тарҷума кунанд, ва ин аввалин тарҷума ба забони арабӣ аст.”

Сипас мегӯяд:

Дуввумин тарҷума ба забони арабӣ нақли девон ва дафотири давлатӣ аст, ки дар замони Ҳаҷҷоҷ ба василаи Солеҳ ибни Абдурраҳмон, ки аз нажоди эронӣ буд, аз забони форсӣ ба забони арабӣ баргардонда шуд. Солеҳ зери дасти Зодонфаррух кор мекард ва Зодонфаррух дабири Ҳаҷҷоҷ буд. Солеҳ чун ба ҳар ду забон менавишт, мавриди таваҷҷӯҳи Ҳаҷҷоҷ воқеъ шуд. Рӯзе худи Солеҳ ба Зодонфаррух гуфт: бими он дорам, ки Ҳаҷҷоҷ маро бар ту, ки валинеъмати ман ҳастӣ муқаддам бидорад ва ту аз назараш биафтӣ. Зодонфаррух гуфт: натарс, ҳаргиз чунин нахоҳад шуд, ӯ ба ман беш аз ту ниёзманд аст, дафтари муҳосиботро ҷуз ман касе қодир нест идора кунад. Солеҳ гуфт: ба Худо қасам, агар бихоҳам метавонам дафтари муҳосиботро ба арабӣ баргардонам, ки асосан ниёзе ба забони форсӣ набошад. Зодонфаррух Солеҳро имтиҳон кард, дид рост мегӯяд. Тақозо кард, ки чанде таморуз кунад ва ҳозир нашавад. Чунин кард. Ҳаҷҷоҷ табиби махсуси хешро назди вай фиристод. Табиб гуфт: ман касолате дар ӯ намебинам. Дар ин байн Зодонфаррух дар фитнаи Муҳаммад ибни Ашъас кушта шуд ва худ ба худ Солеҳ ҷонишини Зодонфаррух гашт. Солеҳ як рӯз моҷарое, ки байни ӯ ва Зодонфаррух гузашта буд ба Ҳаҷҷоҷ гуфт. Ҳаҷҷоҷ хостор шуд, ки ин тасмимро амалӣ кунад. Ин ҷараён боиси нороҳатии форсизабонон, махсусан онон, ки аз ин имтиёз баҳраманд мешуданд гардид. Рӯзе Мардоншоҳ писари Зодонфаррух аз Солеҳ чанд истилоҳи марбут ба ҳисобро пурсид ва гуфт: бо ин истилоҳот чӣ мекунӣ? Солеҳ муъодили онҳоро аз забони арабӣ баён кард. Мардоншоҳ нороҳат шуд ва гуфт: Худо решаатро қатъ кунад, ки решаи забони форсиро қатъ кардӣ. Гурӯҳе аз форсизабонон ҳозир шуданд 100 ҳазор дирҳам ба Солеҳ бидиҳанд, ки ба баҳонаи адами имкон аз тасмими хеш мунсариф шавад, аммо ӯ мунсариф нашуд.”

Ибни ан-Надим мегӯяд:

Вале давовини давлатии Шомро ба забони румӣ менавиштанд, на забони форсӣ ва дар замони Ҳишом ибни Абдулмалик онро низ ба забони арабӣ баргардонданд.”

Ин ҷараён ба дарбори хулафо ва ҳуккоми онҳо марбут будааст. Салотини эронӣ пас аз истиқлол, дафотир ва давовинро ба забони форсӣ менавиштаанд. Бори дигар дар замони Ғазнавиён ба забони арабӣ баргардонда шуд, ки он низ торихчае дорад.

Ҳамчунон ки қаблан гуфтем, мо на дар садади ташреҳи хадамоти тамаддуни куҳани эронӣ ба тамаддуни ҷавони исломӣ ҳастем ва на ин кор дар салоҳияти мост. Ҳадафи мо аз нақли матолиби гузашта, ки аз мусалламоти торих аст ин аст, ки ду нуктаро таъкид кунем:

Яке ин ки Эрон қабл аз ислом аз тамаддуне бархӯрдор будааст ва ин тамаддун яке аз мояҳои тамаддуни исломӣ аст.

Дигар ин ки ислом ба Эрон ҳаёти тоза бахшид ва тамаддуни дар ҳоли инҳитоти Эрон ба воситаи ислом ҷоне тоза гирифт ва шакле тоза ёфт. Ин ду нукта қобили инкор нест.

Толибон худ метавонанд ба манобеъ ва мадорики фаровоне, ки дар ҳар ду замина ҳаст муроҷиа кунанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: