Тарҳи махфӣ ё ҷалби таваҷҷӯҳи аҳмақонаи Тромп?

Мақолае аз Ребеко Тон (Rebecca Tan) дар нашрияи Vox

Нерӯҳои мавриди ҳимояти Омрико дар Сурия худро омода мекунанд, то ДОЪИШ-ро аз Риққа берун кунанд ва ин охирин истротежии зидди доъишии Пентогун аст. Аммо мушкил куҷост? Ин тарҳи ҷадид дар воқеъ ҳамон тарҳи давлати Убомо аст, ки раисиҷумҳур Тромп онро “аҳмақона” ва “як шикасти комил” хонда буд. Пентогун дар назар дорад бо ситезаҷӯён бо гирифтани қаламрави онҳо мубориза кунад, дар ҳоле, ки саъй дорад аз ҷанги дохилии Сурия берун бимонад. Женеролҳои артиш дар рӯзҳои ахир рӯи ин нукта таъкид кардаанд, ки ба дунболи ба чолиш кашидани давлати Башшор Асад нестанд; давлате, ки аз сӯи Эрон ва Русия пуштибонӣ мешавад.

Ин асосан ҳамон сиёсате аст, ки давлати Убомо дунбол мекард. Бархе авқот ин тавр ба назар мерасад, ки Тромп дар воқеъ ҳеч тарҳи махфие дар шикаст додани ДОЪИШ надорад, бар хилофи ваъдаҳое, ки чандин бор дар даврони муборизоти интихоботӣ дода буд. Биёед ба қавлҳое, ки Тромп барои сарнагун кардани ДОЪИШ дода ва сиёсатҳое, ки дунбол кардааст нигоҳе биндозем:

Майи 2015:

Тромп ба муҷрии Fox News Грето Вон Сустерен (Greta Van Susteren) мегӯяд, ки “Иёлоти Муттаҳида комилан таъодули худ дар Ховари Миёнаро аз даст додааст.” Замоне, ки Вон Сустерен мепурсад, ки ӯ чӣ хоҳад кард, Тромп ҷавоб дод: “Намехоҳам душман бидонад, ки ман чӣ хоҳам кард. Мутаассифона бархе маворидро бояд бигӯям. Аммо як равиши шикаст додани сареъ ва муассир вуҷуд дорад, ки пирӯзии комилро ба армуғон хоҳад овард.”

Июни 2015:

Тромп дар мулоқоти ҳайъатмудираи Des Moines мегӯяд, ки намехоҳад тарҳи худ дар аз байн бурдани ДОЪИШ-ро фош кунад, чаро ки мухолифони сиёсиаш онро хоҳанд дуздид. “Мушкил бо сиёсат ин аст, ки агар ман алъон ҳозир шавам ҳама чизро бигӯям, ҳар касе хоҳад гуфт: вой чӣ идеяи бузург! Баъд аз он, шумо 10 кондидо хоҳед дошт, ки аз он истифода мекунанд ва ёдашон меравад, ки бигӯянд ин идея аз куҷо омадааст. Пас намегӯям, аммо ман роҳе мутлақ барои шикаст додани ДОЪИШ дорам.”

Ноябри 2015:

Тромп дар баробари ҷамъияте дар Фурт Дуҷ (Fort Dodge)-и Айова, аз суол дар бораи ин ки барномаи ӯ дар шикасти ДОЪИШ чист, бо ин посух, ки намехоҳад душманон онро бидонанд, шона холӣ кард. Ӯ фақат гуфт: “Ман, бештар аз женеролҳо дар бораи ДОЪИШ медонам. Бовар кунед!

Апрели 2016:

Дар суханронии расмии худ дар мавриди сиёсати хориҷӣ, Тромп таҳдид дар пайи таҳдидро мутаваҷҷеҳи ДОЪИШ мекунад, аммо дубора аз ироаи ҷузъиёте дар бораи чигунагии мубориза бо ДОЪИШ худдорӣ мекунад: “Ман як паёми содда барои ДОЪИШ дорам: рӯзҳои онҳо ба шумора афтодааст. Ман ба онҳо намегӯям, чӣ гуна ва чӣ тавр. Мо бояд ба унвони як миллати ғайриқобили пешбинӣ бошем. Мо алъон комилан қобили пешбинӣ ҳастем. Мо ҳама чизро мегӯем. Мо сарбозонамонро мефиристем ва ба онҳо мегӯем. Мо бояд ғайриқобили пешбинӣ бошем. Мо бояд ғайриқобили пешбинӣ буданро аз ҳоло шурӯъ кунем.”

Ӯ ин паёмро дар суханронии Уотерберии аёлати Коннектикут низ такрор кард: “Дӯстон! Мо хеле-хеле сареъ ДОЪИШ-ро шикаст хоҳем дод. Ин бояд коре сареъ бошад. Мо тарҳе олӣ барояш дорем. Ин фавқулъода хоҳад буд. Онҳо мепурсанд, он тарҳ чист? Хуб, ман тарҷеҳ медиҳам онро нагӯям. Ман тарҷеҳ медиҳам ғайриқобили пешбинӣ бошам.”

Сентябри 2016:

Тромп дар баробари ҷамъияте дар Корулинои шимолӣ, аз барномае махфӣ барои шикаст додани ДОЪИШ мегӯяд, ки дар воқеъ аз женеролҳояш хоста то онро иҷро кунанд: “Ман қасд дорам то тими женеролҳои аршадамро ташкил диҳам ва дастуруламалҳоро ба онҳо бидиҳам. Онҳо 30 рӯз барои сабти корашон фурсат доранд ва тарҳ бояд пурсару садо ва сареъ бошад. Мо ҳеч интихобе надорем.

Октябри 2016:

Дар даври дуввуми мунозироти интихоботӣ, Тромп ба аҳмақона будани сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида ишора мекунад ва ба женеролҳо хӯрда мегирад: “Ҷурҷ Потун (George Patton) ва Доглос Макортур (Douglas MacArthur) доранд қабри худро мекананд.” Ин ду женерол дар баҳсҳои умумӣ аз тарҳи Пентогун барои бозпасгирии Мавсил сӯҳбат карда буданд. Тромп мегӯяд: “Чаро онҳо наметавонанд ин корро бесару садо анҷом диҳанд. Чаро наметавонанд ин ҳамларо анҷом диҳанд. Ҳамлае хиракунанда ва ҳамлае баъд аз ҳамлаи дигар ва ба мардуми Омрико иттилоъ диҳанд, ки мо раҳбарони онҳоро берун кардаем ва ба муваффақияте фавқулъода расидаем.”

Апрели 2017:

Иёлоти Муттаҳида қудратмандтарин бомби ғайриатомии худро, ки “модари ҳама бомбҳо” лақаб дорад, дар ҳамлаи зидди ДОЪИШ дар Афғонистон мавриди истифода қарор дод. Дар як конфронси хабарӣ, Тромп дар бораи ин ҳамла мегӯяд: “Як маъмурияти хеле-хеле муваффақиятомези дигар!” Аммо ӯ ҳозир нест таъйид ё радд кунад, ки ин ҳамла бо имзои ӯ сурат гирифт ё ин ки тасмими мустақилли артиш буд.

Ӯ гуфт: “Ҳар касе ба дурустӣ медонад чӣ иттифоқе афтодааст. Бинобар ин, коре, ки ман анҷом додам, додани ихтиёр ба артиши мо буд. Мо фавқулъодатарин артиш дар ҷаҳонро дорем ва онҳо мутобиқи маъмул кори худро анҷом додаанд. Мо ба онҳо ихтиёри комилро додаем ва ин корест, ки онҳо анҷом додаанд.”

Майи 2017:

Тромп дар конфронси муштарак бо амири Кувайт мегӯяд, ки тайи ду ҳафтаи оянда конфронсе дар бораи ДОЪИШ хоҳад дошт. Конфронсе, ки ҳаргиз баргузор нашуд. Аммо ӯ дар ҷаласаи кобина дар 12 июн гуфт, ки истротежии артиши Омрико дар қиболи ДОЪИШ мавриди бознигарӣ қарор хоҳад гирифт ва конфронсе дар арзи ду ҳафта дар ин бора ташкил хоҳад шуд. Ин мӯҳлат дар 26 июн бидуни баргузории конфронси матбуотӣ ё барномае барои он ба поён расид.

Бинобар ин, он чи машҳуд аст ин аст, ки ваъдаҳо ва қавлҳои Тромп мабнӣ бар вуҷуди тарҳе хосс дар ҷанг бо ДОЪИШ, вуҷуди хориҷӣ надоранд ва сирфан роҳҳое барои ҷалби таваҷҷӯҳи аҳмақона будааст. Бинобар ин, масъалаи муҳимтар ҳоло ин аст, ки истротежии мунсаҷиме барои ҳидояти Иёлоти Муттаҳида пас аз пирӯзиҳои ахир дар баробари ДОЪИШ пайдо кунем, чаро ки ҳоло ба марҳилаи иттифоқоти ғайримунтазиратар ва ғайриқобили пешбинитар дар мубориза бо ДОЪИШ расидаем.

Vox



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: