“Амалиёти шуҷоъонаи се ҷавони фаластинӣ шурӯъи марҳилаи навини Интифоза аст”

Дабири кулли Дабирхонаи доимии ҳимоят аз Интифозаи Фаластин (мустақар дар Теҳрон) изҳор дошт: “Амалиёти шуҷоъона ва шаҳодатталабонаи се ҷавони фаластинӣ дар рӯзи ҷумъа нишонаи таҳаввул ва тағйир дар раванди муқовимат ва шурӯъи марҳилаи навини Интифозаи Фаластин аст.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дабири кулли Дабирхонаи доимии ҳимоят аз Интифозаи Фаластин, дар пайи иқдоми режими ғосиби саҳюнистӣ дар мумониат аз вуруди намозгузорон ба Масҷидулақсо изҳор дошт: “Байтулмуқаддас аввалин қиблаи мусалмонон буда ва аз ишғоли ин макони муқаддас тавассути режими саҳюнистӣ аз соли 1969 то кунун, ин аввалин бор аст, ки ин режим дар иқдоме бешармона ва дудманишона нисбат ба мумониъат аз вуруди намозгузорон ва баргузории намози ҷумъа иқдом кардааст.”

Вай афзуд: “Сиёсати режими мутаҷовизи саҳюнистӣ дар талош барои тағйири пойтахт аз Телавив ба Байтулмуқаддас ва сукути ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳимояти манфиатталабонаи давлати Омрико ва сукути бархе ҳокимони араб дар ин мавзӯъ, режими саҳюнистиро густохтар карда ва албатта мардуми мазлуми Фаластинро бар он доштааст, ки бо ҳар абзоре дар дифои машрӯъ аз худ ва бар мабнои усули шинохташуда дар ҳуқуқи байналмилал эътирози худро эълом ва аз ҳаққи машрӯъ ва табиии худ дифоъ намоянд.”

Амирабдуллоҳиён амалиёти шуҷоъона ва шаҳодатталабонаи се ҷавони фаластинӣ дар рӯзи ҷумъаи ахирро нишонаи таҳаввул ва тағйир дар раванди муқовимат ва шурӯъи марҳилаи навини Интифозаи Фаластин донист.

Дабири кулли Дабирхонаи доимии ҳимоят аз Интифозаи Фаластин зимни маҳкум кардани мумониъат аз вуруди намозгузорон ва баргузории намози ҷумъа дар Масҷидулақсо ва боздошти Шайх Муҳаммад Ҳусайн муфтии Қудси шариф, хитоб ба тарафҳое, ки чашм ба созиш бо режими номашрӯъи саҳюнистӣ доранд гуфт: “Бояд ин ҳақиқатро, ки раҳбарони муқовимат ва мардуми Фаластин муддатҳост ба он расидаанд дарк кунанд, ки танҳо роҳи найл ба ҳуқуқи миллати Фаластин, муқовимат дар муқобили режими ишғолгари Қудс аст.”

Амирабдуллоҳиён хостори таваҷҷӯҳи масъулона ва иттиҳоди ҳамаҷонибаи мусалмонони ҷаҳон ва низ ҷавомеъи байналмилал дар муқобила бо таҳаррукоти зиддибашарии режими номашрӯъ ва ғосиби саҳюнистӣ шуд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: