Ислом ва Эронзамин (39)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (2)

Cамимият ва ихлос

Акнун вориди асли матлаб мешавем, ва он ин ки эрониён хадамоти бисёр шоёне ба ислом кардаанд ва он хадамот аз рӯйи самимият ва ихлос ва имон будааст. Мо аввал дар бораи самимият ва ихлоси эрониён баҳс мекунем, сипас ба шарҳи хадамоти онон мепардозем.

Дар бораи самимияти эрониён намехоҳем муболиға кунем; мо муддаӣ нестем, ки ҳамаи эрониён нисбат ба ислом мухлис ва самимӣ будаанд ва ҳамаи хадамоте, ки сурат гирифтааст аз рӯйи камоли сафо ва самимият нисбат ба ислом будааст. Он чӣ мо муддаӣ ҳастем ин аст, ки аксарияти қариб ба иттифоқи эрониён нисбат ба ислом самимӣ будаанд ва ангезае ҷуз хидмат ба ислом надоштаанд ва дар ин ҷиҳат ҳеч як аз милали исломӣ, аъамм аз арабу ғайриараб, ба эрониён намерасад ва шояд эрониён дар дунё назир надошта бошанд. Яъне ҳеч миллате нисбат ба ҳеч дине ва ойине ин андоза хидмат накарда ва самимият ба харҷ надодааст.

Як миллатро метавон бо зӯр мутеъ кард, аммо наметавон бо зӯр ҷаҳишу ҷунбишу ишқу имон дар ӯ ба вуҷуд овард. Қаламрави зӯру зар маҳдуд аст. Шоҳкорҳои башарӣ танҳо ва танҳо маълули ишқу имон аст.

Бархе чунин вонамуд мекунанд, ки ангеза ва муҳаррики эрониён дар ҷӯшиш ва ҷунбиши фавқулъодаи фарҳангии исломӣ, ҷуброни шикасте буд, ки аз ҷанбаи низомӣ дар майдонҳои Қодисия ва Ҷалавло ва Ҳалвон ва Наҳованд аз араб хӯрда буданд. Эрониён донистанд, ки шикасти низомӣ шикасти ниҳоӣ нест, шикасти ниҳоӣ шикасти миллӣ ва фарҳангӣ аст. Эрониён таҳти таъсири эҳсосоти миллӣ барои ин ки дар муқобили ақвоми дигар хусусан миллати араб, худе нишон бидиҳанд ва зимнан афкор ва одоби хешро бо сибғаи исломӣ ҳифз кунанд, даст ба фаъолияти фарҳангӣ заданд. Ба иборати дигар, чун исломро ба унвони як воқеият натавонистанд напазиранд, ба фикр афтоданд онро эронӣ кунанд ва барои ин мақсуд роҳе беҳтар аз қабза кардани шуъуни илмии исломӣ набуд.

Мо мӯътақидем, ин гуна тафсир сад дар сад дур аз воқеият аст. Зеро аввалан, ҳамчунон ки қаблан баён кардем, собиқаи хадамоти эронӣ ба ислом, ба қабл аз шикастҳои низомӣ мерасад. Он чӣ эрониён баъд аз шикасти низомӣ анҷом доданд, монанди фаъолиятҳои қабл аз шикаст аст. Сониян, агар ангеза он буд, 14 қарн идома намеёфт. Ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои муваққатро метавон бо ин гуна ангезаҳо тавҷеҳ кард, бар хилофи ҷунбишҳое, ки қарнҳо идома меёбад.

Гузашта аз имтидоди замонӣ, шакл ва кайфияти кор ҳам бо он ангезаҳо қобили тавҷеҳ нест. Дар фаслҳои оянда хоҳем дид, ки шакл ва кайфияти кори эрониён дар заминаҳои исломӣ имон ва ихлоси онҳоро нишон медиҳад.

Ба илова, агар ҳадафи эрониён аз хидмат ба ислом ҷуброни шикастҳои низомӣ буд, чаро онон худ мубаллиғ ва мураввиҷи ислом дар миёни миллатҳои дигар гардиданд ва чандин баробари худ, мусалмони дигар ба вуҷуд оварданд? Чаро он ҷо, ки ислом ба хатар меафтад, бо он ки аз назари миллияти эронӣ хатаре вуҷуд надорад, эронӣ ҷонфишонӣ ва сарбозӣ мекунад? Чаро дар муқобили шуюъи мункарот ва маноҳӣ беш аз ақвоми дигар аксуламали мухолиф нишон медиҳанд?

Дар баҳсҳои оянда ҳамаи ин нукотро тавзеҳ медиҳем. Инак, баҳсе куллӣ дар бораи иллатҳо ва авомиле, ки милали исломиро ба ҷӯшишу ҷунбиши илмӣ ва фарҳангӣ водор кард.

* * *

Ангезаҳо

Лозим аст як назари куллӣ ба ҷаҳони ислом аз назари ангезаҳо ва муҳаррикҳо биафканем. Дар ҷаҳони ислом ҳаракате илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омад, ки дар он араб, эронӣ, ҳиндӣ, мисрӣ, алҷазоирӣ, тунисӣ, марокашӣ, сурӣ ва ҳатто урупоӣ, испониёӣ ширкат дошт ва ин ҳаракат аз дуртарин нуқоти машриқи исломӣ то дуртарин нуқоти мағриби исломӣ ва ҳамчунин аз шимол то ҷануби исломӣ ба ҳам пайваста буд. Дар ин ҳаракат филмасал ҳам Сибавайҳ ва Ибни Синои эронӣ ширкат дошт ва ҳам Ибни Молик ва Ибни Рушди Андалусӣ. Муҳаррики ин воҳиди азим чӣ буд? Дар инҷо чанд навъ фарзия метавон иброз дошт:

1) Як руҳи миллии арабӣ дар ҳамаи ин миллатҳо пайдо шуда буд ва ҳамаи ин миллатҳо таҳти ном ва унвони “арабият” як ҳаракати ҳамоҳанг ба вуҷуд оварда буданд.

Қатъан чунин нест, ҳарчанд баъзе аз аъроби муосир мехоҳанд торихро ба ин сурат таҳриф кунанд. Бархе урупоиён тамаддуни исломиро таҳти унвони “тамаддуни арабӣ” ёд мекунанд, то аз як тараф бар ғурури аъроб биафзоянд, ки беш аз пеш бар миллияти арабии худ такя кунанд ва худро аз ҷаҳони ислом ҷудо созанд, ва аз тарафи дигар соири милали мусалмонро аз аъробе, ки чунин дурӯғеро бовар медоранд, ранҷидахотир созанд.

2) Ин ки миллатҳои исломӣ ҳар кадом таҳти таъсири миллият ва қавмияти хосси хеш фаъолият мекарданд; ангезаи ҳар миллате эҳсосоти хосси миллии худи онҳо буд.

Бутлони ин назар равшан аст ва ниёзе ба тавзеҳ надорад. Мо дар бахши аввали ин китоб дар ин бора ба қадри кофӣ баҳс кардем. Миллатҳои исломӣ рӯйи миллиятҳои худ пул зада буданд ва ба ҳамин далел як мусалмони ҳиндӣ ё эронӣ бо як мусалмони офриқоӣ ё испониёӣ эҳсоси ухувват ва бародарӣ мекард.

3) Ин ки ин миллатҳо рӯйи хоссияти ҷаҳонватании илм аз як тараф, ва таълимоти ҷаҳонӣ ва инсонӣ ва мофавқи миллӣ ва нажодии ислом аз тарафи дигар, дар дохили марзҳои ақидатӣ ва фикрӣ зиндагӣ мекарданд; муҳаррикот ва ангезаҳои онҳо аз ислом сарчашма мегирифту бас.

Шавоҳид ва қароини торихӣ ин назарро таъйид мекунад.

Роҳи шинохтани муҳаррикот ва ангезаҳои як шахс ё як миллат дар як ҳаракати торихӣ, баррасии наҳваи кори ӯст. Он чӣ дар фаслҳои баъд хоҳем овард кофист, ки ангеза ва муҳаррики эрониёнро ба мо бишносонад.

Дар инҷо низ қисмате дигар аз навиштаи оқои Аторудиро, ки таҳти унвони “Фаъолияти исломии эрониён” барои мо нигоштаанд меоварем. Қисмати аввали навиштаи эшонро қаблан дар бахши дуввуми ин китоб нақл кардем.

* * *

Фаъолиятҳои исломии эрониён

“Ҳаводиси Яман ва фидокории эрониёни мусалмони он сарзамин, худ шоҳиди бузургест, ки ин миллат бо оғӯши боз ин дини муқаддасро қабул кард ва дар роҳи нашри он аз ҳеч гуна фидокорӣ худдорӣ накардааст. Касоне, ки менависанд ислом бо шамшер бар ин миллат таҳмил шуда, ё таъассуби нажодӣ ва эҳсосоти қавмӣ онҳоро водор ба ин ҳарф мекунад ё аз сайри ислом дар миёни нажоди эронӣ иттилоъ надоранд. Ҳамаи муаррихон менависанд, ки дини ислом бо суръати шигифтангез дар Эрон пеш рафт ва ин миллат бидуни ҷангу ҷидол аз он истиқбол кард ва дар муддати 20 сол тамоми фалоти Эронро аз соҳили Фурот то рӯди Ҷайҳун ва аз канораҳои Синд то каронаи дарёчаи Хоразм фаро гирифт. Агар дар чанд маврид бо аъроби мусалмон ҷанг шуд, он ҷанг марбут ба дастае аз табақоти мумтоз ва мӯбадон буд, ки дар назар доштанд бо ҷилавгирӣ аз нуфузи ислом манофеи худро ҳифз кунанд.

Пас аз ин ки тамоми кишвари паҳновари Эрон ба тасарруфи мусалмонон даромад, тӯле накашид, ки аксарияти мардуми ин кишвар ба истиснои кӯҳҳои Мозандарон ва Дайламон дини исломро пазируфтанд ва фаъолият ва кӯшиши ин мардум барои таблиғи ислом ва таҳкими мабонӣ ва қоидаҳои шаръи муқаддас шурӯъ гардид. Дар се қарни аввали ислом, ки Эрон таҳти нуфузи хулафои умавӣ ва Банӣ Аббос идора мешуд, миллати Эрон дар ташреҳи аҳкоми динӣ, адабӣ, қазоӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ислом саъйи балиғ кард ва уммаҳоти масоилро матраҳ сохт ва онҳоро равшан ва мубавваб намуд.

Рӯйи ҳам рафта, ҳадис, тафсир, калом, фалсафа, тасаввуф дар қарни нахустини исломӣ пайрезӣ шуд ва миллати Эрон дар ин маврид дар дараҷаи аввал қарор дорад. Мактабҳои Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв, Бухоро, Самарқанд, Рай ва Исфаҳон ва соири шаҳрҳои Эрони бузург маркази фаъолият ва ҷунбуҷӯш буд. Садҳо нафар аз риҷоли бузурги ислом дар ин шаҳрҳо тарбият шуданд ва дар шарқу ғарби олам тамаддуни дурахшони исломро муҳкам ва устувор сохтанд.

Яке аз мавзӯъоти муҳимме, ки дар Эрон махсусан Хуросон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, мавзӯи илми ҳадис буд. Дар ин маврид бояд инсоф дод, ки эрониён дар тадвини ҳадис саҳми муассире доранд, балки бояд ононро муассиси мактаби илмулҳадис номид. Гурӯҳе аз аҳли ҳадис мусофиратҳои зиёде мекарданд, то ахбор ва ривоётро аз машойихи ҳадис бо гӯши худ бишнаванд ва онҳоро дар “масонид” ва “сиҳоҳ”-и худ тадвин кунанд. Мактаби ҳадисии Хуросон дар ҷаҳони он рӯз ба андозае аҳаммият ёфт, ки аз Миср ва Офриқо ва Ҳиҷоз ва Ироқ ва Шом барои истифода аз машойихи Хуросон солҳо дар Нишопур, Марв, Ҳирот, Балх ва Бухоро иқомат мекарданд.

Касоне, ки бо китобҳои ҳадис ва сиҳоҳ ва масонид ва ҳолоти машойихи ривоят ошноӣ доранд, медонанд, ки ҳамаи асҳоби ситтаи аҳли суннат ва муаллифони китобҳои арбаъаи шиъа эронӣ ҳастанд. Шаш нафар аз онҳо, Шайх Тӯcӣ, Муслими Муслими Нишопурӣ, Абӯабдурраҳмони Нисоӣ, Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, Абӯдовуди Сиҷистонӣ, Тирмизӣ ва Байҳақӣ хуросонӣ ҳастанд ва ду нафар Шайх Садуқ аз Қум ва Ибни Моҷа аз Қазвин мебошанд ва ғайр аз инҳо аз машоҳир низ садҳо нафари дигар эронӣ мебошанд.

Фалосифаи бузурги ислом, мутакаллимин, муаррихон, луғатнависон, шуарои бузурге, ки ба забони арабӣ шеър сурудаанд, муфассирони олиқадр, риҷоли сиёсӣ ва подшоҳони бузург ва ҷаҳонгушоёни мусалмон ҳама аз Эрон буданд. Магар Бармакиён, Навбахтиён, Қишриён, Соидиён, хонадони Самъонӣ, Хоҷа Низомулмулки Тӯcӣ, Шайх Тӯcӣ, Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва ҳамчунин мулуки Тоҳириён, Сомониён, Оли Буя, Ғазнавиён, Ғӯриён, Сарбадорон ва даҳҳо хонадони дигар, ки дар таблиғи ислом, нашри тамаддуни он кӯшиш кардаанд, ҳама аз ин обу хок набуданд?!

Аз имомони арбаъаи (чаҳоргонаи) тасаннун низ ду нафар эронӣ будаанд, ки ҳар ду аз Хуросон бархостаанд. Нахуст Абӯҳанифа, ки гурӯҳе вайро аҳли Кобул ва дастае вайро аз аҳли Нисо медонанд. Дуввум Аҳмад ибни Ҳанбал, ки дар Марви Хуросон мутаваллид шуд ва дар Бағдод нашъунамо ёфт.

Ба таври куллӣ, эрониён дар чанд қарни нахуст фарҳанг ва адаби исломиро рӯйи усул ва қоидаҳо поягузорӣ карданд ва роҳро барои ояндагон боз намуданд. Ин мавзӯъ чун бисёр равшан аст, аз тафсил худдорӣ мешавад.

Бо тулӯъи қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, Табаристон ва Гилон низ ба тасарруфи мусалмонон даромад ва дар ин қарн мардуми Эрон истиқлоли сиёсӣ ба ҳам расониданд ва Сомониён риштаи алоқаи худро бо хилофати Бағдод қатъ карда, ба таври истиқлол дар Хуросон ва ноҳияҳои шарқии Эрон салтанати мустақил доштанд ва аз назари фаҳму дарки мабонии динӣ низ эҳтиёҷ ба маркази хилофат набуд.

* * *

Фаъолияти исломии эрониён дар Ҳинд

Ғазнавиён нахустин афроди эронӣ ҳастанд, ки дини муқаддаси исломро аз тариқи Синд ба Ҳиндустон бурданд. Дар замони ғазнавиҳо ноҳияи Панҷоб дар тасарруфи онҳо буд ва Лоҳур, ки яке аз шаҳрҳои бузурги ин ноҳия мебошад, маркази ҳукумати Ғазнавиён қарор гирифт. Дар замони ин подшоҳон ҷамоате аз донишмандони эронӣ ба Ҳинд рафтанд, ки аз ҷумлаи онҳо Берунӣ донишманд ва ҳакими маъруфи хуросонӣ аст. Агарчӣ ҳамалоти Ғазнавиён бештар ҷанбаи қатлу ғорат дошт ва ба ҳақиқат ва таблиғи ислом чандон аҳаммият намедоданд, лекин барои шикастани саддҳои сиёсӣ ва низомӣ дар шибҳиқорра бисёр муассир буданд ва роҳро барои ояндагон боз карданд.

* * *

Ғуриён

Салотини Ғур аслан аз Ғури Ҳирот ҳастанд ва насаби онон ба Шансабноме мерасад. Ин Шансаб дар замони Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом мусалмон шуд ва фармондории ноҳияи Ғур аз тарафи он ҳазрат ба вай тафвиз гардид. Муаррихон менависанд дар замони Банӣ Умайя, ки Амирулмӯъмининро дар манобир дашном мекарданд ва ҳуккоми Банӣ Умайя мардумро водор ба ин амал менамуданд, мардумони Ғур зери бори ин амал нарафтанд ва ҳуккоми Ғур нисбат ба он ҷаноб исоаи адаб накарданд.

Аввалин подшоҳи мусалмони ғурӣ, ки ба Ҳиндустон лашкар кашид ва Деҳлиро фатҳ кард ва онҷоро пойтахт қарор дод, Султон Муҳаммади Соми Ғурӣ буд. Аз замони ин султон (оғози қарни ҳафтум), ки Деҳлӣ пойтахти исломӣ шуд ва то ҳангоме, ки Ангилис бар он тасаллут ёфт, пойтахти салотини мусалмон буд. Ғуриён дар Ҳинд масдари хадамоти муҳимме шуданд ва дар асри онон уламо ва донишмандони зиёде аз Эрон ба Ҳинд рафтанд ва дар онҷо мутаваттин шуданд. Дар ҳақиқат таблиғоти исломӣ дар Ҳинд аз замони Ғуриён шурӯъ гардид ва мадорис ва масоҷид равнақ пайдо кард.

Яке аз уламои бузурги Эрон, ки дар ин замон ба Ҳинд рафт, Хоҷа Муъинуддини Чаштӣ аст. Вай дар Ҳинд бисёр хидмат кардааст ва шогирдони зиёде дорад, ки ҳар кадом пас аз вай дар он минтақа риёсати динӣ ва мазҳабӣ ёфтанд. Мактаби Хоҷа Муъинуддин ҳанӯз пас аз гузаштани садҳо сол побарҷост ва қабраш дар “Аҷмир” бисёр мавриди эҳтиром ва таҷлил аст.

* * *

Темуриён

Заҳируддин Муҳаммад Бобур, ки аз аҳфоди Амир Темур буд, ба Ҳиндустон лашкар кашид ва Деҳлиро маркази худ қарор дод. Пас аз вай гурӯҳе аз фарзандонаш то муддати чаҳор қарн бар Ҳиндустон ҳукумат ронданд. Равобити Темуриёни Ҳинд ва подшоҳони Сафавия бисёр ҳасана буд ва дар ин замон ҷамоати зиёде аз Эрон ба Ҳинд рафтанд. Дар асри Темуриён тамоми маносиби ҳукуматӣ ва мазҳабӣ дар дасти эрониён буд. Ҳазорон шоир, ориф, фақеҳ, муҷтаҳид аз Эрон ба Ҳиндустон раҳсипор шуданд ва дар онҷо ба таблиғоти исломӣ пардохтанд.

Яке аз афроди бузурге, ки дар замони Ҷаҳонгир дар Ҳинд масдари хадамоти зиёде шуд, Эътимодуддавла Мирзоғиёсбек аст. Вай дар Хуросон зиндагӣ мекард ва аз тарафи шоҳ Таҳмосб фармонравои Марв буд. Шоҳ Таҳмосб бар вай хашм гирифт ва амволи ӯро мусодира кард. Ӯ ногузир роҳи Ҳиндустонро пеш гирифт ва дар Огра ба дарбори Ҷалолуддин Акбар роҳ ёфт. Пас аз муддате духтараш Нуриҷаҳон ба завҷияти Ҷаҳонгир даромад ва маликаи Ҳиндустон шуд.

Бонубегим Мумтозмаҳал, ки фарзандзодаи Мирзоғиёсбек аст, ба ақди Шоҳиҷаҳон даромад ва маликаи муқтадири Ҳинд шуд. Тоҷмаҳалл, ки имрӯз яке аз биноҳои муҷаллали ҷаҳон аст ва шояд ба он хусусият дар ҷаҳон беназир бошад, мақбараи ҳамин Мумтозмаҳалли эронӣ аст. Дар замони Нуриҷаҳон ва Мумтозмаҳал, ки ҳар ду шиъа буданд, гурӯҳе аз Эрон ба Ҳинд рафтанд ва дар онҷо хадамоти мазҳабӣ анҷом доданд.

* * *

Қутбшоҳиёни Дакан

Муҳаммадалӣ Қутбшоҳ дар Ҳамадон мутаваллид шуд ва дар унфувони ҷавонӣ аз Эрон ба Ҳинд рафт ва дар Дакан ба мулозимати ҳокими он ҳудуд даромад ва чун дорои истеъдод буд, рӯз ба рӯз бар иззат ва мақоми вай афзуда гашт ва пас аз чанде мулаққаб ба Қутбулмулк шуд. Ӯ дар соли 918 ҳиҷрӣ расман зимомдори минтақаи Дакан шуд.

Қутбшоҳ аз муридони Шайх Сафиюддини Ардабилӣ буд. Ҳангоме, ки шунид шоҳ Исмоил мазҳаби шиъаро дар Эрон ривоҷ дод, вай низ дар минтақаи Дакан мазҳаби ташайюъро ривоҷ дод ва мазҳаби расмӣ эълом кард.

Қутбшоҳиён дар Дакан дар таблиғи дини ислом ва мазҳаби ташайюъ саъю кӯшиш карданд ва дар айёми салтанати ин табақа ҷамоате аз Эрон барои таблиғоти динӣ ба ноҳияи Дакан рафтанд. Яке аз шахсиятҳои бузурги эронӣ, ки дар ин аср ба Ҳинд рафт Мирмуҳаммади Мӯъмини Астарободӣ аст. Вай яке аз донишмандон ва риҷоли олиқадр аст, ки муддати 25 сол вакилуссалтана буд. Ӯ дар ҷамиъи улуми мутадовал аз маъқулу манқул мутабаҳҳир ва аълами уламои асри худ ба шумор мерафт. Қутбшоҳиён муддати ду қарн бар ин минтақа ҳукумат карданд ва торихи онон бисёр машруҳ аст.

* * *

Одилшоҳиёни Биҷопур

Сарсилсилаи ин хонадон Юсуф Одилшоҳи эронӣ аст, ки дар Сова бузург шудааст. Вай дар оғози ҷавонӣ аз Эрон ба Ҳиндустон рафт ва пас аз вуруд ба Ҳинд дар хидмати ҳукком ва салотини Биҷопур ворид шуд ва баъд аз муддате салтанати ин ноҳияро дар даст гирифт ва ба Юсуф Одилшоҳи Соваӣ маъруф буд.

Одилшоҳиён низ мазҳаби ташайюъ доштанд ва дар тарвиҷ ва таблиғи умури динӣ бисёр кӯшиш карданд ва бисёре аз манотиқи марказии Ҳиндустон, ки дар дасти бутпарастон буд, дар замони Алӣ Одилшоҳ ба тасарруфи мусалмонон даромад.

Дар урдуи Одилшоҳиён пайваста гурӯҳе аз уламо ва донишмандони Эрон ва содоти Наҷафи Ашраф, Карбалои Муалло ва Мадинаи Мунаввара ширкат доштанд ва умури диниро зери назари худ мегирифтанд ва бештари корҳои сиёсӣ ва ҳукуматиро низ эрониён дар даст доштанд. Торихи ин даста аз мулуки исломии Ҳинд низ бисёр машрӯҳ аст ва дар торихи исломии Ҳинд шарҳи он омадааст.

* * *

Низомшоҳиёни Аҳмаднагар

Сарсилсилаи ин мулук як нафар ҳинду ба номи Тимобуҳт буд, ки дар асри Султон Аҳмадшоҳи Баҳманӣ ба дасти мусалмонон асир шуд. Султон вайро бисёр боҳушу истеъдод ёфт ва ба фарзандаш Муҳаммадшоҳ бахшид ва ҳамроҳи ӯ ба мактаб фиристод ва дар андак замоне хатту саводи форсӣ омӯхт ва мулаққаб ба Малик Ҳасани Баҳрӣ гардид. Саранҷом бо тафсиле, ки инак ҷойи зикри он нест, ба салтанат расид ва пас аз истиқрор бар арикаи салтанат мазҳаби ташайюъро пазируфт ва дар тарвиҷи мазҳаби ҷаъфарӣ бисёр кӯшиш кард.

Риҷоли дарборӣ ва ҳукуматӣ ва шахсиятҳои мазҳабии мамлакати Низомшоҳиён низ аксар эронӣ буданд ва умури сиёсӣ ва мазҳабиро идора мекарданд. Шоҳтоҳири Ҳамадонӣ, маъруф ба Даканӣ дар асри ин подшоҳон ба Ҳиндустон раҳсипор шуд. Шоҳтоҳир, ки ибтидо аз тарафдорони шоҳ Исмоил буд, бо вай мухолифат кард ва наздик буд кушта гардад. Вай ба таври махфиёна вориди Ҳинд шуд ва дар дарбори Низомшоҳиён бисёр муаззам ва мӯҳтарам зиндагӣ мекард. Хидмати Шоҳтоҳир дар Ҳинд бисёр аҳаммият дорад; уламои зиёдеро дар мавзӯъоти мухталифи исломӣ тарбият кард ва ҳавзаи дарсии вай яке аз бузургтарин ҳавзаҳои илмии Ҳиндустон буд. Шоҳтоҳир бисёр мӯҳтарам буд ва хадамоти вай арзанда. Лозим аст, ки дар бораи ин марди муҷоҳид китоби мустақилле навишта шавад. Торихи Низомшоҳиён низ машрӯҳ аст ва хадамоти динии онон ниёзманд ба навиштани як китоби қатур мебошад.

* * *

Мулуки нишопурии Авад

Дар замони Шоҳ Султон Ҳусайни Сафавӣ, Сайидмуҳаммадноме аз уламои Нишопур ба Ҳиндустон рафт ва дар Деҳлӣ иқомат гузид. Фарзандони вай дар маносиби давлатӣ даромаданд ва кам-кам аҳаммият пайдо карданд. Яке аз аҳфоди Сайидмуҳаммад ба номи Бурҳонулмулк фармондори савбаи Авад шуд. Вай баъд аз чанде дар онҷо истиқлол ба ҳам расонид ва иртиботи худро бо Деҳлӣ қатъ кард. Пас аз вай фарзандонаш дар ин ноҳия салтанат мекарданд.

Дар замони подшоҳони нишопурӣ ҷамоати зиёде аз Нишопур ва Машҳади Муқаддас ва соири шаҳрҳои Хуросон ба Ҳиндустон рафтанд ва дар шаҳри Лакҳну, ки маркази ҳукумати онон буд сокин шуданд, ва тақрибан тамоми риҷоли мазҳабӣ ва сиёсии ин даста аз мулуки Ҳинд хуросонӣ буданд. Содоти нақавӣ, ки нишопурӣ ҳастанд, дар замони подшоҳони Авад ба Ҳинд рафтаанд. Марҳум Мирҳомидҳусайни Нишопурӣ соҳиби “Абақотул-анвор” дар таҳти ҳимояти ин подшоҳон фаъолият мекард. Роҷеъ ба подшоҳони нишопурӣ чанд китоб дар Ҳинд навишта шуда, ки аз ҷумла “Торихи шоҳияи Нишопурия” аст.

Ғайр аз чанд табақа аз салотин, ки зикр шуд, табақоти дигаре низ дар Бангола, Биҳор, Гуҷарот, Бирор ва Панҷоб салтанат кардаанд ва ҳар кадом дар минтақаи худ дар тарвиҷи ислом кӯшиш кардаанд. Торихи исломии Ҳиндустон бисёр машрӯҳ аст ва бояд ҳайъате дар ин мавзӯъ кор кунад. Хушбахтона китобхонаҳои Ҳинд ва Покистон бисёр ғанӣ аст ва манобеъ ва маъохизи ин кор фаровон аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: