“Истилои араб” ва муҳаббати Сталин

Ёддошти Абдуманнон Шералиев

Баҳси “истилои араб”, ки гурӯҳаке чанд сол аст роҳандозӣ кардаанду сахт мекӯшанд касеро мутақоид кунанд, ки арабҳо на расонандаи хайре бузург ба номи Ислом, балки қавме истилогар будаанд, ки форсҳо ва дигар ақвомро истилову ғорат кардаанд ва тамаддуни “пешрафта”-и эшонро аз байн бурдаанд, ба назар мерасад тамомшуданӣ нест.

Банда таърихшинос нестам ва намехоҳам ба ҷузъиёти ин баҳс ворид шавам. Нигарониам ҳам аз ин нест, ки ин гурӯҳ ба ислому муслимин метозанд. Албатта таҳқиру иттиҳомҳои эшон боиси нороҳативу ғазаб мешавад, вале ҳамеша ҳақиқатҳо аз баҳс сар мезананд ва роҳандозии баҳсҳо аз тарафи эшон боис мешавад хонандагон маълумоти зиёдеро ҳам фаро бигиранд.

Мушкил ин ҷост, ки ин гурӯҳ аз худ либеролу озодандешу миллигаро метарошанд ва даъво мекунанд, ки ҳеҷ бадбиние ба ислому муслимин надоранд ва ҳадафашон баёни ҳақиқат ва расонидани маълумоти саҳеҳу дақиқ ба мардум аст. Хушбахтона дар муқобили “далелҳо”-е, ки эшон аз “ваҳшоният”-и араб ва “тамаддуни ба маротиб беҳтар аз ислом”-и “гузаштагонашон” меоранд, санаду далели бепоён ва ҳикмату мантиқ қарор мегирад, ки кӯшишҳояшонро ба бод медиҳад. Калимаи “гузаштагонашон”-ро ҳам даруни нохунак ба он хотир гирифтам, ки мутмаинам дар раги аксари ин “ҳомиёни тамаддуни бузурги форс” 25 дарсад ҳам хуни форсӣ ҷорӣ нест. Барои ин таҳқиқ ё тафтиши ДНК ҳам шарт нест. Омезиши якунимҳазорсолаи форсҳо бо аъробу ақвоми турк ва ҳатто муғул барои тасдиқи ин фарзия кофист. Канор гузорем чеҳраҳои “ориёӣ”-и ин “ҳомиёни тамаддун”-ро.

Хуб, фаразан ба “далелҳо”-и эшон бовар кардем, ки аъроб Эронро истилову ғорат кардаанд. Вале ин “ҳомиён”-и тамаддун ва ҳуқуқи инсон магар хабар надоранд, ки муғулҳо 500 сол пас на танҳо истилову ғорат карданд, балки қатли ому шиканҷаву таҷовузи бесобиқае ҳам анҷом доданд, то ҳаде, ки шояд генофонди миллат ҳам тағйир ёфт? Мутмаинам, ки агар ДНК-и миллат таҳқиқ шавад, маълум хоҳад шуд, хуни муғулӣ дар он аз хуни арабӣ даҳҳо баробар бештар аст. Пас чаро ин гурӯҳ ҳақоиқи истилои муғулро ба мардум намерасонанд, агар то ин ҳад дӯстдори расонидани ҳақиқат ҳастанд. Дар ҳоле, ки ҳақиқати истилову ғорату қатлу таҷовузи муғул аслан ҳеҷ ҷои баҳс ҳам надорад, асараш ҳам то ҳол боқӣ мондааст, вале миллат аз он маълумоти хеле ночиз дорад. Ё ҳамон хуни муғулиашон иҷоза намедиҳад?

Аз муғул ҳам бигзарем. Ҳақиқати ҳамагӣ 100-150 сол қабл — истилои рус, ки зарараш ба миллату хуну тамаддуну рӯҳияи он аз истилои муғул камтар набуд. Ин гурӯҳи “миллигарои зиёии ҳақиқатнигор” бо кафки даҳон собит карданӣ мешаванд, ки аъроб кадом китобхонаеро дар Мадоин ба оташ кашидаанд, вале аз ба оташ кашида шудани миллионҳо китоб дар тамомии хоки кишвар, ки аслан ҳеҷ шубҳае ҳам дар он ҷой надорад, ҳарфе намезананд. Аз ғорату куштору таҷовузи русҳо ҳам. Аз қатли оми ҲАМАИ донишмандони миллат ҳам.

Натиҷаи ҳамин “ҳақиқатнигорӣ”-ҳои “зиёиён”-и “миллӣ” аст, ки бо гузашти 25 сол аз истиқлоли кишвар на танҳо то ҳанӯз ҳомиёни миллату дину хоки кишвар аз истилои рус сафед нашудаанд ва чун “босмачӣ” ёд мешаванд, балки ин миллат ҳанӯз русро бародари бузург медонад ва Путинро раисҷумҳураш. То ҳанӯз ин миллат Сталин — яке аз хунхортарин чеҳраҳои таърих, ки назирашро таърихи башарият хеле кам дидааст, аз чеҳраҳои барҷастаи таърихаш медонад!

Ин “зиёиёни миллигаро” аз чеҳрашиносии “миллати соҳибтамаддун”-ашон хиҷолат намекашанд?

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: