Тромп: “Ба саудиҳо гуфтам, ки агар садҳо милёрд дулор барои Омрико ҷудо накунед, ба Риёз намеоям”

Дунолд Тромп тасреҳ кард, ки ба Арабистони Саудӣ гуфтааст, агар садҳо милёрд дулор барои хариди таслиҳот ва таҷҳизоти омрикоӣ ва сармоягузорӣ дар Омрико ҷудо накунанд, ба Арабистони Саудӣ сафар намекунад.

Дар ҳоле, ки бисёре расонаҳои ғарбӣ аз аввалин сафари хориҷии Дунолд Тромп дар мақоми раисиҷумҳури Омрико ба Арабистони Саудӣ интиқод карда буданд, ӯ ахиран далели анҷоми ин сафарашро тавзеҳ додааст.

Раисиҷумҳури Омрико дар мусоҳиба бо CBN гуфт, ки дар дидори ахираш бо раисиҷумҳури Русия тавониста бо ӯ канор биёяд ва ин мавзӯи хубест.

Раисиҷумҳури Омрико дар бахши дигаре аз мусоҳиба, ба мавзӯи сафараш ба Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин ихтилофоти ахир дар қиболи Қатар пардохт.

Тромп бо таъкид бар ин ки равобити ӯ бо кишвари Қатар хуб аст, афзуд, ки ҳеч мушкиле дар хусуси идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Омрико дар Қатар вуҷуд надорад.

Ӯ афзуд: “Агар маҷбур шавем Қатарро тарк кунем, 10 кишвар омодаи эҷоди пойгоҳи низомӣ барои мо ҳастанд ва мӯътақидам, ки ин кишварҳо ҳозиранд ҳазинаи сохти ин пойгоҳҳоро ҳам бидиҳанд.”

Раисиҷумҳури Омрико ба сафари худ ба Арабистони Саудӣ ишора кард ва гуфт, ки ӯ ба саудиҳо гуфта буд, барои анҷоми ин сафар бояд садҳо милёрд дулор барои Омрико ҷудо бикунанд.

Вай тасреҳ кард: “Ду рӯзи хеле хуб (дар Арабистони Саудӣ) доштам. Арабистони Саудӣ садҳо милёрд дулор барои харидани ҳавопаймоҳои мо, таҷҳизоти низомии мо ва сармоягузорӣ дар кишвари мо ҷудо карданд ва ман гуфтам, ки шумо бояд ин корро бикунед вагарна ман (ба Арабистони Саудӣ) намеоям. Ҳамаи ин қарордодҳое, ки баста шуд, қарордодҳои хубе барои коргарони омрикоӣ буд.”

Вай дар идома, аз нишасти муваффақи худ бо кишварҳои ширкаткунанда дар Иҷлоси Риёз ва таъсири мусбати он дар оянда барои “муқобила бо теруризм” ҳам сухан гуфт.



Рубрики:Сиёсат

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: