Фалсафа ва равиши реализм (93)

Воқеият ва ҳастии ашё (7)

Матни китоб:

Асолати вуҷуд ва воқеият

Акнун бояд дид, бо дар назар гирифтани ин ки ҳар чиз дар хориҷ як воҳиди воқеиятдор беш нест ва мо ду мафҳуми мухталиф (моҳият ва ҳастӣ) аз вай мегирем, асолат аз они кадом як аз ин ду ҷиҳат аст? (1) Яъне, оё мафҳуми “инсон” аз воқеият (ки мабғузи идеалист мебошад) ҳикоят мекунад ё мафҳуми “ҳастӣ”?

Равшан аст, ки ҳар чизе — яъне ҳар воҳиди воқеиятдори хориҷӣ — дар сояи воқеият воқеиятдор мешавад, ва агар фарз кунем, ки воқеияти ҳастӣ аз он муртафаъ шуда, несту нобуд гардида як пиндори пуч беш нахоҳад буд. Натиҷа гирифта мешавад, ки:

Асли асил дар ҳар чиз вуҷуд ва ҳастии ӯст ва моҳияти он пиндорист. Яъне воқеияти ҳастӣ ба худии худ (биззот ва бинафсиҳи) воқеиятдор яъне айни воқеият аст, ва ҳамаи моҳиятҳо, бо он воқеиятдор ва бе он, (ба худии худ) пиндорӣ ва эътиборӣ мебошанд, балки ин моҳиятҳо танҳо ҷилваҳо ва намудҳое ҳастанд, ки воқеиятҳои хориҷӣ онҳоро дар зеҳн ва идроки мо ба вуҷуд меоваранд, вагарна дар хориҷ аз идрок наметавонанд аз “вуҷуд” ҷудо шуда ва ба ваҷҳе мустақил шаванд.

* * *

Таълиқот:

(1) Ин ҳамон суоли севвумест, ки дар поварақии пеш гуфтем, ки пас аз паймудани марҳилаи дуввум ва изъон ба ин ки масалан “инсон ҳаст”, “дарахт ҳаст”, “сафедӣ ҳаст” яъне пас аз тавлид ва таксири асли куллии “воқеияте ҳаст” ва ёфтани умури воқеиятдори мутааддиде, барои зеҳн пеш меояд.

Мо баъд аз қабули асли куллии “воқеияте ҳаст”, ки ҳадди фосили реализм ва идеализм ва қадами аввали ҷудо шудан аз олами хиёлбинӣ ва духул дар олами воқеъбинӣ буд, ба тавлид ва таксири ин асл пардохтем ва умури воқеиятдори гуногуне ёфтем ва дидем, ки умуре чанд — аз қабили инсон ва дарахт ва ҷисм ва хатт ва сатҳ ва ҳаҷм ва сафедӣ ва гармӣ ва ғайра — ҳаст ва дар зеҳни хеш изъон ва тасдиқи қатъӣ ба воқеият доштани ин умурро ёфтем, сипас ба баррасии ҳоли зеҳни худ пардохтем ва дидем, ки: аввалан, зеҳн аз ҳар як аз ин умури воқеиятдор сурате пеши худ дорад муғойир бо сурате, ки аз вуҷуд ва ҳастӣ пеши худ дорад (зиёдати вуҷуд бар моҳият). Ва сониян, мафҳумт вуҷуд ё ҳастӣ як мафҳумт омм ва муштаракест, ки ба маънои воҳид ва мафҳуми воҳид бар ҳамаи ин умури воқеиятдор мунтабиқ мешавад (иштироки маънавии вуҷуд). Пас аз ин баррасии мухтасари зеҳнӣ натиҷаи севвуме низ гирифтем, ва он ин ки пас мо аз ҳар чизи воқеиятдор, ки изъон ва тасдиқ ба воқеият доштанаш дорем, ду мафҳум дар зеҳни хеш дорем: яке, ҳамон мафҳуми омм ва муштарак яъне “вуҷуд”, ки ба ҳамаи ин умури воқеиятдор мунтабиқ аст ва муштаракун фиҳии ҳамаи онҳост. Ва яке ҳам як мафҳуми ихтисосӣ дар мавриди ҳар як алоҳида, ки фақат ба мавриди муайян ихтисос дорад, мисли мафҳуми инсон ва мафҳуми оташ ва мафҳуми санг, ки ҳар як ба мавриди муайян қобили интибоқ аст, ки истилоҳан “моҳият” номида мешавад.

Дар инҷо ду суол пеш меояд: яке ин ки маншаи пайдоиши ҳар як аз он мафоҳими ихтисосӣ ва ҳамчунин маншаи пайдоиши он мафҳуми омм ва муштарак дар азҳон чист? Ва чӣ гуна ва аз чӣ роҳ ин мафоҳим ва тасаввурот дар зеҳн нақш мебандад? Ин суол бештар ҷанбаи илмуннафсӣ дорад ва дар мақолаи 5 машрӯҳан ба он посух дода шудааст. Ва дигар ин ки: пас аз ин ки донистем аз ҳар амри воқеиятдоре, ки изъон ба воқеият доштанаш дорем, дар зеҳни худ ду мафҳум ва ду тасаввур дорем (моҳият — вуҷуд), кадом як асил ва кадом як эътиборӣ аст? Оё ҳар ду асил аст ё ҳар ду эътиборӣ аст ё он ки вуҷуд асил аст ва моҳият эътиборӣ ва ё баръакс моҳият асил аст ва вуҷуд эътиборӣ? Ин масъала аст, ки дар айни ин ки ҷанбаи зеҳнӣ дорад, сад дар сад фалсафӣ аст ва ҷанбаи айнӣ дорад ва шинохти “воқеият” мавқуф ба он аст, балки асоситарин масъалаи шинохти воқеият ҳамин масъала аст.

Муқаддиматан баёни чанд матлаб лозим аст:

а) Асолате, ки дар инҷо мавриди назар аст, ба маънои айният ва хориҷият аст, дар муқобили эътиборият, ки ба маънои адами айният ва хориҷият ва маҳсули зеҳн будан аст.

Маъмулан дар истилоҳоти фалсафии ҷадид “асолат” ба маънои тақаддум, ва асл будан дар муқобили натиҷа будан ва фаръ будан истеъмол мешавад. Масалан, мегӯянд: оё асолат бо модда аст ё бо руҳ? Бадеҳӣ аст, ки мақсуд на ин аст, ки кадом як айнияти хориҷӣ дорад ва кадом як эътибори зеҳн аст, балки мақсуд ин аст, ки оё модда ба манзилаи асос аст ва руҳ хоссият ва натиҷаи таркиботи он аст, ё он ки руҳ ба манзилаи асос аст ва модда натиҷаи ӯст?

Дар мабҳаси “асолати вуҷуд ё моҳият” мақсуд ин нест, ки оё вуҷуд асос аст ва моҳият хоссият, ва ё моҳият асос аст ва вуҷуд хоссият? Балки мақсуд ин аст, ки мо нисбат ба ҳар амри воқеиятдор, ки ҳукм ба воқеият доштанаш мекунем, ду тасаввур ва ду мафҳум дорем, аз ин ду мафҳум кадом як ҷанбаи айнӣ ва хориҷӣ дорад ва кадом як ҷанбаи зеҳнӣ ва эътиборӣ? Ҳар як аз вуҷуд ё моҳиятро, ки мо эътиборӣ бидонем, ба ҳеч ваҷҳ барои ӯ ҷанбаи айнӣ қоил нестем; на ба унвони асл ва асос будан ва на ба унвони фаръ ва натиҷа будан. Ба ҳар ҳол, набояд баҳс аз асолат ва адами асолати инҷоро аз навъи баҳси асолат ва адами асолат дар фалсафаи ҷадид гирифт, ҳарчанд дар он фалсафа гоҳе истилоҳоте ба якдигар махлут мешавад ва мумкин аст дар як мавриди муайян аз “адами асолат”, “эътиборият”-ро қасд кунанд.

б) Лозим аст тавзеҳ дода шавад, ки “моҳият”, ки дар муқобили “вуҷуд” қарор мегирад ва баҳс аз асолат ва адами асолаташ дар миён аст, яъне чӣ? Хонандаи мӯҳтарам таваҷҷӯҳ дорад, ки мо ин баҳсро баъд аз таваҷҷӯҳ ба ин ки ба воқеияти умуре чанд тасдиқи қатъӣ дорем ба миён овардем, яъне воқеият доштани умуре чандро муқаддимаи вуруд дар ин матлаб қарор додем. Ва албатта ин ки (иҷмолан) ашёи воқеиятдоре дар ҷаҳони ҳастӣ ҳаст, як фарзияи эҳтимолӣ нест, балки як амри қатъӣ ва бадеҳӣ ва мавриди изъон ва тасдиқи тамоми азҳони башарӣ аст.

Ҳоло фарз кунед, ки мо ба воқеияти ин се чиз: “хатт, адад ва инсон” тасдиқи қатъӣ пайдо кардаем ва ҳар серо амре воқеиятдор медонем ва ҳукм мекунем: “хатт мавҷуд аст”, “адад мавҷуд аст”, “инсон мавҷуд аст”. Ин се чиз дар мавҷуд будан ва воқеият доштан монанди якдигаранд ва ихтилофе надоранд, вале дар айни ҳол медонем, ки се чизи воқеиятдор ҳастанд.

Барои зеҳни мо чунин намудор мешавад, ки дар ҳар як аз ин маворид “вуҷуд” ба як чиз таъаллуқ гирифта ва дар ҳар маврид як чиз аст, ки муталаббис ба либоси “вуҷуд” шуда. Ва ба иборати дигар, барои зеҳни мо чунин намудор мешавад, ки дар ҳар як аз ин маворид, “вуҷуд” як чизи муайянро аз катми адам хориҷ ва аз пардаи ибҳом ва зулмати нестӣ зоҳир карда; дар як ҷо вуҷуд ба чизе таъаллуқ гирифта, ки онро “каммийяти муттасил” мехонем ва дар як ҷо ба чизи дигаре, ки онро “каммийяти мунфасил” ва як ҷо ба чизи дигаре, ки онро “ҷавҳари оқил” мехонем.

Он чӣ дар зеҳн ба сурати маъруз ва муталаббис ҷилва мекунад ва мисли ин аст, ки чизе аст, ки либоси ҳастӣ пӯшида ё чизе аст, ки аз катми адам ва зулмати нестӣ хориҷ шуда “моҳият” аст. Масалан, дар мисоли боло, ки ҳукм мекунем хатт ё адад ё инсон мавҷуд аст, хатт ва адад ва инсон моҳиятҳои мухталифе ҳастанд, ки воқеиятдор шудаанд.

Моҳиятҳо маншаи касрат ва таъаддуданд, ва вуҷуд маншаи ваҳдат. Яъне ин ки ин се амри воқеиятдор се амр ҳастанд на яке, аз ин ҷиҳат аст, ки яке “хатт” аст ва дигаре “адад” ва севвуме “инсон” ва илло аз ҷанбаи мавҷудият ва воқеият доштан ҳама монанди якдигаранд.

Албатта, мумкин аст касе дар ин ки мо он чӣ аз ашё дарк мекунем айни моҳияти ашёст тардид раво дорад ва сурати зеҳнии хатт ё адад ё инсонро айни моҳияти муталаббис ба вуҷуди хориҷӣ надонад, яъне дар масъалаи “вуҷуди зеҳни” ё “арзиши маълумот” роҳи тардид ё инкор пеш гирад, вале ба ҳар ҳол бо қабули ин ки ин се чиз се амри воқеиятдор ҳастанд, ҷойи тардид боқӣ нест, ки ҳар як аз ин се як шайъи бахусус аст, ки вуҷуд ба ӯ таъаллуқ гирифта ва он чиз, ки мавриди таъаллуқи вуҷуд аст ҳамон моҳияти он шайъ аст, хоҳ он ки мо ба кунҳи вай расида бошем ё нарасида бошем.

в) Дар бархе маворид, ки маҳмулеро бар мавзӯе ҳамл мекунем, ҳамон тавре, ки ҳар як аз мавзӯъ ва маҳмул дар зеҳн тасаввуре махсус ба худ доранд, дар хориҷ ва воқеъ низ ҳар як воқеияте махсус ба худ доранд.

Масалан, ҳангоме, ки ҳукм мекунем “ин коғаз сафед аст” ё “ин утоқ мураббаъ аст” ё “ин қанд ширин аст” дар инҷо ҳамон тавре, ки ҳар як аз коғаз ва сафедӣ ё утоқ ва шакли мураббаъ ё қанд ва ширинӣ, тасаввуре махсус ба худ дар зеҳн дорад, дар хориҷ ва воқеъ низ ҳар як воқеияте алоҳида ва “мобиҳизо”-и алоҳида дорад: воқеияти коғаз ва воқеияти сафедӣ, воқеияти утоқ ва воқеияти шакли мураббаъ, воқеияти қанд ва воқеияти ширинӣ.

Ҳарчанд дар ин маворид воқеияти яке вобаста ба воқеияти дигаре аст мисли он ки воқеияти сафедӣ вобаста ба воқеияти коғаз аст ва… вале дар айни ҳол ҳар як воқеият ва мисдоқи воқеӣ ва билохира “мобиҳизо”-и махсус ба худ доранд.

Вале дар бархе маворид, ки маҳмулеро бар мавзӯе ҳамл мекунем ин тавр нест, яъне мавзӯъ ва маҳмул ҳар як воқеияти алоҳида надоранд ва дар хориҷ байни мавзӯъ ва маҳмул ҳеч гуна исниният (дугонагӣ) ва касрате ҳукмфармо нест, балки ваҳдат ҳукмфармост ва касрат сирфан мустанад ба зеҳн аст. Ва ба иборати дигар, зеҳн бо як навъ қудрати таҷзия ва қувваи таҳлиле, ки дорад, як воҳиди хориҷиро мунҳал мекунад ба умури мутааддида ва аз як воқеияти хориҷӣ, ки дар хориҷ ҳеч гуна касрате надорад, маъонӣ ва мафоҳими мутааддида месозад.

Қудрати таҷзия ва қувваи таҳлили зеҳн қобили инкор нест, ҳазорҳо шоҳиди возеҳ дорад. Шумо як назаре ба “таърифот” биндозед ва бибинед, ки чӣ гуна зеҳн барои як шайъи басити хориҷӣ дар зарфи хеш маъонӣ ва мафоҳими мутааддида месозад ва ҷанбаҳои муштарак ва ҷанбаҳои ихтисосӣ барои он месозад ба тавре, ки ҳамаи он маъонӣ ва мафоҳими мутакассира бар он шайъи басити хориҷӣ мунтабиқ аст, мисли он ки дар мақоми таърифи “хатт” зеҳн ҳукм мекунад, ки “каммияте аст муттасил, ки дорои буъди воҳид аст”.

Дар инҷо зеҳн “хатт”-ро мунҳал кардааст ба каммийят ва иттисол ва дорои буъди воҳид будан, ва мафоҳими сегонаи каммийят ва иттисол ва дорои буъди воҳид буданро бар хатт мунтабиқ мекунад. Бадеҳӣ аст, ки вуҷуди хориҷии хатт мураккаб аз се ҷузъ нест, яъне қисмате аз вуҷудаш “каммийят” ва қисмате “иттисол” ва қисмате “буъди воҳид” нест, балки ҳар се мафҳум дар хориҷ дорои як воқеиятанд ва ба вуҷуди воҳид мавҷуданд, ва ин зеҳн аст, ки аз барои як воқеияти ваҳдонӣ чандин мафҳуми мухталиф интизоъ мекунад ва ҳамаро бар он мунтабиқ месозад.

Ба ҳар ҳол қудрати зеҳн барои ин ки аз як воқеияти воҳид мафоҳим ва маъонии мутааддида бисозад, қобили инкор нест.

Яке аз мавориде, ки маҳмулеро бар мавзӯе ҳамл мекунем ва он мавзӯъ ва маҳмул ҳар як воқеияти алоҳида надоранд, мабҳаси моҳият ва вуҷуд аст. Яъне мавориде аст, ки моҳияте аз қабили хатт ё адад ё инсон ё чизи дигарро мавзӯъ ва вуҷудро маҳмул қарор медиҳем ва қазияҳое дуруст мекунем ва ҳукм мекунем, ки (масалан) “хатт мавҷуд аст” ё “адад мавҷуд аст” ё “инсон мавҷуд аст”.

Дар ин гуна маворид мавзӯъ ва маҳмул (мафҳуми инсон ва мафҳуми вуҷуд масалан) дар зарфи зеҳн ба таври мусаллам касрат доранд ва байни онҳо муғойират ҳукмфармост ва ба истилоҳ “вуҷуд зоид бар моҳият аст”, балки чунонки гуфтем дар намоиши аввалӣ барои зеҳн, вуҷуд чизе аст, ки таъаллуқ ба моҳият гирифта ва хориҷкунандаи ӯ аз катми адам ва зоҳиркунандаи вай аз зери пардаи ибҳом ва зулмати нестӣ аст, ва ё ба манзилаи либосе аст, ки моҳият муталаббис ба вай шуда бошад, вале ба таври қатъ ва мусаллам дар хориҷ, вуҷуд ва моҳият ду чиз нестанд, ки яке зоҳиркунанда ва дигаре зоҳиршуда, яке мутааллиқ ва дигар мутааллақун биҳи, яке либос ва дигаре муталаббис буда бошад; ин зеҳн аст, ки аз як айнияти хориҷӣ ду мафҳум сохтааст ва аз ин ду мафҳум якеро ориз ва дигареро маъруз ва якеро мутааллиқ ва дигареро мутааллақун биҳи эътибор мекунад. Дар хориҷ, анвоъи таркибот мумкин аст, вале таркиби хориҷӣ аз моҳият ва вуҷуд маънӣ надорад ва ба таври қатъ ва яқин ин касрат яъне таркиби шайъ аз моҳият ва вуҷуд, маълули қувваи таҳлил ва қудрати таҷзияи зеҳн аст, ва дар хориҷ вуҷуд ва моҳият ва филмасал инсон ва вуҷуди инсон ё хатт ва вуҷуди хатт ё замин ва вуҷуди замин ду амри воқеиятдор нестанд ва ба истилоҳ “мобиҳизо”-и хориҷӣ надоранд. Асосан, чӣ гуна мумкин аст як воҳиди воқеиятдор (ҳар чиз, ки мехоҳед фарз кунед, воҳиди инсон ё воҳиди хатт ё воҳиди зарра) худаш ва воқеият ва вуҷудаш ҳар кадом воқеияти алоҳида дошта ва маҷмӯъан ду воҳиди воқеиятдор буда бошанд?!

Инки ҳар чизе бо вуҷуд ва воқеияти худаш як воҳидро ташкил медиҳанд ва ихтилоф ва таъаддуди моҳият ва вуҷуд ба ҳасби зарфи зеҳн ва маълули қувваи таҳлили зеҳн аст, эҳтиёҷ ба иқомаи бурҳон надорад, ва агар касе битавонад матлабро тасаввур кунад, бедиранг тасдиқ хоҳад кард.

Вале дар айни ҳол, мо барои касоне, ки моил ҳастанд, бурҳон низ иқома мекунем ба ин тартиб: агар ҳар чизе бо вуҷуд ва воқеияти худаш ду амри воқеиятдор буда бошанд, лозим меояд, ки ҳар амри воқеиятдоре аз умури воқеиятдори ғайримутаноҳӣ ташкил шуда бошад.

Ба илова, лозим меояд, ки асосан он шайъ мавҷуд ва воқеиятдор набуда бошад, зеро агар ҳар як аз моҳият ва вуҷуд як амри воқеиятдор буда бошад, пас вуҷуд воқеияте дорад ва моҳият воқеияте ва ҳар як аз ин ду ба худии худ як воҳиди воқеиятдор аст, он гоҳ нақли калом мекунем ба ҳар як аз ин ду воҳиди воқеиятдор (моҳият ва вуҷуд) ва чун ҳар як аз ин ду воҳиди воқеиятдор як амри воқеиятдор аст ва ҳар амри воқеиятдоре ба ҳасби фарз бо воқеияти худ ду амри воқеиятдор аст, яъне байни худаш дугонагӣ ҳукмфармост ва маҷмӯъан як воҳидро ташкил намедиҳанд, пас ҳар як аз моҳият ва вуҷуд низ маҷмӯъан ду амри воқеиятдор аст. Барои мартибаи дуввум нақли калом мекунем ба ду амри воқеиятдоре, ки воқеияти моҳиятро ташкил медиҳанд ва ба ду амри воқеиятдоре, ки воқеияти вуҷудро ташкил додаанд. Ва чун ҳар як аз ин чаҳор як амри воқеиятдоре аст ва ҳар амри воқеиятдоре ба ҳасби фарз аз маҷмӯи ду амри воқеиятдор, ки байни онҳо дугонагии хориҷӣ ҳукмфармост ташкил шуда, пас ҳар як аз онҳо низ маҷмӯъан ду амри воқеиятдор аст. Ва ҳамчунин барои мартибаи севвум ва чаҳорум… ва то бениҳоят, ки пеш биравем ба умури воқеиятдоре мерасем, ки мураккаб аст аз ду амри воқеиятдор ва ҳар як аз он ду амри воқеиятдор низ аз ду амри воқеиятдори дигар ва ҳамин тавр… Ва албатта ин амр ақлан маҳол ва мумтанеъ аст. Зеро аввалан, як воҳиди воқеиятдор — мисли воҳиди инсон — воҳиди инсон аст, на маҷмӯаи ғайримутаноҳӣ аз инсонҳо. Ва воҳиди хатт як воҳиди хатт аст, на маҷмӯаи ғайримутаноҳӣ аз воҳид хаттҳо (қобилияти инқисоми хатт ба аҷзои ғайримутаноҳӣ бо ин матлаб иштибоҳ нашавад) ва воҳиди атом як воҳиди атом аст, на ғайримутаноҳии атомҳо. Ва асосан чӣ гуна мумкин аст, ки як воҳид аз як шайъ дар айни як воҳид будан, билфеъл воҳидҳои ғайримутаноҳӣ бошад?! Ва сониян, ғайримутаноҳии мафрузи мо аз навъи касире аст, ки билохира ба ваҳадоте мунтаҳӣ намешавад, зеро чунонки дидем то бениҳоят шайъ мураккаб аст аз ду амри воқеиятдор ва ҳеч гоҳ ба як амри воқеиятдоре, ки маҷмӯае аз ду амри воқеиятдор набуда бошад мунтаҳӣ намешавад. Ва касире, ки ба воҳид мунтаҳӣ нашавад, вуҷудаш маҳол аст, зеро касир аз маҷмӯи воҳидҳо тавлид мешавад ва агар воҳид набошад, касире ҳам нахоҳад буд. Пас лозимаи ин ки шайъ бо воқеияти худаш ду амри воқеиятдор буда бошад ин аст, ки он шайъ асосан мавҷуд ва воқеиятдор набуда бошад.

г) Дар муқаддимаи боло гуфтем, ки шайъ бо воқеияти худаш ва ба иборати дигар, моҳият ва вуҷуд наметавонанд ду айният дошта ва ду амри воқеиятдор буда бошанд. Ҳоло мегӯем, ки ҳамин тавр ҳам мумкин нест, ки моҳият ва воқеият худаш ҳеч кадом айният ва хориҷият надошта бошанд, зеро фарз ин аст, ки умури воқеиятдоре дар моварои зеҳн ва андешаи мо ҳаст ва мо изъон дорем, ки масалан инсон ё хатт ё адад ё атом дар хориҷ аз зарфи зеҳни мо воқеият доранд. Ҳоло агар бино шавад, ки як воҳиди воқеӣ масалан инсон ва воқеияти инсон ё хатт ва воқеияти хатт ҳар ду амре ғайриайнӣ буда ва сирфан андешаи зеҳнӣ бошанд, пас маънои ин ки инсон воқеият дорад, ин мешавад, ки сирфан ман ин тавр андеша мекунам, аммо дар моварои зеҳни ман чизе нест. Ва ин, хилофи асли қатъӣ ва бадеҳӣ аст, ки мо дорем ва айнан таслим ба муддаъои суфастоиён аст.

Пас аз баёни ин муқаддимот мегӯем, ки: аз муқаддимаи аввал донистем, ки баҳси асолати вуҷуд ё моҳият дар айни ин ки баҳс аз таъйин ва таҳқиқи хориҷ ва воқеъ аст, баҳс ва ковиш аз зеҳн низ ҳаст ва ин баҳс дорои ду ҷанба аст: аз як ҷанба зеҳнӣ ва аз ҷанбаи дигар хориҷӣ аст, ва ҳар ду ҷанба тавъам бо якдигар аст. Ва аз муқаддимаи дуввум донистем, ки моҳият чист ва нисбати вай бо вуҷуд ба ҳасби эътибори зеҳн чист. Ва аз муқаддимаи севвум донистем, ки моҳият ва вуҷуд маҷмӯъан як воҳидро дар хориҷ ташкил медиҳанд ва ду амри воқеиятдор нестанд, пас мумкин нест, ки ҳар ду асолат ва айният дошта бошанд, яъне ҳам вуҷуд асил бошад ва ҳам моҳият. Ва аз муқаддимаи 4-ум донистем, ки мумкин нест, ки моҳият ва вуҷуд ҳар ду ғайривоқеӣ бошанд ва ҳар ду андешаи маҳз ва сохтагии зеҳн бошанд, яъне ҳар ду эътиборӣ бошанд.

Пас аз ин муқаддимот навбати тарҳи ин масъала мерасад, ки оё вуҷуд асил аст ва моҳият эътиборӣ, ё моҳият асил аст ва вуҷуд эътиборӣ? Барои исботи асолати вуҷуд бурҳонҳои зиёде иқома шуда ва бархе аз он бурҳонҳо муттакӣ ба усули мавзӯае аст, ки он усули мавзӯаро илм ё фалсафа бояд собит кунад ва қаҳран то вақте, ки он усули мавзӯа ба марҳилаи исбот нарасад, бурҳони муттакӣ ба онҳо низ ҷанбаи қатъият пайдо намекунад, ва бархе дигар ин тавр нест. Мо дар инҷо наметавонем ҳамаи бурҳонҳое, ки барои исботи асолати вуҷуд иқома шуда баён ва наққодӣ кунем, балки фақат ба баёни як бурҳон, ки ҷанбаи фалсафии холис дорад ва аз ҳама соддатар ва дар айни ҳол муҳкамтар ва қавитар аст иктифо мекунем. Ва он бурҳонест, ки аз назар кардан дар худи вуҷуд ва моҳият бидуни истионат аз муқаддимоти хориҷӣ ҳосил мешавад. Садрулмутааллиҳин, ки тасбиткунандаи пояи масъалаи асолати вуҷуд аст, ғолибо дар китобҳои худ ба он бурҳон истинод мекунад. Ва он ин аст, ки ҳоло, ки амр доир аст байни ин ки ё вуҷуд амри воқеӣ аст ва моҳият аз қувваи интизоъи зеҳн пайдо шуда ё моҳият амри воқеӣ аст ва вуҷуд аз қувваи интизоъи зеҳн пайдо шуда, мо нисбати ҳар як аз вуҷуд ва моҳиятро бо воқеӣ будан ва хориҷӣ будан месанҷем. Мебинем, ки моҳият (масалан инсон ё хатт ва ғайра) дар зоти худ ба тавре аст, ки ҳам салоҳияти мавҷуд будан ва ҳам салоҳияти мавҷуд набуданро дорад ва нисбаташ бо воқеият ва ловоқеият яъне бо вуҷуд ва адам баробар аст. Моҳият ба воситаи тавъам шудан бо вуҷуд ва воқеият аст, ки зеҳн ӯро солеҳ барои ҳукм ба воқеиятдор шудан медонад. Ва аммо вуҷуд ва воқеият айни воқеӣ будан ва мавҷуд будан ва хориҷӣ будан аст, ва фарзи воқеияти ғайривоқеӣ ва вуҷуди ғайримавҷуд фарзи амри маҳол аст. Пас вуҷуд аст, ки айни воқеӣ будан ва айният аст ва ташкилдиҳандаи хориҷ ва олами айнӣ аст, аммо моҳият як қолаби зеҳнӣ аст барои вуҷуд, ки зеҳн рӯйи хоссияти махсуси худ дар асари иртибот бо воқеияти хориҷӣ, он қолабро таҳия мекунад ва ӯро ба воқеияти хориҷӣ мунтасаб мекунад. Ва ин аст маънои ҷумлаи матн: “Ҳар чизе яъне ҳар воҳиди воқеиятдори хориҷӣ дар сояи воқеият, воқеиятдор мешавад, ва агар фарз кунем, ки воқеияти ҳастӣ аз вай муртафаъ шуда, несту нобуд гардида ва як пиндори пуч беш нахоҳад буд”.

Асолати вуҷуд дар фалсафа натоиҷи зиёде дорад ва камтар масъалае аст, ки сарнавишташ бо асолати вуҷуд бастагӣ надошта бошад ва махсусан дар боби “ҳаракат” натоиҷи зиёде аз ин масъала гирифта мешавад ва мо дар инҷо аз шумориши натоиҷи ин масъала маъзурем ва ҳар якро ба ҷойи худ мавкул мекунем. Дар хотима нуктаи зайлро ёдоварӣ мекунем.

Чунонки хонандаи мӯҳтарам мулоҳиза кард, мо баҳси асолати вуҷудро баъд аз қабули асли куллии “воқеияте ҳаст” ва пас аз изъон ва тасдиқ ба воқеият доштани умуре чанд ва пас аз таваҷҷӯҳ ба “зиёдати вуҷуд бар моҳият” ва пас аз қабули иштироки маънавии вуҷуд ба миён овардем, ва аз лиҳози тартиби фаннӣ, ин масъаларо мутааххиртар аз чанд масъала қарор додем, вале лозим аст тавзеҳ диҳем, ки лузуме надорад мо ин тартибро риоят кунем ва мумкин аст роҳро наздиктар карда пас аз қабули асли куллии “воқеияте ҳаст”, ки сарҳадди сафсата ва фалсафа аст вориди ин мабҳас бишавем ва онро аввалин масъалаи фалсафии худ қарор диҳем ва ба ин тартиб матлабро адо кунем, ки: рӯйи он асли куллӣ, пас амри воқеиятдоре ҳаст ва мавҷуде дорем ва он мавҷуди воқеӣ ё худи вуҷуд аст ё чизе, ки дорои вуҷуд аст. Яъне ё ин аст, ки он воқеи моварои зеҳн тавре нест, ки барои зеҳн солеҳ бошад, ки ҳукм кунад фалон моҳият аз катми адам хориҷ шуда ё фалон моҳияти дигар, ва ё ин аст, ки воқеи моварои зеҳн тавре аст, ки қобили ҳукми зеҳн ба ин ки фалон шайъ аз катми адам хориҷ шуда ҳаст.

Ба фарзи аввал, асосан моҳият ба ҳеч ваҷҳ пояш дар кор нест, ва ба фарзи дуввум, моҳият маърузи вуҷуд ва мутааллиқ ба вуҷуд аст. Ва рӯйи ин фарз бурҳони фавқро ба тариқе, ки гуфта шуд иҷро мекунем ва агар ин роҳро пеш бигирем, зудтар ба мақсад мерасем ва камтар эҳтиёҷ ба рафъи шубаҳот дорем. Аз инҷо возеҳ мешавад, ки касоне (монанди Ҳаким Сабзаворӣ), ки қоидаи завҷи таркибӣ будани мумкинро, ки мушъир ба тақсими мавҷуд ба воҷиб ва мумкин ва басотати воҷиб ва таркиби мумкин аст, муқаддимаи ин масъала қарор додаанд, роҳи дуре пеш гирифта ва аз назму тартиби мантиқӣ хориҷ шудаанд, зеро инқисоми мавҷуд ба воҷиб ва мумкин басе мутааххиртар аз масъалаи асолати вуҷуд аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: