Ёддошти Раҷаб Тайиб Ардуғон дар нашрияи Guardian дар солгарди кудето

Имрӯз аввалин солгарди талош барои кудето дар Туркия аст. Дақиқан як сол пеш, милюнҳо шаҳрванди турк, фориғ аз ихтилофоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ, дар канори ҳам қарор гирифтанд то ҷабҳае муттаҳид дар баробари саҳнасозоне эҷод кунанд, ки саъй доштанд қонуни асосии кишварро мутаваққиф кунанд; касоне, ки ба шаҳрвандони бегуноҳ ҳамла ва маҷлисро бомбборон карданд.

Дар ин ҳамлаи танаффуровар, 250 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 2193 нафар захмӣ шуданд. Талошҳои доманадори давлати ман барои барқарории адолат дар баробари Фатҳуллоҳ Гулен ва пайравонаш, ки шавоҳид ҳикоят аз даст доштани онҳо дар пушти пардаи кудетои ноком дорад, на танҳо барои Туркия, балки барои демукросӣ дар ҳама ҷойи ҷаҳон муҳим аст.

Байни солҳои 1960 ва 1997, ҳаддиақал 4 давлати мунтахаб тавассути нерӯҳои артиш сарнагун шуданд. Барои даҳаҳо мақомоти расмӣ таъми озодиро начашиданд. Аз ҳама бадтар ин ки кудетоҳои низомӣ ба шиддат эътимоди мардуми Туркия ба ниҳодҳои давлатиро тазъиф кард.

Аз замони ба қудрат расидани Ҳизби адолат ва тавсиа дар соли 2002, ки ман онро раҳбарӣ кардам, ислоҳоте ба манзури тақвияти мақомоти мунтахаб анҷом шуд. Бо ин кор мо тавонистем эътимоди мардуми Туркия ба ниҳодҳои давлатиро бозгардонем. Онҳое, ки силоҳҳои худро дар 15 июл ба самти мардуми бегуноҳ гирифтанд, ба деворе бетонӣ аз як даҳа пешрафт дар сиёсат, иқтисод, муроқибатҳои беҳдоштӣ, адолат, сиёсати хориҷӣ ва ҳуқуқи асосӣ, бархӯрд карданд. Ин иртибот миёни мардум ва давлаташон, нишондиҳандаи ниҳояти инъитофпазирии демукросии мост, ки бо қудрат бақои онро тазмин мекунад.

Хунсосозии кудето нуқтаи атфе дар торихи демукросии мо буд. Ин манбаи умед ва илҳом барои ҳамаи афродест, ки зери назари диктотурҳо зиндагӣ мекунанд. Мутаассифона муттаҳидони Туркия, бавежа дӯстони мо дар Ғарб, ба таври комил қодир ба дарки аҳаммияти иттифоқе, ки афтодааст нашуданд. Бархе аз давлатҳо ва ниҳодҳои ғарбӣ ба ҷойи ибрози ҳамбастагӣ бо ҳамватанони ман, тасмим гирифтанд, ки мунтазир бимонанд ва бибинанд, ки сарнавишти бӯҳрон чӣ мешавад! Риёкорӣ ва меъёрҳои дугонаи онҳо амиқан мардуми Туркияро озор дод; мардуме, ки ҳама чизи худро дар дифоъ аз озодӣ ба хатар андохтанд.

Ин воқеиятест, ки талошҳои Туркия барои шиносоӣ ва ихроҷи мақомоти давлатии вафодор ба Гулен — вафодорони омрикоӣ бо асолати турк — зери оташ аст. Оташе, ки ҳамон гурӯҳҳое бапо кардаанд, ки демукросӣ ва амнияти кишвари манро зери суол мебаранд. Бо намак пошидан ба ин захм, бисёре аз раҳбарони аршади FETÖ — созмоне, ки тавассути Гулен ҳидоят мешавад — тавассути дӯстон ва муттаҳидони худ дар кишварҳои ғарбӣ паноҳандагӣ гирифтанд; масъалае, ки бо равобити дуҷониба ва арзишҳои асосӣ носозгор аст. Имрӯз раҳбарони ғарбӣ бояд байни истодагӣ ва ҳамбастагӣ бо теруристҳо ё тамоюл ба манофеи мардуми Туркия, якеро интихоб кунанд.

Пазириши ин интиқодот дар замоне, ки Туркия эъломи вазъияти изтирорӣ карда буд мумкин нест, дар ҳоле, ки чунин кишварҳое дар замони мувоҷиҳа бо таҳдидоти амниятии нисбатан ҷузъӣ, анҷоми чунин корҳоеро тавҷеҳ мекунанд. Дар тӯли ин солҳо Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) масъули ҷони тақрибан 50 ҳазор нафар аст.

Мубориза бо созмони бисёр маҳрамонае ҳамчун FETÖ, ки аъзои он ба таври низомманд дар тӯли даҳаҳо дар ниҳодҳои умумии Туркия нуфуз ва суфуфи худро фишурда кардаанд, осон нест. Онҳо акнун талош мекунанд то раванди додрасиҳоро кунд кунанд, ҳатто дар мавориде, ки шавоҳиди мушаххасе аз ҷумла филмҳои видеоӣ онҳоро муттаҳам мекунад.

Мо ба адолат мутаъаҳҳид боқӣ хоҳем монд. Туркия кумитаи мустақиллеро барои баррасии мавориде, ки мақомоти давлатии собиқ нисбат ба ихроҷи худ мӯътариз буданд, ташкил додааст. Ҳадафи мо ин аст, ки муҷримонро бо таъаҳҳуди комил ба қонун муҳокима кунем дар ҳоле, ки муқовимати кишварамонро дар баробари ҳамалоти оянда ҳифз хоҳем кард.

Guardian

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: