Қудс, “хатти қирмиз”-и мусалмонон аст

Амалиёти Байтулмуқаддас ва 3 паёми асосии он

“Амалиёти шаҳодатталабонаи рӯзи ҷумъаи фаластиниён, бори дигар нишон дод, ки Қудс “хатти қирмиз”-и мусалмонон аст ва ба ҳеч ваҷҳ иҷозаи таҷовуз ба ин макони муқаддас ва тағйири бофти сиёсӣ ва ҷамъиятии онро нахоҳанд дод…”

Амалиёти шаҳодатталабонаи рӯзи ҷумъа дар Масҷидулақсо тавассути се тан аз ҷавонони фаластинӣ, ҳомили се паёми асосӣ аст:

1) Аввалин паёми ин амалиёт он аст, ки ин амалиёти шаҳодатталабона дар замоне анҷом шуд, ки Омрико бо ҳамкории режими саҳюнистӣ дар садади интиқоли сафорати Омрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас аст ва инро борҳо мақомоти омрикоӣ эълом карданд.

Амалиёти шаҳодатталабонаи рӯзи ҷумъаи фаластиниён бори дигар нишон дод, ки Қудс “хатти қирмиз”-и мусалмонон аст ва гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ ба ҳеч ваҷҳ иҷозаи таҷовуз ба ин макони муқаддас ва тағйири бофти сиёсӣ ва ҷамъиятии онро нахоҳанд дод ва ба режими саҳюнистӣ ва низ ҳампаймони дерини ин режим яъне Омрико иҷоза нахоҳанд дод, ки тарҳҳои шуми худро дар қиболи қиблаи аввали мусалмонони ҷаҳон ба мавриди иҷро дароваранд.

Ин амалиёт ҳомили ин паём ба саҳюнистҳост, ки миллати Фаластин ҳаргиз ва таҳти ҳеч шароите ҳозир нест аз ормони худ даст бикашад ва аз сарзаминҳои ишғолии худ ба нафъи ин режим кӯтоҳ биёяд ва ҳар замоне ва дар ҳар маконе ҳозир аст амнияти ин режимро ба хатар биандозад.

2) Дуввумин паёми ин амалиёт он аст, ки нерӯҳои муборизи фаластинӣ бо дасти холӣ ва бидуни кӯмаки дигар кишварҳо ва бо силоҳҳои дастсози худ системи амниятии режими саҳюнистиро ба чолиш кашиданд ва бо нуфуз дар ҳассостарин марокизи ин режим, ки таҳти тадобири шадиди амниятӣ қарор дорад, тавонистанд амалиёти худро ба иҷро бигузоранд.

Амалиёти рӯзи ҷумъа нишон дод, ки “системи амниятӣ”-и ин режим “нуфузпазиртар” аз он чизест, ки ин режим таблиғ мекунад, ба хусус ин ки ин амалиёт дар рӯзи ҷумъа баргузор шуда, ки шадидтарин тадобири амниятӣ алайҳи намозгузорони фаластинӣ иттихоз мешавад, то монеъ аз анҷоми ҳар гуна амалиёте дар ин манотиқ шавад.

3) Ва аммо паёми сиёсӣ он аст, ки миллати Фаластин бо ҳар гуна иқдоми созишкорона, ки ормони ин миллатро ба бӯтаи фаромӯшӣ бисупорад мухолиф аст. Гарчи бархе аз режимҳои арабӣ аз ормони миллати Фаластин фосила гирифтаанд ва дар садади оддисозии робита бо ин режим ҳастанд, вале миллати Фаластин нишон дод, ки ҳаргиз аз ормони худ кӯтоҳ намеояд ва барои озодсозии сарзаминҳои ишғолӣ мунтазири режимҳои арабӣ намемонад, ҳатто агар раҳбарони фаластинӣ низ пушти дарҳои баста ва кохҳои муҷаллал саргарми созиш бо режими саҳюнистӣ бошанд.

Таҷриба собит карда, ки гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ ҳар гоҳ эҳсос кунанд, ки гурӯҳе қасди созиш бо режими саҳюнистиро дошта бошад, гурӯҳи дигар бо бардоштани парчам ин муборизаро идома дода ва нокомиҳо ва таҳримҳо ва фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳаргиз натавониста онҳоро аз идомаи ин масир боздорад.

Амалиёти шаҳодатталабонаи рӯзи ҷумъа собит кард, ки Интифозаи миллати Фаластин ба рағми тасаввури бархе аз кишварҳои хиёнатпешае мисли Саудӣ, ки роҳи созишро дар пеш гирифтанд, ба роҳи худ идома медиҳад ва он даста аз гурӯҳҳои фаластинӣ, ки дунболи истимрори раванди созиш ҳастанд, бояд худро бо миллат ва гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ҳамоҳанг кунанд, на бо нишастан пушти мизи музокироти созиш.

Амалиёти рӯзи ҷумъа ҳомии ин паёми асосӣ ба режимҳои арабӣ буд, ки наметавонанд ба ҷойи миллати Фаластин тасмим бигиранд ва ин амалиёт собит кард, ки ормони миллати Фаластин зинда аст ва шӯълаҳои Интифоза ҳаргиз хомӯшшуданӣ нест.

Ташкилоти худгардони Фаластин ба раҳбарии Маҳмуд Аббос ба ҷойи маҳкум кардани амалиёти шаҳодатталабона, бояд ба ҳамкориҳои амниятӣ барои саркӯби гурӯҳҳои фаластинӣ поён диҳад, чаро ки агар ин ташкилот баргаи барандае дар музокирот ҳам дошта бошад, ба фазли муқовимати ин ҷавонон ва амалиёти шаҳодатталабонаи онон аст, ва таҷриба собит кард, ки танҳо бо фишор бар режими саҳюнистӣ метавон ин режимиро водор ба имтиёздиҳӣ кард.

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: