Арабситезӣ ё исломситезӣ? (1)

Бахши авввал

Ёддошти Абдуманнон Шералиев

Ҳадаф аз навиштаи қаблӣ ин буд, ки бифаҳмем чаро “таърихнигорони ҳақиқатгӯ”, ки ҳадафашон ба қавли худашон “баёни ҳақиқатҳои таърих аст”, 25 сол аст, ки дар садаи 7-уму 8-уми милодӣ гир мондаанд ва ҷилӯтар намеоянд, то бубинанд ҷуз араб миллатҳои дигаре ҳам ба хоки мо тохтаанд ва ҷиноятҳои бузургеро муртакиб шудаанд.

Агар араб фаразан қатлу ғорат кард, ки накардааст (манзурам ҳамон аъроби замони хулафои рошидин ҳастанд, ки ба Форс тохтаанд ва ба ин баҳс поёнтар бармегардем), пас дар иваз бузургтарин неъмате овард, ки инсоният метавонад орзу кунад. Ва ин оини яктопарастӣ ва дини ростин аст. Ҳоло аз донишу тамаддуни бузурге, ки ислому Қуръон ҷои худаш. Албатта гурӯҳе аз миллигароёни либерол инро бо ин сабаб, ки ба Аллоҳи воҳид ва қиёмату дунёи абадӣ бовар надоранд, аслан намефаҳманд.

Гап сари ақлу донишу улуми фарогирифтаи онҳо нест. Имон чизест, ки то дар қалбат ворид нашуд, намедонӣ, ки чист ва ҳатто тасаввурашро надорӣ. Яке аз асбоби арабпараст номидани онҳое, ки дифоъ аз Паёмбару (с) ёронаш мекунанд аз тарафи ин гурӯҳак (ки хушбахтона хеле гурӯҳи кӯчак ҳастанд) ҳам ҳамин аст, ки намефаҳманд ин мардум бо ҳамон имоне, ки дораду онҳо ҳатто дарк карда наметавонанд, ки чист, Паёмбар (салому салавоти Худо ба ӯ бод!) ва ёронашро аз ҷонашон бештар дӯст медоранд.

Араб, турк, муғул, рус ё ҳар миллати дигареро бад дидани ҳар касе кори шахсии ӯст ва агар чанд масъала вуҷуд намедошт на ман ва ҳеҷ мусалмони дигаре коре бо ишон надошт. Метавонистанд мурданивор бад бинанду тавҳин кунанд.

Ин ҷо зарур медонам тазаккур диҳам, ки арабситезон танҳо бо ҳамин гурӯҳи кофар тамом намешаванд. Байни онҳо мусалмонони воқеъӣ ва дӯстони хуби банда ҳам ҳастанд, ки борҳо қавитару шадидтар аз ҳар олими исломие аз ислому паёмбараш дифоъ кардаанд. Ва ҷавонони миллатдӯсте, ки ба афсонаҳои ин гурӯҳ бовар кардаанд ва мепиндоранд, ки аъробро дини овардаашон хуб, аммо худашон хеле бад будаанд. Бинобар ин зарур аст инҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунем ва ба ҳар кадомашон посухи алоҳида дошта бошем. То нашавад, ки ба хотири баҳс бо чанд кофаре аз инсоф хориҷ шавем ва онҳоеро, ки на бо сабаби бадбинии ислом (ки баръакс аксарашон исломро хеле дӯст доранд), балки танҳо бо ин сабаб, ки миллигаро ҳастанд аъробро бад мебинанд, бо ин гурӯҳ баробар созем:

1. Ҳамон гурӯҳи кофар, ки аслан на ба аъроб кор доранд ва на ба “истило”-яш. Ҳамаи тохтутозе, ки ин гурӯҳ алайҳи араб анҷом медиҳад, аз нафрати беандозааш ба ислому муслимин аст. То номи исломситезро касб накунад, ва миллати мусалмони тоҷик, бо шумули хонаводаву ақрабояш азаш рӯ нагардонад, ин таҳоҷумашро дар либоси арабситезӣ ва “баёни ҳақоиқи таърихӣ”, аниқтараш “ҳақоиқ”-и асрҳои 7-у 8 анҷом медиҳад. Агар барои эшон ҳақоиқи таърих муҳим мебуду дилашон ба миллати истеъмордидаашон месӯхт, боре вз 1400 сол қабл ҷилутар меомаданд ва қатли омҳову таҷовузу тамаддунсӯзиҳои бузургро ҳам медиданд. На! Барояшон маҳз ҳамон сафҳаи таърих муҳим аст, то нешҳои пурзаҳри худро бар тани муслимин бихаланд ва агар касе эътироз кард фарёд зананд, ки асолати миллӣ надорӣ ва арабпарастӣ.

Ин гурӯҳ ҳаргиз ба хотири дарёфти ҳақиқат вориди баҳс намешавад, чун “ҳақиқат”-и худро пайдо кардааст ва он душмани бо дини Худост. Ва ҳадафаш ҳам аз баҳсҳои бепоён танҳо “музтар” кардани мусалмонон аст. Ҳатто пиндоштааст, ки хелеҳоро музтар ҳам кардааст. Агар касе бо расидан ба ин натиҷа, ки баҳс бо ин шақиён бефоида ва зоеъ кардани вақт аст ва аз баҳс канор рафт, онҳо таблӣ шодӣ аз “пирӯзии бузургашон” ба даст, бо ёдовар шудани ин ҳолат дар ҳар баҳсашон, гӯши фалак (аниқтараш фейсбук)-ро кар мекунанд, ки фалонӣ аз баҳс фирор кард!

Агар касе диққат кардааст онҳо Туркияро ҳам бо ҳамон шиддати арабситезиашон бад мебинанд. На ӯзбаку қазоқу қирғизу дигар ақвом, ки ҳама турк ҳастанд, балки маҳз туркҳо ва Туркияро. Бадбинии ин гурӯҳи либероли миллигаро нисбати Туркияву Эрдуғон ҳам аз ҳамон нафраташон ба ислом маншаъ мегирад, на “пантуркизм”-е ки ба Туркия нисбат медиҳанд, ки гӯё ҳозир аст ҳамин алъон тоҷиконро фурӯ барад. Вагарна идеяи пантуркизм дар мағзи майдамиллатҳои туркзабон хеле реша давондааст, ки манбаъаш ҳам аслан Туркия нест (ин албатта баҳси дигар аст).

Нафаре ба суоли қаблии банда, ки чаро танҳо “истилову қатлу ғорат”-и аъробро дидаанду муғулу русро на, посух гуфтааст, ки ба он хотир, ки касе аз муғулу рус дифоъ намекунад. Хуб, агар ҳадафи эшон расонидани ҳақоиқи таърих аст, дифои касе аз таҷовузгарон чӣ рабте ба ин дорад? Шумо давоми ин чанд сол он қадар “ҳақоиқ” аз “истило”-и араб сохтеду рӯи саҳифаҳои фейсбук рехтед, ки миллат онро азёд кард (ҳарчанд кам касе ба он бовар кардааст). Ҳоло агар ба даъвои худ камтарин садоқатро доред, боре аз ҳақоиқи панҷ аср ва 12-13 аср баъди он ҳам ҳарфе занед. Ақалан ба ин хотир, ки миллат тақрибан ҳеҷ маълумоте аз он надорад. Ҳоло дилхоҳ нафарро дар кӯча манъ кунед ва пурсед, ки кай муғулҳо ба сари ин миллат тохтанду кай русҳо, оё асрашро медонад? Чӣ расад ба солу моҳ ва ҷиноёте, ки онҳо содир кардаанд.

Худро таърихдону таърихнавису ҳақиқатбаёну миллатдӯстдор муаррифӣ кардаанд ва аз ин, ки ин миллат то ҳанӯз аксаран манқурт аст ва Сталину Путинро чеҳраҳои бузурги таърихи худ медонад, камтарин хиҷолатро намекашанд.

Эътирози инҳо ба ин аст, ки чаро ин миллат Умару Аливу Холиду Саъду Қутайбаро қаҳрамон мехонад. Хушбахтона, дарки қаҳрамонии Умару Аливу Холиду Саъд (Худованд аз эшон розӣ бод), яъне асҳоби Паёмбар (салому салавоти Аллоҳ ба ӯ бод) ба ҳамон имоне, ки гуфтем бармегардад ва ин гурӯҳ қобилияти дарки онро аслан надорад. Ва миллати мусалмони тоҷик онҳоро на ба ҳайси як тоҷик ё форс, балки ба ҳайси як мусалмон қаҳрамон медонад, ки мутаасифона, чун мусалмон будан аз ҷузъи муқаддасоти эшон нест, ба дарки инаш ҳам намерасанд. Ва ин гурӯҳак ба дарки ин ҳам намерасад, ки Паёмбару (с) асҳобаш на ба хотири араб буданашон маҳбуби қалбҳостанд ва ҳеҷ арабе танҳо ба ин хотир, ки араб аст, ҳеҷ бастагие бо ишон надорад. Ва ҳеҷ тоҷики мусалмоне барои ҳимояи шаъни як араб ё ҳатто миллионҳо араб, танҳо ба хотири араб буданаш бо ин нафарон вориди баҳс намешавад.

Идома дорад

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: