Ду қарни сукут?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як донишманд ва ё лоақал касе, ки гумон мекунад донишманд аст, агар як матлабро нодуруст бидонад, ҳоло ба ҳар далел, дар ин сурат танҳо коре, ки ӯ дар баробари он матлаб мекунад ин аст, ки бо зикри далел ва бурҳон, нодуруст ва носаҳеҳ будани матлаби мавриди назарро радд мекунад, на ин ки сару садо роҳ андозад, ки ҳон! Фалонӣ дорад шуморо ба роҳи “гумроҳӣ” мебарад, он ҷо, ки масалан мегӯяд: “Балки ишорат ба нафароне кардаам, ки мехоҳанд ҷавононро ба гумроҳӣ бубаранд”.

Ин адабиёт, адабиёти одами донишманд нест, балки адабиёти як мубаллиғ аст; яъне адабиёти касе аст, ки ба як андеша пойбанд аст ва намехоҳад дигарон аз он ақида ба андозаи як шибр берун раванд, ва ба истилоҳ (ва тибқи истилоҳи худаш), “гумроҳ” шаванд.

Матлаби ахири ҷаноби Ҳафиз Бобоёровро хондам, ва иттифоқан, инҷониб тарафдори тарҳи ин гуна мабоҳис ҳастам, аз ин назар ҷойи тақдир ва ташаккур дорад. Мо ҳамеша аз ин навъ баҳсҳо истиқбол кардаем. Ва далелаш ҳам ин аст, ки ҳақиқат ҳамвора аз баҳсу табодули назарҳо бархостааст. Солҳо пеш матолиби парокандае дар бораи китоби “Ду қарни сукут”-и шодравон Абдулҳусайни Зарринкӯб гирд оварда будам ва мехостам ба сурати як мақола дароварам, ки фурсат даст намедод.

Аз он ҷо, ки ёддошти ахири ҷаноби Ҳафиз Бобоёров бештар мустанад ба матолиби ин китоб аст, имшаб бар он шудам, то ду матлаб аз он матолиби гирдоварда дар бораи ин китобро (ки ҳамааш ҳудуди 10 матлаб аст) ба сурати як мақола дароварам.

Албатта, китоби “Ду қарни сукут” ниёзманди нақду баррасии дақиқ аст, ва қатъан як мақола гунҷоиши нақди тамоми матолиби онро надорад, вале бо ин ҳама, метавон як арзёбии куллӣ намуд.

* * *

Матлаби аввал: Дуктур Зарринкӯб дар муқаддимаи чопи дуввум чӣ гуфт?

Дуктур Абдулҳусайни Зарринкӯб китоби “Ду қарни сукут”-ро барои нахустин бор дар соли 1330 шамсӣ (1951) ба чоп расонд. Ин китоб, ки ба баррасии ҳодисаҳои торихии Эрон дар ду қарни аввали ислом мепардозад, аз назари манобеъ ва маъохизе, ки муаллиф дар баҳсҳои худ ба онҳо истинод ҷуста, эродҳои ҷиддӣ дорад, ки аз қазо худи муаллиф дар муқаддимаи чопҳои баъдии китоб онҳоро гӯшзад намудааст ва эътироф мекунад, ки бо таваҷҷӯҳ ба шӯри ҷавоние, ки дар даврони нигоштани ин китоб бо ӯ ҳамроҳ будааст, дар бисёре аз масоил муғризона нависандагӣ кардааст. Ӯ дар муқаддимаи чопи дуввум менависад:

Дар ин фурсате, ки барои таҷдиди назар пеш омад, қалам бардоштам ва дар китоби хеш бар ҳарчи машкук ва торик ва нодуруст буд, хатти бутлон кашидам. Бисёре аз ин мавориди машкук ва торик ҷоҳое буд, ки ман дар он рӯзгори гузашта, намедонам аз хомӣ ё таъассуб, натавониста будам ба айбу гуноҳу шикасти Эрон ба дуруст эътироф кунам. Дар он рӯзгорон, чунон руҳи ман аз шӯру ҳамоса лабрез буд, ки ҳарчи поку ҳақ буд азони Эрон медонистам, ва ҳарчиро азони Эрон — Эрони бостониро мегӯям – набуд, зишту пасту нодуруст мешумурдам. Дар солҳое, ки пас аз нашри он китоб бар ман гузашт ва дар он муддат, даме аз кору андеша дар боби ҳамин давра аз торихи Эрон ғофил набудам, дар ин раъйи норавои ман, чунонки шоиста аст халале афтод. Хатои ин гумонро, ки соҳибназарон аз он ғофил набуданд, дарёфтам ва дар ин фурсате, ки барои таҷдиди назар дар китоби собиқ ба даст омад, лозим дидам, ки он гумони хатои таъассубомезро ҷуброн кунам. Охир, аҳду паймоне, ки ман бо хонандаи ин китоб дорам, он нест, ки дониста ё надониста, торихи гузаштаро ба зарқу дурӯғу ғуруру фиреб биёлоям. Аҳду паймони ман он аст, ки ҳақиқатро биҷӯям ва онро аз ҳарчи дурӯғу ғуруру фиреб аст ҷудо кунам. Дар ин сурат мумкин набуд, ки бар он чи дар китоби хеш нодуруст ва машкук медидам, аз хомӣ ва ситезарӯии хеш, хатти бутлон накашам ва хонандаеро, ки шояд бар сухани ман беш аз ҳадди зарурат эътимод меварзад, бо хештан ба гумроҳӣ бикашонам….” (Абдулҳусайни Зарринкӯб, “Ду қарни сукут”, муқаддимаи чопи дуввум, Интишороти Амири Кабир, фарвардини 1336 (апрели 1957))

* * *

Матлаби дуввум: Нақди Устод Мутаҳҳарӣ бар китоби “Ду қарни сукут”:

Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби “Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон” дар нақд ба китоби дуктур Зарринкӯб менависанд:

“Бархе аз мусташриқин ва дар раъси ҳамаи онҳо Сэр Ҷон Малкуми ангилисӣ, ду қарни аввали Эрони исломиро — яъне аз ҳудуди нимаи қарни аввали ҳиҷрӣ, ки Эрон фатҳ шуд то ҳудуди нимаи қарни севвуми ҳиҷрӣ, ки каму беш ҳукумати мустақил дар Эрон ташкил гардид — ба эътибори ин ки дар ин ду қарн Эрон ҷузъи қаламрави куллии хилофат буда ва аз худ ҳукумати мустақилле надоштааст, давраи сукут ва сукун ва аҳёнан давраи бардагии эрониён номидаанд ва навъе ҷору ҷанҷол роҳ андохта, то он ҷо, ки бархе эрониёнро таҳти таъсири фикрии худ қарор додаанд.

Агар аз диди амсоли Сэр Ҷон Малкум бингарем, яъне тӯдаи эрониро надида бигирем ва ба таҳаввулоти фарҳангӣ ва ғайрифарҳангии самарабахши беназир, ки дар ҳамин ду қарн рух дод ва сахт ба ҳоли тӯдаи миллати Эрон муфид афтод таваҷҷӯҳ накунем ва танҳо табақаи ҳокимаро дар назар бигирем, ҳақ дорем давраеро, ки Эрон ҷузъи қаламрави хилофат буда давраи сукут ва сукун бишуморем…

Аммо агар тӯдаи миллати Эронро, яъне мӯзагарзодаҳо ва кӯзагарзодаҳоро — ҳамонҳое, ки Сибавайҳҳо ва Абуӯбайдҳо ва Абӯҳанифаҳо ва Оли Навбахтҳо ва Банӣ Шокирҳо ва садҳо афроди дигар ва хонадони дигар аз миёни онҳо бархостанд — дар назар бигирем, ки истеъдодашон шукуфт ва тавонистанд дар майдони як мусобиқаи озоди фарҳангӣ ширкат кунанд ва гӯйи ифтихорро бирубоянд ва барои аввалин бор дар торихи Эрон ба сурати пешвои адабӣ, илмӣ ва мазҳабии милали дигар дароянд ва осоре ҷовидон аз худ боқӣ бигузоранд ва номи хеш ва обу хоки хешро қарини иззат ва ифтихор ва ҷовидонӣ созанд, ин ду қарн ду қарни хурӯшу нишоту ҷунбишу нағмаву сухан аст.

Дар ин ду қарн буд, ки эрониён бо як идеулужии ҷаҳонӣ ва инсонии фавқинажодӣ ошно шуданд; ҳақоиқашро ба унвони ҳақоиқи осмонӣ ва мофавқи замону макон пазируфтанд ва забонашро ба унвони забоне байналмилалии исломӣ, ки ба ҳеч қавми хосс таъаллуқ надорад ва танҳо забони як маслак аст, азони худ дониста ва бар забони қавмӣ ва нажодии хеш муқаддам шумурданд.

Аҷабо! Мегӯянд: “Дар тайи ин ду қарн, забони эронӣ хомӯшӣ гузида буд ва эронӣ сухани хеш ҷуз бар забони шамшер намегуфт.” Ман ҳақиқатан маънии ин суханро намефаҳмам! Оё забони илмӣ забон нест?! Оё забони адабӣ забон нест?! Оё шоҳкори адабии Сибавайҳ — ки дар фанни худ ҳамтирози “Алмаҷистӣ”- Батламюс ва “Мантиқ”-и Арасту дар фанни худашон ба шумор меравад — ҷуз дар ин ду қарн офарида шудааст?! Оё “Адабул-котиб”-и Ибни Қутайба, ки он низ дар фанни худ як шоҳкор аст, маҳсули ин ду қарн нест?! Оё шоҳкори адабӣ офаридан, марбут ба забон нест?!

Хоҳанд гуфт: инҳо ҳарчи ҳаст ба забони арабӣ аст. Ҷавоб ин аст: магар касе эрониёнро маҷбур карда буд, ки ба забони арабӣ шоҳкор халқ кунанд? Аслан, магар мумкин аст касе бо зӯр шоҳкор халқ кунад?! Оё ин айб аст бар эрониён, ки пас аз ошноӣ бо забоне, ки эъҷози илоҳиро дар он ёфтанд ва онро мутаъаллиқ ба ҳеч қавме намедонистанд ва онро забони як китоб медонистанд, ба он гаравиданд ва онро тақвият карданд ва пас аз ду се қарн аз омехтани луғот ва маъонии он бо забони қадими эронӣ, забони ширин ва латифи имрӯзи форсиро сохтанд?

Мегӯянд: “Забони ин қавм (эрониёни қабл аз ислом) забони қавме буд, ки аз хирад ва дониш ва фарҳанг ва адаб ба қадри кифоят баҳра дошт. Бо ин ҳама, ин қавм, ки “ба сад забон сухан мегуфтанд” вақте бо аъроби мусалмон рӯ ба рӯ гаштанд “оё чӣ шуниданд, ки хомӯш шуданд?

Оқои дуктур Зарринкӯб, ки суоли болоро тарҳ кардаанд, худ бад-он посух додаанд:

Мегӯянд: забони тозӣ пеш аз он забони мардуми нимаваҳшӣ маҳсуб мешуд ва лутфу зарофате надошт. Бинобар ин, вақте бонги азон дар фазои мулки Эрон печид, забони паҳлавӣ дар баробари он фурӯ монд ва ба хомӯшӣ гаройид. Он чӣ дар ин ҳодиса забони эрониёнро банд овард, соддагӣ ва азамати “паёми тоза” буд ва ин паёми тоза “Қуръон” буд, ки суханварони арабро аз эъҷози баён ва умқи маънии хеш ба сукут афканда буд. Пас чӣ аҷиб, ки ин паёми шигифтангези тоза, дар Эрон низ забони суханваронро фурӯ бандад ва хирадҳоро ба ҳайрат андозад? Ҳақиқат ин аст, ки аз эрониён, онҳо, ки динро ба тиби хотири хеш пазируфта буданд, шӯру шавқи беҳадде, ки дар ин дини мусалмонии тоза меёфтанд, чунон онҳоро маҳву бехуд месохт, ки ба шоирӣ ва сухангӯӣ вақти хеш ба талаф намеоварданд.”

Кучактарин санаде дар даст нест, ки хулафо ҳатто хулафои умавӣ, мардуми Эронро ба тарки забони аслии худ — албатта забонҳои аслии худ, зеро дар ҳамаи Эрон як забон роиҷ набуда, дар ҳар минтақае забони махсус будааст — маҷбур карда бошанд. Он чӣ дар ин замина гуфта шудааст, мустанад ба ҳеч санади торихӣ нест, ваҳму хаёл ва ғаразу мараз аст. Зебоӣ ва ҷозибаи лафзӣ ва маънавии Қуръон ва таълимоти ҷаҳонватании он даст ба дасти ҳам дод, ки ҳамаи мусалмонон ин тӯҳфаи осмониро бо ин ҳама лутф азони худ бидонанд ва маҷзуби забони Қуръон гарданд ва забони аслии хешро ба тоқи фаромӯшӣ бисупоранд. Мунҳасир ба эрониён набуд, ки забони қадими хешро пас аз ошноӣ бо нағмаи осмонии Қуръон фаромӯш карданд; ҳамаи милали гараванда ба ислом чунин шуданд. Ва чунонки мукаррар гуфтаем, агар кӯшиши Аббосиён, ки сиёсати зиддиараб доштанд набуд, забони форсии имрӯз, ки бо забонҳои қабл аз ислом мутафовит аст, падид намеомад. Хулафои Аббосӣ беҳтарин мушаввиқи ин забон буданд. Онҳо моил набуданд, ки забони арабӣ дар миёни тӯдаи эронӣ роиҷ гардад.

Банӣ Аббос Шуъубиёнро, ки зиддиараб буданд ва дар матоъин ва масолиби араб китоб таълиф мекарданд, таъйид ва тақвият менамуданд. Алони Шуъубӣ китобе дар бадиҳои араб ва сифоти накӯҳидаи онон навишт, дар ҳоле, ки корманди расмии Ҳорун ва Маъмун буд ва дар байтулҳикма барои онҳо китоб истинсох мекард ва музд мегирифт. Ҳамчунин Саҳл ибни Ҳоруни Шуъубӣ, ки шадидан зиддиараб буд ва алайҳи араб китоб навишт, мудири байтулҳикмаи ҳорунӣ ва маъмунӣ буд (Тарҷумаи “Торихи тамаддун”-и Ҷурҷи Зайдон, ҷ.3, сс.310-311). Ҳамчунон ки қаблан дар фасли марбут ба забони форсӣ гуфтем, Маъмун аввал ҳокимест, ки шоире порсигӯйро фавқулъода ташвиқ кардааст.

Оре, он буд иллати хомӯшӣ гузидани эрониён аз порсигӯӣ, ва ин буд иллати ривоҷи сонавии ин забон. Ва албатта ҳамчунон ки боз ҳам гуфтаем, ривоҷи сонавии забони форсӣ ба ҳеч ваҷҳ ҷойи таъассуф нест, балки ҷойи шукр аст. Ҳар забоне аз худ лутфу зебоии хосс дорад. Забони форсӣ аз баракати лутфу зебоии худ ва ҳам аз ҳиммату имони эрониёни порсигӯй хадамоти бисёр арзандае ба ислом кардааст.

Эдворд Броун мунсифона худро аз ғаразрониҳои амсоли Сэр Ҷон Малкум барканор медорад. Вай мегӯяд:

Ду китоби торихи Эрон аст, ки ангилисҳо бештар бо он ошно мебошанд: яке китоби Сэр Ҷон Малкум, дуввум китоби Климент Моркҳум. Дар ин ду китоб давраи таҳаввуле, ки дар фосилаи байни фатҳи араб дар қарни ҳафтуми мелодӣ ва ташкили нахустин силсилаи мустақил ё нимамустақилли эронӣ (Тоҳириён ва Саффориён) баъд аз ислом дар қарни нӯҳуми мелодӣ (қарни аввал ва дуввуми ҳиҷрӣ) пеш омад, ба таври сатҳӣ ва ноқис мавриди баҳс воқеъ шуд… Ва ҳол он ки аз бисёре ҷиҳот беш аз соири адвор ҷолиб будааст, ва аз назари илмӣ ва маънавӣ борвартарин куллияи азминаи торихи Эрон аст.” (“Торихи адабиёти Эрон”, тарҷумаи форсӣ, ҷ.1, сс.311-312)

Ҳамчунин пас аз баҳсе дар бораи Салмони Форсӣ мегӯяд:

Салмон ягона шахсест, ки аз миёни эрониён вориди ҷамъи муаззаз ва мӯҳтарами асҳоб гардидааст ва бисёре аз уламои баландмартибаи ислом низ аз рӯзҳои нахуст аз нажоди эронӣ бархостанд ва иддае аз усарои ҷанг монанди чаҳор фарзанди Ширин (Ибни Сирин ва се бародараш), ки дар Ҷалавло асир шуданд, баъд дар олами ислом ба маротиби шомихе расиданд. Бинобар ин, қавли касоне, ки мазмуни суханашон ин аст, ки пас аз истилои араб бар Эрон то ду се қарн эрониён фоқиди зиндагонии илмӣ ва маънавӣ будаанд, ба ҳеч ваҷҳ дуруст нест. Билъакс, он ду се қарн давраест бисёр ҷолиби таваҷҷӯҳ ва муҳим ва аз ин ҳайс беназир аст; имтизоҷи адвори қадиму ҷадид аст, давраи таҳаввули одоб ва татаввури маросим ва сайри ақоид ва афкор аст, вале ба ҳеч ваҷҳ давраи рукуд ва сукун ё марг нест.” (Ҳамон, тарҷумаи форсӣ, ҷ.1, сс.301-302)

Аз мушаххасоти ин ду қарн ин аст, ки шахсиятҳои мусалмони эронӣ илова бар шукуфтагии истеъдоди илмӣ ва фарҳангӣ ва касби ифтихороте аз ин назар, аз ҷанбаи мазҳабӣ ва динӣ худро ба мақоми қадосат расонданд, дар ҳадде, ки мавриди эҳтироми фавқулъодаи мазҳабии милали дигар қарор гирифтанд ва ҳанӯз ҳам дар китобҳои исломӣ, махсусан дар китобҳои ғайриэронӣ номи онон дар ҳолае аз қудс қарор гирифтааст. Дар ақсо билоди исломӣ мардум номи онҳоро бо эҳтироми фаровон мебаранд. Ин давра аз назари илмӣ ва фарҳангӣ дар радифи аввал аст ва аммо аз ҷанбаи касби қадосат ва эҳтироми мазҳабӣ барои эрониён қатъан берақиб ва беназир аст.

Агар бихоҳем маҳсули ин ду қарнро равшан кунем, бояд назаре ба ҷомеаи эронӣ аз ҳудуди даҳаи севвуми қарни аввали ҳиҷрӣ — ки Эрон ба дасти мусалмонон фатҳ шуд — то ҳудуди даҳаи дуввуми қарни севвуми ҳиҷрӣ, ки Тоҳириён дар Хуросон нимаистиқлоле ёфтанд ва балки то ҳудуди даҳаи шашуми қарни севвум, ки Саффориён истиқлол ёфтанд, биафканем ва натиҷагирӣ кунем.

Албатта, аз ин нукта набояд ғофил буд, ки тоза дар аҳди Саффориён ва Сомониён ва ғайруҳум низ бисёре аз донишмандони эронӣ, ки истеъдоди хешро ба зуҳур расонидаанд, дар Эрон ва ҳавзаи ҳукумати эронӣ набудаанд, ғолибан дар Ироқ ва аҳёнан дар Ҳиҷоз ё ҷойи дигар мезистаанд.

Бигзарем аз Салмони Форсӣ, ки ифтихори сӯҳбати Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро касб карда ва ба шарафи “Минно аҳлал-байт” ноил омадааст… Аз ин марди бузург ва бузургвор мегузарем. Соири эрониёни номдорро дар назар мегирем. Ва чун тарафи сухани мо касоне ҳастанд, ки бо миқёси эҳсосоти миллӣ ва эронӣ бо мо сухан мегӯянд, мо феълан бо эҳсосоти исломии худамон коре надорем, танҳо аз ҷанбаи ифтихороти миллӣ матлабро маҳалли баҳс қарор медиҳем. Мехоҳем иҷмолан бибинем ин ду қарн чӣ имконоте ва чӣ ифтихороте барои миллати Эрон ва миллияти эронӣ касб кардааст.

Дар ин ду қарн, гурӯҳе аз эрониён ба воситаи пешвоӣ дар қироат ё тафсир ё ҳадис ё фиқҳ, ба мақоми пешвоии дин ва қадосати мазҳабӣ дар миёни милали дигар ноил шуданд ва дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди 550 милюн мусалмон ба онҳо аз ҷанбаи мазҳабӣ эҳтиром мегузоранд. Нофеъ ва Осим ва Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ ва Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ ва Товус ибни Кайсон ва Рабиъатур-раъй ва Аъмаш ва Абӯҳанифа ва Лайс ибни Саъд аз ин табақаанд.

Лайс ибни Саъд ҳамон эрониест, ки муфтии Миср шуд ва дар сафаре, ки ба ҳаҷ омад, Суфёни Саврӣ (аз машоҳири дараҷаи аввали фуқаҳои аҳли суннат, ки худ араби аднонӣ аст) зимоми ноқаи ӯро ба ифтихор ба дӯш кашид.

Гурӯҳе дигар дар ин ду қарн ба пешвоии адабӣ ноил омаданд аз қабили: Сибавайҳ, Касоӣ, Фарроъ, Абӯубайда Муъаммар ибни Мусанно, Юнус, Ахфаш, Ҳаммоди Ровия, Ибни Қутайба Динаварӣ ва баъзе дигар.

Гурӯҳе дар радифи пешвоёни торих қарор гирифтанд аз қабили: Муҳаммад ибн Исҳоқ (соҳиби сира), Абӯҳанифаи Динаварӣ, Билозарӣ (соҳиби футуҳ) ва бархе дигар.

Гурӯҳе дар табақаи пешвоёни илми калом қарор гирифтанд ва ороашон дар садри орои китобҳои каломӣ қарор гирифт аз қабили: Оли Навбахт, Абулҳузайли Аллоф, Наззом, Восил ибни Ато, Ҳасани Басрӣ, Амр ибни Убайд ва амсоли инҳо.

Гурӯҳе дигар дар фалсафа ва риёзиёт ва нуҷум дурахшиданд монанди: фарзандони Шокири Хоразмӣ, ҳамчунин Навбахтиён, Абӯмаъшари Балхӣ, Аӯтаййиби Сарахсӣ ва ғайри инҳо.

Аз сардорони исломии эронӣ, гузашта аз сардороне, ки дар Эрон ҷангидаанд монанди Тоҳир Зуляминайн, бояд Мӯсо ибни Насир фотеҳи Испониёро ном бурд.

Оре, ин аст ду қарне, ки онро давраи рукуд ва сукун ва сукути Эрон номидаанд.” (Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон, сс.668-677)



Рубрики:Ислом, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: