“Тромп ба риши арабҳо механдад!”

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Худоро сипос мегӯем, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, даст аз ёвагӯӣ барнадошта ва ҳар аз гоҳе изҳороте хабарӣ ба забон меоварад ё твиттҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мекунад, ки бисёре аз мавозеъ ва асрори чигунагии бархӯрди вай бо мардуми мо ва дағдағаҳояшонро бармало мекунад ва таноқузи оро дар дохили давлат ва ниҳодҳои Омрико дар бораи бисёре аз бӯҳронҳои минтақа ва ба хусус Қатарро нишон медиҳад.

Тромп дар гуфтугӯи тӯлонӣ бо яке аз хабарнигорони шабакаи CBN-и Омрико, ба сафари чаҳоррӯзаи ахири Рикс Тилерсун, вазири хориҷаи ин кишвар ба минтақа пардохт, ки ба қасди миёнҷигарӣ байни Қатар ва эътилофи чаҳорҷонибаи Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср анҷом шуд.

Раисиҷумҳури Омрико ҳамчунин аз далоили интихоби Риёз ба унвони аввалин мақсади сафари хориҷии худ дар мақоми риёсати ҷумҳурии Омрико сухан гуфт.

Ду нуктаи бисёр муҳим дар суханони Тромп матраҳ аст, ки бояд рӯйи он диққат шавад, то бифаҳмем, ки чӣ гуна ин мард арабҳоро таҳқир карда, онҳоро ба бозӣ гирифта ва пулҳояшонро ба яғмо мебарад.

Нуктаи аввал, худситоӣ ва фахрфурӯшии Тромп дар мусоҳиба аст, ки мегӯяд, барои мақомоти саудӣ шарт гузошта ба Риёз намеояд магар он ки онон милёрдҳо дулор барои хариди силоҳ аз Омрико ва сармоягузорӣ дар ин кишвар ба Вошингтун бипардозанд ва замоне, ки ин шартро пазируфтанд, бори сафар ба Арабистонро баст дар ҳоле, ки ҳамсар ва духтари бузургаш ва ҳамчунин Ҷорид Куншер домоди Тромп ва дӯсти Бенёмин Натонёҳу, ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.

Нуктаи дуввум дар изҳороти Тромп ин аст, ки мегӯяд, агар Омрико бихоҳад пойгоҳи ҳавоии “Алъадид”-и худ дар Қатарро ба ҷойи дигаре мунтақил кунад, 10 кишвар омодаи мизбонӣ аз он ҳастанд ва ҳамаи ҳазинаҳои интиқол ва роҳандозии онро, ки милёрдҳо дулор баровард мешавад, хоҳанд дод.

* * *

Тромп мехоҳад ба вузуҳ бигӯяд, ки иллати сафараш ба Арабистон, ҷойгоҳи динӣ ва сиёсии он дар минтақа ва ҷаҳон набуда ва фақат барои пул ба Риёз рафта ва ба чизе, ки хоста расидааст.

Тромп пас аз расидан ба Вошингтун, бо фахру ғурур мегӯяд, ки бо дасти пур аз милёрдҳо дулор пул ба Омрико бозгашта, ки ин ба маънои пайдо шудани кор барои бисёре аз афроди бекор дар ҷомеаи Омрикост.

Аммо дар хусуси пойгоҳи ҳавоии “Алъадид” бояд гуфт, танҳо 2 кишвар ва на 10 кишвар, мумкин аст, ки аз мизбонии он дар сурати интиқол аз Қатар истиқбол кунанд, ки нахустини он Арабистон аст, ки пештар ба далели таҳдидҳои Алқоъида ва Усома бен Лодан, саркардаи вақти он, хостори хуруҷи ин пойгоҳ аз хоки худ шуда буд.

Дуввумин кишваре ҳам, ки метавонад мизбони пойгоҳи ҳавоии “Алъадид” бошад Амороти Арабии Муттаҳида аст. Ҳар ду кишвари Аморот ва Арабистон ду узви барҷастаи эътилофи чаҳорҷонибаи зидди Қатар ва танҳо ду кишваре ҳастанд, ки метавонанд ҳазинаи ин пойгоҳро ба далели тамаккуни молӣ бипардозанд.

Хулоса, бояд гуфт, Тромп пойгоҳи “Алъадид”-ро ба музояда гузошта ва ба дунболи болотарин қимат аст, ки аз кишвари мизбон ё ҳамон Қатар оғоз мешавад, он ҳам дар шароите, ки Тромп дар муқобили ҳифзи ин пойгоҳ дар Қатар, луқмаи чарбе аз захираи арзии ин кишвар болиғ бар 320 милёрд дулор мехоҳад ё ин ки ба руқабои Қатар ё ҳамон Риёзу Абӯзабӣ, ки сандуқи захираи арзии онҳо 900 милёрд дулор ё бештар аст чашм дӯхтааст.

Маълум нест чӣ касе дар ин музояда болотарин маблағро пардохт хоҳад кард, аммо шак надорем, ки Тромп то замоне, ки қудрат дар Кохи сафедро ба даст дорад, раванди боҷхоҳӣ аз кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форсро идома хоҳад дод.

* * *

Шояд агар бигӯем, ҳамаи мавозеъи зидду нақизи Тромп, Тилерсун, вазири хориҷа ва Мотис, вазири дифоъи Омрико дар қиболи кашмакаши ахири шайхнишинҳои халиҷ, фақат намоише барои боҷхоҳӣ аз ин кишварҳост, муболиға накарда бошем ва дар воқеъ ин афроди бозигар дар ҳоли ифои нақши худ ҳастанд.

Тилерсун аз Қатар ҷонибдорӣ карда ва бо он муъоҳидаи таваққуфи ҳимоят аз теруризмро имзо мекунад ва мегӯяд, ки посухи Қатар дар мухолифат бо шурути 13-гонаи душманонашон мантиқӣ аст.

Аммо Тромп дар изҳороти телевизиюнии худ эълом мекунад, ки дар равобити Омрико бо Қатар таҷдиди назар шуда, зеро сарони ин кишвар ба ҳимояти молӣ аз теруризм маъруф ҳастанд ва мо ба онҳо гуфтаем, наметавонед чунин коре кунед!

Тромп афзуд: “Мо бояд теруризмро гурусна нигоҳ дорем, то бимирад, на ин ки ба кишварҳои сарватманд иҷоза диҳем ба ин ваҳшиҳо ғизо бидиҳанд.”

Раисиҷумҳури Омрико ба дунболи гурусна нигоҳ доштани теруризми ваҳшӣ нест, чун Омрико худаш теруризмро сохта ва парваронда ва ҳамчунон ҳам ин масъала идома дорад.

Омрико дар воқеъ ба дунболи гурусна нигоҳ доштани мардуми кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс ва чаповули пулҳои онҳо ба ҳар баҳонае аст ва дар воқеъ ин вазъият чизе ҷуз ришханд задан ба арабҳо нест.

Raialyoum



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: