Арабситезӣ ё исломситезӣ? (2)

Бахши дуввум

Ёддошти Абдуманнон Шералиев

2) Гурӯҳи дигар, ки арабситезиашон воқеъан ҳеҷ дахле ба исломситезӣ надорад. Баръакс байни ин гурӯҳ зиёданд нафароне, ки ба ислому шаъоираш пойбанданд ва ҳатто бархе бо шиддат аз ислому Паёмбару (с) муслимин дифоъ мекунанд. Вале ҳар гоҳ аз араб сухан рафт, ба лаъну дашном мепардозанд, ё ҳаддиақал нафраташонро пинҳон намедоранд.

Ҳоло агар ин гурӯҳ исломситез нест, чаро мо бояд ба эшон эътироз кунем? Араб, ки ба хотири араб буданаш ҳеҷ бартарие надорад. Мушкил ин ҷост, ки қисмате аз ин гурӯҳ ҳам ба ин боваранд, ки арабҳо таҷовузкору ғоратгару қотил будаанд. Яъне як қавми ғоратгару қотил дини хуберо овардаанд, ки инҳо бо камоли майл аз он пайравӣ ва ҳатто дифоъ мекунанд. Яъне мисли ин ки гургон ба гӯсфандон битозанд, ададеро қатл ва нӯши ҷон кунанд, то байни онҳо оини бародариву баробарии гургону гӯсфандонро ҷорӣ кунанд.

Мутаассифона ин гурӯҳ дар таъни асҳоби Паёмбар (с) ҳам (албатта ҳамонҳое, ки дар юриш ба Эрону Мовароуннаҳр ширкат доштаанд) кӯтоҳ намеоянд. Барои мисол, яке аз дӯстони банда, ки воқеъан як мусалмони ъомил асту панҷ вақт намозашро дар масҷид адо мекунад, боре дар як навиштааш Саъд ибни Абил-Ваққос, саҳобаи ҷалили Паёмбарро (с) дар қатори Чингизхону Темуру Гитлер дигарон ҷой дода буд. Саҳобае, ки Расули акрам (с) тағои худ мехонд ва аз ӯ ифтихор мекард ва Саъд яке аз даҳ саҳобаест, ки дар зиндагиаш башорати биҳиштро гирифтааст.

Ин гурӯҳ як ибораи дӯстдошта ҳам доранд, ки аз тарафи ҷониби дигар чун таҳқири ҳаддиақал асҳоби Паёмбар (с) қабул мешавад — араби сусморхӯр. Араб алъон сусморхӯр нест ва аз қазо неъматҳое мехӯрад, ки 20 дарсади инсоният ҳам ба он дастрасӣ надорад. Ва 1400 сол инҷониб ҳам сусмор нахӯрдааст. Сусморро агар хӯрдаанд, пеш аз футуҳоти исломӣ хӯрдаанд. Пас “араби сусморхӯр” ба ҳамон давоири пешазисломӣ ва аввали исломӣ бармегардад. Ва ин ибора мутаассифона барои таҳқири араб истифода мешавад, ки аз нигоҳи ахлоқӣ ҳам хуб нест. 1400 сол пеш дигарон чизҳое, ки намехӯрданд. Дар ҳамин замон ҳам мушу сагу гурба мехӯранд ва касе коре надорад.
Ба назари банда, ин дидгоҳи гурӯҳи мазкур аз надонистани баъзе қавоиду шаъоири шаръ пайдо шудааст. Ва эшон, ки аксар зиёиён ҳам ҳастанд, аз андешаҳои миллигароёни Эрон таъсир бардоштаанд. Масалан, дар ҳоле, ки собит аст асҳоби Муҳаммад (с) беҳтарини халқ баъди паёмбаронанд ва уламои ислом дар ин ихтилофе надоранд, дар ҳоле, ки дашному нафрин ба онҳо инсонро метавонад то ба куфр кашонад, чӣ гуна як мусалмон ба худаш метавонад иҷоза диҳад ба онҳо ё яке аз онҳо лаъну нафрин фиристад? Масалан ҳамин Саъд ибни Абил-Ваққос, ки аз тарафи Паёмбар (с) ба биҳишт башорат дода шудааст, чӣ гуна метавонад ғаддор, қотил ва золим бошад? Паёмбари ислом (с) золимро ба биҳишт башорат додааст? Дар ҳоле, ки ин башорат аз пеши худаш набудаву ваҳйи илоҳист.

Хуб, ҳадафи навиштани ин сатрҳо ин нест, ки ба гурӯҳи фавқуззикр насиҳат карда бошам. Ин кори уламои исломист ва вазифаашон аст, ки ба мардум ин шаъоири исломро бифаҳмонанд. Ҳадаф баёни ин аст, ки ин мавқеъгирии онҳо нисбати асҳоби Паёмбар (с) боиси ғазаби ҷавонони диндор шудааст ва як фазои хушунатбор эъҷод кардааст. Ин ҷавонон, ки барояшон Паёмбару (с) Қуръону дину шаъоири он аз ҳар чизе арзишмандтар аст, аз камтарин таън ба асҳоби Паёмбар (с) ҳам ба хурӯш меоянд ва ъомили онро, новобаста аз ин ки ӯ як мусалмони амалкунанда ва ҳатто дифоъкунанда аз ислом аст, лаънату нафрин ва ҳатто ба куфр нисбат медиҳанд. Дар натиҷа як бадбиниву душманӣ байни ҷавонони исломгаро ва қисме аз зиёиён эҷод шудааст, ки авоқиби фоҷеъаборе метавонад дошта бошад.

Ҳоло агар гурӯҳи фавқуззикр ба андешаи худашон, яъне ба ин бовар, ки арабҳои бад дини хубе овардаанд, пойбанд ҳам бимонанд, хуб мешуд ба хотири поён бурдани ташаннуҷ ба ин масоил диққат кунанд. Чун ин мавқеъгириҳо, хусусан дар шароити ҳозираи кишвар ва ҷаҳон бисёр хатарнок аст ва метавонад миллатро бори дигар ба ду ҷабҳа ҷудо кунад.

Гурӯҳе ҳам, ки дирӯз зикрашон рафт, агар воқеъан дилашон ба миллату кишвар месӯзад (ки мутмаинам месӯзад), бояд ба тохтанҳо ба ислому ақидаи мусалмонон хотима диҳанд. Албатта андеша, дин ва ақидаи ҳар нафар моли худаш аст ва посухгӯ ҳам худаш. Вале агар шумори исломситезону арабситезон, ки алъон кам аст, ба ҳазорҳо ҳам бирасад ва даҳҳо не, ҳазорҳо “далел” ҳам биёваранд, ки арабҳо исломро бо таҷовузу куштору ғорат овардаанд, ҷавонони исломгаро, ки шуморашон хеле зиёд аст ва умуман ҳар мусалмони худшиносе бовар нахоҳанд кард. Чун далеле, ки онҳо бе чуну чаро қабул доранд, Қуръону суннат аст ва агар кулли олам ҷамъ шаваду хоҳад шакке дар ин далелҳо эҷод кунад, муваффақ нахоҳад шуд. Инро таҷрибаи ҳазорсола собит кардааст. Ва ҷанги иттилоотӣ, ки алъон вуҷуд дорад, ҳар лаҳза метавонад ба як ҷанги воқеъӣ табдил шавад, ки ҳеҷ тарафе хостори он нест.

Пас магар беҳтар нест, ки ба хотири амни миллату кишвар ба ин баҳсҳо хотима дода шаваду нуқтаи муштараке пайдо карда шавад, то миллат дар атрофаш муттаҳид шавад?

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: