Интерпол ҳазфи номи Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи ин созмонро рад кард

Интерпол гузориши расонаҳои тоҷик дар мавридии ҳазфи номи Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории Тоҷикистон ва узви аршади ДОЪИШ, аз феҳристи афроди таҳти таъқиби ин созмонро рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Риановости, пулиси байналмилал (Интерпол) гузориши расонаҳои тоҷик дар мавриди ҳазфи исми Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик, аз феҳристи ин созмонро рад кард.

Намояндаи Интерпол дар мусоҳиба бо хабаргузории Риановости дар ин замина гуфт: “Баръакс исми ин фармондеҳи ДОЪИШ дар феҳристи афроде ворид шуда, ки бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал таҳти таъқиби вежа қарор доранд.”

Гуфтанист, чанд расонаи тоҷик пештар аз ҳазфи исми Ҳалимов аз феҳристи афроди таҳти таъқиби пулиси байналмилал хабар дода буданд.

Як намоянда дар Интерполи Тоҷикистон пок шудани номи даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик аз ҷумла исми Ҳалимов аз листи пулиси байналмилалро ғайримумкин унвон кард.

Ин намояндаи Интерпол иллати пок шудани номи ин муттаҳамон аз листи пулиси байналмилалро мушкили фаннӣ унвон карда буд.



Рубрики:Сиёсат, Такфир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: