Ислом ва Эронзамин (40)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (3)

Ислом дар Кашмир

Муаррихони мусалмон навиштаанд, ки то соли 715 ҳиҷрӣ мардуми Кашмир мутадайин ба дини ислом набуданд. Дар ин қарн як нафар эронӣ, ки либоси қаландарон пӯшида буд, вориди Кашмир шуд ва дар ин ноҳия шурӯъ ба фаъолият кард. Аз он ҷо, ки мардуми Ҳиндустон ва Кашмир ба қаландарон ва дарвешон алоқаи хоссе доранд, даври ӯро гирифтанд ва ҳар рӯз бар эътибори ӯ афзуда мешуд.

Дар “Торихи Фаришта” (китобе ба форсӣ дар торихи умумии Ҳиндустон аз оғоз то авоили садаи 11-ум, таълифи Муҳаммадқосими Ҳиндушоҳи Астарободӣ маъруф ба Фаришта) омада, ки номи ин шахс Шоҳмирзо будааст. Ин мард дар замони Сиядив, ки ҳокими Кашмир буд вориди Сринагар шуд ва навкарии ин роҷаро пазируфт. Шоҳмирзо андак-андак дар ин мард нуфуз кард ва роҳе барои худ боз намуд. Пас аз чанде Сиядив фавт кард ва фарзандаш Ранҷун зимомдор шуд ва Шоҳмирзоро вазир ва мушовири худ қарор дод. Дар ин ҳангом Мирзо қудрате ба ҳам зад ва фарзандонаш иддаои истиқлол карданд.

Баъд аз муддате ин роҷа низ фавт кард ва занаш ҳукуматро ба даст гирифт. Шоҳмирзо ва фарзандонаш бо вай бинои носозгорӣ гузоштанд. Ӯ ногузир шуд Шоҳмирзоро ба шавҳарӣ қабул кунад ва ӯро дар корҳояш дахолат диҳад. Баъд аз ин қазия, зан мусалмон шуд ва Шоҳмирзо худро султони Кашмир хонд ва дастур дод ба номи вай хутба бихонанд ва худро Шамсуддин хитоб кард.

Ин мард дини исломро дар Кашмир ривоҷ дод ва дар таблиғ ва иршоди мардум кӯшид ва баъд аз муддате аксари саканаи Кашмир мусалмон шуданд.

Яке аз касоне, ки дар Кашмир ба ислом хидмат кардааст, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда. Ин марди бузург, ки аз мафохири исломӣ аст, ҳазорҳо шогирд дар Кашмир тарбият кард, ки ҳар кадом барои худ устод шуданд. “Мақом”-и Мир Сайид Алии Ҳамадони ҳанӯз дар Кашмир мӯҳтарам аст ва мардум онҷоро зиёрат мекунанд…

* * *

Ислом дар Чин

Ба таври таҳқиқ маълум нест, ки ислом дар чӣ торихе ба дохили хоки Чин роҳ ёфтааст. Он чӣ мусаллам аст ба василаи гурӯҳе аз бозаргонони хоразмӣ ва туҷҷори Самарқанд ва Бухоро дар қарнҳои нахустини исломӣ бад-он ҷо рафтааст. Дар асри Хоразмшоҳ ва махсусан Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ, ки Фарорӯд ва атроф ба дасти вай афтод, рафту омади эрониён ба хоки Чин зиёд гардид. Пас аз ҳамлаи муғул ва салтанати онҳо бар Эрон, ҷамоати зиёде аз Эрон дар Чин сокин шуданд. Чингизхон пас аз ин ки шаҳрҳои Хуросонро хароб кард, дастур дод арбоби улум ва маориф ва асҳоби ҳираф ва санойеъро ба Чин ва Муғулистон бурданд, то дар онҷо мардуми Чинро дониш биёмӯзанд ва онҳоро ба ҳунарҳое, ки дар Эрон маъмул буд ошно созанд. Мардуми Эрон илова бар ҳунарҳои маъмулӣ, дину ойини худро низ ба онҳо таълим доданд ва ба ин сурат дини муқаддаси ислом дар Чин низ тавассути эрониён аз тариқи иршод роҳ ёфт ва куллияи китобҳои динии мусалмонони Чин низ ба забони форсӣ таълиф гардидааст.

* * *

Ислом дар ҷануби шарқии Осиё ва Офриқои шарқӣ

Дини муқаддаси ислом аз тариқи Ҳиндустон ва банодири халиҷи Форс ва дарёи Уммон ба кишварҳои ҷануби шарқии Осиё ва Офриқои шарқӣ ва ҷазоири уқёнуси Ҳинд роҳ пайдо кард ва дар мусалмонии ин манотиқ низ гурӯҳе бозаргон ва дарёнаварди эронӣ саҳми бисёре доранд. Пас аз ин ки муғулон бар Эрон ҳамла оварданд ва шаҳрҳои ободи ин марзу бумро вайрон сохтанд, гурӯҳе аз донишмандон ва бозаргонон аз инҷо муҳоҷират намуданд. Онҳо, ки дар машриқи Эрон буданд, ба Ҳиндустон муҳоҷират карданд, касоне, ки дар ҷануб ва маркази Эрон қарор доштанд, аз тариқи дарё ин кишварро тарк гуфтанд.

Мардумони ҷануби Эрон ва савоҳили халиҷи Форс ва дарёи Уммон, ки бо роҳҳои дарёӣ ошноӣ доштанд, дар асари ҳамлаи муғул ва пас аз он Темур, ногузир шуданд бо сармояҳои худ дар яке аз нуқоти дурдаст зиндагӣ кунанд, ё дар асари харобӣ ва аз даст додани сармоя ногузир шуданд ба кишварҳои ҷануби Осиё бираванд.

Эрониёне, ки дар Офриқои шарқӣ ё Андунезӣ иқомат кардаанд, бештар аз аҳолии Форс будаанд. Рӯйи ҳам рафта, дини муқаддаси ислом тавассути ҳамин муҳоҷирон дар мамолики мазбур нашр шуд ва инон аз тариқи хитоба ва иршод мардумро бо ҳақоиқи исломӣ ошно сохтанд. Осори эрониён ҳамакнун бо гузаштани чанд қарн, дар ҷануби шарқии Осиё ва Офриқои шарқӣ маҳфуз аст. Таҳқиқ дар ин мавзӯъ ниёзманд ба пардохтани як китоб мебошад.

* * *

Хадамоти исломии эрониён дар мағриб ва шимоли Офриқо

Ҳамон тавр, ки дар оғози ин мақол гуфта шуд, аҳолии Хуросон ва машриқи Эрон бо як қиёми мардона басоти умавиёнро дар ҳам навардиданд. Аббосиён, ки бар арикаи хилофат мустақар шуданд, ба таври куллӣ нажоди арабро аз маносиби ҳукуматӣ дур сохтанд, магар чанд нафар аз хавосси худро, ки дар умури давлатӣ мушорикат доданд. Чун давлати онон аз тарафи Хуросон зуҳур кард, барои ҳамин ҷиҳат устондории аксари билодро ба мардумони Хуросон вогузор намуданд ва дар шарқу ғарби олами ислом онҳоро иморат ва ҳукумат доданд.

Дар замони Маъмун пас аз ин ки вай аз Хуросон ба Ироқ баргашт, гурӯҳе аз ашроф ва риҷоли Хуросон бо вай ҳамроҳӣ карданд. Маъмун ба ҳар як аз онон маносибе дод ва дар шаҳрҳое, ки мавриди назараш буд, ба ҳукумат расонид. Яке аз манотиқе, ки мавриди таваҷҷӯҳи Аббосиён буд ва бим доштанд, ки аз онҷо хатаре мутаваҷҷеҳи эшон гардад, сарзаминҳои мағриби ақсо ва шимоли Офриқо буд, зеро ҳанӯз ҳукумати Андалус ба дасти умавиён буд ва метарсиданд аз он ноҳия хатаре мутаваҷҷеҳи онон гардад.

Аз ин рӯ аз аҳди Маҳдии аббосӣ, ҳуккоми Миср ва Офриқоро аз миёни мардуми Хуросон, ки душманони сарсахти Банӣ Умайя буданд интихоб мекарданд. Дар ин замон нуфузи хуросониён ва мардумони машриқи Эрон дар Миср ва манотиқи Офриқои шимолӣ зиёд шуд ва ҳифзи ҳудуду суғури исломӣ ба дасти инон қарор гирифт ва фармони ҷангу сулҳу ҷиҳод бо душманони исломро ба ӯҳда гирифтанд.

Ин хонадонҳои эронӣ, дар мағриби ақсо ва ҷазоири дарёи Медитарона ва Осиёи Сағир дар тарвиҷ ва таблиғи дини муқаддаси ислом бисёр кӯшиш кардаанд. Мо инак номи онҳоро, ки аз замони Маҳдии Аббосӣ то зуҳури Фотимиён дар Миср ва Офриқо ҳукумат кардаанд, зайлан зикр мекунем:

* * *

Ҳуккоми хуросонӣ дар Миср ва Офриқои шимолӣ:

1) Яҳё ибни Довуди Нишопурӣ;

2) Маслама ибни Яҳёи Хуросонӣ;

3) Уббод ибни Муҳаммади Балхӣ;

4) Сарӣ ибни Ҳаками Балхӣ;

5) Муҳаммад ибни Сарии Балхӣ;

6) Абдуллоҳ ибни Сарии Балхӣ;

7) Абдуллоҳ ибни Тоҳири Бушинҷӣ;

8) Умайр Бодғисии Ҳиравӣ;

9) Исҳоқ ибни Яҳёи Самарқандӣ;

10) Абдулвоҳиди Бушинҷӣ;

11) Анбса ибни Исҳоқи Ҳиравӣ;

12) Язид ибни Абдуллоҳ;

13) Музоҳим ибни Хоқон;

14) Аҳмад ибни Музоҳим;

15) Архуз ибни Улағ;

16) Аҳмад ибни Тӯлуни Фарғонӣ;

17) Хуморуя ибни Аҳмади Фарғонӣ;

18) Ҷайш ибни Хуморуяи Фарғонӣ;

19) Ҳорун ибни Хуморуяи Фарғонӣ;

20) Исо Навшаҳрии Балхӣ;

21) Шайбон ибни Аҳмади Фарғонӣ;

22) Муҳаммад ибни Алии Хуланҷӣ;

23) Муҳаммад ибни Туғбаҷи Фарғонӣ;

24) Ануҷур ибни Ахшиди Фарғонӣ;

25) Алӣ ибни Ахшид;

26) Аҳмад ибни Алӣ ибни Ахшид;

27) Шӯълаи Ахшидӣ;

28) Ҳасан ибни Убайдуллоҳи Ахшидӣ;

29) Фотики Ахшидӣ;

30) Ҳусайн ибни Аҳмад ибни Рустам.

Ин 30 нафар, ки дар боло зикр шуд, хуросонӣ ҳастанд ва муддати 200 сол бар Миср, шимоли Офриқо, мағриби ақсо, савоҳили Медитарона ва соири мутасаррафоти исломӣ дар ноҳияҳои ғарб ва каронаҳои уқёнуси Отлонтик фармонравоӣ доштаанд.

Тарвиҷи шариат ва дифоъ аз ҳудуду суғур ва футуҳот дар баъзе аз ноҳияҳои Андалус ва Урупо ба дасти инон анҷом пазируфт. Дар замони ин ҳукком ҳазорон фақеҳ, муҷтаҳид, муфассир, муҳаддис, қозӣ, амир, дабир ва сиёсатмадор аз Хуросон ва соири шаҳрҳои Эрон ба манотиқи ғарбӣ муҳоҷират карданд ва мабонӣ ва қоидаҳои исломиро дар он сарзаминҳо муҳкам сохтанд.

Дар китобҳои илмӣ, адабӣ ва торихии исломии шимоли Офриқо ва Андалус, номи бисёре аз эрониён дида мешавад ва мо иншоаллоҳ дар торихи бузурги Хуросон, тамоми ин матолибро аз манобеи мустанад, ки инак дар китобхонаҳои Тунис ва Марокаш мавҷуд аст ва феҳристи хаттии онҳо барои нигоранда расидааст, ба таври тафсил зикр хоҳем кард, иншоаллоҳ.” (Поёни навиштаи оқои Азизуллоҳи Аторудӣ)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: