Равишшиносии китобҳои торихии мусалмонон; Билозарӣ ба унвони намуна

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пештар дар як ёддошти кӯтоҳ таҳти унвони “Таҳаввуле шигарф дар суннати торихнигорӣ” дар Фейсбук, иҷмолан дар бораи равиши торихнигорони мусалмон дар нақли ҳодисаҳои торихӣ тавзеҳ дода будам, аммо дар ин ҷустор як каме ба тафсил дар бораи ин мавзӯъ баҳс хоҳам орост.

Тарҳи ин баҳс бахусус аз ин ҷиҳат дар хӯри таваҷҷӯҳ ва аҳаммият аст, ки касоне, ки бо ин равиш ошно нестанд, чашмбаста ҳар нақлу ривоятеро – ки дар китобҳои муаррихони мусалмон аз қабили Билозарӣ, Табарӣ, Ибни Асир ва ғайра – омадааст бармедоранд ва аз онҳо дар ростои мақосид ва манофеи шумашон баҳра мегиранд.

Пас, матолибе, ки дар ин навиштор пиромуни он баҳс мекунем, ба шарҳи зерин аст:

* * *

1) Таҳаввул дар суннати торихнигорӣ пас аз зуҳури ислом:

Баъд аз зуҳури ислом, дар суннати торихнигорӣ ва куллан дар суннати нақл, як таҳаввули шигарф ва решаӣ дар ҷаҳон рух дод. То зуҳури ислом, ба “санад” ва эътибори “ровӣ” чандон аҳаммият намедоданд, магар ба нудрат. Балки то он даврон, худи торихнигор мавзӯият дошт, то нақли вай. Торихнигор ҳар ки ҳаст, ҳар чӣ навишта, пазируфта мешуд.

Аммо пас аз зуҳури ислом, нақл (аъамм аз ҳадисҳои ҳазрати Паёмбар (с) ва нақлҳои торихӣ) агар “санад”-аш (яъне, касоне, ки ҳодисаи мавриди назарро нақл кардаанд) “муттасил” набошад, ва сониян, худи ровӣ мӯътабар набошад, ба ҳеч ваҷҳ нақли ӯ эътибор пайдо намекард.

Муттасил будани “санад” яъне ин ки торихнигор вақте ҳодисаеро нақл мекунад, бояд аз касе нақл кунад, ки ӯро дидааст. Ва ин фард низ ба навбаи худ бояд ҳодисаи нақлшударо аз касе ривоят кунад, ки ӯро дидааст… Ва ҳамин тавр кулли ровиён ҳамагӣ бо ҳам муттасил ва пайваста бошанд ва миёни онҳо инқитоъе вуҷуд надошта бошад.

Ва аммо эътибори ровӣ, худаш як масъалаи дигар аст. Ва он ин ки: бар фарз агар санад муттасил бошад, ин кофӣ нест, балки ровӣ низ бояд инсони ростгӯ ва дар ҳифзу забт одами дурусту ҳисобӣ бошад. Бинобар ин, агар дар силсилаи санад, ҳатто як ровӣ дида шавад, ки ростгӯ нест ва дар ҷиҳати ҳифзу забт дорои мушкил аст, нақли вай аз эътибор соқит хоҳад буд.

Мо садҳо китоби риҷолӣ дорем, ки дар онҳо, фақат биюгрофӣ ва шарҳи ҳоли ровиён оварда шудааст. Ин китобҳо дар воқеъ як меъёр ҳастанд барои ташхиси сиҳҳату суқми ровиён ва нақлҳои торихӣ. Китобҳое мисли “Сияру аълонмин нубало”, “Таҳзибут-таҳзиб” ва ғайра…

Аз ҳамин рӯст, ки дар фарҳанги мо мусалмонон, меъёр фақат мувассақ будани шахси торихнигор (масалан, Билозарӣ ё Табарӣ ва ё Ибни Асир ё Ибни Касир ва ғайра) нест, балки илова бар ин, ҳодиса ва ривояте, ки ӯ нақл кардааст, бояд баррасӣ шавад, ки: оё санади он муттасил аст ё нест? Оё фарде, ки торихнигор ҳодисаро аз вай ривоят мекунад, мувассақ ва мӯътабар аст ё нест ва ғайра…

Ва илова бар “иттисоли санад” ва “эътибори ровӣ”, як масъалаи муҳимми дигар низ дар равиши муаррихони исломӣ бояд мадди назар бошад; масъалае, ки бештари муаррихон худ дар муқаддимаи китобҳояшон ба он ишора кардаанд. Ва он ин ки: агар муаррих ҳодисаеро бо ҷумлаи “қила” (гуфта шудааст, ки…) ва ё “юқолу” (гуфта мешавад, ки… мегӯянд, ки…) шурӯъ кунад, ин бад-он маъност, ки ӯ худаш эътимоди чандоне ба он нақл надорад.

Хулоса, торихнигорони мусалмон ҳар чиро шунидаанд ва ё дар китобе нақл шуда овардаанд, аммо баррасии сиҳҳату суқми онро бар ӯҳдаи худи хонанда ва ё лоақал бар ӯҳдаи пажӯҳигарон гузоштаанд.

* * *

2) Аҳмад ибни Яҳёи Билозарӣ:

Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир ибни Довуди Бағдодии Билозарӣ (820-892 милодӣ) бе шак аз торихнигорон ва ҷуғрофиёдонони номии исломӣ аст, ки дар охирҳои қарни дуввуми ҳиҷрӣ дар Бағдод мутаваллид шудаст. Заҳабӣ дар “Сияр” дар бораи ӯ мегӯяд:

العلامة الأديب المصنف

Аллома, адиб ва мусанниф…” (13/162), ки нишонгари мақоми волои ӯст.

Ёқути Ҳамавӣ дар “Муъҷамул-удабо” дар бораи ӯ мегӯяд:

كان عالما فاضلا شاعرا راوية نسابة متقنا، وكان مع ذلك كثير الهجاء بذيء اللسان آخذا لأعراض الناس

Ӯ донишманде фозил, шоир, ровӣ, нассоб (насабшинос)-и моҳире буд, аммо бо ин вуҷуд, бисёр бадгӯй ва баддаҳан буд, ки обрӯи мардумро мебурд.” (2/531)

Пас, ӯ ба сурати куллӣ мавриди тавсиқ аст. Аммо, чунонки дар матлаби боло ишора шуд, танҳо мувассақ будани муаллиф, дар таъйиди нақлҳояш кофӣ нест. Аз ин рӯ, инки бихоҳем китобҳои Билозариро (чӣ “Футуҳул-булдон” ва чӣ “Ансобул-ашроф”-ро) ба таври куллӣ ва чашмбаста мувассақ ё ғайримувассақ бидонем, ин навъе якҷонибагароӣ ва беинсофист; зеро бештари китобҳои торихии мо, ки бо санад ривоят шудаанд, аз ҷумла китобҳои Билозарӣ, соҳибонаш дар зикри ривоят ба ин қоида пойбанд буданд, ки: ҳар ҳодисаеро чунонки ба эшон расида бо зикри санад дар китоби худ сабт кунанд, аммо ин ки оё ин ҳодиса саҳеҳ аст ё нест, масъулияташ дигар бар ӯҳдаи ровист ва сиҳҳату суқми он мутаваҷҷеҳи муаллиф нест. Бар асоси ин қоида, вазифаи муаллиф амонат дар нақли ривоят ва талош барои ҷамъоварии ривоятҳо ва сабти он бидуни нақду баррасист.

Албатта, инро бояд ёдовар шуд, ки муаррихон маъмулан дар мавриди ривоёти торихӣ каме осонгир ҳастанд ва он сахтгириеро, ки дар бораи ривоёт ва аҳодиси ҳазрати Паёмбар (с) мешавад, ба кор намебанданд.

Нуктаи дигар дар нақлҳои Билозарӣ ин аст, ки дар нақли бисёре аз ҳаводис мунфарид аст, ба ин маъно, ки ривоёти бисёреро ба танҳоӣ нақл намуда, ки ин худ шакку тардидзост. Яъне ӯ дар ин маврид, тафовути чандоне бо Табарӣ надорад, ки торихаш мамлув аз ривоёти ғайрисобит аст. Аммо чунонки гуфтем, ин ҳеч эродеро мутаваҷҷеҳи шахси Билозарӣ ё Табарӣ намесозад; зеро касе дар васоқати ин ду шакке надорад, балки равиши торихинигор ин аст, ки ҳар чиро ба ӯ расида нақл кунад ва сиҳҳату суқми онро бар ӯҳдаи ровӣ гузоранд.

Нуктаи севвум ин ки: лаҳни Билозарӣ дар шумори қобили таваҷҷӯҳе аз ривоят, мерасонад, ки ӯ худаш эътимоди чандоне ба он надорад, ба унвони мисол мегӯяд:

وقد روى ذلك ولا أدرى من أين جاء به من رواه

Ровӣ инро ривоят карда, аммо намедонам ровияш онро аз куҷо оварда?!” (Футуҳул-булдон, 1/146)

* * *

Хулоса ин ки: пажӯҳишгар беш аз он ки ба мавриди эътимод будани нависанда ё китоб таваҷҷӯҳ кунад, бояд ба баррасии худи ривоят бипардозад ва санад ва иттисоли он ва эътибори ровиро мавриди баррасӣ қарор диҳад, то дар мавриди ҳар ривоят ба сурати ҷудогона ба натиҷа бирасад. Ин гуна метавон аз ҳамаи китобҳои торих баҳра бурд. На ин ки чун фалонӣ нақл кардааст, пас дуруст аст. Ин равиш равиши дурусте нест.



Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: