Фалсафа ва равиши реализм (94)

Воқеият ва ҳастии ашё (8)

Матни китоб:

Нукоте чанд ё натоиҷе чанд:

1) Мо ба ҳақиқати “ҳастӣ” наметавонем пай бибарем, зеро чунонки дар мақолаи 5 баён кардем, шинохтани ҳар чизе ё ба воситаи моҳияти он мебошад ва ё ба воситаи хоссиятҳои он. Ва дар ҳақиқати “ҳастӣ” ҳеч кадом аз ин ду чиз ҳақиқатан таҳаққуқ надорад.

Аммо моҳият: барои ин ки моҳияти чизе он аст, ки бо ёфтани воқеият воқеиятдор ва мавҷуд, ва бо наёфтани воқеият маъдум мешавад. Ва фарзи ёфтан ва наёфтани воқеият аз барои худи воқеияти ҳастӣ, тасаввур надорад; чунонки масалан инсонияти инсон — ки моҳияти инсон мебошад — ба таврест, ки агар мавҷуд шавад, чизе дар хориҷ пайдо хоҳад шуд, ки аз аспу дарахту чизҳои дигар мутамайиз (ҷудо) мебошад. Ва агар мавҷуд нашавад, ҳеч ва пиндорӣ аст. Вале барои воқеияти инсон намешавад воқеияти дигаре фарз намуд.

Ва аммо хоссиятҳо: барои ин ки хоссият ва асар, як падидаест, ки туфайлии падидаи дигар буда, дар ҳастии худ такя ба вай медиҳад, чунонки “ҷозиба” асари ҷисм ва “тезӣ” асари зовия мебошад. Пас, асар ва хосса пайваста аз мавзӯи худ канор ва ба он ниёзманд ва пайваста мебошад. Ва ин сухан дар мавриди воқеияти ҳастӣ содиқ нест; зеро чизе, ки аз ҳастӣ канор биафтад, пучу ботил хоҳад буд. Ва агар канор наафтад, асар ва хосса нахоҳад буд. Пас, воқеияти ҳастӣ хоссаи хориҷ надорад. Ва агар чунончи ба бархе аз хусусиёти воқеият “авсоф ва хоссиятҳо” итлоқ кунем, як навъ инояти маҷозӣ ба кор бурдаем. Пас, аз ин рӯй бояд гуфт, мо ба ҳеч василае воқеияти ҳастиро наметавонем бишносем.

Ва аз ҳамин ҷо равшан аст, ки воқеияти ҳастӣ бояд ё биззот ва худ ба худ маълум, ва ё шинохтани вай (1) маҳол буда бошад. Ва чун мо ба воқеият пай бурдаем, бояд ин гуна натиҷа гирифт, ки воқеият биззот маълум аст ва ҳаргиз маҷҳул намешавад, яъне фарзи воқеияти маҷҳул айнан фарзи воқеияти бевоқеият аст.

* * *

Таълиқот:

(1) Дар ин ҷо баҳс ин аст, ки оё “вуҷуд”-ро метавон таъриф кард ё на? Ва бар фарзи дуввум, оё адами имкони таъриф аз он ҷиҳат аст, ки вуҷуд бадеҳӣ ва маълуми биззот ва мустағнӣ аз таъриф аст, ва ё аз он ҷиҳат аст, ки таъаллуқи илм ба вай маҳол ва мумтанеъ аст?

Посухи қисмат аввал машрӯҳан дар матн дода шуда ва чандон эҳтиёҷе ба тавзеҳ надорад. Ва ба илова, дар ояндаи наздик дар ҳамин мақола матолибе хоҳад омад, ки матлабро бештар тавзеҳ диҳад. Ва роҷеъ ба қисмати дуввум изофа мекунем, ки мафҳуми “вуҷуд”, мафҳумест басит ва ҳар мафҳуми басит маълуми биззот ва мустағнӣ аз таъриф аст. Аммо басит буданаш, амре возеҳ ва равшан аст ва метавон бурҳон низ бар басит буданаш аз роҳи аъамм буданаш иқома кард; зеро “вуҷуд” аз мафоҳими омма аст ва ба ваҷҳе шомили мафҳуми адам низ ҳаст, ва мафҳуме аъамм аз мафҳуми вуҷуд қобили фарз нест. Ва ба ҳамин далел мураккаб нест, зеро ҳамон тавре, ки дар мантиқ мубарҳан аст, ҳар мафҳуми мураккаб хоҳ нохоҳ бояд мураккаб шавад аз ду ҷузъ, ки яке аъамм аз худи он мафҳум ва яке мусовӣ буда бошад. Ва фарз ин аст, ки аъамм аз мафҳуми вуҷуд имкон надорад.

Ва аммо ин ки ҳар мафҳуми басит бадеҳӣ аст, ба ҷиҳати он ки мафҳуми ғайрибадеҳӣ он мафҳумест, ки оризи зеҳн шуда бошад ва лекин иҷмол ва ибҳом дошта бошад ва боист ба василаи таҷзия ва таҳлили зеҳн аҷзои ташкилдиҳандаи вайро равшан кард ва ба ин васила ибҳом ва иҷмоли онро рафъ кард ва онро ба сурат маълуми биттафсил даровард. Ва ин дар мафоҳими мураккаба, ки аҷзои ташкилдиҳандае дорад ва он аҷзоъ бар зеҳн маҷҳул аст, маънӣ дорад. Аммо мафҳуми басит ҳар чӣ ҳаст ҳамон аст, ки оризи зеҳн шуда ва ҳеч гуна ибҳом ва иҷмоле дар он мутасаввар нест ва биззот аз ғайри худ мутамайиз аст.

Дар муқаддимаи мақолаи 8 муфассалтар дар ин бора баҳс хоҳад шуд. Бинобар ин, мафоҳими басит ё аслан оризи зеҳн намешаванд ва зеҳн нисбат ба онҳо ба куллӣ бехабар аст, ва ё он ки оризи зеҳн мешаванд, дар ҳоле, ки ҳеч гуна ибҳом ва иҷмоле дар кор нест ва аз ғайри худ мутамайизанд ва маънои “бадоҳат” низ ғайри ин нест. Ин бурҳон дар соири мафоҳими омма, ки мавриди истифодаи фалсафа воқеъ мешавад низ ҷорӣ мешавад. Дар инҷо тавзеҳи чанд нукта лозим аст.

а) Маънии бадеҳӣ ва маълуми биззот будан ҳамин аст, ки гуфтем, яъне адами ибҳом ва иҷмол ва мутамайиз будан ба худии худ аз ғайр бидуни эҳтиёҷ ба тафсир ва шарҳ. Ва гоҳе ба ҷойи калимаи “бадеҳӣ” калимаи “фитрӣ” истеъмол мешавад ва ҳамин маънӣ мақсуд аст. Ва албатта монанди бисёре аз ашхос набояд иштибоҳ кард ва пиндошт, ки мафоҳими бадеҳӣ мафоҳимест, ки зотии нафс аст ва нафс аз ибтидои такаввуни худ он мафоҳимро ҳамроҳ дорад. Мо дар мақолаи 5 собит кардем, ки маълуми фитрӣ ба ин маънӣ ғалат ва иштибоҳест, ки аҳёнан баъзе аз ҳукамо низ дучори он шудаанд. Дар матни мақолаи 5 кайфияти пайдоиши мафҳуми “вуҷуд”, ки абдаҳи бадеҳиёт аст баён шуд ва маълум шуд, ки пайдоиши ин мафҳум барои зеҳн аз басе мафоҳими дигар мутааххиртар аст.

б) Ин баҳс чунонки дидем, ҷанбаи мантиқӣ дорад, зеро баҳс дар имкони таъриф ва адами имкони таъриф ва аз истиғно аз таъриф ва адами истиғно аз таърифи вуҷуд аст.

Албатта, мақсуд ин нест, ки баҳс аз ин масъала вазифаи мантиқи маъмулӣ аст. Асосан баҳсҳои марбут ба “таърифот” дар ҳар илме марбут ба худи он илм нест ва дар айни ин ки ҷанбаи мантиқӣ дорад, вазифаи мантиқи ба истилоҳ маъмулӣ низ нест, ва чун ин баҳс аз ҷанбае аз ҷанбаҳои мантиқии вуҷуд аст, қаҳран ҷанбаи зеҳнӣ дорад. Пас ин масъала аз масоили вуҷуд низ ҷанбаи зеҳнӣ дорад.

в) Баҳси фавқ марбут ба илми ҳусулӣ аст, ки дар ҳамаи мавориди дигар низ ҳар ҷо сухан аз таъриф ё истиғно аз таъриф ба миён меояд, ҳамин қисм аз илм мақсуд аст (на илми ҳузурӣ). Ва албатта илми ҳусулӣ — чунонки дар мақолаи 5 маълум шуд — марбут ба олами тасаввурот ва мафоҳим аст, ва аммо маълум шудани вуҷуд ба илми ҳузурӣ, ки марбут ба кунҳи ҳақиқати вуҷуд аст, матлаби дигарест.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: