Эрон ва Ихвон

Мақолае дар LobeLog

Тасмими Арабистони Саудӣ барои қатъи робита бо Қатар дар вокуниш ба ҳимояти ин кишвар аз созмонҳои “теруристӣ” ҳамчун Ихвонул-муслимин ва ҳамчунин робитаи Қатар бо Эрон, пурсише ҳаётиро пеш мекашад. Аз ҷумла, оё иштироке миёни Эрон ва Ихвонул-муслимин вуҷуд дорад, ки ҳар дуи инҳоро душмани Арабистони Саудӣ кунад?.. Он чи бештар бар печидагии моҷаро меафзояд, афзоиши фирқагароии ахир дар Ихвон аст, ки боис шуд Ихвонул-муслимин дар канори ҳаммазҳабҳои суннии худ қарор гирад ва Эрони шиъаро маҳкум кунад.

Аз Эрон ва Ихвон, гоҳе авқот таҳти унвони “беҳтарин душманон” ёд мешавад, бархе авқот таҳти унвони “дӯстони абадӣ”. Ба вежа ҷолиб аст, ки сели таблиғоти дастгоҳҳои вобаста ба Саудӣ, Ихвонро ба хотири иртиботаш бо Эрони шиъӣ ва робитаи созмондиҳишуда ва пинҳониаш бо ин кишвар, мавриди ҳамла қарор додааст. Ҳарчанд чунин иддаоҳое дар хусуси равобити пинҳонӣ миёни Эрон ва Ихвон, ниёзманди баррасиҳои дақиқ аст, аммо рагаҳое аз ҳақиқат низ дар хусуси робитаи Ихвон бо Эрон вуҷуд дорад.

Аз он гузашта, бар хилофи пиндори роиҷ, ки ҳар чиро, ки дар Ховари Миёна мегузарад, аз айнаки фирқагароӣ мебинад, қарор додани муштаракоти идеулужик дар бистари торихӣ, улгуи ҷадиде аз иттиҳоди сиёсӣ ба даст медиҳад.

* * *

Ваҳдати исломӣ

Ҳимояти Ихвон аз ваҳдати исломӣ дар ҷаҳони ислом, ба даврони Ҷамол Абдунносир бармегардад. Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ як руҳонии шиъа буд, ки дар охирҳои қарни 19-ум ба Миср мусофират кард ва фаъолияташ бештар рӯйи эҷоди ваҳдат миёни мусалмонони ҷаҳон буд.

Дар соли 1954 низ як руҳонии ҷавони шиъӣ (Сайид Муҷтабо Наввоби Сафавӣ) бо як мутафаккири исломии мисрӣ (Сайид Қутб) дар Қоҳира дидор ва ҳар ду таъкид карданд, ки роҳи раҳоӣ барои уммати исломӣ ваҳдат миёни мусалмонон аст.

Сайид Муҷтабо Наввоби Сафавӣ, намунае аз руҳониюни ҷавони инқилобии Эрон буд, ӯ созмони “Фидоиёни ислом”-ро таъсис кард. Сайид Қутб як устод ва як муаллим буд, ки баъдҳо ба раҳбарии маънавии шохаи низомии Ихвон табдил гардид. Ҳар ду ба тарзи ваҳшиёнае кушта шуданд. Наввоб дар соли 1955 дар Эрони паҳлавӣ ба хотири даст доштанаш дар терури нахуствазири вақт эъдом гардид, ва аммо Сайид Қутб дар соли 1966 ба иттиҳоми талош барои сарнагунии режими Миср, эъдом шуд. Он чи ҳар дуро ба ҳам мепайваст, идеяи эҷоди ҳукумате исломӣ дар кишварҳои худ буд. Ҳар ду мутамойил ба эҷоди ваҳдати исломӣ миёни шиъа ва суннӣ дар ҷаҳони ислом буданд.

Ҳар ду, ҳам Наввоб ва ҳам Сайид Қутб, бар ин бовар буданд, ки дар ҷаҳони ислом бояд диктотурҳои секулор сарнагун ва ҳукумати исломӣ барқарор гардад. Дар Эрон тавассути Оятуллоҳ Хумайнӣ ҳамон идеяҳои Наввоб ба самар нишастанд, ва аммо дар ҷаҳони тасаннун идеяҳои Сайид Қутб решадор гардиданд.

* * *

Ҷумҳурии исломгаро

Унсуре, ки миёни Эрони инқилобӣ ва Ихвон муштарак аст, мудели сиёсӣ аз ислом аст, ки ба таври беназире ҳокимияти мардумӣ ва арзишҳои исломиро дар гузораи “Ҷумҳурии Исломӣ” талфиқ мекунад. Ин теурии таркибӣ, худро аз мудели деринаи суннӣ — бар пояи тафкики амалкард миёни сиёсат ва дин дар торихи ислом — ҷудо мекунад; ҳамин ҷиҳат боиси мухолифатҳои шадиде аз сӯи ниҳоди руҳоният ва ниҳоди салтанат шудааст. Дар Арабистони Саудӣ ислом ва ҳукумат ду ниҳоди ҷудо аз ҳам ҳастанд, ки танҳо бар пояи заруриёти сиёсати амалӣ гирди ҳам омадаанд. Дар натиҷа Арабистони Саудӣ аз қироати минимолистӣ ва лафзӣ аз шариат ҳимоят мекунад; қироате, ки мегӯяд, он чи аҳаммият дорад, қавонини намодини ҳавзаи хусусӣ ва мавориди марбут ба тақвои шахсӣ ҳамчун ҳиҷоб, парҳез аз алкул, издивоҷ ва талоқ ва ғайра аст… Бар асоси ин улгуи пазируфташуда миёни масҷид ва давлат, раҳбарони динӣ дар масоили калони сиёсӣ ҳамчун сиёсати хориҷӣ ё сиёсатҳои калони иқтисодӣ дахолат намекунанд, ки дар ҷиҳати акси исломӣ аст; амре, ки Ихвонул-муслимин ва Эрон бо ин улгу мухолиф ҳастанд.

Арабистони Саудӣ дар тӯли торихи мудерни худ, аз ду бӯҳрони машрӯъият ранҷ мебарад, ки боис мешавад заминаи мусоиде барои интиқодоти исломгароёни ҷумҳурихоҳ бошад. Аз як тараф, иттиҳоди жеупултики ин кишвар бо ғарб ва ба вежа Иёлоти Муттаҳида, ки ба унвони душмани аслии ислом шинохта мешавад. Аз сӯи дигар, системи салтанатии ин кишвар, ки ба унвони намоде аз вопасгароӣ мавриди мазҳака қарор гирифтааст.

Ҳарчанд, ки Ихвон оташфишоне хомӯш буд, таҳдиди нарми ин гурӯҳ алайҳи мудели салтанатии Саудӣ дар соли 2000 дубора рӯйи сатҳ расид; замоне, ки аҳзоби вобаста ба Ихвон дар чандин кишвари мусалмон ба қудрат расиданд.

Пас аз зуҳури “баҳори арабӣ”, Арабистони Саудӣ як бори дигар ба таври густарда рӯйи фирқагароӣ сармоягузорӣ кард. Ин бор на барои маҳори Эрон, балки барои аз байн бурдани хатари ҷумҳурихоҳони исломгаро. Ин набард бо иддаои мубориза бо тавсиагароии шиъён анҷом мешуд. Эрон низ бо ҳимояти беқайду шарти худ аз режими Башшор Асад ва истифодаи беш аз пеш аз шиорҳои фирқагароёна дар басиҷи шиъаён барои ҷанг дар Сурия, дар эътиборбахшӣ ба ин ривоят мушорикат мекард.

Эрон ва Ихвон иштирокоте доранд… Ихвон ба унвони яке аз маҳбубтарин ҷунбишҳои исломӣ дар миёни мардуми оддӣ ва таҳсилкардагон қалби таҳдидҳо алайҳи салтанатҳои арабиро ташкил медиҳад. Он чи зери пӯсти сиёсатҳои печида ва ошӯбзадаи Ховари Миёна вуҷуд дорад, рақобат миёни салтанатҳои суннатӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ва ҷумҳурихоҳони исломгаро ҳамчун Ихвонул-муслимин аст, ки Эрон низ аз он ҳимоят мекунад.

LobeLog



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Таҳлилот, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: