“Ҳазинаи таҷовуз ба Масҷидулақсо барои Исроил гарон тамом мешавад”

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин тайи нишасти хабарӣ, ба режими саҳюнистӣ дар бораи идомаи таҷовуз ба Масҷидулақсо ҳушдор доданд.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар Ғазза, тайи нишасти хабарӣ, дар бораи таҷовузҳои ахири режими саҳюнистӣ алайҳи Масҷидулақсо эълом карданд: “Агар Исроил ба иқдомоти худ алайҳи Алақсо идома диҳад, вокуниши мо шадид хоҳад буд.”

Ин гурӯҳҳо бо баёни ин ки таҷовуз ба Масҷидулақсо ҷараққае барои мунфаҷир шудани авзоъи минтақа хоҳад буд, таъкид карданд: “Мо набарди поксозии Қудс аз лавси ишғолгаронро идома медиҳем.”

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз шаҳрвандони Фаластин дар каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ хостанд, ки ба Масҷидулақсо азимат кунанд.

Ин гурӯҳҳо таъкид карданд: “Режими ишғолгар бояд бидонад, ки ҳазинаи таҷовуз ба Масҷидулақсо сангин аст ва наметавонад аз ӯҳдаи он барояд.”

Гуфтанист, субҳи ҷумъа дар пайи як амалиёти шаҳодатталабона дар наздикии Бобулъамуд дар дохили муҳавватаи Масҷидулақсо дар Қудси ишғолӣ, се фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва панҷ саҳюнист низ захмӣ шуданд, ки ду тан аз саҳюнистҳо дар пайи шиддати ҷароҳатҳои ворида ба ҳалокат расиданд.

Дар пайи ин амалиёт, пулиси режими саҳюнистӣ дарвозаҳои шаҳри қадимӣ дар Қудс ва Масҷидулақсоро баст ва ба намозгузорон иҷозаи вуруд ба ин масҷидро надод ва аз вуруди Шайх Ҳусайн ба Масҷидулақсо ҷилавгирӣ кард.

Ин нахустин бор аз соли 1967 мелодӣ ба шумор меравад, ки режими саҳюнистӣ монеъ аз баргузории намози ҷумъа дар Масҷидулақсо шуд ва иҷоза надод, ки садои азон аз дохили ин масҷид пахш шавад.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: