Ҳазрати Паёмбар (с) ба Хаббоб чӣ гуфтанд?

Дар садри ислом ва қабл аз ҳиҷрат ба Мадина, ки ҳанӯз теъдоди мусалмонон ангуштшумор буд, тавассути мушрикони Қурайш ба шаддитарин сурат азобу шиканҷа мешуданд, ба ҳадде ки ҳатто баъзе аз мусалмонон фикр карданд, ки дини навпойи онҳо дар гаҳвора хафа мешавад.

Дар чунин рӯзгоре, Хаббоб ибни Аратт, саҳобии ҷалилулқадр — ки вай ва ҳамкешони камшумораш аз азобу шиканҷаҳои мушрикон ба сутӯҳ омада буданд – пеши ҳазрати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омад, дар ҳоле ки ҳазраташ дар канори Каъба ҷомаи хешро болин карда хобида буданд.

Хаббоб хитоб ба ҳазраташ ба ин мазмун арз кард, ки: ё Расулаллоҳ! Мо тоқатамон дигар тоқ шуд, бисёр азобу шиканҷа мешавем, бими он меравад, ки дини навпойи мо аз байн биравад, оё дуое барои пирӯзии ин дин намекунед?

Паёмбари Акрам (с) бо як оромиш ва итминони комил рӯ ба Хаббоб карданд ва фармуданд: умматҳои пешин ва пайравони паёмбарони гузашта бо шадидтарин азобҳо мувоҷеҳ мешуданд, ба ҳадде ки мухолифонашон бо арраҳо онҳоро дуним пора мекарданд, вале андак тазалзуле ба худ роҳ намедоданд. Бале, мо имрӯз андакем ва заъифу нотавон, аммо бидон, ки: ин дин рӯзе ниме аз ҷаҳонро фаро мегирад ва адолат дар гетӣ густарда хоҳад шуд, то ҷойе, ки як чӯпон роҳат аз Санъо то Ҳазрамавт (ва дар бархе манобеъ, аз Яман то Шом) кӯч мекунад, дар ҳоле ки бар гӯсфандони худ аз касе ё чизе, ҷуз гург, кучактарин ҳаросе нахоҳад дошт. Адолат ҳамаҷоро фаро хоҳад гирифт ва ойини ислом фарогир хоҳад шуд. Фақат шумо аҷала накунед!

Инак, матни ин ривоят аз Саҳеҳи Бухорӣ:

* * *

َعنْ خَبَّابِ بْنِ الأرَتِّ (ره) قَالَ: شَكَوْنَا إِلَى رَسُولِ الله (ص) وَهُوَ مُتَوَسِّدٌ بُرْدَةً لَهُ فِي ظِلِّ الْكَعْبَةِ، قُلْنَا لَهُ: أَلا تَسْتَنْصِرُ لَنَا؟ أَلا تَدْعُو اللَّهَ لَنَا؟ قَالَ: كَانَ الرَّجُلُ فِيمَنْ قَبْلَكُمْ، يُحْفَرُ لَهُ فِي الأرْضِ فَيُجْعَلُ فِيهِ، فَيُجَاءُ بِالْمِنْشَارِ فَيُوضَعُ عَلَى رَأْسِهِ فَيُشَقُّ بِاثْنَتَيْنِ، وَمَا يَصُدُّهُ ذَلِكَ عَنْ دِينِهِ، وَيُمْشَطُ بِأَمْشَاطِ الْحَدِيدِ مَا دُونَ لَحْمِهِ مِنْ عَظْمٍ أَوْ عَصَبٍ، وَمَا يَصُدُّهُ ذَلِكَ عَنْ دِينِهِ، وَاللَّهِ لَيُتِمَّنَّ هَذَا الأمْرَ حَتَّى يَسِيرَ الرَّاكِبُ مِنْ صَنْعَاءَ إِلَى حَضْرَمَوْتَ، لا يَخَافُ إِلا اللَّهَ أَوِ الذِّئبَ عَلَى غَنَمِهِ، وَلَكِنَّكُمْ تَسْتَعْجِلُونَ

* * *

Хаббоб ибни Аратт (р) мегӯяд: назди Расули Худо (с), ки бурдаашро (ҷомаашро) дар сояи Каъба болиш қарор дода буд (ва такя зада буд) шикоят бурдем ва гуфтем:

— Оё барои мо талаби пирӯзӣ намекунед? Оё назди Худованд барои мо дуо намекунед?

Ҳазраташ (с) фармуд:

— Барои афроде аз умматҳои гузашта чолае дар замин ҳафр мекарданд ва онҳоро дар он қарор медоданд, сипас аррае меоварданд ва бар сарашашон мениҳоданд ва эшонро аз васат дуним мекарданд. Вале ин кор онҳоро аз динашон бознамедошт. Ва шонаҳои оҳаниро дар гӯши онон фурӯ мебурданд то ҷойе, ки ба устухон ва асаби онҳо мерасид, ва ин кор ҳам ононро аз динашон бознамедошт. Савганд ба Худо, ки ин дин (ислом) комил хоҳад шуд, то ҷойе, ки саворае аз Санъо то Ҳазрамавт биравад ва бар гӯссфандонаш ҷуз аз Худо ва ё гург, аз чизе дигар, натарсад. Аммо шумо аҷала доред.

(Ривояти Бухорӣ)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Омӯзаҳои набавӣ, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: