Ислом ва Эронзамин (41)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (4)

Аксуламалҳо (1)

Барои ин ки дараҷаи хулус ва самимияти эрониёнро нисбат ба ислом кашф кунем, як василаи хуб дар даст дорем. Ва он ин аст, ки бибинем, дар ҷараёнҳои мухолифе, ки аз аввалҳои қарни дуввуми ҳиҷрӣ дар заминаи усул ва масоили исломӣ рух дод, эрониён чӣ навъ аксуламале нишон доданд; оё онҳоро таъйид ва тақвият карданд ё ба мубориза алайҳи онҳо бархостанд?

Се ҷараёни мухолиф дар он аср ба чашм мехӯрд:

1) Яке, ҷараёни зандақа ва занодиқа аст. Занодиқа табақае буданд, ки аввалҳои қарни дуввум зуҳур карданд ва аз реша бо тавҳид ва соири усули исломӣ мухолифат меварзиданд ва дар тахриби мабонии эътиқодии исломӣ сахт мекӯшиданд.

2) Дигар ҷараён, унсурпарастии арабист, ки Умавиён силсилаҷунбони он буданд ва муҳимтарин асли иҷтимоии исломиро амалан зери по гузоштанд.

3) Севвум, шуюъи лаҳву ғинову айёшӣ аст, ки он низ ба василаи Умавиён роиҷ шуд ва дар замони Аббосиён бештар тавсиъа ёфт. Ин се ҷараён ба тартиб марбут буд ба усули эътиқодӣ ва усули иҷтимоӣ ва усули ахлоқӣ ва амалии ислом, ва иттифоқан дар ҳар се ҷараён пойи эрониён дар миён аст.

Масъалаи пайдоиши зандақа дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ аз ҷанбаҳои мухталиф мавриди таваҷҷӯҳи муаррихони иҷтимоӣ қарор гирифтааст.

1) Аввалан, ин калима чӣ калимаест ва чӣ решае дорад? Оё калимаи “зиндиқ” муъарраби (арабишудаи) калимаи “зандик” аст ё решаи дигар дорад? Ва ба ҳар ҳол ба чӣ ашхосе зиндиқ мегуфтаанд? Оё мақсуд атбоъи Монӣ мебошанд? Ё мақсуд эрониёне ҳастанд, ки ба дини қадими хеш боқӣ монда буданд, аъамм аз зартуштӣ ва монавӣ ва маздакӣ? Ва ё мақсуд табақае будаанд, ки мункири моварои табиат ва қаҳран мункири ҳамаи адён будаанд ва ба монавият низ эътиқод надоштаанд?

Қадри мусаллам ин аст, ки ба ҳамаи инҳо калимаи зиндиқ итлоқ шудааст; ҳатто ба гурӯҳе аз мусалмонон, ки амалан лоуболӣ ва аҳли фисқу фуҷур будаанд ва мутадайинонро ба боди тамасхур мегирифтаанд ва аҳёнан аз боби даҳанкаҷӣ ба зуҳҳод ва мутадайинин, суханоне ба назм ва ё ба наср аз онҳо содир шуда, ки тавҳин ба ислом талаққӣ шуда низ зиндиқ гуфта шудааст.

Собиқаи зандақа дар миёни араб аз кай аст? Оё араб баъд аз ислом дар асари ихтилот бо милали дигар хусусан эрониён, бо зандақа ошно шуда ё қабл аз ислом низ бо зандақа ошно будааст?

Роҷеъ ба маънӣ ва мафҳуми аслии ин калима, ақидаи муҳаққиқон ин аст, ки дар ибтидо фақат дар мавриди монавиён ба кор мерафта ва баъд дар мавриди даҳриён ва ё маҷус ва баъд дар бораи ҳар муртадде ба кор рафтааст.

Аз назари собиқа низ гуфта мешавад, ки аз қабл аз ислом дар миёни араб собиқа доштааст. Аз китоби “Ал-маориф”-и Ибни Қутайба ва “Ал-аълоқун-нафиса”-и Ибни Руста нақл шуда, ки Қурайш дар ҷоҳилият ба василаи аъроби Ҳира камубеш бо он ошно будааст.

Ба ҳар ҳол гурӯҳе дар қуруни аввалияи исломӣ ном бурда мешаванд, ки бархе эронӣ ва бархе арабанд ва муттаҳам ба зандақа будаанд аз қабили Абдулкарим ибни Абилавҷоъ, Солеҳ ибни Абдулқуддус, Абӯшокири Дайсонӣ, Ибни Арровандӣ, Башшор ибни Бурад, Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, Юнус ибни Абифарва, Ҳаммоди Аҷрад, Ҳаммоди Ровия, Ҳаммод ибни Зибирқон, Яҳё ибни Зиёд, Мутеъ ибни Аёс, Яздон ибни Бозон, Язид ибни Алфайз, Афшин, Абӯнавос, Алӣ ибни Алхалил, Ибни Мунозир, Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Убайдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Муовия ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Довуд ибни Алӣ, Яъқуб ибни Фазл ибни Абдурраҳмони Матлабӣ, Валид ибни Язид ибни Абдулмалик, Абӯмуслими Хуросонӣ, Баромика.

Баъзе аз номбурдагон аз қабили Ибни Абилавҷоъ қатъан ба моварои модда ва табиат мӯътақид набудаанд. Аз назари аҳодиси шиъа, ки ҳокӣ аз мубоҳисот ва эҳтиҷоҷоте аст, ки ин мард бо имомони атҳор ва асҳоби аимма мекардааст, ҷойи тардид нест, ки вай мункири моварои модда ва табиат будааст. Зиндиқ будани баъзе аз афроди дигар низ, ки номашон бурда шуд, ҷойи тардид нест, вале зиндиқ будани бархе дигар аз онон сахт мавриди тардид аст.

Аз қароин ба даст меояд, ки пайдоиши гурӯҳе зиндиқ ба маънии монавӣ ва духудоӣ ва мӯътақид ба ду асли нуру зулмат, ва ё ба маънии даҳрӣ ва мункири моварои табиат ва модда, дастовезе барои риҷоли сиёсат ва бархе соҳибнуфузҳои дигар шуд, ки душманонашонро бо ин ном ва ин баҳона аз байн бибаранд. Аз ин рӯ ба ҳеч ваҷҳ наметавон эътимод кард, ки ҳамаи касоне, ки мавриди ин иттиҳом воқеъ шудаанд, воқеан зиндиқ будаанд. Хусусан ин ки дар миёни муттаҳамон афроде дида мешаванд, ки ба зуҳд ва некӣ ва вафодорӣ ба ислом маъруфанд. Бархе аз онҳо аз шиъаёни мухлис ва мавриди инояти аҳли байт мебошанд ва душмани сарсахти умавиён ё аббосиён.

Бадеҳӣ аст, ки чунин касоне табъан аз тарафи дастгоҳи хилофат мавриди иттиҳом қарор мегиранд. Бархе сирфан ба хотири иштиғол ба улуми ақлӣ мавриди ин иттиҳом воқеъ шуданд.

Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” зимни шарҳи ҳоли Абӯзайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ, мегӯяд: “Вай муттаҳам ба зандақа буд” ва аз яке аз дӯстони наздикаш нақл мекунад, ки: “Ин мард мазлум буд, марде буд муваҳҳид ва худопараст, ман беҳтар аз дигарон ӯро мешиносам, бо ҳам бузург шудем, иллати шӯҳраташ ба зандақа иштиғол ба мантиқ буд, мо бо ҳам мантиқ хондем ва ҳеч кадом тамоюле ба илҳод надоштем.” (с.204)

Аҳмад Амин (Зуҳал-ислом, ҷ.1, с.163) аз “Ал-ағонӣ” нақл мекунад, ки: “Ҳамид ибни Саъид аз чеҳраҳои намоёни мӯътазила буд. Дар бархе аз масоил бо Ибни Абӯдовуд, қозиюлқузоти маъруфи давраи Муътасим мухолифат кард. Ибни Абӯдовуд зеҳни Муътасимро дар бораи ӯ хароб кард, ки ӯ шуъубӣ ва зиндиқ аст.”

Дар бораи Ибни Мунозир низ аз шахсе нақл мекунад, ки дар маҷлиси Юнус ибни Абифарва расман ӯро дар радифи занодиқа муаррифӣ мекарданд. Тасодуфан он шахс ба масҷид меравад ва мебинад Ибни Мунозир танҳо дар гӯшае машғули намоз аст.

Афшинро ба зандақа муттаҳам карданд, вале ақидаи баъзе аз муаррихон ин аст, ки зандақа попӯше буд, ки руқабои сиёсии Афшин барои ӯ сохтанд.

Мансури Давониқӣ, халифаи аббосӣ ва Суфён ибни Муовияи Маҳлабӣ, ҳокими Басра, ҳар кадом ба иллати хоссе душмани Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ шуданд ва Суфён бо дастури маҳрамонаи Мансур ӯро кушт ва баъд гуфтанд, исломи Ибни Муқаффаъ зоҳирӣ буда ва ботинан зиндиқ будааст. Ибни Муқаффаъ марде донишманд буда ва китобҳои Мониро ба арабӣ тарҷума кардааст. Аз бархе навиштаҳояш бармеояд, ки нисбат ба ислом вафодор будааст. Бадеҳӣ аст, ки танҳо тарҷумаи китобҳои Монӣ ва ё ширкат дар ҳалақоти занодиқа далели зиндиқ будан нест.

Мегӯянд, Асмаъӣ то замоне ки Баромика дар авҷи иззат буданд гирди онҳо мечархид ва ононро мадҳу сано мегуфт; пас аз он ки ситораи иқболи Баромика ғуруб кард, онҳоро ҳаҷв кард ва зиндиқ хонд. Маҳдии аббосӣ қаҳрамони мубориза бо занодиқа шумурда мешавад. Ӯ буд, ки иддаи зиёде аз онҳоро кушт ва муддаӣ буд, ки ҷаддаш Аббос ибни Абдулмутталиб дар олами руъё дастури аз байн бурдани онҳоро ба ӯ додааст. Вале Башшор ибни Бурад, ки дар дастгоҳи Маҳдӣ ва мавриди алоқаи ӯ буд, бо ин ки ба ин симат маъруф буд ва умри 80-солаи худро ба зандақа гузаронда буд, мавриди таъарруз воқеъ намешуд. Маҳдӣ кӯшиш мекард, ки суханони Башшорро назди фақеҳон тавҷеҳ ва таъвил кунад, то вақте ки Башшор ба ҳарими сиёсат ворид шуд ва дар як рубоӣ хитоб ба Банӣ Умайя Маҳдиро ҳаҷв кард, дар ин вақт буд, ки эҳсосоти зидди зандақаи Маҳдӣ ба ҷӯш омад ва фармон дод ӯро тозиёна заданд, то ҳалок шуд.

Акнун бибинем, аксуламали эрониёни мусалмон дар баробари зандақа ва занодиқа чӣ будааст?

Бо он ки решаи зандақа дар миёни ақаллияте аз эрониён буд, зандақа дар муҳити Эрон рушд накард ва аз тарафи худи эрониён сахт бо он мубориза шуд. Ин мубориза, ҳам аз виҷҳаи каломӣ аз тарафи мутакаллимони мусалмони эронӣ пайдост ва ҳам аз виҷҳаи фиқҳӣ ва ба василаи фуқаҳои мусалмони эронӣ.

Чунонки медонем, Ироқ маркази эрониён ва фуқаҳои эронӣ буд. Фуқаҳои Ироқ аз соири фуқаҳо аксуламали шадидтаре нисбат ба зандақа ва занодиқа нишон медоданд. Абӯҳанифа ва атбоъаш эронӣ ва муқими Ироқ буданд, бар хилофи Шофеӣ ва атбоъаш. Фатвои Шофеӣ аз фатвои ҳанафиҳо дар бораи занодиқа мулоимтар аст. Масъалае аст дар фиқҳ дар боби қабули тавбаи муртадд; бархе аз фуқаҳо фарқе миёни муртадд ва зиндиқ намегузоранд, тавбаи ҳар дуро мақбул медонанд. Шофеӣ аз ин даста аст. Аммо бархе дигар тавбаи зиндиқро номақбул мешуморанд. Абӯҳанифа дар яке аз ду қавлаш ин раъйро интихоб кардааст.

Мегӯянд, атбоъи Абӯҳанифа, ки дар Ироқ мезистанд, бо ҷазми бештаре аз худи Абӯҳанифа ба адами қабули тавбаи занодиқа фатво медоданд ва ин фатво ба унвони аксуламали шадиди эрониён нисбат ба занодиқа шинохта шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: