Оё ислом ба зӯр ба Эрон таҳмил шуда? Назари Эдворд Броун

Эдворд Броун (Edward Browne) дар ҷилди аввали “Торихи адабии Эрон” (Аз қадимитарин рӯзгор то замони Фирдавсӣ) мегӯяд:

Ин масъала (оё ислом ба зӯр ба Эрон таҳмил шуда ё эрониён ба рағбат исломро пазируфтаанд?)-ро профессор Орнулд (T.W. Arnold, Preaching of Islam, London, 1896), устоди дорулфунуни Алигарo, дар китоби нафиси худ дар бораи таълимоти ислом (чопи Ландан ба соли 1896 сс.177-184), ба ваҷҳи бисёр хубе собит намудааст. Орнулд ба бетобии мӯбадони бегузашти зартуштӣ ишора мекунад ва мегӯяд, мӯбадон на танҳо нисбат ба уламои соири адён, балки дар баробари куллияи фирқаҳои мухолифи Эрон ва монавиён ва маздакиён ва урафои масеҳӣ (гинустик) ва амсоли онҳо таъассуб нишон медоданд ва бад-ин сабаб ба шиддат мавриди бемеҳрӣ ва нафрати ҷамоатҳои зиёде қарор гирифта буданд. “Рафтори ситамгаронаи мӯбадон нисбат ба пайравони соири мазоҳиб ва адён сабаб шуд, ки дар бораи ойини Зартушт ва подшоҳоне, ки аз мазолими мӯбадон ҳимоят мекарданд, ҳисси буғзу кинаи шадид дар дили бисёре аз шаҳрвандони Эрон барангехта шавад ва истилои араб ба манзилаи наҷот ва раҳоии Эрон аз чанголи зулм талаққӣ гардад”.

Броун сипас ба суханони худ чунин идома медиҳад:

… Ва мусаллам аст, ки қисмати аъзами касоне, ки тағйири мазҳаб доданд, ба тиби хотир ва ба ихтиёр ва иродаи худашон буд. Пас аз шикасти эрониён дар Қодисия, филмасал чаҳор ҳазор сарбози дайламӣ (наздики баҳри Хазар) пас аз мушовира тасмим гирифтанд ба майли худ ислом оваранд ва ба қавми араб мулҳақ шаванд. Ин идда дар тасхири Ҷалуло ба тозиён кӯмак карданд ва сипас бо мусалмонон дар Куфа сукунат ихтиёр карданд ва ашхоси дигар низ гурӯҳ-гурӯҳ ба ризо ва рағбат ба ислом гаравиданд…

(Эдворд Броун, Торихи адабии Эрон, ҷилди аввал: Аз қадимитарин рӯзгор то замони Фирдавсӣ, сс. 299-300, мутарҷим: Алипошшо Солеҳ, устоди Донишгоҳи Теҳрон, Интишороти китобхонаи Ибни Сино, соли 1335 шамсӣ (1956 милодӣ)



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: