Фаврӣ: Захмӣ шудани имом-хатиби Масҷидулақсо тавассути низомиёни саҳюнист

Соате пеш расонаҳо аз захмӣ шудани имом-хатиби Масҷидулақсо ва шуморе аз намозгузорон дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист хабар доданд.

Сойти Маркази иттилоърасонии Фаластин аз захмӣ шудани Шайх Икрима Сабрӣ, имом-хатиби Масҷидулақсо дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба намозгузорон муқобили Бобуласбот хабар дод.

Ба гузориши ин сойт ва ба нақл аз шоҳидони айнӣ, Шайх Икрима Сабрӣ мавриди исобати гулӯлаи низомиёни саҳюнист қарор гирифта ва захмӣ шудааст. Як манбаъ дар “Ҳилоли аҳмар”-и Фаластин аз интиқоли имом-хатиби Масҷидулақсо ба бемористон ҷиҳати мудово хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, низомиёни ишғолгар пас аз намози мағриб дар Бобуласбот воқеъ дар Қудси ишғолӣ, ба фаластиниҳо ҳамла карданд, ки дар пайи он даҳҳо намозгузори фаластинӣ захмӣ шуданд.

Манобеи маҳаллӣ аз шиллики гози ашковар ба самти фаластиниҳо хабар доданд.

“Ҳилоли аҳмар”-и Фаластин ҳоли яке аз захмиҳоро, ки аз ноҳияи сина мавриди исобат қарор гирифтааст вахим эълом кард ва аз интиқоли вай ба бемористон хабар дод.

Манобеи фаластинӣ аз захмӣ шудани 70 фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист бо гулӯлаҳои пилостикӣ ва гози ашковар хабар доданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: