Қатар барои дарёфти ғаромат аз кишварҳои муҳосиракунанда, ба Девони доварии байналмилалӣ муроҷиа мекунад

Вазири дифои Қатар эълом кард, ки Дуҳа барои дарёфти ғаромат аз кишварҳои муҳосиракунанда ба Девони доварии байналмилалӣ (Международный арбитражный суд) муроҷиа хоҳад кард.

Вазири мушовир дар умури дифоии Қатар гуфт: “Қатар барои дарёфти ғаромат бобати таҳримҳое, ки ба иллати муҳосира мутаҳаммил шудааст, ба Девони доварии байналмилалӣ муроҷиа мекунад.”

Алъатия дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии TRT World гуфт: ”Мо акнун бо ҳамон шароите мувоҷеҳ ҳастем, ки Никорогуа дар даҳаи 1980 бо он мувоҷеҳ буд ва маҷбур шуд ба Девони доварии байналмилалӣ муроҷеа кунад ва дар ниҳоят тавонист ғаромати комил бигирад. Ин додгоҳ яке аз абзорҳоест, ки мо метавонем барои дарёфти ғаромат бобати хасоратҳое, ки ба иллати муҳосираи Қатар ба ин кишвар ворид шудааст, ба он мутавассил шавем.”

Алъатия ҳамчунин дар бораи дархости муҳосиракунандагони Қатар барои бастани пойгоҳи низомии Туркия дар ин кишвар, зимни эъломи мухолифати Қатар бо ин дархост, таъкид кард: “Ин қарордод байни ду кишвари бархӯрдор аз ҳокимияти комил мунъақид шудааст.”

Кишварҳои Миср, Арабистон, Баҳрайн ва Аморот ахиран равобити диплумотики худ бо Қатарро қатъ карда ва барои азсаргирии он хостаҳоеро матраҳ карданд.

Қатар ин хостаҳоро рад кард ва онҳоро ғайривоқеӣ ва ғайриқобили иҷро донист. Дар ин миён, давлати Туркия ҳимояти худ аз Қатарро эълом доштааст. Туркия як пойгоҳи низомӣ дар Қатар дорад ва бар шумори нерӯҳои худ дар ин пойгоҳ афзудааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: