Ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) дар бораи вазъи имрӯзи уммати ислом

Абӯдовуд дар “Сунан”-и худ бо санад аз Савбон ривоят кардааст, ки гӯяд: Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд:

يوشك الأمم أن تداعى عليكم، كما تداعى الأكلة إلى قصعتها. فقال قائل: ومِن قلَّةٍ نحن يومئذ؟ قال: بل أنتم يومئذٍ كثير، ولكنكم غثاء كغثاء السَّيل، ولينزعنَّ الله مِن صدور عدوِّكم المهابة منكم، وليقذفنَّ الله في قلوبكم الوَهَن. فقال قائل: يا رسول الله، وما الوَهْن؟ قال: حبُّ الدُّنيا، وكراهية الموت

Наздик аст миллатҳои дигар дар душманӣ бо шумо муттаҳид шаванд ва гирд оянд чунонки хӯрандаҳо бар сари табақи ғизо ҷамъ мешаванд.

Яке пурсид:

— Оё ин ба иллати кам будани адади мо (уммати исломӣ) дар он рӯзгор аст?

Ҳазраташ фармуд:

— На, иттифоқан дар он рӯзгор (адади) шумо бисёр зиёд хоҳад буд, вале мисли кафҳои сел хоҳед буд. (Яъне заъфу сустӣ дар шумо чунон русух пайдо хоҳад кард, ки мисли кафи об заъифу нотавон хоҳед буд.) Худованд аз дили душманонатон тарс аз шуморо бармегирад ва дар дилҳоятон ваҳн (сустӣ) меафканад. (Яъне, суннати Худо дар ҳастӣ он аст, ки вақте қавме пароканда ва заъиф ва суст гарданд, дигар ҳайбаташон хоҳад рафт ва касе рӯйи онҳо ҳисоб боз нахоҳад кард ва ҳар лаҳза метавонанд бад-онҳо ҳуҷум кунанд.)

Пурсид:

— Ваҳн (сустӣ) ба кадом маъност, эй Расули Худо?!

Ҳазраташ фармуд:

— Ваҳн (сустӣ) яъне муҳаббат ва алоқа ба дунё ва нописанд шумурдан ва тарси аз марг.”

(Ривояти Абӯдовуд, ҳадиси 4297)



Рубрики:Омӯзаҳои набавӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: