Ақибнишинии кишварҳои таҳримкунандаи Қатар

4 кишвари таҳримкунандаи Қатар шаби сешанбе (18.07.2017) зимни ақибнишинӣ аз дархостҳои 13-гонаи худ, аз Дуҳа хостанд, ки танҳо ба чанд банди он шомили мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ, пойбанд бошад.

Абдуллоҳ ал-Муаллимӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Созмони Милал, шаби сешанбе бо ширкат дар конфронси хабарӣ дар ҷамъи гурӯҳе аз хабарнигорон дар мақарри ин созмон эълом кард, чаҳор кишвари таҳримкунандаи Қатар ҳамакнун бар лузуми пойбандӣ бар 6 асли мавриди тавофуқ дар нишасти рӯзи 5-уми июли вазирони хориҷаи ин кишварҳо дар Қоҳира таъкид меварзанд ва умедворанд Дуҳа низ аз ин усул ҳимоят кунад.

Ин усули 6-гона мавориде монанди пойбандӣ ба мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ, ҷилавгирӣ аз таъмини молӣ ва эҷоди фазои амн барои ин гурӯҳҳо ва таълиқи ҳамаи иқдомоти таҳрикомез ва эроди суханрониҳоеро, ки бо таҳрик ба нафратпароканӣ ва хушунат ҳамроҳ бошад шомил мешавад.

Ал-Муаллимӣ эълом кард, ин чаҳор кишвари арабӣ бар ин боваранд, ки дигар пазириши ин усули 6-гона барои қатариҳо осон хоҳад буд. Вай таъкид кард, иҷро ва назорат бар ин усул аз мавзӯоти асосӣ хоҳад буд ва дар бораи пойбандӣ ба ин усули 6-гона ҳеч иғмоз ва мусолиҳае вуҷуд нахоҳад дошт.

Сафири Арабистони Саудӣ дар Созмони Милал зимни ақибнишинии кишварҳои таҳримкунанда аз дархости таътилии шабакаи Алҷазира гуфт: “Мутаваққиф сохтани раванди таҳрик ба хушунат, амре муҳим ва асосӣ ба шумор меравад, вале шояд дар ин миён таътилии шабакаи Алҷазира чандон зарурӣ набошад.”

Ӯ афзуд: “Агар танҳо роҳи таҳаққуқи ин асли муҳим таътилии шабакаи Алҷазира бошад, ки хуб анҷом мешавад, вале агар метавон ин муҳимро бидуни бастани шабакаи Алҷазира анҷом дод, ки ин ҳам хуб аст ва ишколе надорад. Масъалаи муҳим таҳаққуқи ин ҳадафи мавриди назар ва риояти асли марбут ба он аст.”

Сафири Арабистони Саудӣ дар Созмони Милал ҳамчунин бо ишораи равшан ба ду кишвари Туркия ва Эрон, ки аз Дуҳа ҳимоят мекунанд, таъкид кард: “Сарнавишти Қатар дар дастони ҳамсоягони ин кишвар қарор дорад, на дар дасти кишварҳои дуртар.”

Ал-Муаллимӣ афзуд: “Бародарони мо дар Туркия лозим аст бидонанд, ки давраи дахолатҳои пинҳонӣ ва то ҳудуде нохоста ва номатлуб дар ҷаҳони араб муддатҳост, ки ба сар омадааст ва агар Туркия мехоҳад, ки нақши созандае ифо кунад, мо аз он истиқбол мекунем, вале ҳар гуна талош барои ифои нақше аз тариқи эҷоди пойгоҳҳои низомӣ ё дахолатҳои низомӣ, иқдоме созанда ба шумор намеравад ва барои обрӯ ва эътибори Туркия дар ҷаҳони араб низ хуб ва муфид нахоҳад буд.”

* * *

Қатар бозгушоии сафорати худ дар Санъоро хостор шуд

Дар хабаре дигар, рӯзномаи “Алараб” гузориш дод, мақомоти Қатар аз гурӯҳи Ансоруллоҳи Яман хостаанд, то сафорати ин кишварро дар Санъо бозгушоӣ кунанд.

Ба навиштаи “Алараб”, Ҳусиҳо мувофиқати аввалияи худро бо ин дархости Қатар эълом карданд, вале қабули ниҳоии ин масъаларо ба узрхоҳии Қатар аз мушорикат дар эътилофи арабӣ машрут кардаанд.

Ба иддаои “Алараб”, ҳадафи аслии Қатар аз дархости бозгушоии сафорати худ дар Санъо, ҷалби ризояти Эрон аст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: