Ислом ва Эронзамин (42)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (5)

Аксуламалҳо (2)

2) Аммо ҷараёни дуввум яъне табъизоти нажодӣ ва тафохуроти қавмӣ, ки бар зидди асли мусаллами мусовоти исломӣ буд, ин инҳироф ба василаи аъроб ба вуҷуд омад. Сиёсати Умавиҳо бар асли тафаввуқи араб бар ғайриараб поягузорӣ шуд. Муовия ба сурати бахшнома ба ҳамаи ъуммоли хеш иттилоъ дод, ки барои араб ҳаққи тақаддум қоил шаванд.

Ин амал зарбаи муҳклике бар пайкари ислом ворид кард. Маншаи аслии таҷзия шудани ҳукумати исломӣ ба сурати ҳукуматҳои кучак, ҳамин кор буд. Бадеҳӣ аст, ки ҳеч миллате ҳозир нест тафаввуқ ва қаймумати миллати дигарро бипазирад. Эрониён исломро пазируфта буданд, на арабро. Ислом аз он ҷиҳат мақбули ҳамаи миллатҳо буд, ки илова бар соири имтиёзҳояш, ранги қавмӣ ва нажодӣ надошт, ҷаҳонӣ ва инсонӣ буд. Эрониён ва ҳамчунин соири мусалмонони ғайриараб ба ҳеч ваҷҳ ҳозир набуданд сиёдати арабро бипазиранд.

Аксуламали ибтидоӣ, ки эрониён дар муқобили ин табъизот нишон доданд, бисёр мантиқӣ ва инсонӣ буд. Онҳо арабро ба китоби Худо даъват карданд. Гуфтаи Расули Худо рост омад, ки фармуд: “Ба Худо қасам, охири кор аҷам шуморо ба дини ислом ва китоби Худо даъват хоҳад кард он чунонки дар аввали кор онҳоро ба китоби Худо даъват кардед.” (Сафинатул-биҳор, с.129). Дар қиёмҳое, ки дар садри ислом аз тарафи мусалмонони эронӣ сурат гирифт, сухан аз тасовии инсонҳост, на фазилати аҷам бар араб.

Наҳзати сиёҳҷомагони Хуросон алайҳи мазолим ва табъизоти умавӣ, ба номи ислом ва адли исломӣ оғоз гашт, на ба номи дигар. Доъиён ва нақибони Аббосиён, ки махфиёна ба даъват мепардохтанд, шиорашон адли исломӣ буд ва мардумро ба “Арризо мин Оли Муҳаммад” мехонданд. Рояте, ки барои мардуми Хуросон аз тарафи соҳиби даъват — ки номаш махфӣ нигаҳ дошта мешуд – расид, сиёҳ буд ва ояти муборакаи:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ

(“Ба касоне, ки ҷанг бар онон таҳмил шуд, рухсати ҷиҳод дода шудааст, чаро ки мавриди зулм қарор гирифтаанд ва албатта Худо бар пирӯзии онон сахт тавоност.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 39)) – бар он сабт буд.

Дар оғози наҳзат, на номи Оли Аббос дар миён буд ва на номи Абӯмуслим ва на номи қавмияти эронӣ ва на номи дигар; танҳо номи ислом ва Қуръон ва Аҳли байт ва адлу мусовоти исломӣ матраҳ буд ва ҳеч шиоре дар байн набуд, ҷуз шиорҳои муқаддаси исломӣ. Абӯмуслим баъдҳо аз тарафи Иброҳими Имом муаррифӣ шуд. Дар яке аз сафарҳо, ки доъиёни аббосӣ махфиёна ба Макка омаданд ва бо Иброҳими Имом мулоқот карданд, ӯ Абӯмуслимро, ки ҳеч маълум нест кист, аҳли куҷост, араб аст ё эронӣ, муаррифӣ кард ва чун Абӯмуслим дар Хуросон зуҳур кард ба номи Абӯмуслими Хуросонӣ маъруф шуд.

Бархе торихнависони эронӣ ахиран кӯшиш доранд, ки ҳамаи муваффақиятҳои қиёми сиёҳҷомагонро марҳуни шахсияти Абӯмуслим муаррифӣ кунанд. Шак нест, ки Абӯмуслим сардори лоиқе будааст, вале он чизе, ки заминаро фароҳам кард, чизи дигар буд. Гӯянд, Абӯмуслим дар маҷлиси Мансур он гоҳ, ки мавриди итоб қарор гирифт, аз хадамоти хеш дар роҳи истиқрори хилофати аббосӣ сухан ронд ва кӯшиш кард бо ёдоварии хадамоти худ Мансурро ром кунад. Мансур посух дод, ки агар канизе ҳам бар ин амр даъват мекард, муваффақ мешуд, ва агар ту ба нерӯи худат мехостӣ қиём кунӣ, аз ӯҳдаи як нафар ҳам барнамеомадӣ.

Ҳарчанд дар баёни Мансур андаке муболиға аст, аммо ҳақиқат аст ва ба ҳамин далел Мансур тавонист Абӯмуслимро дар авҷи иззат ва қудраташ бикушад ва об ҳам аз об такон нахӯрад.

Аббосиён бо таҳрики эҳсосоти исломии эрониён қиёмро раҳбарӣ карданд ва он ҷо ҳам, ки бо қироати ояти:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ

… мазолими Умавиёнро бармешумурданд, бештар аз мазлумияти Оли Муҳаммад сухан мегуфтанд, то мазлумиятҳои худи эрониён.

Дар соли 129, рӯзи иди фитр, ки сиёҳҷомагон аланан дар билоди Мовароуннаҳр қиём карданд, қиёми хешро зимни хутбаи намози ид эълом карданд ва намози идро марде ба номи Сулаймон ибни Касир, ки худ араб аст ва зоҳиран аз доъиёни Аббосиён аст хонд. Шиори ин қавм, ки ҳадафи онҳоро мушаххас мекард, ояти каримаи:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ

(“Эй мардум! Мо шуморо аз марду зане офаридем ва шуморо миллат-миллат ва қабила-қабила гардонидем, то бо якдигар шиносоии мутақобил ҳосил кунед. Дар ҳақиқат, арҷмандтарини шумо назди Худо, парҳезгортарини шумост…” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)) – буд. Ва ба муносибати калимаи “шуъубан”, ки дар ин ояти карима омадааст ва бино ба гуфтаи муфассирон ишора ба мардумест, ки иҷтимоъоташон ранги қабилаӣ надорад, эрониён, ки тарафдори тасвия ва мухолифи табъиз буданд, “шуъубия” номида шуданд.

Ин навъ аксуламал дар муқобили он инҳирофи арабӣ, сад дар сад исломӣ ва нишонаи самимияти эрониён нисбат ба ислом буд. Агар эрониён нисбат ба ислом самимият намедоштанд, кофӣ буд, ки онҳо ҳам монанди аъроб бар миллият ва қавмияти хеш ва торихи хеш такя кунанд ва дар ин ҷиҳат мусалламан гӯйи сибқатро мерубуданд, зеро ифтихороти нажодии эрониён басе бештар аз аъроб буд. Аммо ин корро накарданд ва аз араб ба ислом паноҳ бурданд, на ба чизи дигар.

Албатта наҳзати шуъубигарӣ тадриҷан як масири инҳирофӣ пайдо кард; дар масире афтод, ки наҳзати қавмияти арабӣ афтода буд. Яъне дар масири тафохуроти қавмӣ ва нажодӣ ва тафаввуқи нажоди эронӣ бар соири нажодҳо, хусусан бар нажоди араб, афтод ва аҳёнан аз ҳудуди нажодпарастӣ таҷовуз кард ва то зандақа кашида шуд.

Вале ҳамин ки шуъубигарӣ ба ин марҳила расид, тӯдаи мардуми Эрон ва уламои ботақвои эронӣ шуъубигариро сахт маҳкум карданд ва аз он табаррӣ ҷустанд. Яъне бори дигар бо як аксуламали исломӣ аз тарафи эрониён дар муқобили як инҳироф, ки аз миёни худашон бархоста ва рушд карда буд, мувоҷеҳ мешавем. Иллати шикасти шуъубигарӣ ҳам ҳамин буд. Агар эрониён масири аввалиро ҳифз мекарданд, хидмати бузурге ба ҷаҳони ислом умуман ва худашон хусусан мекарданд.

Бархе аз эрониён ончунон аз ин навъ шуъубигарӣ нороҳат ва мутаассиф буданд ва онро хатаре барои ислом талаққӣ мекарданд, ки алорағми нажод ва қавмияти худашон, ба нафъи аъроб таъассуб меварзиданд. Ва ин яке аз шигифтиҳои торих ва аз нишонаҳои нуфузи амиқи ислом дар руҳи эронӣ аст.

Замахшарӣ соҳиби китоби “Кашшоф” аз акобири уламои Эрон ва аз навобиғи рӯзгор аст. Вай аслан аҳли Хоразми Хуросон аст ва ба муносибати ин ки умри хешро дар муҷовирати байтуллоҳ (Каъба) гузаронд ва муҷовири Каъба буд, лақаби “Ҷоруллоҳ” ёфт. Ин мард муқаддимаи китоби “Алмуфассал”-и хешро, ки дар наҳву сарф аст чунин оғоз мекунад:

لله احمد على أن جعلني من علماء العربية وجبلني على الغضب للعرب والعصبية، وأبي لي أن اتفرد عن صميم أنصارهم وامتاز وانضوى الى لفيف الشعوبية وانحاز، وعصمني من مذهبهم الذي لم أجد عليهم الا الرشق بألسنة اللاعنين والمشق بألسنة الطاعنين

Танҳо Худойро сипос мегузорам, ки маро аз донишмандони фанни адаби арабӣ қарор дод ва дар сиришти ман тарафдорӣ аз арабро ба вадиъат ниҳод, ба лутфи худаш нахост, ки ман аз ёрони ҷиддии онҳо ҷудо ва барканор бимонам ва дар доми Шуъубия гирифтор оям; маро ҳифз кард аз мазҳаби Шуъубия, ки суде ба онҳо набахшид ҷуз тирборон шудан бо забони лаънаткунандагон ва пора-пора шудан бо найзаи таънзанандагон.”

Аз ҷумлаи ахири Замахшарӣ маълум мешавад, ки шуъубигарӣ аз назари тӯдаи эронӣ, он андоза маҳкум ва мардуд будааст, ки насиби тарафдораш ҷуз лаънат ва нафрин ва маломат набудааст.

Саъолибии Нишопурӣ, соҳиби китоби “Ятиматуд-даҳр”, вафотёфта дар соли 429 ҳиҷрии қамарӣ, ки ӯ низ аз акобир ва мафохири уламои мусалмони Эрон аст, монанди Замахшарӣ, балки бештар ва ба ҳадди ифрот дар муқаддимаи китоби “Сиррул-адаб фи маҷори каломил-араб” алайҳи Шуъубия ва ба нафъи аъроб шиор медиҳад ва монанди як араби мутаъассиб аз фазилат ва тақаддуми араб бар ғайриараб дам мезанад.

Пас аз ҳамду санои илоҳӣ ва дуруд бар Паёмбари гиромӣ, чунин мегӯяд:

Ҳар кас Худоро дӯст бидорад, паёмбараш Муҳаммади Мустафо (с)-ро низ дӯст медорад. Ва ҳар кас, ки паёмбарро дӯст бидорад арабро дӯст медорад. Ва ҳар ки арабро дӯст бидорад, забони арабиро, ки беҳтарини китобҳо бар беҳтарини инсонҳо ба он забон нозил шудааст дӯст медорад. Ва ҳар ки забони арабиро дӯст бидорад, ба он эҳтимом меварзад. Ҳар кас, ки Худованд ӯро ба ислом ҳидоят кунад, мӯътақид мешавад, ки Муҳаммад (с) беҳтарини паёмбарон, ислом беҳтарини тариқаҳо ва араб беҳтарини миллатҳо ва забони арабӣ беҳтарини забонҳост.”

Назари Саъолибӣ дар бораи ин ки “араб беҳтарини миллатҳост” назари нодурусте аст. Ҳеч мулозимае нест миёни ин ки касе ба ислом имон дошта бошад ва миёни ин ки мӯътақид шавад араб беҳтарин қавм аст. Баръакс, ин тарзи тафаккур бар зидди имон ба ислом аст. Мулозима аз он тараф аст, яъне мулозима аст миёни имон ба ислом ва имон ба ин ки ҳеч қавме аз қавми дигар ба мӯҷиби қавмият бартар нест. Бартарӣ ба ҳукми сареҳи Қуръон ё ба илм аст:

هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд, яксонанд?..” (Сураи Зумар, ояти 9)

Ва ё ба тақвост:

إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ

Дар ҳақиқат, арҷмандтарини шумо назди Худо, парҳезгортарини шумост…” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13))

Ва ё ба амал ва муҷоҳидат аст:

وَفَضَّلَ اللّهُ الْمُجَاهِدِينَ عَلَى الْقَاعِدِينَ أَجْرًا عَظِيمًا

Худованд муҷоҳидонро бар хонанишинон ба подоше бузург бартарӣ бахшидааст.” (Сураи Нисо, ояти 95)

Алоқа ба забони арабӣ низ — бар хилофии иддаои Саъолибӣ ва суғрою куброе, ки тартиб додааст — мавлуди алоқа ба қавми араб нест, балки мустақиман мавлуди алоқа ба Қуръони Карим ва Расули Акрам аст. Вале ин масири инҳирофӣ, ки барои амсоли Саъолибӣ пайдо шудааст аксуламали ифротҳои Шуъубия аст.

Абӯубайда Муаммар ибни Мусанно, ки аз мутакаллимини маъруфи қарни дуввум аст ва эронист низ таъассуби арабӣ дорад ва аҷамро таҳқир мекунад. Китобе аз ӯ ёд мешавад ба номи “Мақотилу фурсонил-араб”.

Аз он тараф, Масъудӣ, муаррихи маъруфи араб, соҳиби китоби “Муруҷуз-заҳаб” ва китоби “Аттанбиҳу вал-ишроф”, ки аз наводагони Абдуллоҳ ибни Масъуд (саҳобии бузургвори маъруф) аст ва дар нимаи аввали қарни чаҳорум вафот ёфтааст, ба муъориза бо Абӯубайда бармехезад ва китобе ба номи “Мақотилу фурсонил-ъаҷам” таълиф мекунад. Масъудӣ дар китоби “Аттанбиҳу вал-ишроф” дар зикри мулуки соcонӣ мегӯяд:

Бисту ҷаҳорум Шаҳрбароз аст, ки чиҳил рӯз салтанат кард. Ва мо достони ӯ ва иллати кушта шуданаш ва кушта шудани ғайри ӯ аз шуҷоъон ва диловарони эрониро — аз касоне, ки фазилат ва шуҷоат ва торихчаҳои пурифтихорашон мавриди иттифоқ аст — дар китоби хеш ба номи “Мақотилу фурсонил-ъаҷам”, ки бар зидди китоби “Мақотилу фурсонил-араб”-и Абӯубайда Муаммар ибни Мусанно таълиф кардаем, навиштаем.”

Масъудии араби мусалмон ба ҳукми ин ки мебинад, беинсофӣ ба нафъи аъроб ва алайҳи эрониён сурат гирифтааст, ба нафъи эрониён китоб таълиф мекунад. Ин низ аз шигифтиҳои ислом аст.

Феълан ҳадафи мо таҳқиқи комил дар бораи моҳияти шуъубигарӣ ва аксуламалҳои мувофиқ ва мухолифе, ки ба вуҷуд овард ва дар ниҳояти амр мунқариз шуд нест. Ин кор вақту фурсати бештаре мехоҳад. Ҳадафи мо ин аст, ки шуъубигарӣ дар ибтидо як наҳзат ва аксуламали муқаддасе буд аз тарафи эрониён алайҳи табъизоти нажодии арабӣ. Баъд, ки худаш ба воситаи як ақаллияти маъдуде аз эрониён аз масири аслӣ мунҳариф шуд ва ранги таъассуби қавмӣ ба худ гирифт ва аҳёнан ранги зандақа ва зиддиисломӣ ёфт, аз тарафи тӯдаи мардуми Эрон ва уламои муттақии эронӣ маҳкум ва мардуд шинохта шуд ва дар ҳудуди ҳазор сол пеш дунболааш бурида шуд. Гарчи имрӯз пас аз ҳазор сол, истеъмор мехоҳад ин мурдаи ҳазорсоларо зинда кунад, вале ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд.

3) Ҷараёни севвуми зиддиисломии садри аввал, ки эрониён беш аз соири ақвоми дигар аксуламали мухолиф нишон доданд, шуюъи фаровони лаҳву ғино ва айёшӣ буд.

Ғино ва мусиқӣ дар Эрон собиқаи тӯлонӣ дорад. Мардуми ин марзу бум бо он маънус буданд. Дар китоби “Торихи Эрон” Мушируддавла менависад:

Баҳроми Гӯр аз Ҳинд дувоздаҳ ҳазор ромишгар овард.”

Фаҷрулислом аз торихи Ҳамзаи Исфаҳонӣ нақл мекунад, ки:

Баҳром дастур дод, мардум нисфи рӯз кор кунанд ва ними дигарро ба айшу ишрат бигузаронанд, бода бинӯшанд ва навои мусиқӣ бинавозанд. Аз ин рӯ мақоми овозахонон авҷ ёфт. Рӯзе бар гурӯҳе убур кард, ки менӯшиданд, вале намениюшиданд. Пурсид: Ку овозахон? Ҷавоб доданд: Мехостем аз вуҷудашон истифода кунем, аммо ҳазинаашон ба воситаи камёбӣ зиёд аст. Баҳром номае ба подшоҳи Ҳинд навишт ва ромишгар хост. Дувоздаҳ ҳазор ромишгар аз Ҳинд омаданд ва Баҳром онҳоро ба шаҳрҳои Эрон тақсим намуд.”

Араб бо мусиқӣ ва ғино ҷуз ба сурати басит ва соддааш ошно набуд. Пас аз имтизоҷ бо эрониён, лаҳву ғино ба суръат интишор ёфт. Аҷаб ин аст, ки сарзамини Ҳиҷоз аз худи сарзаминҳои Ироқ ва Шом, ки маркази аслии ин санъат буд, ҷилав афтод. Ҳиҷоз аз нимаи дуввуми қарни аввали ҳиҷрӣ, ҳам маркази фиқҳу ҳадис буд ва ҳам марказ лаҳву мусиқӣ. Умаро ва ҳукком ва мутамаккинини умавӣ сахт аз лаҳвиёт тарвиҷ мекарданд ва ба онҳо саргарм буданд. Баръакс, имомони аҳли байт алайҳимус-салом шадидан мухолифат карданд.

Аз имомони атҳор, ки бигзарем, агар матлабро дар сатҳи оммаи мардум баррасӣ кунем, мебинем тӯдаи мусалмони эронӣ ва ҳамчунин уламои эронинажод бо он ҳама савобиқи миллӣ дар ин кор, беш аз тӯдаи араб ва уламои арабинажод аксуламали мухолиф нишон доданд.

Дар бораи Молик ибни Анас, имоми маъруфи аҳли суннат, ки нажоди араб дорад, навиштаанд, ки дар оғози кор мехост риштаи мусиқиро таъқиб кунад. Модараш ӯро манъ кард ва гуфт: Чун чеҳра ва қиёфае зебо надорӣ, беҳтар аст риштаи фиқҳро дунбол кунӣ. Ҳамин корро кард (Фаҷрулислом, с.177)

Аҳмад Амин пас аз ин ки менависад: Ҳиҷоз, ҳам маркази фиқҳу ҳадис буд ва ҳам маркази лаҳву ғино, ва мегӯяд: табиист, ки маркази фиқҳу ҳадис бошад, аммо чӣ тавр шуд, ки маркази лаҳву ғино шуд, мегӯяд:

Шояд иллати ин ҷараён, хуштабъӣ ва риққати эҳсосоти аҳли Ҳиҷоз будааст. Ҳатто фуқаҳои Ҳиҷоз дар ин масъала аз фуқаҳои Ироқ осонгиртар буданд. Мо қаблан гуфтаем, ки дар Ироқ ҳамаи ташаддудҳо ва таъассубҳо ва сахтгириҳои масоили динӣ мавлуди эрониён буд; онон буданд, ки нисбат ба ҳарими дин ҳассосияти бештаре нишон медоданд.”

Он гоҳ достони зайлро аз китоби “Ал-ағонӣ”-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ нақл мекунад:

Убайдуллоҳ ибни Умар гуфт: ба сафари ҳаҷ рафта будам. Зане зебо дидам, ки бар хилофи дастури ислом, дар ҳоли эҳром лудагӣ (масхарабозӣ) мекард ва суханони зишт бар забон меовард. Ман наздик шудам ва гуфтам: канизи Худо! Оё фаромӯш кардаӣ, ки ба ҳаҷ омадаӣ? Аз Худо наметарсӣ, ки дар ҳоли эҳром чунин суханони зишт ба забон меоварӣ? Зан ниқоб аз чеҳраи зебои хеш, ки хуршедро ба сухра мегирифт барафканд, он гоҳ гуфт: амуи азизам! Дуруст тамошо кун ва бибин, ман аз касоне ҳастам, ки мисдоқм гуфтаи шоирам:

من اللائي لم يحججن يبغين حسبة

ولكن ليقتلن البريء المغفلا

Яъне, “аз он занон аст, ки ба хотири Худо ба ҳаҷ наомадаанд, балки омадаанд бегуноҳон ва бехабаронро бикушанд.”

Убайдуллоҳ, ки худ аз фуқаҳо ва ъуббод ба шумор мерафт ва насаб ба Умар ибни Хаттоб мебурд гуфт: Аммо ман дар ин сафар дуо мекунам, ки Худованд чеҳраи бад-ин зебоиро муъаззаб насозад.” Ин хабар барои Саъид ибни Мусайиб, аз фуқаҳои Мадина нақл шуд. Вай гуфт: Ба Худо қасам, агар ин зан бо яке аз аҳли Ироқ мувоҷеҳ шуда буд, инчунин ҷавоб намедод, дар посухаш мегуфт: Дур шав, Худованд туро зишт гардонад! Аммо чӣ бояд кард, хуштабъии мардуми Ҳиҷоз аст.” (Фаҷрулислом, с.178)

Ва ҳам аз “Ал-ағонӣ” нақл мекунад, ки:

Ибни Ҷурайҳ, яке дигар аз фуқаҳои Мадина нишаста буд ва гурӯҳе, ки дар он миён Абдуллоҳ ибни Муборак ва ҷамоате аз ироқиҳо буданд, наздаш нишаста буданд ва ӯ сухан мегуфт. Дар ин байн яке аз муғанниён расид. Ибни Ҷурайҳ аз ӯ хост, ки барояш тағаннӣ кунад. Ӯ узр овард. Ибни Ҷурайҳ исрор кард. Миқдоре тағаннӣ кард, аммо эҳсос кард, ки мустамиъинро нохуш омад, кӯтоҳ кард ва гуфт: Агар набуд ҳузури ин гаронҷонон, бештар мемондам ва туро ба тараб меовардам. Ибни Ҷурайҳ рӯ кард ба ҳуззор ва гуфт: Мисли ин ки шумо кори маро зишт донистед. Абдуллоҳ ибни Муборак, ки аз фуқаҳои эронинажод аст гуфт: Оре, мо дар Ироқ бо инҳо мухолифем…” (Ҳамон манбаъ)

Он чи тааммулро бармеангезад ин аст, ки аввалан эрониён аҳли фанни ғинову мусиқӣ буданд ва дар он кор собиқаи зиёде доштанд ва одатан онҳо мебоист аз назари шаръӣ дунболи тавҷеҳ ва таъвиле бираванд ва лоақал тасомуҳ ба харҷ диҳанд. Сониян, шуюъи лаҳву ғино дар Ҳиҷоз ба василаи эрониён сурат гирифт; муғанниёни маъруфи он аср бештар эронӣ будаанд. Дар айни ҳол дар ҷавви мазҳабии он рӯз, эрониён беш аз соири миллатҳо таварруъ ва парҳезкорӣ нишон додаанд.

Ҳамчунонки ишора кардем, маҳалли баҳс фазо ва муҳити мазҳабӣ аст, аммо муҳитҳои ғайримазҳабӣ монанди дарбори Ҳорун ва дастгоҳи Баромика шакли дигар буд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: