Нигаронии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз фишору таъқиби бастагони опозисиюн дар Тоҷикистон

Ба гузориши сойти Ахбор (Мирзои Салимпур), созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Нурвеж аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки боздошту бозҷӯӣ, таҳдид ва дигар шаклҳои таъқиби хешовандони фаъолони опозисиюнро мутаваққиф кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин аз Иттиҳодияи Урупо ва Омрико даъват кардаанд, ки ба ин “ниқорҷӯиҳо” расидагӣ кунанд.

Бар пояи ин гузориш, созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Нурвеж бо нашри як изҳорот бо номи «Tajikistan: Stop Persecuting Opposition Families” («Тоҷикистон: Таъқиби наздикони мухолифинро бас кунед” хабар доданд, ки мақомоти Тоҷикистон хешовандони 10 нафар аз иштирокунандагони ҳамоиши мухолифини тоҷик дар шаҳри Дортмунди Олмонро таҳти боздошт, бозпурсӣ ва таҳдид қарор додаанд. Ин ду созмон чунин амалро интиқоми мақомот барои истифодаи фаъолони мухолифин аз ҳуқуқи худ ба гирдиҳамоиҳои осоишта номидаанд

Фаъолони мухолифин ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, ин мавҷи нави таъқибот ба зидди наздикони 10 нафар аз тарафдорони онҳо дар Тоҷикистон бо дастури ҳукумати он кишвар дар сатҳи баландтарин роҳандозӣ шудааст. Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия мегӯянд, мақомоти амниятӣ наздикони мухолифинро дар маҳзари омм шарм доронда, онҳоро иҷозати сафар ба хориҷи кишвар намедиҳанд, таҳдиди мусоидар молу мулкашонро мекунанд ва дар як маврид ҳатто таҳдид кардаанд, ки духтари яке аз ин ффаъолонро таҷовуз хоҳанд кард.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар сомонаи Human Rights Watch мегӯяд: “Маъракаи рӯ ба афзоиши ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи тарсондани хешовандони дигарандешон вусъат гирифта, боз ҳам густохонатар мешавад. Иқдомоти ҳамзамони мақомоти амниятӣ ва маҳаллӣ дар минтақаҳои мухталиф ишора ба як сиёсати муҷозоти дастаҷамъие мекунад, ки аз сатҳҳои олӣ супориш шудааст. Ин маърака бояд билофосила бас карда шавад.”

Ин ду созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, дар Тоҷикистон аҳзоби мухолиф баста шуда, дар чорчӯби маъракаи саркӯби озодии баён садҳо нафар аз фаъолони сиёсӣ, бо шумули вакилони мудофеъ ба зиндон андохта шуданд: “Мақомот ҳамчунин ҳуқуқи аъзои дар кишвар боқимондаи хонаводаҳои фаъолон, асосан аъзои ҳизби наҳзати исломӣ вва «Гурӯҳи 24”-ро поймол мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон гурӯҳҳои шаҳрвандон, бо шумули мақомоти маорифро сафарбар мекунанд ва онҳо манзилҳои наздикони мухолифинро иҳота карда, ба ин хонаводаҳо тамғаи «душмани халқ”-ро мечаспонанд.”

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти «Гурӯҳи 24”-ро дар моҳи октябри соли 2014 ва Ҳизби наҳзати исломиро дар моҳи сентябри соли 2015 манъ кард. “Гурӯҳи 24” ва ҲНИТ дар Тоҷикистон созмони ифротӣ ва теруристӣ эълон шудааст, вале то кунун ягон кишвари дунё ин ду гурӯҳи сиёсиро ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъ ворид накардаанд.

Сойти Ахбор дар идомаи гузориши худ овардааст, баъди манъи фаъолияти ин ду гурӯҳ садҳо нафар аз тарафдорони онҳо ба кишварҳои Урупо паноҳ оварданд. Бино ба ҳисобҳо, шумори паноҳҷӯёни тоҷик дар Урупо ба 5000 нафар мерасад.

Мавҷи ахири таъқиби наздикони паноҳҷӯёни тоҷик дар арафа ва баъди ҳамоиши рӯзи 9 июл дар шаҳри Дортмунди Олмон, ки ба солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик бахшида шуда буд, сурат гирифт. Дар нишасти Дортмунд гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик ҷиҳати таъсиси як эътилоф тавофуқ кард.

Рӯзи 10 июл Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, як ниҳоди вобаста ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон, нишасти Дортмундро маҳкум кард ва гуфт, иттиҳоди нирӯҳои мухолифин дар хориҷ ба амнияти Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ дорад.

Фаъолони ҲНИТ мегӯянд, дар арафа ва баъди нишасти Дортмунд наздикони 10 нафар аз иштироккунандагони ин ҳамоишро дар Тоҷикистон таҳти фишор қарор додаанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: