Фалсафа ва равиши реализм (95)

Воқеият ва ҳастии ашё (9)

Матни китоб:

2. Чунонки дониста шуд, ҳар чизе, ки дорои воқеияти ҳастӣ аст, аз воқеияти ҳастӣ наметавонад канор биафтад, ва аз ин рӯй ихтилофоти воқеӣ, ки дар хориҷ аст, ба худи воқеият бармегардад. Ва аз сӯи дигар, мо воқеиятро барои ҳамаи ашёи воқеиятдор ба як маънӣ исбот менамоем, пас воқеияти ҳастӣ дар айни ин ки гуногун ва мухталиф мебошад, якест. (Ҳақиқати ташкикӣ ба истилоҳи мантиқ). (1)

Воқеияти ҳастӣ ба ҳасби тамсил (яъне дар мисол) монанди нур мебошад, ки ба назари сатҳӣ аз ҷиҳати қуввату заъф гуногун аст. На мартибаи заъифи он, нури омехта ба зулмат аст, ва на мартибаи қавии он, нур ва чизе дигар. Балки мартибаи болоӣ, нур асту бас ва мартибаи поинӣ низ нур асту бас ва ҳар ду нуранд, бо ин ки мухталиф ҳастанд. Ҳамчунин ҳақиқати ҳастиро агар ба ҷилваҳои гуногуни худаш нисбат диҳем, ҳам бисёр аст ва ҳам яке.

Албатта набояд тасаввур кард, ки ин касрат касрати ададӣ аст, зеро адад ва шумора низ яке аз ҷилваҳои гуногуни ҳастӣ мебошад.

* * *

Таълиқот:

(Аз онҷо, ки таълиқаи ин қисмат аз баҳс муфассал аст, мо дар се бахш онро пешкаш мекунем)

(1) Ин назарияро, ки “воқеияти ҳастӣ дар айни ин ки гуногун аст, якест” метавон ба номи назарияи “ваҳдат дар айни касрат ва касрат дар айни ваҳдат” номид. Ва чунонки возеҳ аст, марбут ба баёни ваҳдат ва касрати воқеият аст.

Тавҷеҳи ваҳдат ва касрати воқеият, аз масоили дараҷаи аввали фалсафа аст ва собиқаи мумтадд ва тӯлонӣ дар таърихи фалсафа дорад.

Аз назари мо, пас аз асолати вуҷуд, ин масъала муҳимтарини масоили фалсафа аст ва дар ғолиби масоили фалсафа ва аз он ҷумла масоили “ҳаракат”, натиҷаҳои пурарҷе дорад, ки дар ҷойи худ баён хоҳем кард. Рӯйи ин ҷиҳат, ночорем тавзеҳи бештаре дар атрофи ин масъала бидиҳем. Қабл аз вуруд ба матлаб, нукоти зайлро баён мекунем:

а) Ҳарчанд таҳқиқ дар ваҳдат ва касрати воқеияти айнӣ собиқаи мумтадд ва тӯлонӣ дар таърихи фалсафа дорад, вале аз аввал ба ин сурате, ки имрӯз мавриди мутолеаи мост набуда, балки тадриҷан ба ин сурат даромада. Ва ин ҷиҳат — чунонки хоҳем дид — маълули пешрафтҳои дигарест, ки дар соири масоил рух дода; махсусан назарияи “асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият” шаклу қиёфаи ин масъаларо ба куллӣ тағйир додааст ва бадеҳист, ки дар ин мақола бо таваҷҷӯҳ ба асолати вуҷуд, назарияи боло дода шудааст.

б) Гоҳе дар зимни масоили фалсафӣ ба масоили дигаре бармехӯрем, ки онҳо низ каму беш марбут ба баёни як навъ ваҳдат ва ягонагӣ ё касрат ва бегонагии мавҷудоти ҷаҳон аст, мисли таҳқиқ дар ин ки оё ҳамаи мавҷудоти ҷаҳон аз асли воҳид берун омадаанд? Ё ин ки оё бар ҳамаи мавҷудот низоми воҳид ҳукумат мекунад ва ҳама таҳти қонуни воҳид ё иродаи воҳиде идора мешаванд? Ё ин ки оё ҳамаи мавҷудот ба сӯи ғояти воҳид ва ҳадафи воҳиде мешитобанд? Он асли воҳид ё он низоми воҳид ё он ғояти воҳид чист? Албатта ин масоил низ ба навбаи худ як силсила баҳсҳои куллӣ ва умумӣ аст ва ҳама марбут ба баёни як навъ ваҳдат ва ягонагӣ ё касрат ва бегонагии воқеиятҳои айнӣ аст ва фалсафа бояд ба посухи онҳо бипардозад, вале он чӣ феълан матмаҳи назари мост, ғайр аз инҳост, ва аз назари фаннӣ муҳимтар ва асоситар ва муқаддам бар он масоил аст, ва аввал бояд таклифи ин масъала равшан шавад, то баъдан ба онҳо навбат бирасад.

в) Собиқан ёдоварӣ шуд ва аз зимни масоили гузашта низ маълум шуд, ки масоили вуҷуд, ки дар ин мақола тарҳ шуда баъзе сирфан ҷанбаи зеҳнӣ дорад ва баъзе сирфан ҷанбаи айнӣ ва баъзе зуҷанбатайн аст. Масъалаи ваҳдат ва касрати воқеият сад дар сад ҷанбаи айнӣ дорад. Ва мӯҳтоҷ ба тавзеҳ нест, ки ин масъала як масъала куллӣ ва умумӣ аст ва саросари ҳастӣ, ки моварои он нестӣ ва адам аст — яъне моварое надорад — мавзӯи баҳси он аст.

* * *

Дар ибтидои ин мақола гуфтем, ки яке аз ду асли мутаорафи мо, ки мабдаи шурӯи сайри фалсафии мо низ ҳаст ва сарҳадди фалсафа ва сафсата бояд шумурда шавад, ин асл аст: “Воқеияте ҳаст ва мавҷуде дорем ва ҷаҳон ҳеч дар ҳеч ва мавҳуми маҳз нест”.

Ин асл барои мо як асли ғайри қобили тардиде буд, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавонистем дар он тардид кунем. Сипас гуфтем, ки як амри ғайри қобили тардиди дигаре низ дорем, ва он ин ки: зеҳн ба таксири ин асл мепардозад ва мазоҳири гуногуне барояш пайдо мекунад ва умури мутакассира ва мухталифае (моҳиятҳо) — аз қабили инсон ва дарахт ва хуршед ва санг ва адад ва миқдор ва ҳазорҳо чизи дигар — ро таҳти унвони “мавҷуд” дармеоварад ва қаҳран асли аввалии “мавҷуде дорем” ба сурати “мавҷудоте дорем” дар зеҳн ҷилва мекунад.

Ҳоло бояд бибинем, ин касрате, ки бар зеҳн ҷилва мекунад, ҳақиқӣ аст ё мавҳум? Яъне, ин касрати зеҳнӣ намояндаи касрати воқеии мавҷудот аст ё он ки зеҳн ба ғалат касратҳо мебинад ва мавҷудот фарз мекунад ва ин касрати зеҳнӣ ба ҳеч ваҷҳ намояндаи касрате дар воқеъ ва нафсуламр нест.

Бо таваҷҷӯҳ ба масъалаи асолати вуҷуд, ки дар пеш гузашт шаклу қиёфаи ин масъала иваз мешавад. Дар масъалаи асолати вуҷуд гуфтем, ки моҳиятҳо, ки зеҳн онҳоро умуре воқеиятдор ва зивуҷуд фарз мекунад, ҳама умуре зеҳнӣ ва интизоъӣ ҳастанд ва танҳо чизе, ки воқеият дорад ва “малаъ”-и хориҷиро ташкил додааст, ҳамоно худи вуҷуд ва воқеият аст. Бинобар ин, пас ҳар ҷо, ки пойи таҳқиқ аз айнияти хориҷӣ ба миён меояд, моҳиятҳоро барои ҳамеша бояд аз ҳавзаи таҳқиқ хориҷ кард ва пойи вуҷудро ба миён кашид. Дар ин ҷо низ, ки сухан ваҳдат ва касрати айнияти хориҷӣ дар миён аст, қаҳран бояд “вуҷуд”-ро мавзӯи баҳси ваҳдат ва касрат қарор дод.

Агар моҳиятҳоро мо умуре айнӣ ва воқеӣ бидонем ва онҳоро милоки баҳс дар ин масъала қарор диҳем, ҷойи гуфтугӯ дар касрати воқеияти айнӣ нест, зеро бадоҳатан ин моҳиятҳо, ки дар зеҳни мо ҷилвагар ҳастанд, мутакассир ва мухталиф ва мутабойин ҳастанд, ва фарз ин аст, ки айнан ҳамин умури мутакассира ва мутабойина воқеияти айниро ташкил медиҳанд, пас воқеияти айнӣ аз умури мутакассираи мутабойинае ташкил ёфтааст.

Ва аммо агар вуҷудро амре айнӣ ва асил, ва моҳиятҳоро эътибороти зеҳн бидонем, ҷойи ин гуфтугӯ ҳаст, зеро вуҷуд аз лиҳози зеҳни мо мафҳуми воҳиде беш нест ва бояд таҳқиқ кард, ки оё ҳақиқати вуҷуд, ки ториди адам ва ташкилдиҳандаи хориҷ аст, воҳид аст ё касир? Агар воҳид аст, чӣ гуна амри воҳид мин ҷамиъил-ҷиҳот маншаи интизоъи моҳиятҳои касираи мутабойина шуда? Яъне, чаро зеҳни мо анвоъи касира ва афроди мухталифа дарёфт мекунад? Ва агар касир аст, касрат дар вуҷуд чӣ наҳв аст ва дар ин сурат чаро вуҷуд беш аз мафҳуми воҳид дар зеҳни мо надорад?

Бо таваҷҷӯҳ ба шакле, ки ин масъала рӯйи асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият ба худ мегирад, ва бо таваҷҷӯҳ ба назариёти умдае, ки дар ин ҷо иброз шуда метавон ин масъаларо ба ин сурат тарҳ кард: оё ваҳдати маҳз бар воқеият (вуҷуд) ҳукмфармост ё касрати маҳз ё ҳам ваҳдат ва ҳам касрат?

Дар боби ваҳдат ва касрати вуҷуд се назария аст:

(1) Ваҳдати вуҷуд;

(2) Касрат ва табоюни вуҷудот;

(3) Ваҳдат дар айни касрат ва касрат дар айни ваҳдат (ташкики вуҷуд).

* * *

Ваҳдати вуҷуд

Ин назария бо ин шакл, ки бо таваҷҷӯҳ ба эътиборияти моҳият иброз шуда мансуб ба урафост.

Урафо дар назариёти худ бурҳонҳо ва истидлолоти ақлониро, ки мавриди эътимоди фалосифа аст роҳнамои худ қарор намедиҳанд ва ягона роҳнамои қобили итминонро “мукошифа” ва “шуҳуд” медонанд ва сиҳҳати назарияҳои хешро аз ҳамон роҳ тазмин мекунанд ва аз ин ки он назарияҳо бо қоъидаҳои ақлонӣ вифқ надиҳад, чандон ибое надоранд. Зеро мӯътақиданд, ки марҳилаи кашф фавқи марҳилаи ақл аст ва хатоҳои ақлро дар марҳилаи кашф метавон тасҳеҳ кард, ҳамон тавре, ки марҳилаи ақл фавқи марҳилаи ҳисс аст ва мо хатоҳои беҳадду ҳасри ҳиссро бо ақл тасҳеҳ мекунем.

Урафо дар назарияи ваҳдати вуҷуд низ ба ҳамон усул такя мекунанд ва мултазим нестанд, ки бо усули ақлӣ ё ҳиссӣ созгор дарояд. Лекин гоҳе барои илзом ва ифҳоми фалосифа, бо усул ва қоъидаҳои ақлонии фалсафӣ назарияи фалосифаро нақз ва назарияи хешро таъйид мекунанд ва аҳёнан бо тарзи истидлоли муҳкаме вориди майдони мубориза мешаванд, ки фалосифаро ба зону дармеоваранд.“Мо наҳну фия” (яъне, масъалаи мавриди назари мо) яке аз он маворид аст, ва рӯйи ҳамин ҷиҳат аст, ки мо назарияи урафоро дар инҷо овардем.

Истидлоли урафо бар “ваҳдати вуҷуд” аз роҳи мусовӣ будани вуҷуд бо “вуҷуби зотӣ” ва мусовӣ будани вуҷуби зотӣ бо ваҳдат мин ҷамиъил-ҷиҳот аст. Дар ҳақиқат истидлоли урафо аз ду муқаддима ва як натиҷа ташкил шуда, ба ин тартиб:

(1) Вуҷуд мусовӣ бо вуҷуби зотӣ аст;

(2) Вуҷуби зотӣ мусовӣ бо ваҳдат мин ҷамиъил-ҷиҳот аст;

Натиҷа: пас вуҷуд мусовӣ бо ваҳдат мин ҷамиъил-ҷиҳот аст.

Бе тардид, ҳар ду муқаддима ҷолиби тааммул ва тааммуқи бисёре аст. Роҷеъ ба ин ки оё вуҷуд мусовӣ бо вуҷуби зотӣ аст (муқаддимаи аввал) ё на, дар охири ин мақола ишорае шуда ва дар мақолаи ҳаштум, ки аз “зарурат ва имкон” баҳс мешавад ва махсусан дар муқаддимаи муфассале, ки барои он мақола навишта шуда, машрӯҳан баҳс хоҳад шуд. Ва роҷеъ ба ин ки оё вуҷуби зотӣ мусовӣ бо ваҳдат аст (муқаддимаи дуввум) ё на, яъне ин ки лозимаи вуҷуби зотӣ ваҳдоният аст, дар мақолаи 14 он ҷо, ки дар “тавҳиди воҷибулвуҷуд” баҳс мекунем, таҳқиқ хоҳад шуд.

Ва умда чизе, ки истидлоли урафоро заъиф мекунад, ҳамоно матолибест, ки дар мақолаи ҳаштум роҷеъ ба мусовиқати вуҷуд бо вуҷуби зотӣ хоҳад омад. Ва албатта дар зимни баёни назарияҳои дуввум ва севвум, роҳҳои ишколоти хоссе, ки бар истидлоли урафо ворид аст, тавзеҳ дода хоҳад шуд.

Яке аз ҷиҳоте, ки мӯҷиб шуда Шайхи Ишроқ ба эътиборияти вуҷуд раъй бидиҳад, ҳамон аст, ки заминаи муқаддимаи аввали истидлоли урафоро ташкил медиҳад, яъне Шайхи Ишроқ дида агар вуҷудро асил ва айнӣ бидонад, ночор аст, ки вуҷудро мусовӣ бо вуҷуби зотӣ бидонад, ва чун мусовӣ будани вуҷуд бо вуҷуби зотӣ барояш ғайри қобили қабул буда, ба эътиборияти вуҷуд назар дода.

Вале ҳақиқат ин аст, ки “асолати вуҷуд” матлабе нест, ки қобили инкор бошад, ва мавзӯи мусовӣ будани вуҷуд бо вуҷуби зотӣ роҳи ҳалли дигаре дорад, ки дар муқаддимаи мақолаи ҳаштум машрӯҳан хоҳад омад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: