Reuters: “Шоҳи Арабистон дар ояндаи наздик ба нафъи писараш канорагирӣ мекунад”

Хабаргузории Reuters ба нақл аз як манбаи наздик ба Оли Сауд эълом кард, ки подшоҳи Арабистон баёнияи интиқоли қудрат ба писарашро ба сурати забтшуда омода карда ва эҳтимолан моҳи сентябр канорагирии худро эълом хоҳад кард.

Бар асоси ин гузориш, Малик Салмон, ки 21 июни соли ҷорӣ Муҳаммад бен Ноифро аз валиаҳдӣ азл ва писараш Муҳаммад бен Салмонро ба ин мақом насб карда буд, иллати азли Муҳаммад бен Ноифро “эътиёд ба доруҳои мусаккин” унвон кардааст.

Як манбаи наздик ба Муҳаммад бен Ноиф гуфт, ки ба рағми хости вай барои интиқоли худ ва хонаводааш ба Суис (Швейтсария) ё Ландан, подшоҳи Арабистон ва писараш бо ин дархост мухолифат карда ва аз он замон вайро дар ҳабси хонагӣ таҳти назари муҳофизони ҷадид қарор додаанд.

Ба гузориши Reuters, эъломи валиаҳдии Муҳаммад бен Салмон аз сӯи бархе мақомҳои арабистонӣ ва ғарбӣ пешбинӣ шуда буд, аммо бисёр зудтар аз пешбинии онон иттифоқ афтод.

Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад бен Салмон аз замони ба қудрат расидани Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, барои хунсосозии ҳимояте, ки валиаҳди пешин дар миёни ниҳодҳои иттилоотӣ ва амниятии Вошингтун ба далели тавфиқ дар мубориза алайҳи Алқоъида дошт, тамосҳое бо Вошингтун барқарор кард.

Иртиботи муҳкаме, ки миёни Бен Салмон бо домод ва мушовири Тромп Ҷорид Кушнер (Jared Kushner) эҷод шуд, боиси пешрафти вай дар нақшааш барои хориҷ кардани Муҳаммад бен Ноиф аз қудрат шуд.

Ба гузориши Reuters, бо суъуди ногаҳонии Муҳаммад бен Салмон, сӯҳбатҳое мабнӣ бар тасмими Малик Салмон барои канорагирӣ аз қудрат ба нафъи писараш дар миёни диплумотҳо ва мақомҳои саудӣ ва араби радду бадал мешавад.

Як манбаи саудӣ ба нақл аз як шоҳид дар Кохи Оли Сауд гуфт: “Малик Салмон дар моҳи ҷорӣ баёнияеро, ки дар он интиқоли қудрат ба писарашро эълом мекунад, забт ва омода карда ва ин баёния мумкин аст ҳар замоне, эҳтимолан моҳи сентябри соли ҷорӣ, ба сурати умумӣ мунташир шавад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: