Ислом ва Эронзамин (43)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (6)

Нашр ва таблиғи ислом

Масъалаи интишори ислом дар ҷаҳон ва кайфият ва иллатҳои он, худ масъалае муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ аст. Бадеҳист, ки фитрӣ ва мантиқӣ будани ин дин ва ҳамоҳангии он бо навомиси зиндагӣ омили асосии интишори он аст.

Мубаллиғони масеҳӣ ҷангҳои садри исломро дастовез қарор дода, омили нашр ва тавсиъаи исломро зӯру ҷабр муаррифӣ мекунанд. Агар дар ҷавҳари як даъвати динӣ қудрати иқноъи виҷдонҳо вуҷуд надошта бошад, маҳол аст, ки зӯру ҷабр битавонад дар мардум имону алоқа ва шӯру эҳсосот ба вуҷуд оварад. Оре, дар садри ислом ҷангҳое сурат гирифт ва ислом ба ҳукми ин ки динест иҷтимоӣ ва танҳо масъулияти саодати фардии башарро бар ӯҳда нагирифтааст, балки масъулияти саодати ҷамъии башарро низ таъаҳҳуд кардааст, ба илова тафкики саодати фардӣ аз саодати ҷамъӣ ва асли “Кори Қайсарро ба Қайсар ва кори Худоро ба Худо вобигузор”-ро нодуруст медонад, қонуни ҷиҳодро ҷузъи дин қарор дод ва амалӣ кард. Аммо бояд дид, ҳадафи ислом аз ҷиҳод чист ва мусалмонони садри аввал бо чӣ табақае ҷангиданд? Он ҷангҳо қудратро аз чӣ табақае гирифт ва чӣ табақаеро озод кард?

Гузашта аз ҳамаи инҳо, муҷоҳидини ислом ба чӣ манотиқе рафтанд? Ва чӣ манотиқи мусалмоннишини имрӯз ҳаст, ки ҷангу ҷиҳоде дар онҷо сурат нагирифта ва аксари сарзаминҳои исломӣ ва ҳамчунин сарзаминҳое, ки мусалмонон ба сурати ақаллият дар онҷо зиндагӣ мекунанд, пойи сарбозони исломӣ ба онҷо нарасидааст.

Нашру тавсиъаи ислом ба таври табиӣ ва оддӣ сурат гирифтааст. Дар бахши аввали китоб дар бораи худи Эрон шарҳ додем, ки чӣ гуна эрониён тадриҷан (хусусан дар давраи уфули сиёдати сиёсии аъроб) исломро пазируфтанд ва зартуштигарӣ дар қуруне аз ислом шикасти қатъӣ хӯрд, ки Эрон истиқлоли сиёсии хешро бозёфта буд ва ҳеч нерӯе наметавонист Эронро маҷбур ба тарки дини худ кунад.

Масъалаи муҳим дар нашри даъвати исломӣ, ки исломро аз масеҳият ва монавият ва соири даъватҳое, ки интишори васеъ ё сареъ доштаанд мумтоз мекунад, ин аст, ки авомили таблиғи ислом тӯдаи мардум будаанд, на як дастгоҳи тавилу аризи таблиғотӣ. Тӯдаҳои мардум сирфан таҳти таъсири ангезаҳои виҷдонӣ бидуни он ки бихоҳанд вазифаеро, ки аз тарафи як созмони руҳонӣ ё ғайрируҳонӣ ба онҳо муҳаввал шуда анҷом диҳанд, ба нашру таблиғи ислом пардохтаанд. Ва ин ҷиҳат аст, ки арзиши фавқулъодае ба интишори ислом медиҳад. Дар ин ҷиҳат ислом берақиб аст.

Мо наметавонем дар инҷо як-яки сарзаминҳои исломиро матраҳ кунем ва кайфият ва авомили нашри исломро баррасӣ намоем. Ин кор аввалан аз ҳадафи ин китоб берун аст. Сониян, вақту фурсат ва татаббӯъи бештаре мехоҳад. Мо дар инҷо нақши эрониёнро, ки нақши умда аст, дар нашру таблиғи ислом баррасӣ мекунем. Ва ҳамин метавонад намунаи хубе аз кайфияти нашри ислом дар ҷаҳон бошад.

Имрӯз тибқи омор ва баррасиҳои мустанади ахир, ҷамъияти мусалмонон дар ҳудуди 900 милюн тахмин зада мешавад ва ҷамъияти Эрон дар ҳудуди 35 милюн аст. (Омори додашуда марбут ба замони нигориши китоб аст, яъне даҳаи 50 қарни 20-ум). Ҳамин мардуме, ки худашон дар ҳоли ҳозир камтар аз 40 милюн нафаранд, дар исломи ниме аз мусалмонони ҷаҳон саҳми муҳимме доранд. Яъне лоақал яке аз мабодӣ ва муқаддамоти исломи онҳо даъватҳо ва таблиғотест, ки аз Эрон бархостааст.

Наздики як севвуми мусалмонони ҷаҳон дар Андунезӣ ва Покистон ва Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд. Чӣ гуна шуд, ки мардуми ин сарзаминҳо мусалмон шуданд? Оё эрониён дар исломи ин манотиқ саҳме доштаанд? Аз Андунезӣ оғоз мекунем:

Дар китоби “Растохези Андунезӣ” фасли марбут ба “Дин дар Андунезӣ” менависад:

Тулӯъ ва нуфузи мазҳаби ислом низ ба ҳамон тариқе, ки барои соири мазоҳиб (ҳинду, будоӣ) баён шуд, сурат гирифт. Мунтаҳо ин бор ба василаи ду тоҷири араби эронинажод ба номи Абдуллоҳ Ариф ва Бурҳонуддин, шогирди вай, ки аз бозаргонони муқими Гуҷурот (воқеъ дар ҷануби ғарбии Ҳиндустон) буданд. Бозаргонони мазбур, ки ба ҷануби шарқии Осиё рафту омад мекарданд, маориф ва фарҳанги барҷастаи исломиро дар минтақаи амали худ мунташир ва тавсиъа доданд.” (Растохези Андунезӣ, с.30)

Ҳамчунин менависад:

Фаъолиятҳои алании мусалмонон дар Сумотро, ки доманаи фаъолияти он ба Ҷова ва Колимантон кашида шуда буд, мунҷар ба ихтилофоти шадид байни мардуми мусалмон ва ҳукумати мазҳабии будоиҳо дар қуруни 13 ва 14 мелодӣ шуд, ки билохира мунҷар ба суқути имперотурии “Мучупоҳт” гардид ва Андунезӣ барои муддати як қарн маркази таблиғоти исломӣ дар ҷануби шарқии Осиё шинохта шуд. Ва ин бештар ба воситаи усули ахлоқӣ ва руҳонии дини ислом буд, ки бар пояи муҳаббат ва амонат ва адолат ва ухувват ва баробарӣ ва мусовот ва соири малакоти фозила устувор буд. Ва ин хасоис мувофиқи табъ ва қабули мардуми бумӣ ва одоти ниёгони онон буд. Лизо мардуми Андунезӣ пас аз садҳо сол пайравӣ аз дини Будо, дар андак замоне аз дини ҷадид истиқбол намуданд… Бо пешрафти ислом, мазоҳиб ва фарҳанги браҳмоӣ ба манотиқи кӯҳистонӣ ва деҳоти дурафтодаи машриқи Ҷова ақиб ронда шуд. Дар ин қабил амокин ҳам ақоиди будоӣ ва шивоӣ ва мӯътақадоти қадимии аҳолии бумии Андунезӣ беш аз пеш бо ҳам мамзуҷ ва таркиб гардид, вале мазҳаби ислом ҳамчунон дар пешрафт буд ва ҳар куҷо арза мешуд, соири мазоҳибро таҳтушшуъои худ қарор медод.” (Ҳамон манбаъ, сс.31-32)

Дар ҳамон китоб менависад, ки дуктур Сукорну дар нутқи худ гуфт:

Шарофат, садоқат, баробарӣ, дурустӣ. Ин аст он чӣ ислом барои мардуми Андунезӣ ба армуғон овард.” (Ҳамон манбаъ, с.28)

Дар китоби “Ислом; сироти мустақим”, ки ба қалами ҷамъе аз донишмандони кишварҳои мухталифи исломӣ таълиф ёфта ва маҷмӯъан ба форсӣ тарҷума шудааст, мақолаи “Ислом дар Андунезӣ” ба қалами Ҳусайн Ҷоҷо Нингрот, устоди улуми исломии Донишкадаи адабиёти Андунезӣ чунин менависад:

Қадимитарин санади торихии мавҷуд, ки дар он зикре аз ривоҷи ислом дар Андунезӣ шудааст, ҳамоно хотирот ва шарҳи сафарҳои Марко Пулу аст, ки баъд аз солҳо хидмат дар дарбори Қублой Қоон дар Чин мавқеи муроҷиат ба Вениз (Венетсия) ба соли 692 ҳиҷрӣ дар ноҳияи Порлок, соҳили шимолии Сумотра таваққуф ва мушоҳида кард, ки мардуми он ноҳияҳо дар асари таблиғи савдогарони Соросин ба ислом гаравидаанд… Ибни Баттута (вафотёфтаи 779 ҳиҷрӣ) ҷаҳонгарди маъруфи марокашӣ дар соли 746 ҳиҷрӣ мавқеъи мусофират ба Чин, аз Сомудро дидан намуд ва дар он ҳангом Султон Малик Заҳир, наваи Малик Солеҳ, подшоҳи он ноҳия буд. Вай мегӯяд, аз истиқрори дини ислом дар он замон тақрибан як қарн мегузашт, ва аз тавозӯъ ва зуҳд ва диндории Султон, ки монанди мардуми онҷо пайрави мазҳаби шофеӣ буд, матолибе дар сафарномаи пурарҷи худ навиштааст. Малик Заҳир маҷолиси баҳсу ҷидол дар бораи матолиби динӣ ва қироати Қуръон бо ҳузури уламо ва мутакаллимин тартиб дода буд ва пиёда ба намози ҷумъа мерафт ва гоҳу бегоҳ бо куффори ноҳияҳои дохилӣ меҷангид.”

Дар мақолаи номбурда сипас дар бораи 9 нафар, ки ба “муқаддасини нӯҳгона” маъруфанд ва исломро дар Андунезӣ тарвиҷ карданд сухан меронад. Он гоҳ мегӯяд, яке аз онҳо ба номи Се Ситӣ Ҷинор ақоиди сӯфиёнае назири ақоиди Ҳаллоҷ дошта ва мавриди инкори дигарон будааст, ва сипас инчунин ба сухани худ идома медиҳад:

Агарчӣ ақоиди Се Ситӣ бо ақоиди Ҳаллоҷи эронӣ комилан шабоҳат дорад, вале ин амр далел намешавад, ки ислом аз тариқи Эрон ба Ҷова омада бошад. Аммо ба таври мусаллам метавон гуфт, исломе, ки дар Ҷова ривоҷ дорад аз Эрон ба Ҳинди ғарбӣ ва сипас ба Сумотра омадааст. Барои таъйиди матлаби фавқ мисоли дигаре низ метавон овард; аз ин қарор, ки рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррам шиъаён ба хотири рӯзи шаҳодати Ҳусайн ибни Алӣ (алайҳис салом) азодорӣ мекунанд ва маҷолиси сӯгворӣ тартиб медиҳанд. Дар Андунезӣ низ ғизое таҳия мекунанд ба номи “Бубуд Суро”, ки шояд аз луғати ошурои эронӣ, ки ҳамоно даҳуми моҳи Муҳаррам мебошад гирифтаанд. Дар Ҷова низ Муҳаррамро “Суро” номанд. Нуфузи боризи шиъаро дар ноҳияи Атҷа воқеъ дар шимоли Сумотра метавон мушоҳида кард ва дар онҷо Муҳаррамро “Моҳи Ҳасан Ҳусайн” мегӯянд… Аз далоили дигаре, ки дар исботи нуфузи ислом аз роҳи Эрон ба Андунезӣ метавон зикр кард, ин аст, ки дар Андунезӣ ҳангоми омӯхтани тарзи саҳеҳи қироати Қуръон, барои нишон додани ҳуруфи мусаввити алифбои арабӣ истилоҳоти форсӣ ба кор мебаранд, на арабӣ. Нишонаҳои дигаре низ аз таъсири фарҳанги эронӣ дар зимни мутолеоти осори Андунезӣ метавон ёфт.” (Ислом; сироти мустақим, сс.466-467)

Оқои пруфусур Исмоил Яъқуб, раиси Донишгоҳи Суробоии Андунезӣ, ки дар кунгираи ҳазораи Шайх Тӯcӣ дар рӯзҳои охири исфанди 48 ва аввали фарвардини 49 ширкат карда буд ва инҷониб низ ифтихори ширкат дар он кунгираро дошт, дар суханронии худ таҳти унвони “Нақши донишмандони эронӣ дар фарҳанг ва маорифи исломӣ ва мероси илмии ҷаҳон” чунин изҳор дошт:

Номи Форс, ки дар ҳадиси шарифи набавӣ омада ва имрӯз Эрон хонда мешавад, дар миёни мо мусалмонони Андунезӣ комилан машҳур аст, зеро мо ба хубӣ медонем, ки дини ислом ба василаи мубаллиғоне, ки аз хориҷ ва аз ҷумла Эрон омаданд, вориди ҷазоири Андунезӣ шуд. Мубаллиғони эронӣ ба Андунезӣ омаданд ва ойини исломро дар саросари ин кишвар нашр доданд, то ҷое, ки имрӯз кишвари Андунезӣ, ки дорои 110 милюн нуфус аст, 90 дарсади он мусалмон ҳастанд.” (Китоби ҳазораи Шайх Тӯсӣ, ҷ.1, с.159)

Нуфузи ислом дар Ҳиндустон ва Покистон низ то ҳадди зиёде марҳуни талошҳои эрониён будааст. Мақолаи оқои Азизуллоҳ Аторудиро қаблан таҳти унвони “Фаъолияти исломии эрониён” нақл кардем. Аз он чӣ дар онҷо гуфта шуд метавон ба мизони таъсири эрониён дар нуфузи ислом дар Ҳинд ва Покистон пай бурд. Ислом бештар ба василаи мутасаввифаи эронӣ ва ғайриэронӣ дар Ҳинд ва Покистон нуфуз пайдо кард.

Дар китоби “Ислом; сироти мустақим” мақолаи “Фарҳанги исломӣ дар Ҳинд ва Покистон” ба қалами оқои Мазҳаруддин Сиддиқӣ, донишёр ва раиси доираи торихи исломии Донишгоҳи Синди Ҳайдаробод чунин менависад:

Арабҳо муддатҳо қабл аз зуҳури ислом бо Ҳинди ҷанубӣ равобити тиҷоратӣ доштанд ва пас аз зуҳури Паёмбари Акрам низ тиҷорати онҳо аз тариқи дарё тавъам бо фаъолиятҳои таблиғотӣ ҳамчунон идома дошт. Дар фосилаи соли панҷоҳ то охирҳои қарни аввали ҳиҷрӣ, ки Ҳинд дучори ошӯбҳои сиёсӣ ва мунозиъоти мазҳабӣ буд, арабҳои тозамусалмон фурсатро ғанимат шумурда бад-он сарзамин муҳоҷират карданд ва дар савоҳили Молобор раҳли иқомат афканданд. Соддагии ойин ва вузуҳи ақоиди исломӣ таъсири амиқе дар афкори ҳиндувон кард ва дар андак замоне, яъне дар ҳамон муддати 25 соли аввал гурӯҳи касире аз онон ҳатто султони Молобор низ ба дини ҷадид гаравиданд. Агарчӣ тиҷорати арабҳо бо Ҳинд аз тариқи дарё анҷом мегирифт, вале диёнати ислом бештар аз роҳи хушкӣ яъне мамолики Эрон ва Осиёи Марказӣ бад-он хитта роҳ ёфт.”

Ҳамчунин менависад:

Сӯфиён беш аз уламои мазҳабӣ маҳбубият доштанд, зеро аз дахолат дар умури сиёсӣ иҷтиноб менамуданд ва ҳол он ки уламо гоҳ-гоҳе маҳдудиятҳое дар кори салотин эҷод мекарданд. Фармонравоёни Деҳлӣ умуман мурид ва ҳаводори сӯфия буданд. Солор Масъуд Ғозӣ ва Шайх Исмоил, ду сӯфии машҳуре, ки дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ ба Ҳиндустон омаданд, алорағми ҳуккоми ғайримусалмони он аср ҳазорон нафар аз ҳиндувонро мусалмон карданд. Сӯфии бузурги дигаре ба номи Муъинуддин, ки дар Самарқанд таваллуд ёфта ва каме қабл аз силсилаи ғӯрӣ ба Ҳинд омада буд, тариқаи сӯфиёни Чаштияро дар он сомон бунён ниҳод, ки имрӯз низ ин тариқа яке аз бузургтарин тариқаҳои тасаввуф дар Покистон ва Ҳинд ба шумор меравад. Қабри вай дар Аҷмир ҳамасола зиёратгоҳи садҳо ҳазор мусалмону ҳиндуст. Тариқаи Сӯҳравардия, ки мутаоқиби Чаштия дар Ҳинд ба вуҷуд омад, аз ҷиҳати мулоҳиза ва таъкиди зиёд дар анҷоми дастуроти динӣ бо Чаштия ихтилофи салиқа дошт, зеро Сӯҳравардия бо анвоъи рақсу самоъи махсус, ки дар соири фирақи сӯфия мутадовал буд, мухолифат мекарданд. Илова бар инҳо, ду тариқаи машҳури дигар низ ба номҳои Қодирия ва Нақшбандия дар давраи пеш аз муғул ба Ҳинд омада ва нуфузи комил ба даст оварданд.” (Ҳамон мадрак, с.365)

Ин сӯфиён, ки исломро дар он минтақа нашр доданд, умуман ва ё ғолибан эронӣ буданд.

Роҷеъ ба Муъинуддини Чаштӣ, ки номаш дар гуфтаи боло омадааст, назар ба таъсири фавқулъодае, ки ин марди эронии орифмашраб дар исломи қорраи Ҳинд доштааст, мо айни навиштаи донишманди мутатаббеъи муҳаққиқ ҷаноби оқои Азизуллоҳи Аторудиро, ки махсусан барои ин китоб таҳия кардаанд, зимни изҳори сипосгузорӣ аз эшон дар инҷо нақл мекунем.

Эшон зимнан аз як орифи эрониюласли маъруфи дигар ба номи Низомуддин Авлиё, ки ӯ низ таъсири азиме дар исломи қорраи Ҳинд доштааст ёд кардаанд, ки айнан оварда мешавад:

“Хоҷа Муъинуддини Чаштии Ҳиравӣ дар қарни шашуми ҳиҷрӣ дар Систон (ё, Самарқанд) мутаваллид шуд ва дар ҳамонҷо ба фаро гирифтани илму дониш пардохт ва сипас ба Чашти Ҳирот муҳоҷират кард ва дар ин шаҳр ба риёзат машғул гардид ва аз ин рӯ ба Чаштӣ маъруф шуда. Вай пас аз муддате иқомат дар Чашт озими Тӯс гардид ва дар Тобарон, дар хонақоҳи Хоҷа Усмони Ҳорунӣ, ки яке аз машойихи бузурги Хуросон буд раҳли иқомат афканд ва дар онҷо дар назди Хоҷа Усмон ба такмили мақомоти ирфонӣ ва руҳонӣ машғул шуд ва саранҷом дасти иродат ба Хоҷа Усмон дод ва дар зумраи хулафои вай қарор гирифт.

Хоҷа Муъинуддин аз Тӯс раҳсипори Бағдод гардид ва муддате дар ин шаҳр, ки дар он рӯзгор аз марокизи муҳимми улум ва маорифи исломӣ буд таваққуф кард ва аз машойихи онҳо низ бисёр истифода кард ва худ низ маҷлиси тадрис ва иршод ташкил дод. Гурӯҳе аз ӯ истифода карданд ва чанде низ дар ҳарамайни шарифайн ва Шом ва Миср гардиш намуд ва халоиқи бисёре аз ӯ иҷоза гирифтанд ва аз маҷлиси илмӣ ва ирфонии ӯ истифода бурданд.

Дар оғози қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ Султон Шаҳобуддини Ғурӣ аз мавтини аслии худ дар Фирӯзкӯҳ, ки дар миёни кӯҳистонҳои сар бар осмон кашидаи Ғур дар машриқи Ҳирот қарор дорад, ба Ҳиндустон лашкар кашид. Вай пас аз ин ки Лоҳурро аз бозмондагони салотини ғазнавӣ гирифт, ба тарафи Деҳлӣ ҳаракат кард ва пас аз чанде Деҳлиро фатҳ намуд ва онҷоро пойтахти худ қарор дод. Пас аз ин ки ноҳияи Панҷоб ба тасарруфи мусалмонон даромад ва нуфузи ислом дар он манотиқ барқарор гардид, гурӯҳе аз донишмандон ва раҳбарони мусалмонон барои тарвиҷ ва таблиғи дини муқаддаси ислом ба Панҷоб ва Роҷистон муҳоҷират карданд ва ба фаъолиятҳои динӣ ва мазҳабӣ машғул шуданд. Хоҷа Муъинуддин дар ин ҳангом ҳамроҳи салотин ва умарои ғурӣ ба Ҳиндустон рафт ва дар шаҳри Аҷмир дар минтақаи Роҷистон сокин гардид. Хоҷа дар Аҷмир муассисоти исломӣ дуруст кард ва мадорис ва масоҷиде бунёд ниҳод ва ба тадрис ва таблиғи мабонии исломӣ машғул гардид.

Хоҷа Муъинуддин аз тариқи тасаввуф ва ирфон, ки бо руҳ ва фикри мардуми Ҳинд созгор буд, мавзӯъоти диниро илқо мекард ва дар андак муддате шӯҳрати азим ёфт ва мардум аз атрофу акноф перомуни вайро гирифтанд ва аз вуҷуди вай истифода карданд.

Подшоҳон ва умарои исломии Ҳинд фавқулъода ба вай эҳтиром мекарданд. Барои Хоҷа Муъинуддин васоили пешрафт аз ҳар ҷиҳат фароҳам гардид ва ӯ тавонист милюнҳо нафар аз бутпарастони Ҳиндро ба тавҳид роҳнамоӣ кунад ва аз баракати вай дини муқаддаси ислом дар шимол ва мағриби Ҳинд пеш равад. Муъинуддин шогирдони зиёде тарбият кард ва онон ҳар кадом дар минтақаи худ масдари хадамоти арзандае шуданд. Қутбуддин Бахтиёр Кокӣ ва Фаридуддин Ганҷшикар аз шогирдон ва тарбиятшудагони ӯ ҳастанд, ки маншаи осор ва хадамоти исломӣ шуданд.

Хоҷа Муъинуддин пас аз муддате фаъолият ва таъсиси созмонҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар шаҳри Аҷмир дида аз ҷаҳон фурӯ баст. Мусалмонон пас аз даргузашти ӯ барояш мақбараи муҷаллал ва бошукӯҳе сохтанд, ки пас аз ҳашт қарн ҳанӯз побарҷост ва яке аз мазороти дараҷаи аввали мусалмонон дар Ҳинд ба шумор меравад. Салотини мусалмони Ҳинд аз асри Носируддини Халаҷӣ то замони Низом Ҳайдаробод, ҳар кадом дар онҷо аз худ ёдгоре гузоштаанд. Дар айвон ва равоқҳо ва дохили мақбара ашъори зиёде ба забони форсӣ — ки забони расмии мусалмонони Ҳинд буд — навишта шуда, ки инак чанд байт дар зайл ба назари хонандагони мӯҳтарам мерасад:

Хоҷаи хоҷагон Муъинуддин,

Ашрафи авлиёи рӯйи замин.

Дар ҷамолу камоли ӯ чӣ сухан,

Ин мубайян бувад ба ҳисни ҳасин.

Матлаъе дар сифоти ӯ гуфтам,

Дар иборат бувад чу дар самин.

Эй дарат қиблагоҳи аҳли яқин,

Бар дарат меҳру моҳ, суда ҷабин.

Рӯй бар даргаҳат ҳаме соянд,

Садҳазорон малик чу хусрави Чин.

Ходимони дарат ҳама ризвон,

Дар Сафо равзаат чу хулди барин.

Зарраи хоки ӯ абири сиришт,

Қатраи оби ӯ чу моъи маъин.

Салотини темурии Ҳиндустон ба Хоҷа Муъинуддин бисёр иродат доштанд. Ҷалолуддин Акбар якбор аз Огра пойтахти худ пиёда барои зиёрати Муъинуддин ба Аҷмир рафт. Ва мусалмонони Ҳинд аз аҳли ташайюъу тасаннун ба вай алоқа доранд ва ҳарсола дар моҳи Раҷаб маҷлиси азиме ба ёди вай баргузор мешавад ва садҳо ҳазор нафар аз атрофу акнофи кишвари паҳновари Ҳинд дар Аҷмир иҷтимоъ мекунанд ва аз хадамот ва заҳамоти исломии вай таҷлил ва такрим менамоянд. Шарҳи ҳол ва осори вай дар тазкираҳо машрӯҳан зикр шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: