Мо инҷо мондагорем…

Низор Қаббонӣ, шоири номдори араб, дар ситоиши муқовимати Фаластин ва маҳрумиятҳои мардуми дардманди он диёри муқаддас шеърҳои дурахшоне сурудааст. “Симфунии панҷуми ҷануб” ва “Кӯдакони санг” аз машҳуртарин ашъори ӯст.

Дар зайл як намуна аз ашъори ӯ оварда мешавад. Ин шеъри ба истилоҳ нав, ба арабист, вале тарҷумаи форсиаш оварда мешавад:

(1)

(Хитоб ба ишғолгарон)

Миллати моро

Миллате сурхпӯст напиндоред!

Мо инҷо мондагорем…

Инҷо сарзамини мост,

Аз сапедадами умр инҷо будаем,

Инҷо бозӣ кардаем…

Ошиқ шудаем…

Ва шеър навиштаем…

Мо реша дорем дар оброҳаш

Чун гиёҳони дарё,

Реша дорем дар таърихаш,

Дар нони нозукаш,

Дар зайтунаш,

Дар гандуми зардгунаш…

Реша дорем дар виҷдонаш,

Мондагорем дар озару нисонаш,

Мондагорем чун нақш бар фӯлодаш,

Мондагорем дар паёмбари волояш,

Дар Қуръонаш

Ва даҳ фармонаш…

(2)

Бар пирӯзӣ сармаст набошед!

Холидро бикушед,

Амр хоҳад омад.

Гулеро нобуд кунед,

Атр хоҳад монд.

3)

Аз бешаҳо

Чун ҷин бар шумо юриш меоварем,

Аз сандалиҳои утубусҳо,

Аз ҷаъбаҳои сигор,

Аз ҳалабиҳои бензин,

Аз санги гӯри мурдагон,

Аз гаҷҳо… аз тахтаҳо…

Аз гесувони духтаракон…

Аз тироҳанҳо…

Аз дегҳои бухор…

Аз чодарҳои намоз…

Аз баргҳои Қуръон,

Бар шумо ворид мешавем

Аз сатрҳо ва оёт

Аз чанги мо гурезатон нест,

Ки мо парокандаем дар бод…

Ва дар об

Ва дар гиёҳ,

Ва мо танидаем дар рангҳо ва садоҳо

Гурезатон нест

Гурезатон нест,

Ки дар ҳар байте туфангест

Аз каронаи Нил

То Фурот…

(4)

Ҳаргиз бо мо нахоҳед осуд…

Ҳар куштае назди мо

Ҳазор бор хоҳад мурд.

(5)

Ҳамеша дар интизори мо бошед,

Дар ҳар он чи ногаҳонист

Мо дар ҳамаи фурудгоҳҳо ҳастем…

Ва дар ҳамаи билетҳои сафар…

Дар Рим… ва дар Сурих

Аз зери санг мерӯйем

Аз пушти муҷассамаҳо сар бармекашем

Ва ҳавзчаҳои гул…

Мардони мо бегоҳ сар мерасанд,

Дар хашми озарахш ва дар рагбори борон

Дар ъабои паёмбар меоянд…

Ё дар шамшери асҳоб…

Занони мо…

Ранҷҳои Фаластинро бар ашки дарахт нақш мезананд

Кӯдакони Фаластинро дар виҷдони башар дафн мекунанд

Занони мо…

Сангҳои Фаластинро ба сарзамини моҳ мебаранд.

(7)

Дар ёд бисупоред…

Ҳамеша дар ёд бисупоред…

Ки Омрико бо ҳамаи тӯшу тавонаш

Худойи азизи тавоно нест,

Ва Омрико бо ҳамаи озоргариаш

Ҳаргиз парандагонро аз парвоз бознатавонад дошт.

Гоҳе боруте кучак

Дар дасти кӯдаке хурд

Инсони бузургро ба хоку хун хоҳад кашид.

(8)

Он чи миёни мо ва шумост,

Ба як сол ба сар намерасад,

Ба панҷ сол ба сар намерасад,

Ё ба даҳ сол, ё ҳазор сол

Набардҳои раҳоибахш

Монанди рӯза дерпоянд,

Ва мо бар синаҳотон мемонем

Чунон нақш бар санг,

Мемонем дар овои новдонҳо, дар болҳои кабӯтарон

Мемонем дар хотираи хуршед, ва дар дафтари рӯзгорон

Мемонем дар бозигӯшии кӯдакон, дар хатт-хаттӣ кардани дафтарҳо

Мемонем дар лабони онон, ки дӯсташон дорем

Мемонем дар махориҷи калом…

(9)

Андӯҳро фарзандонест, ки бузург хоҳанд шуд…

Дарди дерпоро фарзандонест, ки бузург хоҳанд шуд…

Ононро, ки дар Фаластин куштаед, кӯдаконест, ки бузург

хоҳанд шуд…

Хокро… маҳаллаҳоро… дарвозаҳоро фарзандонест, ки бузург

хоҳанд шуд.

Ва ҳамаи инон, ки аз сӣ сол пеш ҷамъ шудаанд

Дар утоқҳои бозҷӯӣ… дар марокизи пулис… дар зиндонҳо

Инон, ки чун ашк дар чашмҳо ҷамъ шудаанд,

Ҳамаи инон

Ҳар лаҳза ва ҳар лаҳза

Аз ҳамаи дарвозаҳои Фаластин ворид хоҳанд шуд…

(10)

Ман Фаластиниам,

Пас аз сафари гумгаштагӣ ва сароб

Чун гиёҳ аз вайронӣ сар бармекашам,

Чун озарахш чеҳраҳотонро равшан мекунам

Чун абри селосо меборам,

Шаб ҳама шаб сар бармекашам

Аз ҳаёти хона… ва аз дастгираи дарҳо

Аз барги тут… ва аз бӯтаҳои печак…

Аз биркаи об…

Ва аз ҳамҳамаи новдон…

Аз садои падарам сар бармекашам

Ва аз рухсораи модарам; хушу ҷаззоб

Аз ҳамаи чашмони сиёҳ ва мижаҳо сар бармекашам

Ва аз панҷараҳои дилдорон

Ва аз номаҳои ошиқон,

Аз роиҳаи хок сар бармекашам

Дарвозаи хонаамро мегушоям,

Вориди хона мешавам

Бе он ки мунтазири ҷавоб бимонам,

Зеро суолу ҷавоб

Худи ман ҳастам!

(11)

Меойем

Бо чафияҳои сапеду сиёҳамон,

Бар пӯстатон доғи хунбаҳо мезанем,

Аз зиҳдони рӯзгор меойем

Чунон саррез шудани об,

Аз хаймаи ҳақорате, ки ба ҳаво ҷавида мешавад,

Аз ранҷи Ҳусайн меойем…

Аз андӯҳи Фотимаи Заҳро…

Аз Уҳуд, меойем, ва аз Бадр…

Ва аз ғамҳои Карбало…

Меойем барои тасҳеҳи таъриху ашё

Ва барои пок кардани ҳуруф

Аз хиёбонҳое, ки номҳои ибрӣ доранд!



Рубрики:Забон ва адабиёт, Машоҳир, Пароканда, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: