Фалсафа ва равиши реализм (96)

Воқеият ва ҳастии ашё (10)

Табоюн ва касрати вуҷудот

Назарияи табоюн ва касрати вуҷудот назарияест, ки ибтидоъан барои ҳар кас танҳо назарияи қобили қабул ҷилва мекунад. Ҳукамо мегӯянд, мардуми авом ба ҳасби назари омиёнаи хеш, ин назарияро интихоб мекунанд.

Ин назарияро маъмулан ба ҳукамои Машшоъ ва атбоъи Арасту нисбат медиҳанд, вале аз он ҷое, ки ин масъала ба ин сурат дар назди ҳукамои пешин матраҳ набуда ва баъд аз пайдоиши назарияи урафо ин назария ба ин сурат пайдо шуда, наметавон дастаеро мудофеъи ин назария муаррифӣ кард. Дар калимоти Ибни Сино, ки “раисул-машшоин” лақаб ёфта ҷумлаҳое ёфт мешавад, ки дуруст мухолифи ин назария аст. Асосан, ин масъала ин суратро аз ноҳияи “асолати вуҷуд” ёфта ва масъалаи асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият — чунонки анқариб тавзеҳ хоҳем дод — дар назди ҳукамои пешин матраҳ набуда, пас чӣ гуна мумкин аст он даста аз ҳукамо дар ин масъала назарияеро сареҳан интихоб карда бошанд?!

Ба ҳар ҳол, мутобиқи ин назария “малаъ”-и хориҷро “вуҷудот” ташкил додааст ва ба адади анвоъи моҳиятҳо, балки ба адади афроди анвоъи моҳиятҳо, ки бар зеҳн намудор мешавад, вуҷудот аст ва ҳар вуҷуд биззот мубойин аст бо вуҷуди дигаре ва ҳеч гуна ҷинсият ва синхият ва ваҷҳи иштироке байни вуҷудот наметавонад буда бошад. Ва танҳо ваҷҳи иштироке, ки дар кор ҳаст ин аст, ки аз ҳамаи ин умури мутакассираи мухталифа, ки ҳеч гуна таносуб ва таҷонус ва синхияте байни онҳо нест, зеҳни мо мафҳуми воҳиде ба номи “мафҳуми вуҷуд” интизоъ кардааст, ва илло байни ҳақоиқи вуҷудия ҳеч ваҷҳи ташобуҳе дар кор нест.

Ин назария шомили ду ҷиҳат аст:

(1) Вуҷуд амри воҳид мин ҷамиъил-ҷиҳот нест, ки ҳеч гуна касрате дар зоти ӯ набошад (ба хилофи назарияи аввал), балки касир ва мухталиф аст, яъне “вуҷудот” аст, ки хориҷро ташкил додаанд, на “вуҷуд”;

(2) Ин “вуҷудот”-и мутакассира ҳама бо якдигар мутабойинанд ва ҳеч гуна ваҷҳи мушобеҳат ва синхият ва ҷинсияте байни онҳо дар кор нест (ба хилофи назарияи севвум).

Далел бар қисмати аввал ин ки: ҳарчанд моҳиятҳои мутакассирае, ки бар зеҳни мо намудор мешаванд, умуре эътиборӣ ҳастанд, вале ба таври қатъ, касрати зеҳнӣ намояндаи касрати воқеии хориҷӣ аст, зеро моҳияти зеҳнӣ намояндаи вуҷуди хориҷӣ аст. Ва ҳамон тавре, ки имкон надорад воқеияти хориҷӣ дар кор набошад ва зеҳн ба газоф тасаввуре аз воқеияти хориҷӣ пеши худ ихтироъ кунад (чунонки дар мақолаи 4 гузашт), ҳамчунин имкон надорад, ки воқеияти хориҷ воҳиди маҳз бошад ва зеҳн ба газоф моҳиятҳои касира аз он воҳиди ҳақиқӣ интизоъ намояд. Ва агар вуҷуд, ки танҳо ҳақиқати айнӣ аст воҳиди маҳз буд, тасаввуроти мухталифи ҳиссӣ ва ақлии мо газоф ва билоҷиҳат буд. Пас қабули назарияи “ваҳдати вуҷуд” мусталзими такзиби ақл ва ҳисс ва инкори яке аз бадеҳитарини бадеҳиёт аст.

Далел бар қисмати дуввум ҳамоно басотати вуҷуд аст. Тавзеҳ матлаб ин ки: агар байни ду шайъ ё бештар, ваҷҳи муштарак ва милоки ваҳдате бошад, ночор бояд ваҷҳи имтиёз ва милоки касрате низ дар кор бошад. Пас, дар ҳақиқат он шайъ муаллаф бошад аз маҷмӯъи он “мо биҳил-иштирок” ва “мо биҳил-имтиёз”, ва албатта ин матлаб дар умури мураккаба содиқ аст, на дар баситҳо. Ва чунонки бо бурҳон исбот шуда ва мавриди қабули ҷамиъи ҳукамо низ ҳаст, “вуҷуд” басит аст ва имкон надорад мураккаб аз “мо биҳил-иштирок” ва “мо биҳил-имтиёз” бошад ва ин гуна таркибот аз хоссиятҳои махсуси моҳиятҳост. Пас, мумкин нест байни вуҷуде ва вуҷуди дигар ваҷҳи муштарак ва мушобеҳате дар кор бошад, пас ҳақоиқи вуҷудияи басита ҳар як ҳақиқатест ҷудо ва мустақил ва мубойин бо соири вуҷудот ва ҳеч синхияте байни онҳо дар кор нест. Ин буд истидлоле, ки бар табоюн ва касрати вуҷудот метавон иқома кард.

Ин истидлол саҳеҳ нест ва посухи он дар зимни баёни назарияи севвум, ки ягона назарияест, ки холӣ аз ишкол ва дар айни ҳол бисёр дақиқ аст, равшан хоҳад шуд.

* * *

Ваҳдат дар айни касрат ва касрат дар айни ваҳдат

Мутобиқи ин назария, вуҷуд, ки танҳо амри айнӣ ва асил аст, ҳақиқати воҳид аст, вале дорои дараҷот ва маротиби мухталифа аст. Моҳиятҳои мутакассира ва мухталифае, ки бар ақл ва ҳисс намудор мешавад, газоф ва билоҷиҳат нест, аз маротиб ва дараҷоти вуҷуд интизоъ мешавад.

Вуҷуд ба ҳамон далеле, ки зимни тақрири назарияи боло гузашт, воҳиди маҳз нест (ва) “вуҷудот” дар кор аст. Яъне назарияи урафо қобили қабул нест. Ин вуҷудот мутабойинот нестанд, балки маротиби ҳақиқати воҳиданд ва ваҷҳи муштарак ва милоки ваҳдат доранд, лекин доштани ваҷҳи муштарак ва милоки ваҳдат — ҳарчанд мусталзими доштани ваҷҳи имтиёз ва милоки касрат аст — вале мусталзими ин нест, ки ваҷҳи имтиёз муғойири ваҷҳи иштирок бошад, то бо басотати вуҷуд, ки амре мусаллам ва қатъист мунофот дошта бошад. Дар ҳақоиқи вуҷудия “мо биҳил-иштирок” аз синхи “мо биҳил-имтиёз” аст ва ихтилофи вуҷудот аз якдигар, ба шиддату заъф ва камолу нақс аст, ва асосан шиддату заъф танҳо дар мавриди маротиби ҳақиқати воҳида содиқ аст ва дар ғайри он содиқ нест.

Ҳақиқат ин аст, ки иддаъои тарафдорони назарияи дуввум мабнӣ бар ин ки “мо биҳил-имтиёз” бояд муғойири “мо биҳил-иштирок” бошад, аз қиёси вуҷуд ба моҳият ношӣ шуда. Ва ба иборати дигар, аз қиёс гирифтани воқеияти айнӣ ба мафоҳим ва маъонии зеҳнӣ ношӣ шуда, ва ҳол он ки таҷзия ва таҳлил ва таксири маъонӣ ва мафоҳим ба сурати “мо биҳил-иштирок”-ҳо ва “мо биҳил-имтиёз”-ҳои мутағойир, аз хоссиятҳои махсуси зеҳн ва маълули хоссияти маҳдуд сохтани зеҳн аст.

Хоссияти зеҳн маҳдуд сохтани воқеияти айнӣ аст, ва аз лиҳозе метавон гуфт, идрок кардан ҷуз маҳдуд сохтани воқеияти айнӣ дар зарфи зеҳн чизе нест. Ҳамчунон ки мукаррар ёдоварӣ кардаем, мутолеаи фалсафӣ дар бораи “воқеият” қабл аз шинохтани зеҳн ва кайфияти мафҳумсозии зеҳн муяссар нест. Яъне бояд аввал ҷанбаҳоеро, ки рӯйи хоссияти махсуси зеҳн барои мафоҳим пайдо мешавад ташхис диҳем, то битавонем бо дар назар гирифтани он ҷанбаҳо ба дарёфти ҳақиқии воқеият ноил шавем. Зеҳн филмасал рӯйи хоссияти махсуси худ мафҳуми “адам”-ро месозад ва ин мафҳумро ба ашёе дар зарфи хориҷ нисбат медиҳад ва ин нисбатҳо бо воқеъ ва нафсуламр мутобиқат доранд, вале ба тавре, ки медонем, адам дар воқеъ ва нафсуламр воқеияте надорад ва аз нисбат додани мартибае аз маротиби вуҷуд ба мартибае ғайр аз мартибаи воқеии худаш интизоъ мешавад, ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда: “Адам дар хориҷ нисбист ва аз нисбат додани вуҷуде, ки дар як зарф мутаҳаққиқ аст ба зарфи дигар, адам пайдо мешавад”. Пас, адам дар зарфи зеҳн ба наҳве аст ва дар хориҷ ба шакли дигар аст.

Ҳамчунин аст касрат ва табоюни мафоҳим ва моҳиятҳо дар зеҳн. Зеҳн кораш маҳдуд сохтани воқеият аст, ва ё ба таъбири дигар, кораш ҳудуд сохтан аз барои воқеият аст. Ва албатта ин ҳудуд, ки дар зеҳн ба шакли ҳадде зоҳир мешаванд, аз ҳам ҷудо ҳастанд, яъне ҳеч ҳадде ба ҳадди дигар қобили интибоқ нест ва касрат ва табоюни ҳақиқӣ байни онҳо ҳукмфармост.

Ҳукамо гуфтаанд, моҳиятҳо маноти касратанд ва байни онҳо “байнунати азалӣ” ҳукмфармост, вале воқеияти айнӣ дар зарфи хештан ҳамаи он умури мутабойинаро ба шакли дигар дар худ гунҷонидааст. Дар мақоми тамсил метавон ба дарё ва амвоҷ ва ашколе, ки дар сатҳи дарё пайдо мешавад мутамассил шуд. Ҳар як аз ашколе, ки дар сатҳи дарё пайдо мешавад, бо шакли дигар мутабойин аст, вале худи дарё, ки ин ашколу амвоҷ мазоҳир ва маҷолии ӯ ҳастанд, як ҳақиқати воҳид аст, ва дар айни ваҳдат бо ҳаракоти ҷазрӣ ва маддӣ ва кумуну бурузҳое, ашколу амвоҷи мухталиферо падид овардааст. Ба ҳар ҳол, ин хоссияти вуҷудро мо ба номи “ташкик” меномем. Ва чун аз мухтассоти вуҷуд аст, мушобеҳ ва назири воқеӣ надорад, ки ба унвони мисол ва намуна зикр шавад, вале аз чанд мисоли тақрибӣ ба манзури рафъи истиҳош аз ин ки “мо биҳил-иштирок” аз синхи “мо биҳил-имтиёз” бошад, метавон истифода кард:

а) Маротиби аъдод (ададҳо), ки касрати ғайримутаноҳиро ташкил медиҳанд “мо биҳил-имтиёз”-ашон аз синхи “мо биҳил-иштирок” аст, зеро аъдод аз 2 то лониҳоят, “мо биҳил-иштирок”-ашон ҳамон ададият аст, ва адад яъне маҷмӯае аз ваҳадот, пас ҳар ададе бо адади дигар дар ин ҷиҳат шарик аст, ки ҳар ду маҷмӯае аз ваҳдатҳо ҳастанд ва албатта ҳар ададе аз адади дигар мутамойиз аст, зеро возеҳ аст, ки адади 4 ғайр аз адади 5 ва адади 6 ғайр аз адади 7 аст ва ҳамчунин… Аммо “мо биҳил-имтиёз”-и ҳар ададе аз адади дигар бо “мо биҳил-иштирок”-и онҳо муғойир нест, яъне аз ду синх ва аз ду ҷинс нест, зеро имтиёзи ҳар ададе аз адади дигар ба изофа шудани воҳид ё воҳидҳоест. Яъне ҳамон чизе, ки маноти ададият ва маноти иштирок аъдод аст, маноти ихтилоф ва касрат ва имтиёзи онҳо воқеъ шуда. Ва рӯйи ҳамин хоссият аст, ки аъдод табиатан дар тӯли якдигар қарор мегиранд (на дар арз) ва “маротиб” ташкил медиҳанд ва ҳар ададе мартибаеро ишғол мекунад, ки фавқ баъзе ва дуни баъзеи дигар аст. Яъне афроди моҳияти адад афроди тӯлӣ аст, на арзӣ, ва албатта агар “мо биҳил-имтиёз” аз ғайри синхи “мо биҳил-иштирок” буд, афроди тӯлӣ маъно надошт, балки ҳеч гоҳ камолу нақс дар афроди навъи воҳид маъно надошт, балки метавон гуфт, камолу нақс дар ҳеч мавриде мисдоқ надошт.

б) Аз мисоли адад наздиктар мисоли нури қавӣ ва заъиф аст. Нури қавӣ ва заъиф дар асли ҳақиқати нурият бо ҳам шариканд ва дар айни ҳол нури қавӣ ва заъиф бо ҳам фарқ доранд ва аз якдигар мутамойизанд. Ин тамоюз ба шиддату заъф аст, вале шиддату заъфи нур хориҷ аз ҳақиқати нур нест. Яъне на ин аст, ки нур дар асари ихтилоти ғайри нур ба нури дорои шиддат ё заъф шуда ва нури шадид мураккаб аст аз нур ва ғайри нур ё нури заъиф мураккаб аст аз нур ва ғайри нур. Пас “мо биҳил-иштирок”-и нури қавӣ ва заъиф ҳамоно худи нурият аст ва “мо биҳил-имтиёз”-и онҳо низ тарокум ва адами тарокуми нур аст, ва тарокуми нур амре хориҷ аз нур нест, ки бо нур мухталит шуда бошад.

в) Аз мисоли нур беҳтар ва холӣ аз муноқишатар мисоли ҳаракати сареъ ва батиъ аст. Ҳаракати сареъ ва батиъ ҳар ду ҳаракатанд ва ваҷҳи муштаракашон ҳамоно ҳаракат ва интиқол аст ва биззарура ҳаракати сареъ муғойир аст бо ҳаракати батиъ ва “мо биҳил-имтиёз”-и ҳаракати сареъ аз ҳаракати батиътар аз худ ба “суръат” аст, вале вақте, ки суръатро таҳлил мекунем, мебинем аз ғайри ҷинси ҳаракат нест, яъне масалан аз қабили гармӣ ва сафедӣ ва шакл нест, ки замимаи ҷисм ва мулҳақ ба ҷисм шуда бошад, балки суръати ҳаракат афзоиш ва вуфури ҳаракат аст ва бадеҳист, ки вуфури як шайъ ҳарчанд мафҳуман ғайри худи он шайъ аст ва зеҳн ба онҳо ҳолати сифат ва мавсуф медиҳад, вале мисдоқан муғойир бо ӯ нест. Мисоли ҳаракат наздиктарин мисолҳо ба матлаб аст ва метавон гуфт, ки мисол аз навъи мумассал аст. Дар мақолаи 10, ки аз “ҳаракат” баҳс хоҳад шуд, ин ҳақиқат низ равшан мешавад.

Бинобар ин, далеле, ки барои исботи “табоюни вуҷудот” иқома шуда аз роҳи ин ки ҷиҳати иштирок ҳамвора бояд муғойири ҷиҳати имтиёз бошад нотамом аст.

Гузашта аз нотамомии он далел, далелҳое низ ҳаст бар ин ки фарзияи “табоюни вуҷудот” ғалат аст ва танҳо назарияи қобили қабул ҳамоно назарияи севвум аст, ки мо аз он ба назарияи “ваҳдат дар айни касрат ва касрат дар айни ваҳдат” ё “ташкики вуҷуд” таъбир мекунем. Он далелҳо аз ин қарор аст:

а) Агар вуҷудот ҳақоиқи мутабойина буда бошанд, ҳеч гуна муносибат ва иртиботи воқеӣ байни вуҷудот нахоҳад буд, зеро тибқи он фарз вуҷудот ҳама нисбат ба якдигар бегонаи маҳз ҳастанд ва нисбати тамоми вуҷудот бо якдигар мутасовӣ аст, ва он нисбати мутасовӣ ҳамоно нисбат надоштан бо якдигар аст, ва ҳол он ки дар миёни вуҷудот иртиботи воқеӣ ва низоми ҳақиқӣ дар кор аст ва баъзе аз вуҷудот бо баъзеи дигар нисбат ва робитаи воқеӣ доранд, ки он нисбат ва робитаро бо баъзеи дигар надоранд. Дар миёни вуҷудот робитаи иллӣ ва маълулӣ дар кор аст ва ин робита воқеӣ аст (на зеҳнӣ) ва ин робитаи воқеӣ чунонки возеҳ аст — ва дар мақолаи 9, ки аз “иллату маълул” баҳс мешавад тавзеҳи бештаре хоҳад омад — хориҷ аз вуҷудоти ашё нест, ва ҳол он ки тибқи назарияи “табоюни вуҷудот” мебоист ҳеч нисбате байни онҳо дар кор набошад. Пас, назарияи табоюни вуҷудот мусталзими инкори қатъии равобити иллӣ ва маълулии ашё аст.

б) Мо моҳиятҳоро дастабандӣ мекунем ва онҳоро дар даҳ мақула — ё бештар ё камтар — ҷамъ мекунем, яъне барои моҳиятҳо ваҷҳи муштарак ё вуҷуҳи муштарак пайдо мекунем ва ҳар як аз мақулот, “мо биҳил-иштирок”-и иддаи касире аз анвоъ ва аҷнос аст, ҳамон тавре, ки ҳар як аз аҷнос, “мо биҳил-иштирок”-и иддае аз анвоъ ва ҳар як аз анвоъ “мо биҳил-иштирок”-и иддае аз афрод аст. Ҳарчанд моҳиятҳо сохтаи зеҳн мебошанд ва ин дастабандиҳо бо ин шакл рӯйи хоссияти махсуси мафҳумсозии зеҳн сурат мегирад ва воқеияти айниро наметавон бо ин тартиб ва бо ин ашкол пиндошт, вале биззарура ин ҷиҳат, ки ҳар дастае аз моҳиятҳо таҳти як ҷинс дармеоянд ва иддае аз аҷнос таҳти як мақула дармеоянд газоф ва билоҷиҳат нест, балки як маншаи хориҷӣ аз вуҷуд доранд. Ва агар вуҷудот мутабойиноти сирф бошанд, мебоист тамоми моҳиятҳо низ мутабойин бо якдигар бошанд ва ҳар мафҳуме мустақиллан мақулае буда бошад. Ва ба иборати дигар, ҳамон тавре, ки касрат ва тамоюзи моҳиятҳо аз якдигар намояндаи як навъ касрате дар вуҷуд аст ва рӯйи ҳамин ҷиҳат назарияи урафоро мабнӣ бар ваҳдати маҳзи вуҷуд ботил шинохтем, иттиҳод ва иштироки моҳиятҳо дар ҷинси воҳид ва дар мақулаи воҳид намояндаи як навъ иштирок ва ваҳдате дар вуҷуд ва воқеият аст.

Албатта наҳваи иштирок ва ихтилоф дар вуҷудот бо наҳваи иштирок ва ихтилоф дар моҳиятҳо мухталиф аст, вале иштирок ва ихтилоф дар вуҷудот аст, ки дар зеҳн рӯйи хоссияти махсуси зеҳн ба сурати дигаре ҷилва мекунад.

в) Дар мабҳаси “ҳаракат” таҳқиқ хоҳад шуд, ки фарзи “асолати моҳият” ва ҳамчунин фарзи “табоюни вуҷудот” бо ҳаракоти иштидодӣ ва истикмолӣ, ки дар “воқеият” ҳаст мунофӣ аст. Ва чун вуқӯъи ҳаракат ва вуқӯъи истикмол ва иштидод дар ҳаракат, амре қатъӣ ва ғайриқобили тардид аст, пас, аз фарзи асолати моҳият ва ҳамчунин аз фарзи табоюни вуҷудот барои ҳамеша бояд даст кашид.

г) Мо дар зеҳни худ аз “вуҷуд” мафҳуми воҳиде дорем, ки бар ҳамаи вуҷудоти айнӣ қобили интибоқ аст ва бадеҳист, ки интибоқи мафҳуме бар мисдоқе газоф ва биломанот имконпазир нест, яъне мебоист як ҷиҳате дар мисдоқ бошад, ки ба эътибори он ҷиҳат он мафҳум бар он мисдоқ мунтабиқ мешавад, ва илло мебоист ҳар мафҳуме бар ҳар мисдоқе қобили интибоқ бошад ва ё ҳеч мафҳуме бар ҳеч мисдоқе қобили интибоқ набошад. Мафҳуми “вуҷуд” мафҳумест, ки биззарура бар ҳамаи вуҷудоти айнӣ қобили интибоқ аст, ва агар ин вуҷудот ҳар як ҳақиқате мубойин ва бегонаи мутлақ аз соири вуҷудот бошад, як ҷиҳати муштараке, ки маноти интибоқи мафҳуми вуҷуд бар масодиқи вай бошад дар кор набуд ва қаҳран ин мафҳум бар он масодиқ қобили интибоқ набуд, ва ҳол он ки биззарура қобили интибоқ ҳаст.

Пас, дар масъалаи таҳқиқ дар ваҳдат ва касрати воқеият айнӣ, ягона назарияе, ки қобили қабул аст, ҳам низоми хориҷии айнии мавҷудотро метавонад тавҷеҳ кунад ва ҳам низоми зеҳнии мафоҳим ва моҳиятҳоро, ҳам бо ақл созгор аст ва ҳам бо ҳисс, ҳамоно назарияи “ташкики вуҷуд” аст. Ва ин ки мо ин назарияро ба номи “назарияи ваҳдат дар айни касрат ва касрат дар айни ваҳдат” номидем, аз он ҷиҳат аст, ки милоки касрат берун аз милоки ваҳдат, ва милоки ваҳдат берун аз милоки касрат нест. Рӯйи ин назария ҳақиқати вуҷуд ҳам воҳиди шахсӣ аст ва ҳам касири шахсӣ; агар назар ба асли ҳақиқати сорӣ дар ҷамиъи маротиб биандозем, воҳиди бишшахс аст, ва агар назар ба маротиб ва дараҷот биандозем, касии бишшахс аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: