“Ҷумъаи хашм”

Имрӯз (ҷумъа, 21.07.2017) ҳамзамон бо тазоҳуроти фаластиниҳои сокини сарзаминҳои ишғолӣ дар баробари Масҷидулақсо, ҳамчунин дар Ғазза, Санъо, Бейрут, Теҳрон, Истонбул ва шуморе дигар аз пойтахтҳои ҷаҳони ислом, тазоҳуроте густарда дар ҳимоят аз Масҷидулақсо, нахустин қиблаи мусалмонон, баргузор мешавад.

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дирӯз (панҷшанбе) аз фаластиниён хост, тазоҳуроти густардаеро рӯзи ҷумъа дар ҳимоят аз Масҷидулақсо ва алайҳи радёбҳои насбшуда дар ин макон, барпо кунанд.

Ҳаниа, тайи суханронии телевизиюнӣ, бо номгузорӣ кардани рӯзи ҷумъа ба номи ”Рӯзи хашм”, хостори барпоии тазоҳурот алайҳи иқдомоти амниятии ташдидшуда дар Масҷидулақсо дар пайи амалиёти шаҳодатталабонаи ҳафтаи қабл шуд.

Ба навиштаи хабаргузории Associated Press, вай бо баёни ин ки Масҷидулақсо ва шаҳри Қудс хатти қирмиз ҳастанд, афзуд: “Иҷоза намедиҳем иқдомоти танбеҳӣ анҷом ва (масҷид) ва ибодатгоҳҳо ба рӯйи мардуми Қудс баста шавад.

Артиши режими саҳюнистӣ низ дар вокуниш ба ин суханронӣ ва дар остонаи рӯзи ҷумъа, низомиёни худро дар каронаи Бохтарӣ ба ҳолати омодабош дароварда, тадобир ва нерӯҳои амниятиро дар Масҷидулақсо афзоиш дод.

Созмони исломии ”Вақф” низ қасд дорад рӯзи ҷумъа тамоми масоҷид дар шаҳри Қудси ишғолиро бибандад, то намозгузорон барои барпоии намози ҷумъа ва тазоҳуроти густарда ба Масҷидулақсо бираванд.

* * *

Фарохони Ҳамос

Дар ҳамин росто, ҷунбиши Ҳамос барои баргузории тазоҳуроти “ҷумъаи хашм” алайҳи саҳюнистҳо дар ростои ҳимоят аз Масҷидулақсо фарохон дод.

Дар баёнияи ҷунбиши Ҳамос бар аҳаммияти мушорикати ҳамаи аъзои худ ва миллати Фаластин ва гурӯҳҳои фаластинӣ барои таъкид бар моҳияти исломии шаҳри Қудс ва Масҷидулақсо ва низ радди иқдомоти ишғолгарон барои эҷоди вазъияти ҷадиде дар ин масҷид таъкид шудааст.

Ҳамос ҳамчунин хоҳони азимати мардум ба нуқоти тамос бо ишғолгарон дар каронаи Бохтарӣ ва даргирӣ бо низомиёни режими ишғолгар шуд ва аз мардум ва муқовимати Фаластин хост, то ба дархости ёрӣ ба Масҷидулақсо барои ба шикаст кашондани нақшаҳои ишғолгарон ва сиёсатҳои онҳо лаббайк гӯянд.

* * *

Ҳусӣ: “Омодаи ҳузури низомӣ дар ҳар гуна ҷанг бо режими саҳюнистӣ ҳастем!”

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар суханронронӣ дар асри рӯзи панҷшанбе, бо ишора ба ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ алайҳи Масҷидулақсо ва Қудс, эълом кард, ки Фаластин имрӯз беш аз ҳар замони дигар дар маърази таҳдид ва хатар қарор дорад.

Вай таъкид кард: “Мо аз миллати Яман мехоҳем, ки асри фардо (ҷумъа) барои ҳамбастагӣ бо Масҷидулақсо ва Фаластин тазоҳурот кунанд.”

Раҳбари Ансоруллоҳ эълом кард: “Яман омодаи кӯмак ба муқовимати Лубнон ва Фаластин барои муқобила бо ҳар гуна таҷовузгарӣ алайҳи душмани саҳюнистӣ аст.”

Вай таъкид кард, ки Яман ҳамчунин омодаи мушорикати низомӣ дар ҳар гуна ҷанг ва муқобила бо режими саҳюнистӣ аст. Таъкиди мо бар ин аст, ки талошҳо барои муқобила дар баробари режими саҳюнистӣ ва муқобила бо он, бештар шавад.

* * *

Дишаб даҳҳо тан дар ҳамалоти саҳюнистҳо маҷрӯҳ шуданд

Асри панҷшанбе фаластиниҳои мӯътариз дар ҳоле, ки Шайх Муҳаммад Ҳусайн, муфтии Қудс ва Фаластин пешопеши онон ҳузур дорад, бар истодагӣ дар муқобили ҳар гуна тавҳин ва дастдарозии ишғолгарон ба Масҷидулақсо таъкид карданд.

Шайх Муҳаммад Ҳусайн дар таҷаммӯъи фаластиниҳои мӯътариз дар муқобили дарвозаи Аласбот, тайи суханоне таъкид кард: “Масҷидулақсо гаронбаҳотар аз руҳ, ҷисм ва хуни мост ва ин макони муқаддас арзишмандтар аз ҳар чизест, ки дар вуҷуд ва зиндагиамон суроғ дорем. Ин макон моро ба бандагӣ ва итоат ва имон ба Худо ҳидоят кард ва макони ибодат ва осоиш ва оромиши мост.”

Дар ҳамин ҳол, “Ҳилоли аҳмар”-и Фаластин гузориш кард, ки асри панҷшанбе дар ҳамалоти низомиёни ишғолгар ба фаластиниҳо дар муқобили дарвозаи Аласбот даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки мақомҳои режими саҳюнистӣ аз баста шудани атрофи бахши қадимии Байтулмуқаддас аз нимашаби имшаб хабар доданд.

Ин иқдоми режими саҳюнистӣ дар муқобила бо иқдоми фаластинён дар баргузории намози ҷумъа дар хориҷи Масҷидулақсо эъмол шудааст.

Намозгузорони фаластинӣ дар эътироз ба иқдомоти саҳюнистҳо дар дарҳои вурудии Масҷидулақсо намози мағриби дишабро ҳам дар хориҷи ин масҷид баргузор карданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: