Ислом ва Эронзамин (44)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (7)

Низомуддин Авлиё

Муҳаммад ибни Аҳмад Низомуддин Авлиё дар Ҳинд мутаваллид шуда. Падари вай аз Бухоро — мавтини аслии худ — ба Ҳинд муҳоҷират кард ва дар Лоҳур иқомат гузид ва пас аз чанде аз Лоҳур ба Бадоюн рафт ва дар онҷо сокин шуд. Низомуддин дар инҷо чашм ба ҷаҳон гушуд. Низомуддин дар синни панҷсолагӣ падарро аз даст дод ва модараш тарбияти ӯро ба ӯҳда гирифт. Модари вай зане порсо ва зоҳид буд ва дар тарбияти фарзандаш бисёр кӯшиш кард. Низомуддин Авлиё дар Бадоюн ба таҳсил пардохт ва муқаддамоти улумро дар онҷо фаро гирифт ва пас аз чанде ҳамроҳи модар ба Деҳлӣ рафт ва дар он шаҳр дар назди Шамсуддини Домғонӣ ва Алоуддини Усулӣ ва Фаридуддин Масъуд ба такмили маълумот машғул шуд ва аз Фаридуддин Ганҷшикар иҷозаи иршод ёфт.

Низомуддин Авлиё дар бидояти ҳол бисёр тангдаст ва парешонҳол буд ва аз касе чизе қабул намекард. Пас аз чанде, ки шӯҳрати вай дар Ҳинд печид, бузургон ва умарои мусалмон аз ҳар сӯ ба тарафи ӯ рӯй оварданд ва подшоҳони исломӣ аз ҷумла Султон Ҷалолуддини Халаҷӣ аз ӯ тақозои мулоқот мекарданд. Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки яке аз шуарои маъруфи он айём буд, дар зумраи муридони ӯ даромад ва ашъоре дар мадҳи вай суруд.

Низомуддин дар басту нашри маорифи исломӣ муҷоҳидатҳои зиёде кард ва шогирдони ӯ ҳар кадом дар минтақае аз Ҳиндустон ба фаъолият пардохтанд. Яке аз шогирдони вай ба номи Хоҷа Насируддин дар Гуҷарот ва Панҷоб асароти мазҳабӣ ва руҳонӣ аз худ ба ёдгор гузорд. Шогирди дигараш Сироҷуддин дар Бангола ва Биҳор ва Осом таълимоти исломиро мунташир сохт, ва дигаре ба номи Бурҳонуддин дар минтақаи Дакан ва ноҳияҳои марказии Ҳиндустон мардумро иршод мекард. Ба таври куллӣ, нашри маорифи исломӣ дар манотиқи мухталифи Ҳинд аз ҳусни иноят ва таваҷҷӯҳи Низомуддин Авлиё ва шогирдон ва хулафои вай мебошад.

Низомуддин Авлиё дар соли 725 ҳ.қ дар Деҳлӣ дида аз ҷаҳон фурӯ баст ва дар ҳамонҷо дафн шуд. Қабри ӯ акнун дар Деҳлӣ мазори мусалмонон аст ва ҳар сол як рӯз барои вай маҷлиси ёдбуд ташкил мешавад ва ҳазорон мусалмон дар онҷо иҷтимоъ мекунанд ва аз тарафи хутабо хутбаҳо хонда мешавад.

Барои таҳқиқ дар ҳолоти Хоҷа Муъинуддин Чаштӣ ва Низомуддин Авлиё ба “Торихи Фаришта” таълифи Ҳиндушоҳи Астарободӣ муроҷеа шавад.” (Поёни навиштаи оқои Аторудӣ)

* * *

Дар ин ки Эрони исломӣ таъсири азиме дар мусалмон шудани қорраи Ҳинд доштааст, ҷойи сухан нест. Ин ҷараён дуруст акси ҷараёнест, ки қабл аз ислом вуҷуд дошт. Дар бахши дуввум хондем, ки қабл аз ислом дини қорраи Ҳинд яъне будоӣ ба тарафи шарқ дар ҳоли густариш буд ва қисмате аз Эрон таҳти таъсири дини Ҳинд қарор гирифт. Дини Будо аз Ҳинд ба Эрон омад ва дар қисмате аз Эрон пазириш ёфт ва қатъан агар ислом зуҳур накарда буд, пазириши бештаре меёфт. Аммо пас аз ислом, ки хуни тозае дар рагҳои ҳаёти маънавии ин мардум ҷараён ёфт, кор баръакс шуд; Эрон Ҳиндро таҳти таъсири дини хеш қарор дод ва дини будоиро ҳатто аз худи Ҳинд ақиб ронд.

Забони форсиро ислом ба Ҳинд бурд. Ин забон ривоҷи худро дар Ҳинд мадюни ислом аст. Дар қисмате аз торихи Ҳинд, ин забон забони расмии Ҳинд будааст. Ба мувозоти ривоҷ ва расмияти ислом дар Ҳинд, ин забон расмият доштааст.

Дар асри ахир шуарое аз қабили Аллома Муҳаммад Иқболи Покистонӣ таҳти таъсири эҳсосоти исломӣ, забони форсиро дар қорраи Ҳинд тақвият карданд.

Дар ҳоли ҳозир касоне аз эрониён, ки ба рост ё дурӯғ муддаъии ватанпарастӣ ҳастанд, хоҳони як амри ғайримумкин шудаанд, ва он ин ки забони форсиро минҳои ислом дар кишварҳои муҷовири Эрон ишоъа диҳанд ва ба ҳамин далел муваффақ нашудаанд ва нахоҳанд шуд.

* * *

Нуфуз ва тавсиъаи ислом дар Чин

Оморҳо нишон медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди 50 милюн мусалмон дар Чин вуҷуд дорад. Нуфузи ислом дар Чин аз роҳи даъват ва таблиғ ба василаи мусалмононе, ки ба Чин рафта ва аҳёнан сукунат гузидаанд, сурат гирифтааст. Саҳми эрониён дар нуфузи ислом дар Чин низ, саҳми азиме будааст.

Дар китоби “Ислом; сироти мустақим” мақолаи “Фарҳанги исломӣ дар Чин” (ба қалами Довуд Си Тинг) аз оғози нуфузи ислом дар Чин ва тавсиъаи он ва давраи заъфи он баҳс мекунад. Нақши эрониён дар таблиғ ва тарвиҷи ислом дар Чин аз муҳтавои ин мақола комилан машҳуд мегардад.

Роҷеъ ба оғози вуруди ислом дар Чин торихчае аз манобеъи чинӣ нақл мекунад, ки мунҳасир ба манобеъи чинӣ аст ва дар манобеъи исломӣ аз он ёд нашудааст. Мегӯяд:

Торихи куҳани дудмони “Тонг” ишора мекунад, ки ба соли дуввуми салтанати “Юнг Вӣ” дар ҳудуди соли 31 ҳиҷрӣ, фиристодае аз Арабистон ба дарбори хоқон омад ва ҳадоёе бо худ овард. Ин фиристода гуфт, ки давлати эшон 31 сол қабл таъсис ёфтааст… Хоқон пас аз касби иттилооте чанд аз дини муқаддаси ислом, онро бо таъолими Кунфусиюс мувофиқ мебинад ва исломро таъйид ва тасдиқ мекунад, вале муқаррароте монанди панҷ мартиба намози явмия ва як моҳ рӯза, ба табъи вай гарон меояд ва бад-он намегаравад, вале ба Саъд ва ҳамроҳони вай иҷозаи таблиғи дини исломро дар Чин медиҳад ва мувофиқати худро бо таъсиси аввалин масҷид дар шаҳри Чонгон эълом медорад ва бад-ин васила алоқаи худро ба дини муқаддаси ислом иброз менамояд. Бинои ин масҷид воқеаи муҳимме дар торихи ислом ба шумор меравад, ки ҳанӯз ҳам пас аз қарнҳо таъмиру таҷдиди бино, ба сурати обрӯманде дар “Сиони ҷадид” боқӣ мемонад. (сс.420-423)

Агар ин ҷараён воқеият дошта бошад, оғози нуфузи ислом дар Чин ба василаи худи аъроби мусалмон будааст.

Аз ин ҷараён, ки бигузарем, ислом ба василаи савдогарони мусалмон, ки бисёре аз онҳо эронӣ будаанд, дар Чин нуфуз ёфт. Дар китоби номбурда менависад:

Дар асри хилофати Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос мусофирати савдогарон ва мубаллиғони мусалмон ба Чин афзоиш ёфт ва арабҳое, ки дар хилофати Банӣ Умайя ба Чин ворид шуда буданд, ба “тозиёни сафедпӯш” маъруф буданд. Дар давраи хилофати Аббосиён, ки равобити дӯстона байни имперотурҳои ислом ва Чин тавсиъаи бештаре ёфт, дастаҳои фаровоне аз тозиён бад-он диёр рафта ва ин арабҳоро “тозиёни сиёҳпӯш” мегуфтанд…  Дар як қарну ним, яъне дар фосилаи соли 31 то 184 ҳиҷрӣ, иддаи қобили таваҷҷӯҳе аз бозаргонони араб ва эронӣ аз роҳи дарё ба Чин ворид мешаванд ва дар бандари “Квонгчу” иқомат мегузинанд ва аз он торих ба баъд рафта-рафта дар соҳил ба пешравии худ идома медиҳанд ва ба шаҳрҳои муҳимми онҷо нуфуз мекунанд ва билохира ба ақсо нуқоти шимолии Чин ва то шаҳри “Ҳонгчу” низ мерасанд… Дар ин аср теъдоди савдогарони араб ва эронӣ дар ноҳияҳои ҷанубӣ рӯ ба афзоиш мегузошт ва рафта-рафта бо занони чинӣ васлат ихтиёр карда ва дар онҷо сокин мешуданд. Ин мусалмонон дорои ҷавомеъи махсусе буданд ва аз соири мардуми Чин ҷудогона зиндагӣ мекарданд, то битавонанд дар маросими арӯсӣ ва аъмоли рӯзонаи худ аҳкоми муқаддаси исломро риоят кунанд. Ҳатто онҳо маҳокими шаръии махсусе доштанд, ки дар масоили марбут ба издивоҷ ва талоқ ва ирс ва ғайра мутобиқи фиқҳи исломӣ рафтор мекарданд. Ин истиқлоли ҷомеаи мусалмонон дар он аср далели дигаре бар нуфуз ва қудрати исломӣ дар Чини онрӯзӣ мебошад.” (Ҳамон, сс.422-423)

Ҳамчунин менависад:

Туҷҷори эронӣ ва араб, абрешим ва колоҳои санъатӣ ва зуруфи чинӣ ва соири матоъҳои тиҷоратӣ аз Чин ба Шарқи Миёна ва Урупо мебурданд ва дар бозгашт, аз набототи тиббӣ ва адвия ва марворид ва соири фаровардаҳои он ноҳияҳо ба Чин меоварданд. Ин туҷҷор дар ҳақиқат воситае буданд, ки ба василаи тиҷорати пурсуди худ соири мусалмононро барои тиҷорат ва таблиғи дин ба тарафи Чин ҷалб мекарданд. Ва вақте дастаҳои тозае аз мусалмонон ба Чин ворид мешуданд, боиси афзоиши ҷавомеъи мусалмон дар шимоли ғарбӣ ва ҷануби шарқии кишвар мешуданд.” (Ҳамон, с.424)

Ва низ мегӯяд:

Дар қисматҳои шимол ағлаби инҳисори ҳамлу нақл ба василаи корвонҳои улоғу аспу шутур дар ихтиёри онон буд ва дар имтидоди рӯдхонаи “Ёонгтси” ва “Ҳавоиҳу” ва биринҷзорҳои атрофи наҳрҳои муншаъиб аз рӯдхона низ доду ситади ғалла ва ҳамлу нақл ба василаи мусалмонон анҷом мегирифт ва ҳамин имрӯз истеъмоли истилоҳот ва арқоми форсӣ дар доду ситади ғаллот далели боризе бар тафаввуқи гузаштаи мусалмонон дар ин ноҳияҳост.” (Ҳамон, с.432)

Ва боз мегӯяд:

Мусалмонони Чин ба ду қисмат мешаванд: мусалмонон Синкёнг, ки ба истилоҳ мусалмонони “аммомадор” номида мешаванд, мусалмонони чинии хосс, ки ба мусалмонони “Ҳон” мавсуманд… Мусалмонони “Ҳон” дар умури динӣ маъмулан ибороти арабӣ ва форсӣ, махсусан форсиро дар як таркиби хосс ба кор мебаранд.” (Ҳамон, с.438)

Ва мегӯяд:

Раис руҳониёни масҷиди охунд ё охунак номида мешавад, ки ба маънии олим ё таълимдиҳандаи аҳкоми динист. Имоми ҷамоат ба манзилаи кӯмак ва дастёри охунд аст (Ҳамон, с.442)… Шеваи таълим ва тарбияти собиқи Чин ба табаият аз дарсҳои маъмули Эрон ва араб буд.” (Ҳамон, с.456)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: