Коршиноси эронӣ: “Оқои Раҳмон бо такя бар ҳимояти тамому камоли русҳо аз ӯ, ба дунболи қабзаи қудрат ва диктотурӣ аст”

Баҳроми Амираҳмадиён, коршиноси масоили Осиёи Миёна ва Қафқоз, дар ёддоште дар Telegram, бо баёни ин ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар фароянди сулҳи Тоҷикистон яке аз тарафҳои тақсими қудрат буд ва ҳатто метавонист саҳми бештаре аз Раҳмон ва дору дастаи ӯ дошта бошад ва акнун аз гардунаи қудрат ҳазф шудааст, хотирнишин кард: “Оқои Раҳмон бо такя бар ҳимояти тамому камоли русҳо аз ӯ, ба дунболи қабзаи қудрат ва диктотурӣ аст.”

Матни комили ёддошти Баҳроми Амираҳмадиён ба шарҳи зерин аст:

“Иқдомоти ахири давлати Тоҷикистон дар бораи Эрон, бештар ба зарари худи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик аст. Саҳми Тоҷикистон аз тиҷорати хориҷии 80 милёрд дулории Эрон бисёр ночиз ва қобили сарфи назар кардан аст. Тоҷикистон бо ин иқдоми нодуруст, наметавонад зарбае ба мавқеияти Эрон дар минтақа бизанад.

Иртиботи ин рафтори нодуруст ба баҳонаи ҳимояти Эрон аз Ҳизби наҳзати исломӣ, баҳонае беш нест. Эрон ба унвони яке аз пуштибонони фароянди сулҳ дар Тоҷикистон, ҳақ дорад, ки дар ин фароянд назорат дошта бошад.

Оқои Раҳмон бо такя бар ҳимояти тамому камоли русҳо аз ӯ, ба дунболи қабзаи қудрат ва диктотурӣ аст. Ҳизби наҳзати исломӣ ба унвони як филтери мутаъодилкунанда байни ҷараёноти ифротгаро бо давлати Тоҷикистон амал мекард. Акнун давлати Тоҷикистон худ мӯҷиби родиколиза шудани ҷараёнҳои исломӣ дар кишвар шудааст.

Дар ҳоле, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар фароянди сулҳи Тоҷикистон яке аз тарафҳои тақсими қудрат буд ва ҳатто метавонист саҳми бештаре аз Раҳмон ва дору дастаи ӯ дошта бошад, акнун аз гардунаи қудрат ҳазф шудааст. Ба назар мерасад, ҳимояти беш аз андозаи бародарони рус аз Раҳмон, сабаби канор гузошта шудани тадриҷии саҳми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қудрат ва саранҷом ҳазфи комили онҳо шуда бошад. Ин иқдом бидуни мувофиқат ва хости русҳо наметавонист сурат гирад. Русҳо ҳамеша ба дунболи манофеъи ҳаддиаксарӣ будаанд.

Аз муддатҳо пеш русҳо бо барҷастатар кардани нақши худ дар эҷоди оштӣ дар Тоҷикистон, дар садади камранг кардани нақши Эрон дар фароянди сулҳ ва коҳиши аҳаммияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будаанд.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба сабаби вахомати авзоъи иқтисодӣ, ниёзманди кӯмакҳои Русия аст ва иштиғоли теъдоди зиёде аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ин вобастагиро ташдид мекунад. Ин коргарон бо ирсоли даромадҳои касбшуда дар Русия ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон, саҳми бисёр зиёде гоҳ то 50 дарсад дар тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон доранд. Тоҷикистон акнун яке аз мустаъмараҳои Русия аст.

Давлати Тоҷикистон ва шахси Раҳмон носипосӣ кардаанд ва аз ҳамаи кӯмакҳое, ки Эрон барои суботи Тоҷикистон анҷом дода чашмпӯшӣ кардаанд. Ин амали Раҳмон саранҷом Тоҷикистонро ба маркази фаъолиятҳои исломии ифротӣ табдил ва минтақаро ноамн хоҳад кард.

Албатта нақши давлати Арабистон дар ин миёна ҳам қобили таваҷҷӯҳ аст. Дулорҳои нафтии Арабистон дар фароянди таниш дар равобити Тоҷикистон бо Эрон низ бетаъсир нест.”

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: