Хурӯши ҷаҳони ислом, аз Молезӣ то Марокаш, барои ҳимоят аз Масҷидулақсо (филм ва тасовир)

Дирӯз (ҷумъа, 21.07.2017) дар ҷаҳони ислом, аз Молезӣ то Марокаш, барои ҳимоят аз Масҷидулақсо ва алайҳи таҷовузҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ тазоҳуротҳои густарда барпо шуд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Фаластин “Вафо”, дирӯз дар пайи тазоҳуроти даҳҳо ҳазор фаластинӣ дар атрофи Масҷидулақсо ва ҳамчунин каронаи Бохтарӣ, режими саҳюнистӣ ҳазорон нерӯи амниятӣ дар Қудс бавежа бахши қадимии он мустақар кард. Нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ бо партоби гози ашковар, иҷозаи наздик шудани тазоҳуроткунандагон ба бахшии қадимии Қудсро надод.

Пулиси режими саҳюнистӣ ҳудуди 20 фаластинӣ аз ҷумла Ҳотам Абдулқодир, масъули собиқи парвандаи Қудс дар ҷунбиши Фатҳро боздошт кард.

Шайх Муҳаммад Ҳусайн, муфтии Қудс дирӯз эълом кард: “Масҷидулақсо амонате бар дасти тамоми уммати исломӣ аст.” Вай сипас ба иқомаи намоз дар наздиктарин нуқтаи Масҷидулақсо фаро хонд ва гуфт: “Бояд тамоми мавонеъи исроилӣ барои намоз дар Масҷидулақсо бардошта шавад.”

Холид ал-Батш, аз аъзои аршади Ҷиҳоди Исломӣ низ дар таҷаммӯъе, ки имрӯз дар Ғазза баргузор шуда буд, гуфт: “Қудс ҳамчунон шаҳре арабист, ки ба кӯмаки кишварҳои арабӣ ва исломӣ ниёз дорад.”

* * *

Тазоҳурот дар Молезӣ ва Андунезӣ

Ҳазорон нафар дар Молезӣ ва Андунезӣ пас аз намози ҷумъа даст ба тазоҳуроти густарда дар эъломи ҳимоят аз Масҷидулақсо заданд. Зоҳид Ҳамидӣ, муовини нахуствазири Молезӣ низ дар ин тазоҳурот, ки дар наздикии сафорати Омрико анҷом шуд, ширкат дошт.

Тазоҳурот дар Ӯрдун

Мардуми Ӯрдун низ бо баргузории тазоҳуроти густарда дар Аммон ва Зарқо ҳамбастагии худро бо Қудс ва Масҷидулақсо эълом карданд.

Тазоҳурот дар Туркия

Мардуми мусалмони Туркия низ дар чанд шаҳри ин кишвар тазоҳуроти густарда баргузор намуда ва ширкаткунандагон хашму ғазаби худро нисбат ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Масҷидуақсо ва мардуми бедифои Фаластин иброз доштанд.

Тазоҳурот дар ҷануби Димишқ

Аҳолии урдугоҳи “Ҷармоно” дар ҷануби Димишқ низ бо баргузории тазоҳурот, ба иқдомоти ахири режими саҳюнистӣ алайҳи Масҷидулақсо эътироз карданд.

Тазоҳурот дар Судон

Мардуми Судон ҳам ба даъвати гурӯҳҳои сиёсӣ ва миллии ин кишвар тазоҳуроти густардае дар ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин эълом карданд.

Тазоҳурот дар Эрон

Дар Теҳрон ва Зоҳидон низ пас аз баргузории намози ҷумъа мусалмонони ин кишвар дар ҳимоят аз Масҷидулақсо ва ормонҳо Фаластин тазоҳуроти густарда баргузор карданд. Дар тазоҳуроти Теҳрон шуморе аз намояндагони порлумони ин кишвар низ ширкат карданд.

Тазоҳурот дар Тунис

Мардуми Тунис ҳам мардуми Фаластинро танҳо нагузоштанд ва дар ҳамбастагӣ бо Масҷидулақсо ва низ дар эътироз ба таҷовузоти саҳюнистҳо алайҳи ин масҷид ва Қудс даст ба тазоҳуроти густарда заданд.

Тазоҳурот дар Санъо ва Саъда

Мардуми Яман низ дар пойтахти ин кишвар Санъо ва низ шаҳри Саъда тазоҳуроте дар ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин баргузор карданд.

Тазоҳуроти густарда дар бахшҳои мухталифи навори Ғазза

Тазоҳурот дар манотиқи мухталифи навори Ғазза бо мушорикати аъзои гурдонҳои “Алқассом” шохаи низомии Ҳамос ва соири гурӯҳҳои муқовимат баргузор шуд.

* * *

Даҳҳо захмӣ дар даргириҳои манотиқи мухталифи Қудс ва каронаи Бохтарӣ

Хатиби Масҷидулақсо эълом кард, режими саҳюнистӣ барои мутафарриқ кардани фаластиниҳои ҳозир дар вурудии Масҷилдуақсо, иқдом ба шиллики гулӯлаи пилостикӣ ва гози ашковар карда, ки тайи он даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин урдугоҳи Қаландиё дар шимоли Қудс низ шоҳиди саҳнаи даргирӣ миёни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни саҳюнистӣ буд.

Ҳамчунин минтақаи Водилҷуз дар Қудс низ шоҳиди даргириҳои густарда буд, ки тайи он чанд фаластинӣ захмӣ шуданд.

Маҷрӯҳияти беш аз 370 фаластинӣ

“Ҳилоли аҳмар”- Фаластин эълом кард, то кунун 377 фаластинӣ дар даргириҳои Қудс ва каронаи Бохтарӣ захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин расонаҳо аз шаҳодати ду фаластинӣ хабар доданд; шаҳид Муҳаммад Тануҳ ва шаҳид Муҳаммад Абуғином.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: