Ислом ва Эронзамин (45)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (8)

Сарбозӣ ва фидокорӣ

Сарбозии эрониён дар роҳи ислом — аъамм аз он чӣ ба натиҷаи мусбате расидааст ё алорағми талошҳо ва муҷоҳидоти холисонаи ин қавм натиҷаи дурахшоне аз он ба бор наомадааст — яке аз сафаҳоти дурахшони равобити ислом ва Эрон аст.

Фаъолиятҳои фидокоронаи эрониёни мусалмони муқими Яманро қаблан хондед. Наҳзати эрониён алайҳи ҳукумати умавӣ, ки мунтаҳӣ ба рӯйи кор омадани Аббосиён гашт низ аз ин навъ хадамот аст. Ин қиёми низомӣ — чунонки дар пеш бад-он ишорат рафт — сирфан барои иқомаи шаъоири исломӣ ва бозгардондани араб ба шоҳроҳи ислом буд, гӯ ин ки дар айни муваффақияти низомӣ, дар асари ин ки дудмоне, ки рӯйи кор омаданд беҳтар аз Умавиён набуданд, натиҷаи дурахшоне аз он ба даст наомад.

Дар худи Эрон дар қарни дуввум ва севвум, бархе наҳзатҳо сурат гирифт, ки ҷанбаи зиддиисломӣ дошт ва саркӯб шуд. Диққат дар торих нишон медиҳад, ки ин эрониёни мусалмон буданд, ки он қиёмҳоро саркӯб карданд, на мардуми араб.

Агар сардорон ва сарбозони мусалмони эронӣ набуданд, маҳол буд, ки қавми араб битавонад қиёме, ки дар Озарбойҷон дар қарни севвум ба василаи Бобаки Хуррамдин раҳбарӣ мешуд, бо талафоте дар ҳудуди 250 ҳазор нафар саркӯб кунад. Ҳамчунин аст соири қиёмҳое, ки ба василаи Алмуқаннаъ ё Синбод ё Устодсис раҳбарӣ мешуд.

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба ҷангҳои худ дар Ҳинд ранги исломӣ дода буд. Сарбозони эронӣ футуҳоти Ҳиндро бо шӯри як ҷиҳоди исломӣ анҷом медоданд. Ва ҳамчунин дар ҷангҳои салибӣ, салотини Эрон ба номи ислом ва таҳти таъсири эҳсосоти исломӣ ҷилави ҳуҷуми салибиҳои ғарбиро гирифтанд.

Сарбозони эронӣ исломро ба Осиёи сағир бурданд, на араб ё қавми дигар. Дар инҷо аз мақолаи оқои дуктур Сайид Ҷаъфар Шаҳидӣ дар китоби “Ҳазораи Шайх Тӯcӣ” истифода мекунем. Эшон менависад:

Дар урфи мусалмонон, билоди Рум иборат аз мамолики Руми шарқӣ аст, чунонки дарёи Медитаронаро “Баҳруррум” меноманд. Бар ҳамин асос сарзамини Осиёи сағирро Рум гуфтаанд… Ҳангоме, ки мусалмонон саросари Шомро гушуданд, ҳамла ба Осиёи сағир амре зарурӣ менамуд. Муовия дар хилофати Умар ибни Хаттоб мехост бад-он ҷо битозад, вале бо мухолифати халифа мувоҷеҳ шуд. Аммо дар хилофати Усмон ин орзу барои вай таҳаққуқ ёфт ва тавонист то Амурия пеш биравад. Аз он торих ба баъд дар тӯли солҳои хилофати умавӣ ва аббосӣ, ин сарзамин мавриди тохту този мусалмонон ва румиён буд ва дежҳо ва шаҳрҳои он минтақа даст ба даст мегашт. Лекин ба шаҳодати торих, ҳеч гоҳ барои хулафои умавӣ ва аббосӣ мумкин нашуд, ки нуфузи исломро дар саросари ин минтақа мустақар созанд… Танҳо дар ҳукумати Салоҷиқа аст, ки мебинем авзоъи ин минтақа дигаргун мешавад, саросари Осиёи сағир таҳти тасарруфи ин хонадон даромад ва рисолати таблиғи исломӣ ва нашри маорифи дин дар ин минтақа бо забон ва адабиёти форсӣ ба назм ва наср оғоз шуд ва бад-он ҷо расид, ки дар осмони ирфони исломӣ офтоби дурахшоне чун Мавлоно Ҷалолуддин тулӯъ кард ва нахуст равшанибахши он минтақа шуд ва сипас дар тамоми қаламрави форсизабони ислом нурафшонӣ кард. Ин иборатро аз “Мусомаратул-ахбор” таълифи Оқсароӣ, ки аз ҷумлаи китобҳои муфид дар торихи Осиёи сағир аст нақл мекунем, зеро намояндаи тарзи тафаккури зимомдорони мусалмон ва мардуми Эрон нисбат ба сарзаминҳои гушуда аст. Агар дар ишғоли Ироқ ё сарзаминҳои ғарбӣ қасди хулафои ислом таҳсили ҷизя ва издиёди даромад ва умрони байтулмол будааст, фотеҳони шарқӣ ҷуз тарвиҷи дин ва густариши ислом назаре надоштанд. Оқсароӣ чунин менависад: “Армиёнус малики Рум бо 120 ҳазор мард қасди билоди ислом кард ва аввал рӯй ба “Донишманд”, ки мулки Накисор (ё Нюсезор) ва Сивос ва Туқот ва Абалистон ва ғайра дошт ниҳод. Малик Донишманд назди мулуки ислом кас фиристод ва ононро ба муқобила бо лашкари куфр ташвиқ кард ва Қилиҷ Арслонро ваъда дод, ки агар пирӯзӣ даст дод, 100 ҳазор динор ба ӯ расонад ва Абалистон бад-ӯ вогузорад. Қилиҷ Арслон бо дигар мулуки он ҷавониб ҷиҳати аҳаммияти дин ва ҳимояти ислом ба иттифоқ ҷамъият карда ва азми ғазои куффор намуданд. Борӣ Таъоло нусрат арзонӣ дошт ва Армиёнус баъд аз муҳорибат ва муқотилати бисёр мунҳазим шуд ва аз куффор андак қавме халос ёфтанд. Малик Донишманд 100 ҳазор дирам ба Қилиҷ Арслон фиристод ва дар таслими Абалистон мутаваққиф шуд ва чун Қилиҷ Арслон ин навъ сухан истимоъ кард, 100 ҳазор дирамро боз пас фиристод ва гуфт: “Ман барои ҳимояти ислом омадам бо ҳарб, маро ба дираму динори ӯ эҳтиёҷе нест.” (Ҳазораи Шайх Тӯсӣ, сс.176-178)

Дар ҳамон китоб роҷеъ ба фаъолиятҳои низомии мусалмонон дар Ҳинд менависад:

Дар соли 43 ҳиҷрӣ барои аввалин бор Абдуллоҳ ибни Савори Абдӣ, ки аз ҷониби Абдуллоҳ ибни Омир ибни Курайз маъмури марзи Синд буд, ба сарзаминҳои он ноҳия ҳамла бурд. Дар соли 44 Муҳаллаб ибни Абисафра бад-он ҷо ҳамла бурд ва дар соли 89 ҳиҷрӣ Муҳаммад ибни Қосим дар ҷанге подшоҳи Синдро бикушт ва бо кушта шудани ӯ сарзамини Ҳинд ба тасарруфи мусалмонон даромад. Аммо интишори ислом дар муъзами шибҳиқорраи Ҳинд низ ба василаи эрониён буд. Дар инҷо боз ба санади торихӣ муроҷиа мекунем. Ҷарфодиқонӣ дар оғози кори Носируддин Сабуктекин нависад: “Пас рӯй ба ҷиҳоди куффор ва қамъи аъдои дин овард ва ноҳияти Ҳиндустон, ки маскани душманони ислом ва маъбади авсону асном буд дорулғазв сохт…” Ва дар шарҳи ҳоли Маҳмуди Ғазнавӣ менависад: “Султон яминуддавла ва аминулмилла чун ноҳияҳои Ҳинд бигирифт, дар ақосии он вилоят ба ҷое расид, ки ҳаргиз рояти ислом бар он ҳудуд тулӯъ накарда буд ва аз даъвати муҳаммадӣ ба ҳеч аҳд бад-он тараф мӯъҷиза ва ояте нарасида буд ва арсаи он биқоъ аз зулмати куфру ширк пок кард ва машъали шариат дар он диёр ва амсор барафрӯхт ва масоҷид бунёд ниҳод ва тиловати китоби азиз ва диросати Қуръони Маҷид ва даъвати азон ва шиори имон зоҳир гардонид…” Рафтори Маҳмуди Ғазнавӣ дар ҷониби машриқ, бе шабоҳат ба Абдурраҳмони аввал ҳукмрони Испониё ва фотеҳи исломӣ дар мағриб нест, вале ногуфта намонад, ки байни футуҳоти исломӣ дар шарқу ғарб тафовути бузург ба чашм мехӯрад. Мусалмонони араб дар ҷониби ғарбӣ тавонистанд доманаи футуҳоти худро то қалби Урупо пеш бибаранд, аммо дар тӯли торих бисёре аз он манотиқ аз ҳавзаи мутасаррафоти исломӣ хориҷ шуд ва мардуми он сарзамин мусалмониро раҳо карданд, вале тамаддуни исломӣ, ки ба василаи унсури эронӣ дар ноҳияҳои шарқӣ поягузорӣ шуд, ончунон собит ва устувор монд, ки пас аз гузашти қарнҳо ҳанӯз он мардум ба қиблаи мусалмонон намоз мехонанд ва китоби каримро тиловат мекунанд. Ва шигифт ин ки дар ҳамон сол, ки қисмате аз хоки мусалмонон дар ноҳияи шимоли шибҳиҷазираи Арабистон мавриди таҷовуз воқеъ ва ишғол гардид, дар ҷониби шарқи Эрон давлате бо 90 милюн тан ба номи Покистон ба вуҷуд омад ва илҳоқи худро ба мамолики исломӣ эълон намуд.” (Ҳамон китоб, сс.180-182)

Ҳарчанд дар ин футуҳот номи Қилиҷ Арслон, Сабуктекин, Маҳмуди Ғазнавӣ ва амсоли онҳо бурда мешавад, ки туркнажоданд, аммо ҳамон тавр, ки оқои дуктур Шаҳидӣ тазаккур додаанд, он туркнажодон дар он вақт намоянда ва мазҳари қудрати мардуми сарзамини Эрон будаанд ва ба номи подшоҳи мусалмон бар ин миллат ҳукмронӣ доштаанд ва ин миллати Эрон буд, ки ҷиҳод мекард, на мардуми дигар.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: