Фалсафа ва равиши реализм (97)

Воқеият ва ҳастии ашё (11)

Дар ин мақола маҷмӯъи масоиле, ки ба номи “масоили вуҷуд” зикр шуда, 12 масъала аст ва мо 7 масъалаи онҳоро комилан тавзеҳ додем.

Аз ҳафт масъалаи гузашта дутои онҳо фавқулъода боаҳаммият аст ва аз назари дахолате, ки он ду масъала дар сарнавишти фалсафа доранд, ҳеч масъалае ба пояи онҳо намерасад. Он ду иборат буд аз “асолати вуҷуд” ва “ташкики вуҷуд”. Аҳаммияти 5 масъалаи дигар (бадоҳати вуҷуд, таҳлили зеҳн ҳар воқеияти хориҷиро ба ду мафҳум: моҳият ва вуҷуд, муғойирати мафҳуми вуҷуд бо моҳият, иштироки маънавии вуҷуд, ҳақиқати вуҷуд бо илми ҳусулӣ қобили маълум шудан нест) аз лиҳози дахолат ва ҷанбаи муқаддамиятӣ аст, ки нисбат ба ду масъалаи номбурда доранд.

Аз масоил 12-гонаи вуҷуд 5 масъалаи дигар боқӣ монд, ки иборат аст аз:

(1) Хоссиятҳои зеҳнии вуҷуд дар моҳиятҳо ҷорӣ нест;

(2) Хоссиятҳои хориҷии моҳиятҳо аз они вуҷуд аст ва дар вуҷуд ба шакли дигаре муғойир бо шакле, ки ин хоссиятҳо дар зеҳн бо моҳиятҳо доранд дармеояд;

(3) Мавҷуд ҳеч гоҳ маъдум намешавад;

(4) Таҳаққуқи адам дар хориҷ нисбӣ аст;

(5) Мутлақи ҳастӣ қобили завол ва инъидом нест.

Хонандаи мӯҳтарам агар ворид бошад, медонад, ки ин 5 масъала чӣ нақши муҳимме дар олами фалсафа доранд. Ин 5 масъала ба манзилаи натиҷаи ду масъалаи асосии фавқуззикр (асолати вуҷуд — ташкики вуҷуд) ва ба хусус масъалаи асолати вуҷуд мебошанд. Пас, дар ҳақиқат аз 12 масъалаи вуҷуд бархе ба манзилаи муқаддимаи “асолати вуҷуд” ва бархе ба манзилаи натиҷаи он аст.

Мо дар мавриди 5 масъалаи ахир аҷолатан тавзеҳе намедиҳем ва ба ҳамон андоза, ки дар матн баён шуда қаноат мекунем, зеро он чӣ қаблан дар мавриди асолати вуҷуд ва ташкики вуҷуд гуфта шуд ва махсусан он чӣ дар зимни масъалаи ташкики вуҷуд дар мавриди кайфияти мафҳумсозии зеҳн ва ихтилофе, ки қаҳран рӯйи хоссияти махсуси зеҳн байни мафоҳим ва масодиқи онҳо пайдо мешавад баён кардем, барои пай бурдан ба ин 5 масъала кофӣ аст.

Ба илова, дар мақолоти 8 ва 9 ва 10 матолибе хоҳад омад, ки дар онҷо хоҳу нохоҳ масоили боло тавзеҳ дода хоҳад шуд ва махсусан дар муқаддимаи мақолаи 8, ки аз “зарурат ва имкон” баҳс мешавад, дар бораи ду масъала аз ин масоили 5-гона, ки аҳаммияти бештаре дорад — яъне ин ки “мавҷуд маъдум намешавад” ва ин ки “таҳаққуқи адам дар хориҷ нисбӣ аст” — муфассалан баҳс хоҳад шуд. Ва агар бихоҳем ба тавзеҳи комили ин масоили 5-гона бипардозем, бо дар назар гирифтани ин ки қисмате аз матолиби мақолоти ояндаро бояд ба инҷо биоварем, дунболаи матлаб бисёр тӯлонӣ хоҳад шуд. Бинобар ин аҷолатан сарфи назар мекунем.

Чизе, ки лозим аст муҷаддадан ёдоварӣ кунем ин аст, ки асли умдае, ки ҳамаи ин масоил ва иддаи дигар аз муҳиммоти фалсафаро ҳал мекунад ҳамоно масъалаи “асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият” аст ва ин масъала аст, ки қиёфаи умумии фалсафаро якбора тағйир медиҳад ва ба ҳалли мушкилоти зиёде кӯмак мекунад.

Хонандаи мӯҳтарам бояд зеҳни худро барои дарку фаҳм ва қабули ин масъала омода кунад ва дар муқаддимот ва натоиҷи он тадаббур намояд. Мо дар мақолоти оянда низ ҳар ҷо, ки муносибате пеш ояд, барои он ки зеҳни хонандагони мӯҳтарамро бештар равшан кунем, бо ибороти дигар ва тарзи тақрирҳои дигаре ин масъаларо баён хоҳем кард ва мутмаин ҳастем, ки дар мавриди ин масъала ҳар андоза кӯшиш ба харҷ диҳем, зиёд нахоҳад буд. Садрулмутааллиҳин, ки қаҳрамони ин масъала аст, дар китобҳои хеш мукаррар аз ин масъала ёд мекунад ва дар абвоби мухталиф бо тарзи тақрирҳо ва далоили мутааддид онро зикр мекунад. Дар яке аз таълиқоти “Ҳикматул-ишроқ”, ки нисбатан басти зиёдтаре дар атрофи ин матлаб медиҳад мегӯяд:

Мо суханро дар атрофи ин матлаб баст додем (ҳарчанд он чӣ нагуфтем, беш аз он чизест, ки гуфтем), ба ҷиҳати он ки бисёр шариф ва зиқимат ва фавқулъода ғомиз аст ва аз муҳимтарин мақосид ва сазовортарини онҳост, ки базли масоъӣ дар таҳсили он бишавад.”

Сипас мушорун илайҳ ба ин шеъри арабӣ мутамассил мешавад:

لئن كان هذا الدمع يجري صبابة

على غير ليلى فهو دمع مضبع

Хонандаи мӯҳтарам аз он чӣ гузашт, дарёфт, ки масъалаи асолати вуҷуд, ҳам ҷанбаи илмуннафсӣ дорад, ҳам ҷанбаи фалсафӣ, зеро ҳам ҷанбаи айнӣ дорад, ҳам ҷанбаи зеҳнӣ; аз як тараф таҳқиқ дар бораи воқеияти айнӣ аст ва аз тарафи дигар дар бораи қувваи ақл ва идрок ва кайфияти таҳлил ва интизоъи зеҳн.

Мукаррар гуфтаем, ки мутолеаи фалсафӣ дар бораи воқеияти айнӣ қабл аз шинохтани зеҳн ва кайфияти мафҳумсозии зеҳн муяссар нест ва мо то зеҳнро аз ин ҷиҳат нашиносем, наметавонем “фалсафа” дошта бошем. Равоншиносии ҷадид бо ҳамаи пешрафтҳои арҷманд ва зиқимате, ки дар қисматҳои мухталифи ин илм насибаш шуда, мутаассифона то он ҷо, ки мутолеоте карда ва иттилооте ба даст овардаем, дар ин қисмат, ки мо онро “фасли фалсафии равоншиносӣ” мехонем, бисёр кӯтоҳ ва нотавон аст. Иллати матлаб ҳам возеҳ аст, ва он ин аст, ки методе, ки мавриди истифодаи равоншиносӣ аст ва дар соири қисматҳо муфид аст, дар ин қисмат мавриди истифода нест, дар ин қисмат аз метод ва тарзи таҳлили дигаре бояд истифода кард, ки намунаи онро хонандаи мӯҳтарам дар ин мақола мебинад.

Бахши равоншиносии фалсафа ихтисосе ба масоили вуҷуд надорад, дар соири қисматҳо низ ҳаст ва ҳар як дар мавриди худ шарҳ дода хоҳад шуд.

* * *

Дар хотима бемуносибат нест аз ҷанбаи таърихии масоили вуҷуд низ баҳси мухтасаре бикунем. Собиқан маъмул набуд, ки дар китобҳои фалсафа аз ҷанбаи таърихии масоил низ баҳсе ба миён оваранд ва таърихи масоил — яъне ибтидои пайдоиши назарияҳо ва таҳаввулоте, ки дар давраҳои мухталиф дар назарияҳо пайдо шуда — баён намоянд. Махсусан дар машриқзамин ин ҷиҳат ба куллӣ маҳҷур ва матрук ва мавриди ғафлати аҳли назар буд. Ин қисмат ихтисос ба фалсафа надорад, дар соири қисматҳо аз тиббу мантиқу риёзиёту адабиёту фиқҳу усулу ҳадис низ ҳамин тавр буд. Уламои машриқзамин, ки дар фанне ворид мешуданд, фақат ба ҷанбаҳои назарии масоил мепардохтанд ва назар ба ҷанбаҳои таърихии онҳо надоштанд. Рӯйи ин ҷиҳат, назарияҳо дар китобҳо тарҳ мешуд, вале равшан набуд, ки ин назарияро чӣ касе иброз дошта ва чӣ касе онро такмил кардааст. Ва агар аҳёнан номи касе дар зимни масоил бурда мешуд, на аз назари таҳқиқ дар бораи мабдаъ ва нушӯъу нумуви як фикр буд, балки аз назарҳои дигаре буд, чунонки бар касоне, ки вориданд пӯшида нест. Ва рӯйи ин ҷиҳат, таърихи ҳаёти улум ва фунун равшан намешуд. Дар таҳаввулоти ҷадиди урупоӣ яке аз мавзӯъоти муфиде, ки назари донишмандонро ҷалб кард, мутолеаи таърихи ҳаёти улум ва фунун буд. Дар давраи ҷадид илова бар ин ки китобҳо ва рисолоти мустақил дар ин мавзӯъот навишта мешавад, маъмул ин аст, ки дар матни китобҳои илмӣ ва ҳатто китобҳои дарсӣ интисоби масоил ба падидоварандагон ва такмилкунандагони онҳо равшан мешавад.

Адами таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои таърихии масоил мӯҷиб шуда, ки мутахассисини фунун низ аз ин қисматҳо бехабар бимонанд ва аҳёнан иштибоҳоти азиме ба онҳо даст бидиҳад. Масалан, агар касе ба китобҳои фалсафа аз қабили “Шарҳи Манзума”-и Ҳаким Сабзаворӣ ва ғайра муроҷиа кунад ва масоили вуҷудро мавриди назар қарор диҳад, чунин мепиндорад, ки аз ду ҳазору чаҳор сад сол пеш, ки мактаби машшоъ ва мактаби ишроқ таъсис шуда масъалаи асолати вуҷуд ва асолати моҳият матраҳ буда ва машшоъин асолативуҷудӣ ва ишроқийин асолатимоҳувӣ будаанд. Ва ҳамчунин аз ҳамон замонҳо масъалаи ваҳдат ва касрати вуҷуд ба ҳамин сурате, ки имрӯз мавриди мутолеа аст — яъне бо таваҷҷӯҳ ба асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият — матраҳ буда ва ҳукамои машшоъ қоил ба касрати вуҷуд будаанд ва ҳукамои Эрони бостон қоил ба ташкики вуҷуд будаанд. Ва ҳол он ки вақте инсон ба китобҳои фалсафа аз чаҳор қарн пеш ба он тараф муроҷиа мекунад, исме аз асолати моҳият намеёбад, ва агар аҳёнан дар баъзе китобҳо, ки аз давраи Ибни Сино ба баъд таълиф ёфта баҳсе аз эътиборияти вуҷуд ва ин ки вуҷуд аз маъқулоти сония аст ба миён омада ва далоиле оварда шуда, на ба он маънӣ ва мафҳумест, ки ахиран дар мабҳаси асолати вуҷуд ва асолати моҳият қасд мешавад, чунонки анқариб тавзеҳ хоҳем дод. Дар давраҳои қабл аз он давра ҳатто ин қадр ҳам баҳс нашудааст. Дар давраҳои аввалияе, ки фалсафаи Юнон ба арабӣ тарҷума шуда масоили вуҷуд хеле маҳдуд буда ва баҳсе аз масоили асосӣ ба миён наомадааст. Дар рисолаи “Мобаъдуттабиа”-и Арасту, ки ба “Китобул-ҳуруф” маъруф аст ва сарчашмаи аслии фалсафаи уло маҳсуб мешавад, аз масоили вуҷуд танҳо масъалае, ки дида мешавад, масъалаи иштироки маънавӣ ва иштироки лафзии вуҷуд аст.

Дар рисолоти Абӯнасри Форобӣ масъалаи муғойирати вуҷуд бо моҳият низ, ки ба номи “зиёдати вуҷуд бар моҳият” маъруф аст, унвон мешавад ва бинобар ин баҳси ҳукамо аз “зиёдати вуҷуд бар моҳият” аксуламали назарияе аст, ки бархе мутакаллимин дар мавриди айнияти вуҷуд бо моҳият доштаанд ва ҳамчунин баҳси зиёдати вуҷуд бар моҳият мунҷар ба падид омадани мабҳаси асолати моҳият ва асолати вуҷуд шуда. Назарияи айнияти вуҷуд бо моҳият мансуб ба Абулҳасани Ашъарӣ ва Абулҳусайни Басрӣ аз мутакаллимин аст ва махсусан номи Абулҳасани Ашъарӣ дар инҷо зиёд бурда мешавад. Аз китобҳо ва рисолоти Шайх Ашъарӣ аҷолатан чизе дар дасти мо нест, ки мустақиман ҳолро таҳқиқ кунем, вале соҳиби “Мавоқиф” Қозӣ Азуди Иҷӣ муддаӣ аст, ки интисоби ин назария ба Шайх Ашъарӣ саҳеҳ нест; чизе, ки ҳаст Шайх Ашъарӣ бо ҳукамо дар масъалаи вуҷуди зеҳнӣ мухолиф аст ва муддаӣ аст, ки айни моҳияти ашё дар азҳон ҳосил намешаванд (бар хилофи назарияи ҳукамо) пас дар зеҳн моҳияте нест, ки бо вуҷуд муғойир бошад ё набошад.

Ба ҳар ҳол, чӣ ин нисбат ба Шайх Ашъарӣ саҳеҳ бошад ва чӣ набошад, баҳси ҳукамо аз “зиёдати вуҷуд бар моҳият дар зеҳн” аксуламали баҳсҳои каломии доир бар айнияти вуҷуд бо моҳият дар зарфи зеҳн аст.

Баъдан ин масъала, масъалаи дигареро ба дунболи худ кашонида. Ва он ин ки баъд аз ин ки мусаллам шуд, ки вуҷуд дар зарфи зеҳн на айни моҳият аст ва на ҷузъи он, балки муғойир ва зоид бар он ва ба иборати дигар оризи он аст, оё дар зарфи хориҷ чӣ гуна аст? Оё вуҷуд дар хориҷ низ амре зоид ва илова бар моҳият аст ё он ки дар хориҷ айни он аст? Дар посухи ин суол албатта ҳукамо посух додаанд, ки вуҷуд дар хориҷ айни моҳият аст ва мумкин нест, ки вуҷуд ва моҳият дар хориҷ муғойират дошта бошанд. Баъдан суоли дигаре пеш омада, ки ду чизе, ки дар зеҳн на айни якдигаранд ва на яке аз онҳо ҷузъи дигарест чӣ гуна мумкин аст дар хориҷ айни якдигар буда бошанд? Дар посухи ин суол баҳси интизоъӣ будани вуҷуд ва ин ки вуҷуд аз маъқулоти сония аст ба миён омада ва далоиле оварда шуда, ки “вуҷуд” мафҳуме интизоъӣ аст ва мафоҳими интизоъӣ мобиҳизои ҷудогона аз маншаъи интизоъашон надоранд. Дар ин марҳила аст, ки сухани интизоъӣ будан ва эътиборӣ будани вуҷуд ба миён меояд. Шайхи Ишроқ дар “Ҳикматул-ишроқ” далоили бисёре иқома мекунад, ки “вуҷуд” мафҳуме интизоъӣ ва эътиборӣ аст, вале ҳамчунон ки гуфтем, Шайхи Ишроқ низ ин матлабро таҳти унвони “зиёдати вуҷуд бар моҳият дар хориҷ” унвон мекунад (на таҳти унвони “асолати вуҷуд ва асолати моҳият”). Дар ин марҳила ҳанӯз сухан аз ин аст, ки вуҷуд дар хориҷ амре илова бар моҳият нест, зеро амре эътиборӣ аст, ва чунин тасаввур мешуда, ки агар вуҷуд амре эътиборӣ ва интизоъӣ набошад, лозим меояд, ки дар хориҷ амре илова бар моҳият буда бошад; яъне ин масъала ба сурати даварони амр байни “асолати моҳият” ва “асолати вуҷуд” матраҳ ва мафҳум набуда. Дар марҳилаи дигар ин баҳс дақиқтар мешавад, ва он марҳила дар китобҳои Муҳаққиқ Мир Муҳаммадбоқири Домод (вафотёфта дар соли 1040 ҳиҷрӣ) дида мешавад. Дар ин марҳила баҳс аз ин аст, ки агар вуҷуд амре эътиборӣ набошад ва амри ҳақиқӣ бошад, лозимааш ин нест, ки дар хориҷ илова бар моҳият бошад, балки лозимааш ин аст, ки “моҳият” амре эътиборӣ ва зеҳнӣ бошад. Дар ин марҳила расман баҳси “асолати вуҷуд ва асолати моҳият” ба ҳамин сурате, ки имрӯз мавриди мутолеаи мост тарҳ мешавад ва муҳаққиқи Домод, ки худаш қоил ба асолати моҳият аст, расман аз асолати моҳият дар таҳаққуқ ва дар ҷаъл ном мебарад ва аз он дифоъ мекунад.

Ва баъдан навбат ба шогирди вай Садрулмутааллиҳин мерасад ва ӯ ибтидо аз устоди хеш пайравӣ мекунад ва қоил ба асолати моҳият мешавад, вале баъдан мутаваҷҷеҳ мешавад, ки асолати моҳият қобили қабул нест ва ягона роҳе, ки қобили қабул аст ва бурҳонҳое низ онро таъйид мекунад ва ба илова мушкилоти азими фалсафаро ҳал мекунад, асолати вуҷуд аст ва бурҳонҳои мутааддиде бар “асолати вуҷуд” иқома мекунад. Ва баъд аз вай ин матлаб ба сурати қатъӣ ва ғайри қобили тардид дармеояд ва ба воситаи аҳаммияте, ки дорад сарнавишти фалсафаро тағйир медиҳад.

Бинобар ин дар рисолаи “Мобаъдуттабиа”-и Арасту танҳо баҳс аз “иштироки маънавии вуҷуд” ба миён буда ва дар қарни севвум ва чаҳоруми ҳиҷрӣ дар муқобили ақоиди мутакаллимин баҳси “зиёдати вуҷуд бар моҳият” ба миён омада ва ба тадриҷ аз ин ки “вуҷуд зотии моҳият нест яъне ҷузъи моҳият нест” баҳс шуда (Ибни Сино ин қисматро баҳс карда) ва баъд мавзӯи “айният ва муғойирати вуҷуд бо моҳият дар хориҷ” ҷалби назар карда (ин қисмат низ аз матовии калимоти Ибни Сино истифода мешавад) ва сипас дар бораи интизоъӣ будан ва эътиборӣ будани вуҷуд баҳс шуда бидуни он ки мулозимаи эътиборияти вуҷуд бо асолати моҳият ва мулозимаи асолати вуҷуд бо эътиборияти моҳият мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шуда бошад (ҳамон тавре, ки аз баҳсҳои Шайхи Ишроқ истифода мешавад). Баъдан дар давраи Муҳаққиқи Домод расман аз “асолати моҳият ва асолати вуҷуд” баҳс шуда ва ба василаи Садрулмутааллиҳин “асолати вуҷуд” ба сурати қатъӣ даромадааст.

Садрулмутааллиҳин сахт изҳори тааҷҷуб мекунад аз ин ки Шайхи Ишроқ аз як тараф қоил ба асолати моҳият ва эътиборияти вуҷуд мешавад ва аз тарафи дигар таҳти унвони “нур” изҳороте мекунад, ки ҳеч гуна бо асолати моҳият созгор нест, балки он чиро ӯ таҳти унвони “нур” барои ҳақиқати нур баён мекунад, ҳамон аст, ки як файласуфи асолативуҷудӣ барои ҳақиқати вуҷуд метавонад бигӯяд.

Вале ҳақиқат ин аст, ки таваҷҷӯҳ ба кайфияти таҳаввул ва такомули масоили вуҷуд ва ин ки мафҳуми Шайхи Ишроқ аз интизоъӣ будани вуҷуд бо он чӣ баъдан аз асолати моҳият қасд карда ва мекунанд фарқ мекунад. Ва ҳамчунин он чӣ Шайхи Ишроқ ё пешиниён нисбат ба “нур” изҳор доштаанд, бо он чӣ як файласуфи асолативуҷудӣ, ки моҳиятҳоро эътибороти зеҳн медонад аз “ҳақиқати вуҷуд” қасд мекунад фарқ мекунад, ин тааҷҷуб худ ба худ рафъ мешавад.

Ба таври қатъ масъалаи “асолати вуҷуд ва асолати моҳият” ба ин сурате, ки имрӯз мавриди мутолеаи ҳукамост дар собиқ матраҳ набуда. Агар мо аз интисоботи сарбастае, ки мутааххирин додаанд сарфи назар кунем ва онҳоро ҳамл ба адами таваҷҷӯҳ ба таърихи таҳаввули улум бикунем ва шахсан ба мутуни китобҳои фалосифа муроҷиа кунем ва давра ба давра масоили мавриди назарро муқоиса кунем, ҳақиқати боло равшан мешавад.

Мутааххирини ҳукамо сарбаста “асолати вуҷуд”-ро ба машшоъин нисбат медиҳанд. Агар машшоъин аз қадим чунин ақидае доштаанд, мебоист Ибни Сино, ки “раисул-машшоъин” лақаб ёфта сареҳан ин ақидаро қабул ё лоақал нақл карда бошад, ва ҳол он ки ҳар касе дар ин боб як навъ ақида барои Ибни Сино қоил аст. Соҳиби “Мавоқиф” дар масъалаи “зиёдати вуҷуд бар моҳият”, ки мавзӯи интизоъӣ будани вуҷудро баён мекунад мегӯяд:

Ибни Сино дар Шифо тасреҳ дорад, ки “вуҷуд” аз маъқулоти сония аст ва мобиҳзое дар хориҷ илова бар моҳиятҳо, ки маъқулоти аввалияанд надорад.”

Ҳамчунин номбурда дар мабҳаси “бадоҳати вуҷуд” мегӯяд:

Ҳақ дар назди ҳукамо ин аст, ки вуҷуд ва нақизи вай муттасиф ба адам мешаванд. Вуҷуд аз маъқулоти сония аст, ки дар хориҷ воқеият надорад ва мавҷуд нест ва ҳар чизе, ки мавҷуд нест маъдум аст, зеро воситае байни мавҷуд ва маъдум дар кор нест.”

Ва агар машшоъин расман қоил ба асолати вуҷуд буданд ва дар он аҳдҳо расман ин масоил матраҳ буд, мумкин набуд, ки соҳиби “Мавоқиф” чунин истинбот кунад, ки ҷамиъи ҳукамо қоил ба интизоъӣ будани вуҷуд ҳастанд.

Худи Садрулмутааллиҳин дар “Асфор” мегӯяд:

Ман худам дар собиқ қоил ба асолати моҳият будам ва шадидан аз қудамо дифоъ мекардам ва мӯътақид будам, ки ҳамаи онҳо қоил ба асолати моҳият будаанд, то он ки Худо маро ҳидоят кард ва ба таври вузуҳ бар ман собит шуд, ки асолат бо вуҷуд аст.

Мушорун илайҳ баъдан, ки асолативуҷудӣ мешавад, айнан равиши собиқи хешро такрор мекунад, яъне ба шиддат аз қудамо дифоъ мекунад ва мегӯяд, ҳамаи онҳо асолативуҷудӣ будаанд ва ба порае аз ҷумлаҳо, ки дар мавориде гуфта шуда ва бӯи асолати вуҷуд аз онҳо истишмом мешавад, истинод мекунад. Ва албатта ин худ далели возеҳе аст бар матолиби мо. Зеро агар масъалаи асолати вуҷуд мисли порае аз масоил дар назди қудамо матраҳ буд, худи Садрулмутааллиҳин, ки дар ду замон ду ақида дорад, дар бораи қудамо ду ақидаи мутазодд пайдо намекард. Ба таври қатъ масъалаи асолати вуҷуд ва асолати моҳият ва ҳамчунин масъалаи ваҳдат ва касрати вуҷуд ба сурати ду масъалаи равшан, ки ҳудуд ва муқаддимот ва лавозими онҳо комилан дар назар гирифта шуда бошад, дар қадим мавҷуд набуда. Чизе, ки ҳаст ин аст, ки аҳёнан дар китобҳои баъзе аз ҳукамо калимоте ёфт мешавад, ки далолат бар асолати вуҷуд мекунад, мисли бархе калимоти Ибни Сино ё калимоти Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, вале бо таваҷҷӯҳ ба соири ақоиде, ки ин донишмандон дар соири масоил изҳор доштаанд, равшан мешавад, ки агар аҳёнан дар мавриди бахусусе вуҷудро ба сурати амре асил ва моҳиятро ба сурати амре эътиборӣ талаққӣ кардаанд, ба ҷамиъи муқаддимот ва натоиҷ ва лавозими ин матлаб таваҷҷӯҳ надоштаанд.

Лозим аст гуфта шавад, ки дар тӯли замоне, ки (ҳукамо) дар бораи вуҷуд баҳс карданд, урафо аз роҳи дигаре дар бораи вуҷуд баҳс карданд. Урафо вуҷудро бо назари як мафҳуми эътиборӣ ва интизоъӣ нигоҳ намекарданд, балки вуҷудро ягона ҳақиқат мепиндоштанд. Албатта сухани урафо рӯйи усули дигаре, ки мубтанӣ бар кашфу шуҳуд буд адо мешуд, яъне урафо баҳси ақлӣ ба унвони “асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият” надоштанд, фақат суханоне доштанд, ки бо асолати вуҷуд созгор буд. Садрулмутааллиҳин, ки қоил ба асолати вуҷуд шуд ва онро бо бурҳонҳои ақлӣ ва фалсафӣ исбот кард, аз оро ва ақоиди урафо илҳом мегирифт. Чизе, ки ҳаст мушорун илайҳ барои назарияи онон мабнои ақлӣ ва фалсафӣ пайдо кард, ҳамон тавре, ки дар бисёре аз мавориди дигар низ назарияи урафоро таъйид карда ва барои онҳо мабонии ақлӣ ва фалсафии муҳкаме таъсис кардааст. Бинобар ин Садрулмутааллиҳинро наметавон мубтакири асолати вуҷуд донист, вале қатъан ягона касе, ки назарияи асолати вуҷудро ба сурати як назарияи қатъии фалсафӣ даровард ва муқаддимот ва мабодии онро ба даст овард ва то ҳадди зиёде аз лавозим ва натоиҷи он истифода кард, Садрулмутааллиҳин аст.

Аз маҷмӯи он чӣ то кунун гуфта шуд, маълум шуд, ки масоили вуҷуд ва ба хусус ду масъалаи асосии онҳо (асолати вуҷуд ва ташкики вуҷуд) беш аз он андоза, ки мустанад ба фалсафаи қадими Юнон аст, аз як тараф мустанад ба назарияи урафост ва аз тарафи дигар дар натиҷаи мубориза бо ақоиди мутакаллимин пайдо шуда.

Он чӣ то кунун гуфта шуд, мухтасаре буд аз таърихи таҳаввули масоили вуҷуд ва агар бино бишавад дақиқан баҳс шавад бо истинод ба ақвол ва орои фалосифаи ҳар замоне, бисёр тӯлонӣ хоҳад шуд.

Инҷониб дар назар дорад таҳти унвони “Таҳаввули мантиқ ва фалсафа дар ислом” масоили мантиқ ва фалсафаро якояк мавриди баррасӣ қарор диҳад ва мероси қадими Юнонро аз он чӣ баъдан афзуда шуда равшан кунад, ва зимнан арзиши воқеии назарияҳоро баён намояд. Муқаддимоти ин кор то андозаи зиёде фароҳам шуда ва ёддоштҳои муфиде низ дар ин замина таҳия шуда. Ин мухтасаре, ки дар инҷо роҷеъ ба таҳаввули масоили вуҷуд баён шуд, намунаен буд аз ин мавзӯъ. Ва мутмаин аст, ки бо равшан шудани ин мавзӯи ибтикорӣ ҳақоиқи зиёде равшан хоҳад шуд.

Дар инҷо чанд қисмати дигар низ марбут ба мавзӯъ боқӣ монд, ки маҷоли баҳс аз онҳо нест: яке мавзӯи интисоби назарияи ташкики вуҷуд ба ҳукамои Эрони бостон (Фаҳалвийюн), яке дигар интисоби ин назария ба Афлотуниёни ҷадид ва ба хусус шахси Афлутин, ва яке таҷзия ва таҳлили баҳси ҷадиде, ки ахиран дар Урупо ба номи “экзистентсиалисм” шойеъ аст ва он низ ба унвони “асолати вуҷуд” хонда мешавад.

Умед аст тавфиқе ҳосил шавад ва дар ҷойи дигар ин мавзӯъот маҳалли баҳс қарор гирад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

1 reply

  1. Вы изложили на фарси. Если бы обсуждали на таджикском или на международном русском языке, у меня есть, что сказать.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: