Шайхулислом: “Даргирии Арабистон бо Эрон, ба шикасти муфтазаҳонаи ин кишвар мунҷар мешавад”

Ҳусайни Шайхулислом, мушовири вазири умури хориҷаи Эрон ва сафири асбақи ин кишвар дар Сурия, дар хусуси эҳтимоли рӯёрӯии Арабистон бо Эрон гуфт: “Дар ҳар сурат, даргирии Арабистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба шикасти муфтазаҳонаи ин кишвар мунҷар мешавад. Зеро инҳо бо садҳо милёрд дулор аслиҳа тавоноии шикасти Яманро, ки аз назари низомӣ ва имконот бисёр заъиф аст, надоштаанд. Онҳо пас аз моҳҳо ҷанг ҳанӯз натавонистаанд миллати Яманро аз пой дароваранд.”

Шайхулислом рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо Хабаргузории ИРНО, зимни табрик ба мардум ва давлати Ироқ барои озодсозии Мавсил гуфт: “Озодии Мавсил заминаи нобудии комили ДОЪИШ-ро ба рағми тамомии имконоте, ки дар ихтиёри ин гурӯҳи теруристӣ қарор гирифта буд, фароҳам кард.”

Вай афзуд: “Бо шикасти ДОЪИШ дар Талаъфар, Ҳувайҷа, Дейраззур ва Риққа низ, нобудии комили ин гурӯҳи теруристӣ ба зудӣ рақам хоҳад хӯрд.”

Шайхулислом бо ишора ба ин ки ДОЪИШ ба унвони як созмони чирикӣ бо идеулужӣ ва ақидаи хосс ва инҳирофӣ боқӣ хоҳад буд, тасреҳ кард: “Бисёр муҳим аст, ки дар ҷаҳони ислом ба вежа уламо ва мутафаккирин талош кунанд, то ҷавонон ҷазби ин созмони шайтонӣ нашаванд, зеро ДОЪИШ чеҳраи исломро миёни миллатҳои ҷаҳон махдуш карда ва онро муъодили теруризм, ҷиноят, хушунат ва ифротигарӣ ба тасвир кашидааст ва ба ҳамин далел кори фарҳангии бисёр бузурге дар пеш дорем.”

Шайхулислом дар идома гуфт: “ДОЪИШ тавонист аз бисёре аз кишварҳои дунё ба вежа аз кишварҳои минтақа нерӯ ҷазб кунад, ва ҳол он ки ташкилоташ аз ҳам пошида ва маҳалли истиқроре ҳам надорад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки бисёре аз аносури ин гурӯҳ бояд ба кишварҳои худ бозгарданд, мумкин аст ба далели шароити хосси шимоли Офриқо онҷоро маркази фаъолиятҳои худ қарор диҳанд. Ва ин хатари бузургест, ки амнияти ин кишварҳоро таҳдид мекунад.”

Мушовири вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: “Дар ҷараёни набард бо ДОЪИШ, ҳамкории бисёр ҷиддӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ ва Сурия ва низ Ҳизбуллоҳи Лубнон ва дигар тарафҳое, ки нақши асосӣ дар нобудии ДОЪИШ доштаанд, аз ҷумла Русия, вуҷуд доштааст. Кишварҳои воқеъ дар шимоли Офриқо низ барои дар амон мондан аз шарри ин гурӯҳи теруристӣ, бояд бо ин маҷмӯа ҳамкорӣ кунанд ва иҷоза надиҳанд базри фитна дар ин кишварҳо борвар шавад.”

Шайхулислом хотирнишон кард: “Ҳамкории иттилоотӣ ва фикрии наздике миёни Эрон ва кишварҳои шимоли Офриқо бояд барқарор шавад, зеро Эрон дорои иттилооти бисёр хубе дар хусуси теруристҳо ва доъишиҳо аст ва шумори зиёде аз нерӯҳои эронӣ дар ин роҳ шаҳид шудаанд. Ин иттилоот бидуни тардид барои ҷилавгирӣ аз густариш ва нуфузи ин фитна дар кишварҳои шимоли Офриқо муфид хоҳад буд.”

Шайхулислом дар хусуси даврони пас аз ДОЪИШ дар Ироқ гуфт: “Бидуни тардид, ваҳдат ва якпорчагии Ироқ бояд пас аз шикасти ДОЪИШ ҳифз шавад. Ҳамзистии ақвоми мухталиф дар Ироқ бисёр муҳим аст, курдҳо ва арабҳо — шиъа ва суннӣ — ҳама бояд дар як кишвари муттаҳид ва якпорча ҳамчунон, ки то кунун буда, ба зиндагӣ идома бидиҳанд, ин пирӯзиро пеш бибаранд ва дар саҳнаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва иқтисодии дохилии онҷо ҳам пирӯз шаванд ва иҷоза надиҳанд базри фитна ба гунаи дигаре пароканда шавад. Ироқиҳо бояд монеъи эҷоди фитна миёни тавоиф ва мазоҳиби мухталиф шаванд ва иҷоза надиҳанд шикастхӯрдагон бори дигар бо эҷоди тафриқа, аз мардуми Ироқ интиқом бигиранд.”

Шайхулислом дар хусуси таҳаввулоти ахир дар минтақа ва Сурия низ гуфт: “Беш аз 6 сол пеш ҳамаи қудратҳои ғарбӣ ва шайтонӣ ва навкаронашон барои тағйири низоми ҳукуматии Сурия камари ҳиммат бастанд ва ба таври аланӣ онро эълом карданд, раисиҷумҳури Омрико, шоҳи Арабистон, нахуствазири Ангилис ва нахуствазири вақти Туркия комилан аланӣ ва расмӣ бо садои баланд эълом карданд, ки ҳукумати Сурия бояд иваз шавад. Ин бар хилофи қавонини байналмилалӣ буд. Онҳо ба мувозоти ин кор, тавтиаро ҳам оғоз карданд. Акнун беш аз 6 сол аст, ки ҳар ҷинояте, ки тавонистаанд, кардаанд, аммо хушбахтона мардуми Сурия пойдорӣ кардаанд ва ба лутфи Худованд ва ҳиммати нерӯҳои мусаллаҳ ва пуштибонони он монанди Ҳизбуллоҳ, Эрон, Фотимиюн ва Зайнабиюн истоданд ва иҷоза дода нашуд тафаккури такфирӣ дар ин кишвар мусаллат шавад.”

Шайхулислом дар хусуси нақши Эрон дар раванди сиёсӣ дар Сурия ва эҷоди сулҳ дар ин кишвар низ гуфт: “Пас аз пирӯзиҳои майдонӣ ба вежа озодии шаҳри Ҳалаб, танҳо сохтори муассир ва муфиде, ки тавонист оташбасро ба Сурия биёварад, конфронси Остона буд, ки як узви фаъол ва таъсиргузори он Эрон буд.”

Вай афзуд: “Эрон ба унвони як нерӯи лозим ва асаргузор дар ин музокирот ворид шуд. Музокироти сахт ва печидае буд. Бар асоси тарҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, як оташбаси ҳарчанд шикананда ва нисбӣ барқарор шуд. Эрон аз ибтидо медонист шарти натиҷа додани ҳар коре, барқарории оташбас аст ва бидуни оташбас ҳеч коре наметавон кард. Пас аз оташбас, муҳимтарин мавзӯъ расидагӣ ба осебдидагон аз ин бӯҳрон аст ва ин бояд ба кӯмаки ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои алоқаманд ва созмонҳои байналмилалӣ ва ба вежа худи миллати Сурия анҷом шавад .Эрон дар ин марҳила ҳам муваффақияти нисбӣ дар Остона доштааст. Ва муҳим ин аст, ки овораҳо, ки яке аз бузургтарин мушкилоти ин бӯҳрон буданд, акнун шурӯъ ба бозгаштан ба хона ва кошонаи худ кардаанд ва дар қисматҳое аз Сурия, зиндагӣ ба самти оддӣ ва табиӣ шудан меравад.”

Шайхулислом афуд: “Дар канори оташбас ва расидагӣ ба осебдидагон, масъалаи муҳимми дигар, гуфтугӯи сурӣ — сурӣ буд, ки Эрон талош кард дар канори Остона анҷом шавад ҳарчанд кори мушкилест.”

Шайхулислом дар идома таъкид кард, ки Эрон бо нишасти Остона, қасди тазъифи конфронси Женевро надоштааст, ҳарчанд ки то кунун натиҷаи малмус ва созандае дар Женев ҳосил нашудааст. Дар хусуси Сурия, он чи мавриди назари Эрон ва банди чаҳоруми тарҳи эронӣ аст, ин аст, ки ҳаққи таъйини сарнавишти Сурия, мутаъаллиқ ба мардуми ин кишвар аст.

Мушовири вазири хориҷаи Эрон дар хусуси иттиҳомҳои Омрико ва муттаҳидонаш ба Сурия мабнӣ бар истифода аз силоҳи шимиёӣ гуфт: “Вақте Омрико ба унвони абарқудрат дар сатҳи раисиҷумҳурӣ ва вазири хориҷа эълом мекунад ҳукумати Сурия бояд иваз шавад ва наметавонад ин корро муҳаққақ кунад, ин шикасти бузурге барои Омрикост. Ин яъне ин ки Омрико дигар қудрати таъйинкунанда барои ҷаҳон нест. Омрико дар Сурия мутаҳаммили шикасти бузурге шудааст.”

Вай афзуд: “Душманони Сурия бо ҳамаи пуле, ки аз кишварҳои шоҳаншоҳӣ дарёфт карданд, ҳар талоше карданд, вале натавонистанд низоми ҳукуматии онро сарнагун кунанд. Иттиҳоми истифода аз силоҳи шимиёӣ дар Сурия ношӣ аз зӯргӯии истикборӣ аст, ин сиёсати онҳо дар минтақа собиқадор аст, онҳо ба баҳонаи ин ки Ироқ силоҳи куштори ҷамъӣ дорад, ба Ироқ ҳамла карданд, аммо баъд мушаххас шуд чунин силоҳе вуҷуд надоштааст, онҳо акнун низ ба ҳамин баҳона мехоҳанд Сурияро ҳадаф қарор диҳанд.”

Шайхулислом дар идома гуфт: “Ин теруристҳо буданд, ки бо кӯмаки созмонҳои иттилоотии минтақа, даст ба ҳамалоти шимиёӣ дар Сурия заданд.”

Мушовири вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: “Давлати Сурия пештар ҳамаи силоҳи шимиёии худро таҳвили Созмони бозрасии Кунвонсиюни манъи густариши силоҳҳои шимиёӣ дода ва бозрасони байналмилалӣ тамоми Сурияро бозрасӣ ва таъйид кардаанд, ки Сурия дигар силоҳи шимиёӣ надорад. Ҳадафи Омрико аз ин гуна иттиҳомзаниҳо, руҳия додан ба теруристҳост, ки абзори сиёсатҳои истикборӣ ва навкарони онҳо дар минтақа ҳастанд. Хушбахтона бо ҳузури қавии Эрон ва Русия ва дигар кишварҳое, ки ин саҳнасозиҳоро қабул надоранд, аз ҳамла ба Сурия ҷилавгирӣ шуд.”

Шайхулислом тасреҳ кард: “Омрико дар минтақа шикасти сахте мутаҳаммил шудааст ва дар даврони Тромп мехоҳад ба гунае ин шикастро ҷуброн кунад, ба вежа ин ки сиёсати Тромп дар қиболи дарёфти пул артиши Омрикоро барои ҳадафҳои мушаххасе, ки соҳибони он пул таъйин мекунад, ба кор мебарад. Яъне нақши артиши Омрико, ки қарор буд ба истилоҳ арзишҳои волои демукросиро дар дунё нашр диҳад, то ҳадди як артиши муздур, ки пул мегирад ва одамкушӣ мекунад, поин омадааст.”

Шайхулислом дар мавриди мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи бӯҳрони мавҷуд миёни кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс низ гуфт: “Мо ба унвони ҳамсояи ин кишварҳо, хостори ҳалли сареъи ин бӯҳрон ҳастем, зеро вақте оташе дар хонаи ҳамсоя меафтад, эҳтимоли сирояти он ба хонаҳои дигар низ вуҷуд дорад. Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори ҳалу фасли сареъи ин бӯҳрон аст, аммо мутаассифона бархе тарафҳо бисёр кинатӯз ва кинаварз ҳастанд ва бо пофишорӣ бар хостаҳои худ, монеъи поён ёфтани бӯҳрон шудаанд ва мо умедворем ин оташ маҳор шавад ва ба дигар ҷоҳои минтақа сироят накунад.”

Мушовири вазири хориҷаи Эрон дар хусуси сафари вазири хориҷаи Омрико барои миёнҷигарӣ миёни кишварҳои арабӣ низ гуфт: “Яке аз далоили ба вуҷуд омадани ин мушкил, сафари шахси Тромп ба Арабистон буд.”

Вай афзуд: “Пеш аз ин миёни Арабистон ва Қатар ихтилофоте вуҷуд дошт, аммо дар сафари Тромп ба Риёз, оташи мушкилоти мавҷуд миёни ду кишвар шӯълавар шуд. Ин бӯҳрон аз натоиҷи сафари Тромп буд. Омрикоиҳо мехоҳанд ин ихтилоф боқӣ бимонад, зеро ин ихтилоф тавҷеҳкунандаи ҳузури онҳост ва таъйиде барои ин ки бояд дар минтақа ҳузур дошта бошанд.”

Шайхулислом дар хусуси иллати ворид шудани Арабистон дар даргириҳои минтақаӣ аз замоне, ки Муҳаммад бен Салмон ҷонишини валиаҳд ва вазири дифоъи Арабистон шуд, низ гуфт: “Ҳадаф аз ҳамаи ин корҳо ин буд, ки Муҳаммад бен Салмон мехоҳад “шоҳ” шавад.”

Шайхулислом дар мавриди равобити Эрон ва Арабистон дар шароити ҷадид ва имкони рӯёрӯии Арабистон бо Эрон гуфт: “Дар ҳар сурат даргирии Арабистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шикасти муфтазаҳонаи ин кишвар мунҷар мешавад, зеро инҳо бо садҳо милёрд дулор аслиҳа тавоноии шикасти Яманро, ки аз назари низомӣ ва имконот бисёр заъиф аст, надоштаанд. Онҳо пас аз моҳҳо ҷанг ҳанӯз натавонистаанд миллати Яманро аз пой дароваранд.”

Вай дар мавриди тавони дифоӣ ва мушакии Эрон ба унвони омили боздоранда, гуфт: “Ҷинояте, ки теруристҳои доъишӣ дар Теҳрон муртакиб шуданд, боис шуд масъулони эронӣ хеле сареъ дар мавриди ин мавзӯъ, ки дар чӣ маҳалле ин тавтиаи теруристӣ алайҳи мардуми Эрон тарроҳӣ шуда буд таҳқиқ кунанд, то ба теруристҳо дарсе фаромӯшнашуданӣ бидиҳанд. Пас аз кори иттилоотии дақиқ ва кашфи утоқи амалиёти теруристҳо дар Дейраззури Сурия, тасмим гирифта шуд аз садҳо километр он тарафтар ин сохтмон бо мушакҳои дурбурд ҳадаф қарор бигирад. Ҳамзамон чанд паҳпод низ аз наздикии Димишқ ба парвоз даромад, то битавонад ба сурати зинда лаҳзаи исобати ин мушакро барои маркази фармондеҳӣ дар Теҳрон мухобира кунад. Мушакҳои нуқтазани Эрон дақиқан ба ҳадаф исобат кард. Ин қудрат ва азамат боис мешавад душманон аз ин тавоноии мардуми Эрон ҳарос дошта бошанд. Ин тавоноии нуқтазанӣ собит мекунад тарафи муқобил наметавонад муқобили Эрон риск кунад.”

Вай дар идома гуфт: “Сомонаи дифоъи мушакӣ низ наметавонад коре дар хусуси даҳҳо мушак, ки ҳамзамон шиллик шавад анҷом диҳад, зеро ин сомонаҳо барои раҳгирии теъдоди маҳдуде мушак тарроҳӣ шуда ва ҳазина болое дорад. Ин дар ҳолест, ки Эрон як қудрати мушакӣ аст ва мушак барои Эрон ҳазинаи хеле болое надорад, зеро донишмандони эронӣ тавоноии сохти анбӯҳи ҳамаи қатаъоти мушакро доранд ва ҳамаи сомонаҳои он бумисозӣ шудааст. Бо ин тавоноиҳо яъне ҳеч касе тавоноии ба чолиш кашидани ин қудрати Эронро надорад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: