Ҳамос: “Омодаи озодсозии саросари Фаластин ҳастем”

Сухангӯи ҷунбиши муқовимати Фаластин (Ҳамос) рӯзи шанбе гуфт: “Муқовамат дар авҷи қудрати худ қарор дорад ва омодаи озодсозии саросари хоки Фаластин аст.”

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, Сомӣ Абузуҳрӣ, сухангӯи Ҳамос, бо ишора ба авзоъи вахими ҷорӣ дар Масҷидулақсо ва иқдомоти режими ишғолгари Қудс дар он, гуфт: “Сокинони маҳаллаҳои атрофи Масҷидулақсо масъулияти ҳифозат аз ин масҷидро ба дӯш мекашанд.”

Вай афзуд: “Муқовимат дар авҷи қудраташ аст ва ба сароҳат мегӯям, ки мо дар ҳоли омӯзиш ва омодасозии худ барои озодии саросари Фаластин ҳастем.”

Сухангӯи Ҳамос бо баёни ин ки мардуми Фаластин сафҳаи ҷадидеро дар муқовимат боз кардаанд, гуфт: “Ҳеч кадом аз иқдомоте, ки бархе аз ҳуккоми араб дар оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ бар он ҳисоб боз кардаанд, ба натиҷа нахоҳад расид.”

Вай дар бахши дигаре аз суханонаш ба мавзӯи интиқоли раҳбарони Ҳамос ба Алҷазоир ишора ва таъкид кард: “Ҳамос робитаи муҳкаме бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳони араб дорад ва ниёзе нест, ки раҳбарони ин ҷунбиш Қатарро тарк ва вориди Алҷазоир шаванд.”

Абузуҳрӣ идома дод: “Мо ниёзе ба иқомат дар Алҷазоир надорем ва равобити раҳбарони мо бо Қатар ва ҳар кишваре, ки вориди он шавем, хуб аст.”

Гуфтанист, манобеъи огоҳи Ҳамос ба тозагӣ аз Алҷазоир ба унвони беҳтарин гузина барои мизбонӣ аз раҳбарони ин ҷунбиш ном бурда ва таъкид карданд, ки то кунун тасмими ниҳоӣ дар ин замина иттихоз нашудааст.

Ҷунбиши Ҳамос пештар низ бо бесобиқа хондани таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Қудс, Масҷидулақсо ва ҳуқуқи фаластиниён, аз мардуми Фаластин хост, Интифозаи Қудсро шиддат бибахшанд.

Даргирӣ ва танишҳои ахир миёни фаластиниён ва режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо афзоиш ёфтааст.

Ҷумъаи ҳафтаи пеш дар ҷараёни як даргирӣ дар Масҷидулақсо се ҷавони фаластинӣ ва ду низомии саҳюнистӣ кушта шуданд.

Дар пайи вуқӯъи ин ҳодиса, Натонёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ, дастури бастани дарҳои Масҷидулақсоро содир кард ва иҷоза надод намозгузорони фаластинӣ дар саҳни ин масҷид намози ҷумъаро ба ҷой оваранд.

Ин иқдоми режими Исроил, ки дар тӯли 50 соли ахир барои аввалин бор сурат мегирад, хашми фаластиниҳо ва мусалмонон дар саросари ҷаҳонро барангехтааст.

Мақомҳои фаластинӣ пештар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буданд, то бо фишор ба режими саҳюнистӣ аз афзоиши хушунатҳо ҷилавгирӣ кунад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: