Амалиёти теруристии Толибон дар Кобул 66 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт (тасовир)

Манобеъ эълом карданд, ки омори талафоти инфиҷори худрави бомбгузоришуда дар ғарби Кобул, ба 26 кушта ва беш аз 40 захмӣ афзоиш ёфтааст. Тибқи гузориши ин манобеъ, гурӯҳи Толибон бо интишори баёнияе, масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда гирифт.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон эълом кард, ки ҳадаф аз ин инфиҷор, ду худрави ҳомили кормандони риёсати амнияти миллии Афғонистон будааст.

Бар асоси ин баёния, ин инфиҷор дар минтақаи Деҳбурӣ дар ҳавзаи севвуми шаҳри Кобул алайҳи худравҳои риёсати 4090 амнияти миллии Афғонистон сурат гирифта, ки дар натиҷа 37 корманд кушта шудаанд.

Дар соати аввалияи вуқӯъи ин инфиҷор, бархе манобеъи наздик ба дафтари Муҳаққиқ гуфта буданд, ки худрави бомбгузоришуда дар наздикии манзили Муҳаммади Муҳаққиқ муовини дуввуми Абдуллоҳ мунфаҷир шудааст.

Ин инфиҷор дар ҳоле дар Кобул ва дар наздикии манзили Муҳаққиқ муовини дуввуми Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба вуқӯъ пайвастааст, ки чанде қабл ӯ бо Атомуҳаммад Нур ва женерол Дӯстум эътилофи опозисиюни давлатро ташкил доданд.



Рубрики:Такфир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: