Вақте женероли исроилӣ аз аҳдофи ин режим парда бармедорад…

Годӣ Айзекут: “Исроил бо кӯмаки дӯстонаш дар минтақа, тавонист ба яке аз асоситарин аҳдофаш даст биёбад; ки иборат буд аз шӯълавар кардани ҷанг байни аъроб; байни суннӣ бо суннӣ, шиъа бо суннӣ ва ҳатто миёни шиъа бо шиъа, ба гунае ки метавон гуфт, мусалмонон имрӯз Исроилро дигар душмани аслии худ намешуморанд.”

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Israelinarabiç, женерол Годӣ Айзекут, раиси ситоди кулли нерӯҳои дифоии “Исроил”, дар дидори шуморе аз хохомҳо ва руҳониюни яҳудӣ дар шаҳри Қудс, ёдовар шуд: “Исроил имрӯз шоҳиди субот ва оромиш аст, ва дар ин авохир шиддати даргирии исроилӣ-арабӣ бисёр коҳиш ёфта, ва ин даргирӣ ба ҷанг миёни кишварҳои арабӣ ва исломӣ мунтақил шуда.”

Бар асоси ин гузориш, женерол Айзекут ба муваффақияти Исроил дар таҳқиқи аҳдофаш ишора кард ва гуфт: “Исроил бо кӯмаки дӯстонаш дар минтақа, тавонист ба яке аз асоситарин аҳдофаш даст биёбад; ки иборат буд аз шӯълавар кардани ҷанг байни аъроб; байни суннӣ бо суннӣ, шиъа бо суннӣ ва ҳатто миёни шиъа бо шиъа, ба гунае ки метавон гуфт, мусалмонон имрӯз Исроилро дигар душмани аслии худ намешуморанд.”

Ин женероли исроилӣ, дар суханонаш роҷеъ ба бӯҳрони ахири халиҷ ва марбут ба Қатар, бо арзишманд хондани талошҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар моҳҳои ахир дар ворид сохтани зарбае муҳлик бар Ҳамос ва гурӯҳҳои фаластинӣ ва низ Ихвонулмуслимин аз роҳи муҳосираи Қатар, афзуд: “Хушбахтона, Риёз низ дар ин муҳим дар канори валиаҳди Абӯзабӣ қарор гирифт. Ва ин як дастоварди бисёр бузург аст барои исроилиҳо агар Қатар гурӯҳҳои фаластинро аз сарзамини худ берун биронад.”

Айзекут дар поёни суханони худ хотирнишон кард, маслиҳати Исроил дар ин аст, ки ҷаҳони арабӣ ва исломӣ ба кишварҳое кучак ва заъиф бар асоси мазҳаб ва қавмият табдил ва ҳамеша бо ҳам даргир бошанд, то ба куллӣ Исроил аз ёдашон биравад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: