Ислом ва Эронзамин (46)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (9)

Илму фарҳанг

Саҳнаи илму фарҳанг васеътарин ва пуршӯртарин майдонҳои хадамоти эрониён ба ислом аст. Суръати пешрафт ва тавсиъа, куллият ва шумул ва ҳамаҷонибагӣ, ширкати табақоти мухталифи иҷтимоъ, иштироки масоъии милали гуногун, чизҳоест, ки эъҷобҳоро дар мавриди тамаддуни исломӣ сахт барангехтааст. Ҷорҷи Зайдон мегӯяд:

Арабҳо (мусалмонон) дар муддати як қарну анде матолиб ва улуме ба забони худ (арабӣ) тарҷума карданд, ки румиён дар муддати чандин қарн аз анҷоми он оҷиз буданд. Оре, мусалмонон дар эҷоди тамаддуни шигифтовари худ дар ғолиби маворид ба ҳамин суръат пеш рафтаанд.” (Торих ва тамаддуни ислом, с.247)

Мусалмонон улумеро, ки дар фаҳму дарки Қуръон ва суннат бад-онҳо ниёз доштанд — аз қабили илми қироат, тафсир, калом, фиқҳ, ҳадис, наҳв, сарф, маъонӣ, баён, бадеъ, сираи набавӣ ва ғайри инҳо — ибдоъ ва ихтироъ карданд ва агар иқтибос карданд иқтибосашон ночиз будааст. Ва улумеро, ки маҳсули тамаддуни он рӯз ва натиҷаи масоъӣ ва заҳамоти милали дигар буд — аз табиӣ ва риёзӣ ва нуҷум ва тибб ва фалсафа ва ғайра — барои худ тарҷума ва нақл карданд ва бар онҳо афзуданд. Ҷорҷи Зайдон мегӯяд:

Яке аз имтиёзҳои тамаддуни исломӣ ин аст, ки улуми парокандаи Юнон ва Эрон ва Ҳинд ва Калдаро ба арабӣ нақл кард ва чизҳое бар он афзуд ва онро тараққӣ дода комил кард.” (Ҳамон манбаъ, с.178)

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Мусалмонон қисмати умдаи улуми фалсафӣ ва риёзӣ ва ҳайъат ва тибб ва адабиёти милали мутамаддинро ба забони арабӣ тарҷума ва нақл карданд ва аз тамоми забонҳои машҳури он рӯз ва бештар аз юнонӣ ва ҳиндӣ ва форсӣ китобҳое тарҷума карданд ва дар воқеъ беҳтарин маълумоти ҳар миллатеро аз он миллат гирифтанд. Масалан дар қисмати фалсафа ва тибб ва ҳандаса ва мантиқ ва ҳайъат аз Юнон истифода намуданд, ва аз эрониён торих ва мусиқӣ ва ситорашиносӣ ва адабиёт ва панду андарз ва шарҳи ҳоли бузургонро иқтибос карданд, ва аз ҳиндиён тибб (-и ҳиндӣ) ва ҳисоб ва нуҷум ва мусиқӣ ва достон ва гиёҳшиносӣ омӯхтанд, аз калдониён ва набатиҳо кишоварзӣ ва боғбонӣ ва сеҳр ва ситорашиносӣ ва тилисм фаро гирифтанд. Ва шимӣ ва ташреҳ аз мисриён ба онон расид ва дар воқеъ арабҳо (мусалмонон) улуми ошуриён ва бобилиён ва мисриён ва эрониён ва ҳиндиён ва юнониёнро гирифта ва аз худ чизҳое бар он афзуданд ва аз маҷмӯи он улум ва санойеъ ва одоб, тамаддуни исломро падид оварданд.” (Ҳамон манбаъ, сс.246-247)

* * *

Нахустин ҳавзаи илмӣ

Улуму фарҳанги исломӣ ва ба таври куллӣ тамаддуни исломӣ тадриҷан рушд кард ва болид ва борвар шуд, монанди ҳар мавҷуди зинда, ки аввал ба сурати як селлул падид меояд ва тадриҷан дар асари истеъдод ва мояи ҳаёте, ки дар он селлул нуҳуфтааст рушд мекунад ва ҳамроҳ бо рушди худ қисмат-қисмат ва шоха-шоха мешавад ва шакл мегирад ва билохира ба сурати як дастгоҳи муташаккил дармеояд.

Ҷӯшишу ҷунбиши илмии мусалмонон дар нуқтаи муайян ва аз мавзӯи муайян ва ба василаи шахси муайян оғоз шуд. Акнун бибинем, дар чӣ нуқта ва маконе ин кор оғоз гашт? Ва нахустин ҳавзаи илмии мусалмонон дар куҷо ташкил шуд?

Ҷӯшишу ҷунбиши илмии мусалмонон аз Мадина оғоз шуд. Аввалин китобе, ки андешаи мусалмононро ба худ ҷалб кард ва мусалмонон дар пайи дарсу таҳсили он буданд, Қуръон ва пас аз Қуръон аҳодис буд. Ин буд, ки аввалин ҳавзаи илмӣ дар Мадина таъсис шуд. Барои аввалин бор араби Ҳиҷоз дар Мадина бо масъалаи устодӣ ва шогирдӣ ва нишастан дар ҳалқаи дарсу ҳифзу забти он чӣ аз устод мешунавад ошно шуд. Мусалмонон бо ҳирсу валаъи фаровоне оятҳои Қуръонро, ки тадриҷан нозил мегашт фаро мегирифтанд ва ба ҳофиза месупурданд ва он чиро, ки намедонистанд аз афроде, ки Расули Худо онҳоро маъмури китобати оятҳои Қуръон карда буд ва ба “куттоби ваҳй” маъруф буданд мепурсиданд. Ба илова, бино ба тавсияҳои мукаррари Расули Худо суханони он ҳазратро, ки ба суннати Расул маъруф буд аз якдигар фаро мегирифтанд. Дар масҷиди пайғамбар расман ҳалқаҳои дарс ташкил мешуд ва дар он ҳалқа ба баҳсу гуфтугӯ дар бораи масоили исломӣ ва таълиму таъаллум пардохта мешуд. Рӯзе Расули Худо вориди масҷид шуд ва дид ду ҳалқа дар масҷид ташкил шудааст; дар яке аз онҳо афрод ба зикру ибодат машғуланд ва дар яке дигар ба таълиму таъаллум. Пас аз он ки ҳар дуро аз назар гузаронд, фармуд:

كلاهما على خير، ولكن بالتعليم أرسلت

Яъне, “ҳар ду ҷамъият кори нек мекунанд, аммо ман барои таълим фиристода шудаам.” Расули Худо он гоҳ рафт ва дар ҳалқае, ки он ҷо таълиму таъаллум буд нишаст. (Мунятул-мурид, с.5)

Баъд аз Мадина, Ироқ муҳити ҷунбу ҷӯши илмӣ гашт. Дар Ироқ ибтидо ду шаҳри Басра ва Куфа маркази илм буданд, аммо пас аз бинои Бағдод, он шаҳр маркази илмӣ шуд ва дар он шаҳр буд, ки улуми миллатҳои дигар ба ҷаҳони ислом мунтақил гашт. Баъдҳо Рай, Хуросон, Мовароуннаҳр, Миср, Шом, Андалус ва ғайра ҳар кадом ба сурати як маҳди илмӣ даромаданд. Ҷорҷи Зайдон пас аз он ки ҳиммат ва ташвиқи умаро ва ҳуккоми мусалмонро ба унвони як омили бисёр муассир ёд мекунад, мегӯяд:

Донишпарварӣ ва илмдӯстии бузургони ислом сабаб шуд, ки рӯз ба рӯз муаллиф ва китоб дар қаламрави ислом фузунӣ ёбад ва доираи таҳқиқ вусъат пайдо кунад. Подшоҳу вазиру амир ва дорову нодор ва арабу эронӣ ва румию ҳиндӣ ва турку яҳуд ва мисриву масеҳӣ ва дайламиву сурёнӣ, дар Шом, Миср, Ироқ, Форс, Хуросон, Мовароуннаҳр, Синд, Офриқо, Андалус ва ғайра дар тамоми шабонарӯз ба таълиф машғул шуданд. Ва хулоса он ки ҳар ҷо ислом ҳукумат мекард, илму адаб ба суръат пешрафт менамуд. Дар ин таълифоти гаронбаҳо хулосае аз таҳқиқоти банӣ навъи инсон аз рӯзгори пешин то он замон дида мешуд ва мабоҳиси муҳимме аз улуми табиӣ, илоҳӣ, нақлӣ, риёзӣ, адабӣ ва ақлӣ дар китобҳо ҷамъ шуда буд ва дар натиҷаи таҳқиқоти уламои ислом, улуми мазбур дорои шӯъбаҳои мутаъаддид гашт.” (Торихи тамаддуни ислом, с.262)

Аввалҳои кор, ки улуми бегона тарҷума ва нақл мешуд, аксарияти донишмандонро уламои масеҳӣ бахусус масеҳиёни сурёнӣ ташкил медоданд, вале тадриҷан мусалмонон ҷойи онҳоро гирифтанд. Ҷорҷи Зайдон мегӯяд:

Хулафои аббосӣ дар давраи наҳзат, тухми илму адабро дар Бағдод афшоданд ва мева ва маҳсули он ба тадриҷ дар Хуросон ва Рай ва Озарбойҷон ва Мовароуннаҳр ва Миср ва Шом ва Андалус ва ғайра ба даст омад. Ва дар айни ҳол Бағдод, ки маркази хилофат ва сарвати исломӣ буд, то муддате мисли собиқ маркази донишмандон монд ва гузашта аз пизишкони масеҳӣ, ки дар хидмати хулафо ба тарҷума ва табобат машғул буданд, иддае аз донишмандони мусалмон низ аз Бағдод бархостанд, вале ба таври куллӣ донишмандони олиқадри муқими Бағдод бештар масеҳиён буданд, ки аз Ироқ ва соири нуқот барои истихдом дар дастгоҳи хулафо ба Бағдод меомаданд. Донишмандони мусалмон ғолибан дар хориҷи Бағдод зуҳур карданд, бахусус мавқеъе, ки мамлакатҳои кучаки исломӣ падид омад ва фармонравоёни он мамолик ба тақлиди хулафо дар тарвиҷи илму адаб кӯшиш намуданд ва донишмандонро ба марокизи фармондеҳии худ: Қоҳира, Ғазнин, Димишқ, Нишопур, Истахр ва ғайра даъват карданд. Натиҷа ин шуд, ки Розӣ аз Рай, Ибни Сино аз Бухоро, Берунӣ аз Хоразм, Ибни Ҷалили гиёҳшинос, Ибни Боҷаи файласуф, Ибни Зуҳраи пизишк ва хонадони вай ва Ибни Рушд файласуф ва Ибни Румияи гиёҳшинос аз Андалус бархостанд.” (Ҳамон манбаъ, с.257)

Пас селлули аввали улуму фарҳанги исломӣ дар Мадина ба вуҷуд омад ва нахустин нуқтае, ки ин базр дар онҷо пошида шуд, шаҳри Мадина буд.

* * *

Нахустин мавзӯъ

Аммо ин ки нахустин мавзӯе, ки таваҷҷӯҳи мусалмононро ҷалб кард ва ҳаракати илмии мусалмонон аз он шурӯъ шуд чӣ буд?

Нуқтаи оғоз Қуръон аст. Мусалмонон улуми хешро аз таҳқиқу ҷустуҷӯ дар маъонӣ ва мафоҳими оятҳои Қуръон ва сипас ҳадис оғоз карданд ва аз ин рӯ нахустин шаҳре, ки ҷунбу ҷӯши илмӣ дар он пайдо шуд Мадина буд, ва нахустин марокизи илмии мусалмонон масоҷид буд ва нахустин мавзӯъоти илмии онон масоили марбут ба Қуръон ва суннат, ва нахустин муаллим шахси Расули Акрам аст. Илми қироат, тафсир, калом, ҳадис, риҷол, луғат, наҳв, сарф, балоғат ва торих ва сира, ки ҷузъи нахустин улуми исломӣ аст, ба хотири Қуръон ва суннат ба вуҷуд омад. Эдворд Броун мегӯяд:

Пруфусур Де Гуе (Michael Jan de Goeje), арабидони бузург дар мақолае, ки дар мавзӯи Табарӣ ва муаррихони қадими араб барои ҷилди 23 доиратулмаорифи Бритонико навишт, ба тарзи қобили ситоиш нишон дод чӣ гуна масири улуми мухталифа махсусан торих дар ҷомеаи исломӣ ба муносибати Қуръони шариф пешрафт кард ва чӣ гуна ин улум дар атрофи ҳастаи марказии ҳикмати илоҳӣ тамаркуз ёфт. Улуми марбут ба забоншиносӣ ва луғат табъан дар дараҷаи аввал қарор дошт. Ҳамин ки хориҷиён барои қабули ислом ҳуҷум оварданд, эҳтиёҷи фаврӣ ба сарфу наҳв ва луғати араб эҳсос шуд, зеро Каломуллоҳи Маҷид ба забони арабӣ нозил шуда буд. Барои шарҳи маъонии калимоти нодир ва ғариб, ки дар Қуръон омада буд лозим шуд ашъори қадим (-и араб)-ро ба қадри имкон гирд оваранд… Барои дарки маъонии ин ашъор зарурати илмулансоб ва иттилоъ аз айём ва ахбори араб умуман маҳсус гардид. Дар такмили аҳкоме, ки дар Қуръон барои умури зиндагонӣ нозил шуда буд, лозим шуд аз асҳоб ва тобеъин роҷеъ ба ақвол ва афъоли набавӣ дар авзоъ ва аҳволи мухталиф суолоте бишавад ва дар натиҷа илмулҳадис падид омад. Барои ташхиси эътибори аҳодис лозим буд ба матну асноди ҳадис вуқуф ҳосил шавад… Барои таҳқиқи ҳақиқати аснод, илм ба таворих ва сияр ва авсофу аҳволи ин ашхос зарурат дошт ва ин амр боз ба тариқи дигаре мунҷар ба мутолеаи шарҳи зиндагонии машоҳири риҷол ва тақовим ва тартиби вақойеъ ва илми азмина ва аъсор гардид. Торихи араб ҳам кофӣ набуд. Таворихи ҳамсоягони араб алалхусус эрониён ва юнониён ва ҳумайриён ва ҳабашиён ва ғайра то ҳадде барои фаҳми маъонии бисёре аз ишороти мундараҷа дар Қуръон ва ашъори қадим мавриди лузум буд. Илми ҷуғрофиё низ ба ҳамон манзур ва ба ҷиҳоти илми дигаре, ки бо тавсиъаи сареъи имперотурии ислом иртибот дошт воҷиб шумурда мешуд.”

Ҷорҷи Зайдон низ бар ҳамин асос назар медиҳад. Ӯ низ мегӯяд, таваҷҷӯҳи мусалмонон ба улум аз Қуръон оғоз гашт. Мусалмонон ба Қуръон эъҷоб доштанд, ба тиловати саҳеҳи он аҳаммият медоданд, Қуръон дину дунёи ононро таъмин мекард, тамоми саъйи худро дар фаҳмидани аҳкоми Қуръон масруф медоштанд. Эҳсоси ниёзи мусалмонон ба дарку фаҳми алфоз ва маъонии Қуръон улуми мухталифи исломиро ба вуҷуд овард. Хулоса он селлули ҳаётии зиндае, ки дар ҷомеаи исломӣ падид омад ва рушд кард ва такомул ёфт, то мунҷар ба тамаддуни азими исломӣ шуд, эъҷоб ва ишқу алоқаи беҳадди мусалмонон ба Қуръон буд. Ҷорҷи Зайдон дар бораи эъҷоби азими мусалмонон ба Қуръон, ки маншаи таҳоҷуми мусалмонон ба фатҳи дарвозаҳои улум гашт мегӯяд:

Мусалмонон дар навиштан ва нигоҳдории Қуръон диққат ва эҳтимоме карданд, ки назири он собиқа надорад, ба ин қисм, ки Қуръонро рӯйи сафҳаҳои тилло ва нуқра ва оҷ нигоштанд ва ё порчаҳои ҳарир ва абрешими бисёр олӣ интихоб карда оятҳои Қуръонро бо оби тилло ва нуқра бар он навиштанд ва манзил ва маҳфили худро бо он оростанд ва девори масҷидҳо ва китобхонаҳо ва маҷлисҳои умумиро бо оятҳои Қуръон тазйин намуданд ва хутути бисёр зебо дар навиштани он ба кор бурданд. Анвоъи пӯстҳо, чармҳо, коғазҳо дар таҳрири Қуръон истеъмол мешуд ва онро ба таври лӯла ва дафтар ва ҷузва ва руқъа ва ғайра бо мураккабҳои рангоранг навишта миёни хатҳоро тазҳиб мекарданд… Мусалмонон шумораи сураҳои Қуръон, оятҳои Қуръон, калимоти Қуръонро яко-як забт кардаанд ва ҳатто шумораи ҳуруфро ҷудо-ҷудо забт кардаанд, ки дар Қуръон чанд “алиф”, чанд “б”, чанд “т” ва ғайра ёфт мешавад.” (Ҳамон манбаъ, сс.94-95)

Мегӯяд:

Услуби Қуръонро дар хутбаҳо ва китобҳои хеш сармашқ қарор доданд ва ба оятҳои Қуръон дар таълифоти хеш тамассук ҷустанд ва одобу таълими Қуръон дар ахлоқ ва атвору зиндагонии рӯзонаи мусалмонон падид омад, дар сурате, ки бисёре аз милали исломӣ забоне ҷуз забони Қуръон доштанд ва дар кишварҳое мезистанд, ки аз Қуръон дур буд. Мусалмонон гузашта аз улуми шаръӣ дар улуми лисонӣ (сарфу наҳв) ба оятҳо ва маъонии Қуръон истишҳод ва истидлол мекарданд. Масалан танҳо дар китоби Сибавайҳ сесад оят аз Қуръон зикр шудааст. Адибон ва нависандагон, ки дар садади тазйини гуфтаҳо ва навиштаҳои худ буданд, ҳатман аз оятҳои Қуръон истимдод меҷустанд.” (Ҳамон манбаъ, с.93)

Ҷорҷи Зайдон мегӯяд:

Мавқеъи истилои Салоҳуддин Аюбӣ бар Миср, дар китобхонае, ки Алъзиз биллоҳ, дуввумин халифаи фотимӣ таъсис кард ва вазири ӯ Яъқуб ибни Калас ӯро ба ин кор ташвиқ мекард, се ҳазору чаҳорсад Қуръон мавҷуд буд, ки ҳамаро бо оби тилло ба хатти зебо нигошта буданд.” (Ҳамон, с.314)

Ганҷинаи Қуръон, ки ҳамакнун дар музейи остони Қудси Разавӣ ҳаст, бо он хутути олӣ ва тазҳибҳо ва наққошиҳои ҳайратангез нишонае аз алоқаи мардуми ин марзу бум ба ин китоби муқаддас аст.

Ҳаракати илмӣ ва фарҳангии исломӣ ба ҳамин тартибе, ки гуфтем оғоз шуд. Акнун дар бораи мардуме, ки дар он ҳаракат ширкат доштанд баҳс кунем.

Ҳарчанд аксари осори илмӣ, ки аз хориҷи дунёи ислом нақл ва тарҷума шуд аз ғайри Эрон буд, вале аксарияти осори исломӣ, чӣ дар риштаи улуми динӣ ва чӣ дар риштаҳои дигар, ба василаи донишмандони мусалмони эронӣ ба вуҷуд омад. Ифтихор ва имтиёзи эрониён дар давраи ислом дар ҳамин аст. Эдворд Броун мегӯяд:

Агар аз улуме, ки умуман ба исми араб маъруф аст, аъамм аз тафсир ва ҳадис ва илоҳиёт ва фалсафа ва тибб ва луғат ва тароҷум аҳвол ва ҳатто сарфу наҳви забони арабӣ, он чиро, ки эрониён дар ин мабоҳис навиштаанд муҷаззо кунед, беҳтарин қисмати он улум аз миён меравад.” (Торихи тамаддуни ислом, ҷ.3, с.75)

Намехоҳем муболиға кунем ва ҳуқуқи мусалмонони ғайриэрониро нодида бигирем. Тамаддуни исломӣ ва фарҳанги исломӣ аз ҳеч қавми хосс нест, аз ислом ва мусалмонон ба таври умум аст. Ҳеч миллате аъамм аз арабу эронӣ ва ғайра ҳақ надорад онро ба номи худ қаламдод кунад, вале ҳамчунон ки қаблан гуфтем, ҳар миллате ҳақ дорад саҳми худро мушаххас кунад ва тавзеҳ диҳад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: