Муттаҳидони пинҳонии Исроил дар Ховари Миёна

Мақолае аз Нери Зилбер (NERI ZILBER) дар New York Times

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба назар мерасад мутақоид шудаанд, ки тавофуқномаи сулҳи минтақаӣ байни Исроил ва ҷаҳони араб мумкин аст дур аз дастрас бошад. Президент Тромп дар сафари ахири худ ба Ховари Миёна гуфт: “Сатҳи ҷадиде аз мушорикат мумкин аст иттифоқ биафтад. Тавофуқе, ки амнияти бештареро барои минтақа ба армуғон меоварад. Амнияти бештар барои Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳонро низ дар пай хоҳад дошт.”

Монеъи аслӣ дар ин тавофуқ, даргирии Исроил ва Фаластин аст, ки ҳанӯз масъалае отифӣ дар миқёси истротежик дар кишварҳои арабӣ ба ҳисоб меояд. Бо ин ҳол, раисиҷумҳур Тромп комилан дар иштибоҳ нест. Зеро дар сар то сари Ховари Миёна ва ҷангҳои он, ин рӯзҳо Исроил худро амиқан дар тарафи аъроб мебинад.

Возеҳтарин нуқтаи бурузи ин муъзалот дар “Ховари Миёнаи ҷадид”, дар Сурия дида мешавад. Бар асоси гузориши рӯзномаи Ҳоаретс, Исроил ҳамкориҳои амниятӣ ва иттилоотии худро бо Ӯрдун дар ҷануби Сурия ташдид мекунад, то аз дастовардҳои Эрон дар ин минтақа ҷилавгирӣ кунад.

Он чи дигар маҳалли суол нест, нақши Исроил дар ноҳияҳои атрофи марзҳояш бо Сурия аст. Гузоришҳои ахир нишон медиҳад, ки Исроил ҳаддиақал як сол аст, ки минтақаи зоҳиран дӯстонаеро дар баландиҳои Ҷулон эҷод кардааст. Воҳидҳои низомии ихтисосии Исроил ба унвони робите барои ирсоли кӯмакҳои ғайринизомӣ ва маводди ғизоӣ ба маҷрӯҳони опозисиюни Сурия аз ҷумла ҷангҷӯёни шӯришӣ, амал мекунанд. Wall Street Journal дар моҳи июн гузориш дод, ки фармондеҳони шӯришӣ ҳатто иддао мекунанд, ки аз Исроил барои пардохти ҳуқуқ ва хариди аслиҳа ва муҳиммот пул дарёфт мекунанд.

Сиёсати “ҳамсоягии хуб” тавассути Исроил иттихоз шуда, то мардуми маҳаллии Сурия мутақоид шаванд, ки дархостҳои Эрон ва Ҳизбуллоҳро рад кунанд.

Исроил дар марзҳои ҷанубиаш ба муборизаи тӯлонимуддати Миср алайҳи шӯришиёни устони Сино — вобастаи маҳаллии давлати ДОЪИШ, кӯмак мекунад. Дар инҳо низ мақомоти исроилӣ дар бораи сӯҳбати ошкор дар мавриди ин ҳамкорӣ эҳтиёт мекунанд ва гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ дар ин маврид, ҳамонанди мавориди мушобеҳ, ағлаб сонсур мешаванд. Аммо яке аз мақомоти аршади Исроил ба Bloomberg гуфтааст, ки ҳамкориҳои низомӣ ва иттилоотӣ дар сатҳи боло анҷом мешавад ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Исроил бо ризояти мисриҳо, тайи чанди соли гузашта ба таври мустақим ба ситезаҷӯён дар саҳрои шибҳиҷазираи Сино ҳамла кардаанд.

Дар хона низ, иртиботи самимонае байни Исроил ва Ташкилоти худгардони Фаластин ба вуҷуд омадааст. Бо ҳимояти Иёлоти Муттаҳида, ин ҳамоҳангӣ ба сутуни аслии равобити Исроил ва Фаластин табдил шуда ва метавонад муҳимтарин омил дар кулли раванди сулҳ бошад. Яке аз мақомоти фаластинӣ рӯзи якшанбе ба ман гуфт, ки афсарони исроилӣ ва фаластинӣ тақрибан ҳар рӯз дар мавриди таҳдидоти муштарак барои расидан ба “вазъияти амниятии пойдор дар ҳар ду тараф” баҳс мекунанд. Ҳамос дар садри феҳристи ин таҳдидот қарор дорад, ки таҳдиде равшан барои Исроил ва як таҳдиди дохилӣ барои ташкилоти фаластинӣ хоҳад буд.

Исроил мувофиқатномаҳои сулҳи диплумотик бо Миср, Ӯрдун ва Ташкилоти худгардони Фаластин барқарор карда, ки наметавонад таъаҷҷубовар бошад. Бо ин ҳол, масъалае, ки камтар ба он пардохта мешавад, равобит бо кишварҳои арабии халиҷи Форс монанди Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, ки рӯз ба рӯз бештар мешавад. Чунин равобите ағлаб ба вузуҳ тавассути вузарои давлати Исроил бо унвони “манофеъи муштарак” дар арсаҳои амниятӣ ва иттилоотӣ алайҳи таҳдиди муштараки Эрон ишора мешавад.

Дар чанд соли ахир, гузоришҳо дар мавриди ҷаласоти махфӣ байни раҳбарони иттилоотии Исроил ва ҳамтоёни онҳо дар халиҷи Форс бештар шунида мешавад. Муир Догон, раиси пешини Мусод, дар соли 2010 ба сурати махфиёна ба Арабистони Саудӣ рафт, то дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон сӯҳбат кунад. Сӯҳбатҳои мухталиф бо мақомоти бознишастаи саудӣ дар ҳоли ҳозир дар Вошингтун, Муних (Мюнхен) ва Байтулмуқаддас идома дорад. Равобити тиҷорӣ низ дар ҳоли афзоиш аст аз ҷумла дар заминаи кишоварзӣ, сойберӣ, иттилоот ва фанноварии амниятӣ.

Ба таври куллӣ, фаъолиятҳои Исроил дар Сурия, Ӯрдун, каронаи ғарбӣ (Бохтарӣ), Миср ва халиҷи Форсро наметавон ҷудо аз якдигар нигоҳ кард. Исроил дар ҳоли ҳозир дар муборизоти низомии аъроб даргир аст; муборизоте алайҳи Эрон ва нерӯҳои ниёбатиаш. Ҳанӯз аммо мушаххас нест, ки ин корҳо сирфан як саре равобити муваққатӣ дар баробари душмаи муштарак аст ё шурӯъи ислоҳи истротежики пойдори равобит.

Сарфи назар аз ин масоил, ин равобит эҳтимолан барои муддате тӯл хоҳад кашид. Ҳеч нишонае аз фурӯкаш кардани ҷангҳои минтақа дар ояндаи наздик дида намешавад. Исроил дигар мушкили аслии Ховари Миёна нест. Ба ҳамин далел, Тромп аз кишварҳои арабӣ хост, ки “нақши ҳаётии Исроил дар умури минтақаро ба расмият бишносанд”. Дар ғиёби ҳаракати ҷиддӣ дар миёни фаластиниҳо, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки нақши Исроил дар оддисозии равобит дар миёни муноқишоти минтақаӣ, тавассути умуми мардуми араб пазируфта шавад. Ин масъала дар ҷангҳои феълӣ мумкин аст бурд маҳсуб шавад ва сулҳро дар Ховари Миёна барқарор кунад.

New York Times

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: