Таҳлили Атвон аз сафари Ардуғон ба се кишвари арабӣ

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Бо вуҷуди ин ки ду моҳ бештар аз бӯҳрони равобити меҳвари саудӣ бо Қатар намегузарад, аммо номҳои зиёде дар иртибот бо миёнҷигариҳо ва ё дархости миёнҷигарӣ матраҳ шудааст. Дар ин миён Ардуғон, ки дирӯз сафар ба се кишвари арабиро оғоз кард, пас аз вазирони хориҷаи Олмон, Ангилис, Омрико ва Фаронса панҷумин миёнҷӣ барои ҳаллу фасли бӯҳрони мавҷуд ба шумор меояд, албатта агар Кувайтро дар ин хусус лиҳоз накунем, зеро миёнҷигарии он аз дили кишварҳои арабӣ сурат гирифт ва Федерико Мугеринӣ, вазири хориҷаи Иттиҳодия Урупоро низ дар ин шумориш ба ҳисоб наёвардем, зеро ӯ намояндаи ҳеч кишваре нест.

Ба ҳар ҳол, ба назар намерасад шонси муваффақияти Ардуғон барои миёнҷигарӣ дар бӯҳрони чаҳор кишвари арабӣ бо Қатар, беш аз касоне бошад, ки пеш аз ӯ дар ин замина вориди амал шуданд.

Барои душвор будани маъмурияти Ардуғон метавон ду далели аслӣ зикр кард:

1) Аввал, суханронии асри ҷумъаи Шайх Тамим бен Халифа Оли Сонӣ амири Қатар ва лаҳни чолишталабонаи ӯ ва мухолифаташ бо таҳдидҳо ва диктаҳои тарафи муқобил ва низ пофишорӣ бар ҳаллу фасли бӯҳрон аз тариқи гуфтугӯи бе қайду шарт;

2) Дуввум, вуруди шашумин гурӯҳ аз нерӯҳои турк ба Дуҳа ба гунае, ки бори дигар мӯҳри таъйиде бар ҷонибдории сиёсӣ ва низомии Туркия аз Қатар аст ва ин мавзӯе аст, ки Ардуғон онро такзиб накарда, балки пеш аз ин ки озими Ҷидда шавад, дар як конфронси матбуотӣ бар он сиҳҳа гузошта ва ба мантиқи Қатар дар таъомул бо бӯҳрони ҷорӣ ва талоши фаровони он барои ҳаллу фасли ихтилоф аз тариқи гуфтугӯ ишора кард.

* * *

Ин дар ҳолест, ки бисёре интизор доштанд суханони амири Қатар бо инъитоф ва нармиш ҳамроҳ бошад, ба гунае ки агар на қабули тамоми шурути 13-гонаи Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Мисрро шомил намешуд, дастикам посухи мусбат ба бархе хостаҳои ононро дарбар мегирифт.

Бо ин тавзеҳот, маълум нест раисиҷумҳури Туркия дар ин сафар чӣ барномае ба ҳамроҳ дорад, ки миёнҷигарии ӯро аз соири воситаҳои қаблӣ мутамойиз мекунад, аммо маълум аст аз байни меҳвари чаҳоргона, ду кишвар яъне Миср ва Аморот аз миёнҷигарии Ардуғон истиқбол накарданд.

Ба иборати беҳтар, сафари чанд рӯз пеши Шайх Абдуллоҳ бен Зоид вазири хориҷаи Аморот ба Арманистон ва боздид аз мақбараи қурбониёни наслкушии аромина, он ҳам чанд рӯз пеш аз сафари Ардуғон ба ин се кишвари арабии минтақа, паёми муҳимме бо худ дорад ва чӣ басо Ардуғон бо худдорӣ аз сафар ба Аморот, ба ин иқдоми вазири хориҷаи Аморот вокуниш нишон дод, зеро Туркия ва шахси Ардуғон дар хусуси мавзӯи аромина ҳассосияти хоссе доранд, чаро ки ин мавзӯъ шомили иттиҳоми мустақими Туркия ба наслкушии садҳо ҳазор аромина дар ибтидои қарни гузашта аст ва ин чизест, ки Туркия ба куллӣ онро такзиб мекунад.

Дар ин миён расонаҳои Туркия ва расонаҳои арабии ҳамсӯ бо он, дар тӯли чанд ҳафтаи гузашта ҳамлаи шадид ба Аморот ва муттаҳам кардани он ба талош барои кудетои нофарҷоми соли гузашта дар Туркияро мутаваққиф накарданд.

Аммо хабаргузории расмии Аморот бо баёни ин ки Шайх Бен Зоид бо нисори тоҷи гул бар бинои ёдбуди қурбониёни аромина ба дасти Усмониҳо, як дақиқа ба эҳтироми онон сукут кард, бар захми Туркия намак пошид.

Истифодаи ин хабаргузорӣ аз васфи “шуҳадо” дар мавриди қурбониёни аромина ва ҳадия кардани тоҷи гул бар бинои ёдбуди онон, аз назари туркҳо ба вежа аз сӯи як кишвари исломӣ монанди Аморот ва вазири хориҷаи он, ки яке аз чеҳраҳои саршиноси хонадони ҳоким аст, иқдоме таҳрикомез ва бесобиқа аст.

Чаҳор кишваре, ки дар ҷабҳаи муқобили Қатар истодаанд, Туркияро як тарафи бӯҳрон медонанд ва таътилии пойгоҳи низомии он дар Дуҳа яке аз муҳимтарин хостаҳои онон аз Қатар буд.

Он чи мӯҷиби хашми ин чаҳор кишвар шуд, на фақат сарозер шудани нерӯҳои турк бо таҷҳизоти низомии сангин ба ин пойгоҳи низомӣ, балки ташкили пули ҳавоии Туркия барои таъмини ниёзҳои Қатар шомили маводди ғизоӣ ба манзури шикастани таҳрим алайҳи он буд.

Ба назар намерасад, Ардуғон аз ин воқеиятҳо ва адами истиқболи ду кишвар аз чаҳор кишвари мазбур аз ӯ ғофил бошад ва чӣ басо вай аз ин бӯҳрон ва пешниҳоди миёнҷигарӣ дар он барои ислоҳи равобит бо Арабистон истифода карда бошад ва талош дорад бо ин кор бозорҳои саудиро ба рӯйи колоҳои турк боз кунад ва муомилаи таслиҳотии беш аз ду милёрд дулорӣ бо Арабистонро, ки ахиран онро лағв кард, эҳё кунад.

* * *

Ардуғон ба дунболи ин аст, ки аз баргаи душманӣ бо Эрон дар минтақаи халиҷи Форс истифода карда ва ба меҳвари аҳли тасаннун ба раҳбарии Арабистон мулҳақ шавад.

Дар ин миён имтиёздиҳии Қатар ба меҳвари муқобил дар чорчӯби ибтикори амали Туркия, метавонад ба нафъи Ардуғон ва давлати ӯ низ тамом шавад ва раҳоии ӯ аз иттиҳоми ҳимоят аз исломи сиёсӣ ва созмонҳои вобаста ба онро осон карда ва пулҳои иртиботӣ бо Мисрро низ тармим кунад ва мӯҷиб шавад Туркия аз гирифтор шудан дар ҷанги арабӣ, ки ба далели нокомии миёнҷиҳо эҳтимоли инфиҷори он вуҷуд дорад, дар амон бимонад.

Бо ин тавзеҳот “ибодат ва тиҷорат” зарбулмасалест, ки дар мавриди сафари Ардуғон ба ин чанд кишвари арабӣ сидқ мекунад; сафаре, ки таҳти пӯшиши миёнҷигарӣ анҷом мешавад ва чӣ басо чашмандозҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба вежа бо Арабистонро ба дунбол дошта бошад.

Ҳамчунин баъид нест Ардуғон ба бархе имтиёздиҳиҳо тан диҳад, ки шомили қавли таваққуфи эъзоми нерӯҳои бештар ба Қатар ва худдорӣ аз мушорикат дар ҳар гуна ҷанги эҳтимолӣ бошад, зеро Ардуғон ба унвони сиёсатмадори амалгаро маъруф аст, ки чунончи манофеъи Туркия ва ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиъа эҷоб кунад, мавозеъи худро роҳат тағйир медиҳад.

Ҳарчанд интизори зиёде аз ин сафар намеравад, аммо бурузи масоили ғайримунтазира аз Ардуғон ба вежа дар гуфтугӯҳое, ки пушти дарҳои баста анҷом мегирад, баъид нест.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: