Фалсафа ва равиши реализм (98)

Воқеият ва ҳастии ашё (12)

Матни китоб:

3) Моҳиёти ҳақиқӣ, ки мо онҳоро “ҷилваҳои гуногуни воқеияти хориҷ дар зеҳн” номидем, дар айни ин ки нисбат ба воқеияти хориҷ эътиборӣ ва пиндорҳои беасар ҳастанд, нисбат ба ҳамдигар мухталиф ҳастанд (чунонки ҳар ду матлаб дониста шуд) ва ин ихтилоф ва табоюн аз хориҷ сарчашма мегирад, вале ихтилофи хориҷӣ чун асил ва айни воқеияти хориҷ мебошад, дигар пиндорӣ ва эътиборӣ нахоҳад буд.

Ва аз сӯи дигар, ҳамаи моҳиятҳо ва аҳком ва осори онҳо аз они вуҷуд ва воқеияти ҳастӣ аст, зеро моҳият ба воситаи вуҷуд ҳамон моҳият шуда ва ҳукму асар ба воситаи вуҷуд ҳукму асар шуда, вагарна ҳечу ботил будааст, ва аз ин муқаддимот бояд натиҷа гирифт, ки:

Аввалан: моҳиятҳо ва аҳкому осори зеҳнии моҳиятҳо, дар вуҷуд ва воқеияти ҳастӣ ҷорӣ нест, монанди ин ки моҳият худ ба худ (биззот) куллӣ буда ва бар афроди ғайримутаноҳӣ ба ҳасби фарз содиқ аст, мисли инсон, ки бар ҳар фарди инсони хориҷӣ ва мафруз содиқ аст, вале “вуҷуд” ин гуна нест ва айни хориҷият ва шахсият мебошад. Асосан вуҷуд ба чизе сидқ наменамояд ва аз моварои худ ҳикоят намекунад, балки вуҷуди ҳар чизе воқеият ва “худ”-и ӯст.

Ва монанди ин ки моҳияти куллӣ ба воситаи инзимоми қайдҳо аз куллият ва умуми аввалии худ меафтад, мисли “инсон” ва “инсони донишманд” ва “инсони донишманди нависанда”, ки ҳар андоза қайдҳо зиёдтар мешавад, доираи мафҳум тангтар мегардад, вале “вуҷуд” ин ҳолро надорад, зеро қайди хориҷ аз вуҷуд, ки ба вуҷуд замм шавад, тасаввур надорад чунонки гузашт.

Ва монанди ин ки таркиби зотӣ, аразӣ, ҷавҳар, араз, навъ, ҷинс, фасл ва ғайри инҳо аз хоссиятҳои “моҳият” буда ва дар “вуҷуд” ҷорӣ нест ва ҳамчунин вуҷуд, ҳеч гуна таркиби хориҷӣ намешавад дошта бошад, зеро ҳар ҷузе, ки барои вуҷуд фарз шавад, боз ҳамон вуҷуд ва воқеият аст, ва аз ин нукта бояд натиҷа гирифт, ки: “вуҷуд басити маҳз ва холис аст”.

Сониян: ҳақоиқи гуногуни моҳиятҳо ва хоссиятҳо ва осори хориҷии онҳо агарчи ҳақиқатан аз они вуҷуд ва дар вуҷуданд, вале дар марҳилаи воқеият шакли дигар ба худ мегиранд. Масалан, оташ чӯбро месӯзонад ва инсон себро ба хун табдил менамояд, вале агар аз ин моҳиятҳо сарфи назар карда ба сӯи матни воқеияти ҳастӣ баргардем, воқеият аз воқеияти дигар салби воқеият ё тағйири воқеият намедиҳад, зеро воқеият аз худаш салб намешавад, ва чизи дигаре ҷуз худи воқеият нест, ки ба вай табдил шавад.

Солисан: агарчи ашёи воқеиятдор (моҳиятҳои мавҷуд) назар ба зоташон ғайр аз воқеияти ҳастӣ ҳастанд ва нисбаташон ба воқеият ва иртифоъи воқеият (вуҷуд ва адам) мусовӣ аст ва мешавад бо ҳар як аз ду сифати “ҳастӣ” ва “нестӣ” муттасиф шаванд — масалан бигӯем, инсон ҳаст ва инсон нест — вале худи воқеияти ҳастӣ муқобили худро (нестӣ) биззот напазируфта ҳаргиз бо вай муттасиф намешавад, яъне ҳастӣ нестӣ намешавад (бо ҳифзи ваҳдат дар ҷамиъи шароит).

Албатта муроди мо на ин аст, ки чизе, ки рӯзе мавҷуд шуд рӯзи дигар маъдум намешавад, чунонки ҷаҳони ҳастӣ пур аз ин ҳаводис аст, балки мурод ин аст, ки чизе, ки бо шароити муайяне воқеияти ҳастиро ёфт дигар бо ҳифзи айни шароит, маҳол аст, ки нест ва нобуд шавад. Масалан, дарахти беди муайяне, ки дар оби муайян ва ҳавои муайян ва замини муайян ва дар замони муайян сабз ва мавҷуд шуд, ҳаргиз ҳамин қитъаи муайяни замонро бо ҳифзи бақияи шароит, аз вуҷуди он тиҳӣ ва холӣ намешавад фарз кард, чунонки ин назар дар ҳаводиси гузашта ва сипаришуда пеши мо қобил мулоҳиза мебошад. Мо бетааммул мегӯем, ҳаводисеро, ки масалан дирӯз иттифоқ афтода намешавад тағйир дода ва ё аз ҷойи худ такон дод.

Ва аз ҳаминҷо бояд натиҷа гирифт, ки таҳаққуқи адам дар хориҷ нисбӣ аст, яъне аз нисбат додани вуҷуде, ки дар як зарф мутаҳаққиқ аст ба зарфи дигар адам пайдо мешавад. Масалан, мо наметавонем бигӯем “фалон шайъ, ки дирӯз буд дирӯз набуд”, вале метавонем бигӯем “фалон шайъ, ки дирӯз буд фардо нест” ё “фалон шайъ, ки дар ин утоқ аст, дар утоқ дигар нест”.

Тавзеҳ

Фарзияи Ловуозе (Lavoisier) донишманди маъруф, ки мегӯяд: “мавҷуд маъдум намешавад ва маъдум мавҷуд намешавад” ба ҳасби мафҳум ғайр аз назарияест, ки баён шуд, зеро ин донишманд ин фарзияро аз абҳоси моддӣ истифода карда ва худ низ дар улуми моддӣ баҳс мекунад ва мавзӯи ин улум “модда” аст ва дар натиҷа моддаро мусовӣ бо вуҷуд гирифта ва дар ҳамаи ихтилофоти хориҷӣ дар садади таҷзия ва таҳлили аҷсом аз ҷиҳати модда аст, ва ночор назар ба ваҳдати навъии модда, фаъолиятҳои илмии вай дар мавриди ҳамаи ихтилофоти моддаи якнавохтро нишон медиҳад ва аз ин рӯй ҳамаи ихтилофотро баста ба ихтилофи таркиботи модда ташхис дода ва дар ҳамаи маворид як навъ воҳид (моддаи якнавохт) ёфта фарзияи гузаштаро вазъ мекунад. Пас, маънии фарзияи вай ин хоҳад буд, ки ҳар модда, ки ба воситаи таркиби хоссе ба сурате афтод, пас аз инҳилоли таркиб, боз боқӣ аст.

Масалан, агар бигӯем: “Ин дарахти бед, ки имрӯз мавҷуд аст маъдум намешавад” маънии ин сухан назар ба фарзияи Ловуозе ин аст, ки моддаи муайяне, ки дар таҳти шароити муайян имрӯз шакл дарахти беди сабз ба худ гирифта, пас аз инҳилоли таркиби дарахт боз ҳамон модда аст, ки буд ва аз миён намеравад.

Вале файласуф маънии мисолро ин гуна мефаҳмад, ки: “Имрӯз, ки бо вуҷуди дарахти бед бо шароити муайян ишғол шуда, дигар бо адами он ишғол нахоҳад шуд”.

Ва ҳамчунин назарияи дигари табиӣ, ки ин фарзияро такмил мекунад (ҳар ҳодиса, ки дар ҷаҳони ҳастӣ иттифоқ меафтад, ҳаргиз аз миён намеравад), назар ба баёни гузашта мафҳумаш ин аст, ки чун ҳар амал аксуламале дорад, ки худ низ амалест ва аксуламали дигаре дорад ва ҳамчунин… Ба василаи табдили қаҳқароӣ метавон ҳодисаи нахустинро пайдо кард, яъне ҳодисае монанди ҳодисаи гузашта ба вуҷуд овард (на айни он), вагарна шароити замонӣ ва маконии ҳар ҳодиса бояд аз кор биафтад ва дар ин сурат номуси иллият ва маълулият ботил гардида ва низоми хориҷ ва зеҳн сипарӣ хоҳад шуд.

Тавзеҳе, ки фалсафа метавонад ба ин суханон бидиҳад ҳамин асту бас. Вале ростӣ агар касе пайдо шавад, ки бигӯяд моддаи ҷисмонии ҳар суратеро, ки ба воситаи таркиб пайдо мекунад маҷмӯи модда ва сурат ҳаргиз ва ҳеч гоҳ ҳатто пас аз инҳилоли таркиб низ аз миён намеравад ва ё ҳар ҳодиса, ки бо шароити замонӣ ва маконии муайяне пайдо шуда ҳатто пас аз ихтилоли шароит низ мавҷуд аст, чунин касе бояд бовар кунад, ки ҳама чиз ҳама чиз аст ва фалсафа бо чунин мутафаккире сухане надошта ӯро пойинтар аз суфастоии ҳақиқӣ мешуморад, зеро суфастоӣ миёни андешаҳо лоақал тамоюз қоил аст ва ин мутафаккир ин хоссаро низ надорад.

Чунин касе агар об бихоҳад, дар посух бояд ба асп савор шуд, ва агар нон бихоҳад, дар посух бояд берун давид, зеро ҳама чиз бо ҳама чиз мусовӣ аст.

Робеъан: назар ба баёне, ки дар натиҷаи 3 гузашт, мутлақи воқеияти ҳастӣ ҳеч гоҳ ва ба ҳеч фарз қобили иртифоъ ва инъидом нест яъне ҳақиқати вуҷуд заруриюлувҷуд аст.

Албатта бо тааммул дар ин назария ин пурсиш пеш меояд, ки оё ин хосса, зотии вуҷуд ва аз они худи ӯст ё аз ҷойи дигар ба вай мерасад? Барои дарёфтани посухи тафсилии ин пурсиш бояд дар интизори мақолаи оянда буд.

Назариҳҳое, ки дар ин мақола ба субут расид:

(1) Мо воқеияти ҳастиро ба ҳамаи ашё ба як маънӣ исбот мекунем№

(2) Маънии воқеият ғайр аз мафҳум ҳар як аз мавҷудот воқеиятдор мебошад.

(3) Мо аз воқеиятҳои хориҷӣ, ду мафҳуми мухталиф интизоъ мекунем: вуҷуд ва моҳият.

(4). Асолат дар хориҷ аз они ҳастӣ буда ва моҳиятҳо, пиндорӣ ва эътиборӣ ҳастанд.;

(5) Мо ба ҳақиқати “ҳастӣ” наметавонем пай бибарем (яъне бо восита).

(6) Воқеияти ҳастӣ биззот маълум аст

(7) Вуҷуд, як ҳақиқати ташкикӣ аст.

(8) Хоссиятҳои зеҳнии моҳиятҳо дар вуҷуд ҷорӣ нест.

(9) Хоссиятҳои хориҷии моҳиятҳо аз они вуҷуд аст, вале дар он ба шакли дигаре дармеояд.

(10) Мавҷуд ҳеч гоҳ маъдум намешавад.

(11) Таҳаққуқи адам дар хориҷ нисбӣ аст.

(12) Мутлақи ҳастӣ қобили завол ва инъидом нест.

Поёни мақолаи ҳафтум

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: