“Фурӯ рехтани деворҳои нобоварӣ, зиддият ва душманӣ дар ҷомеаи мо дур нест”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар паёме, бо изҳори сипос аз касоне, ки ӯро ба зодрӯзаш табрик ва таҳниат гуфтаанд, хотирнишон кардааст: “Имрӯзҳо маъракаи густурдаи таблиғотӣ дар ду самт роҳандозӣ шудааст, яке алайҳи шахсиятҳои алоҳида ва дигаре алайҳи ҳама чизе, ки ба дину мазҳаб рабт дорад, аз ҷумла либос. То куҷо ба ҳам рабт доштани ин самти таблиғотӣ мушаххас нест, аммо, натиҷа он аст, ки имсол бештарин паёмҳоро ба муносибати зодрӯз дар муқоиса ба солҳои дигар дарёфт кардам. Ва он ҳам бештар аз касоне, ки байни мо ва онҳо муштаракоти гурӯҳӣ, ташкилотӣ ва ҳатто, ақидатӣ вуҷуд надорад, баръакс, ихтилофотамон дар ин замина бештаранд. Танҳо чизе, ки моро бо ин азизон мепайвандад, муштаракоти арзишии умумиинсонӣ аст. Аз маҷмӯъи ин ҳама паёмҳо як паёми умумиро дарёфтам, ки фурӯ рехтани деворҳои нобоварӣ, зиддият ва душманӣ дар ҷомеаи мо дур нест ва танҳо аз мо мехоҳад, ки дар баробари якдигар инсонвор рафтор кунем.”

Матни ин сипоснома, ки сухангӯи ҲНИТ дар сафҳаи худ нашр кардааст, ба шарҳи зерин аст:

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!

Аз ҳамаи дустон ва бародарону хоҳароне, ки тайи чанд рӯзи охир ба хотири зодрӯзам паёмҳо ва таманниёти худро бо роҳҳои гуногун ирсол ва ё нашр намуданд, самимона миннатдорам. Дар чунин ҳолати душвор ва печида, ки бо далелҳои гуногун мардум маҷбуранд аз наздиктарин одамони худ фосила бигиранд, бешак дохили ҳар паём ва ҳатто ҳар ҷумла, илова бар эҳсосоти шахсӣ, ҷасорату арзишҳои волои инсонӣ низ нуҳуфтаанд. Ба хусус, паёмҳо ва таманниёти бародарону хоҳарон ва дустони арҷманд аз дохили кишвар арзиши хоссе доранд. Агар ин дустон бандаро танҳо ба хотири зодрӯз табрик карда бошанд, ки ҳама инсонҳо зодрӯзро доранд, ман дар навбати худ онҳоро барои ҷасораташон ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ табрик мегӯям, ки на ҳама ин сифатҳоро доранд. Ин ҳама баёнгари он аст, ки арзишҳои инсонӣ таҳти шароит гоҳо камранг мешаванд, вале, ҳеч гоҳ аз байн нахоҳанд рафт ва ҳамеша ҳастанд касоне, ки ин арзишҳоро бо ҳама душворӣ нигаҳ медоранд ва аз насл ба насл мерос мегузоранд.

Бо баҳонаи ин паёмҳо, мехостам атрофи ин масъала чанд нуқтаеро ҳам арз кунам.

Арзишҳои инсонӣ болотар ва фаротар аз мавқеъҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва ҷаҳонбиниву гароишот мебошанд ва маҳз дар лаҳзаҳои ҳассос ва хеле нодир ин волоият ва вежагӣ худро исбот мекунанд. Дар шароити имрӯза қадри ҳар як паёмро, ки бо баҳонаҳое мисли зодрӯз фиристода мешаванд, метавон ба барафрухтани як шамъи дигари инсоният дар торикии зулму тарс ташбеҳ кард. Ва ҳар қадар, ки шамъҳо бештар барафрухта шаванд, ҳамон қадар торикӣ камтар мешавад. Қадр ва таъсири шамъ ҳам дар торикии шаб эҳсос мешавад, на ҳангоми равшании офтоб.

Вазъи миллат ва кишвари мо айнан ҳамин ҳолатро мемонад ва моро водор мекунад, ки бештар думболи ҳифз ва тақвияти арзишҳои умумии инсонӣ бошем, аз он, ки ҳар кас дар фикри пуштибонӣ ва ё ҷорӣ кардани дидгоҳҳо ва ҷаҳонбинии хосси гурӯҳӣ ва фардӣ бошем.

Пойбанд будани аксарият ба арзишҳои умуми-инсонӣ ва талош барои фарогир кардани он дар ҷомеъа кафили он аст, ки ҳар инсон дар партави амалан татбиқ шудани ин арзишҳо худро ҳифозатшуда аз ҳамагуна табъиз ва беҳуқуқӣ — чи аз тарафи давлат ва чи аз тарафи гурӯҳҳо ва ё афроди дигар — эҳсос кунад. Ҳаддиақал ба чунин ҳифозат умед дошта бошад ва онро талаб кунад. Дар баробари умедвор аз чунин ҳифозат ва талаби риояти ҳуқуқи худ, инсон худро дар баробари ҳуқуқ ва арзишҳои дигарон масъул медонад ва дарк мекунад, ки маҳз риояти ҳуқуқи дигарон ва эҳтироми арзишҳои умумӣ кафили ҳимояти ҳуқуқ ва арзишҳои ӯ буда метавонад.

Дар ҷомеае, ки як дидгоҳ ва арзиш ба таври иҷборӣ болои дигарон таҳмил мешавад, танҳо ҳуқуқ ва арзишҳои ҳамон гурӯҳи таҳмилкунанда ҳифозатшуда аст ва он ҳам муваққатӣ. Боқӣ афрод ва гурӯҳҳо, ки пайваста таъарруз ва ҳатто таҷовуз ба арзишҳо ва ҳуқуқҳои фитрии худро ҳис мекунанд, на танҳо дар фикри риоят ва эҳтироми арзишҳову ҳуқуқи дигарон нестанд, балки бо эҳсоси нафрату мухолафат ба арзишҳои дигарон, дар пайи фурсате аст, ки онҳоро аз ҷомеъа бардорад ва арзишу ҷаҳонбинии худро ҷойгузини он созад.

Маъмулан, гурӯҳҳо ва афрод дар ингуна ҷомеаҳо ба ҳамзистиву таҳаммули мутақобилаи арзишҳо, боварҳо ва дидгоҳҳо эътиқод надоранд. Балки, бархурд, зиддият ва ҳатто, душманӣ байни арзишҳову андешаҳо ва ба таври табиӣ, байни пайравону соҳибони ин арзишҳоро як амри воқеъӣ ва ҳатмӣ медонанд. На танҳо ба зиддият ва бархурди доимии ин арзишҳо бовар доранд, балки талош мекунанд ба ин эътиқоди ифротгароёнаи худ ҷомаи илмӣ ва фалсафӣ ҳам бипушонанд.

Мақолаҳо ва назарияпардозиҳои зоҳиран илмии ахир баёнгари он аст, ки ҷомеъаи моро дар ояндаи наздик як ҷомеъаи пур аз зиддият ва бархурди арзишҳо, дидгоҳҳо ва андешаҳо дидан мехоҳанд ва ҳама корро хоҳанд кард, ки ин вазъяит тағйир накунад. Ҷои нигаронӣ эътиқоди онҳо ба ин назария нест, чун кам нестанд дар ҷаҳон бовармандони чунин андеша. Ҷои нигаронӣ он аст, ки ингуна бархурд ва зиддият дар ҷомеаи мо ба таври сунъӣ роҳандозӣ мешавад ва дар дарозмуддат нигаҳ доштани он манфиатдор ҳам ҳастанд. Дар сурате, ки ҳамзистӣ ва таҳаммули фарҳангӣ, динӣ, забонӣ ва қавмӣ ҷузъи тамаддун ва тафаккури миллии мо мебошанд ва кам миллат ва ё ҷомеаеро метавон пайдо кард, ки таърихан чунин шароитро дошта бошад.

Агар гурӯҳе ё фарде барои эҷоди заминаи бархурд ва зиддият байни арзишҳо ва андешаҳо манфиатдор бошад, он ҳам ҷои нигаронӣ надорад, чун қаблан ҳам гуфта шуд, ки пайравони чунин андеша ҳамаш ақаллиятанд ва дар ҳама ҷомеаҳо ва миллатҳо вуҷуд доранд. Аммо, хатар онҷо бузург мешавад, ки ин ақаллияти ҳамеша манфиатмеҳвар қудрат сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодиро дар ихтиёр дошта бошад. Дар чунин ҳолат, зиддият, душманӣ ва нобоварӣ байни гурӯҳҳо, афрод ва ҷараёнҳои фикриву динӣ дар як ҷомеъа ногузир аст ва танҳо давлат (яъне, ҳамон гурӯҳи манфиатмеҳвар, ки фишангҳои давлатиро дар ихтиёр доранд), ба ҳайси омили ягонаи таъминкунандаи субот ва амнияти ҷомеа ва ҳамзамон, девори баланду оҳанин байни ин гурӯҳҳо ва дидгоҳҳои онҳо муаррифӣ мешавад. Ҷомеа ба таври нохоста ба чунин як ҳукумати пулисии саркубкунанда ва ба чунин як деворҳои баланди фикрӣ ва арзишӣ байни худ ва дигарон ниёз пайдо мекунад. Аз чунин ҳукумат ҳама нафрат дорад ва метарсад, аммо тарси бештари ҳар фард ё гурӯҳ боз аз он аст, ки агар ин калтак аз болои сари мардум бардошта шавад ва ин деворҳои фикриву зеҳнӣ бияфтанд, гурӯҳи дигар ӯро нобуд хоҳад кард. Ва ин танҳо давлат ва он ҳам давлати саркубкунанда қодир ба ҳимояти ӯ аз ҳамсоя, ҳамшаҳрӣ ва ҳамватани худаш аст.

Гурӯҳи манфиатдор талош мекунад, ки ин нобоварӣ ба худ, ба ҳамсояи худ ва ҳамватани худ бештар ва бештар шавад, то ба ин гурӯҳ ниёзи бештар пайдо кунанд. Мардум дар чунин шароити тарсу ҳароси умумӣ ва ниҳодинашуда, омода ҳастанд, ки аз баҳри ҳама чиз бигзаранд, ҳама мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии худро таҳаммул кунанд, дар бораи ҳуқуқҳои ҳамарӯза помолшавандаи худ фикр накунанд ва аслан, ниёзи дигаре чуз зинда мондан дар муқобили ҳамсоя ва ё ҳамшаҳрии худ надошта бошанд.

Барои он, ки ин зиддият дар ҷомеа решадор шавад ва мардум ба андешаву боварҳо ва арзишҳои якдигар нобовар ва ҳатто, душман шаванд, аз роҳу василаҳои гуногун истифода мешавад. Тавассути расонаҳо ва фишангҳои дигари таъсиррасон ба зеҳни мардум андеша, боварҳо, арзишҳо ва ҳатто, тарзи зиндагӣ, либосу намуди зоҳири ин ё он кишварро беарзиш месозанд, бегона метарошанд ва алайҳи он муборизаи дастаҷамъона бо истифода аз ресурсҳои давлатӣ роҳандозӣ мекунанд. Агарчи, медонанд, ин боварҳо, андешаҳо ва ҳатто, либосу рамзҳои дигар назди соҳибонашон арзиш ва қадре дорад. Ва медонанд, ки таҳқир ва беарзиш кардани як бовар, як рамз ва ё тарзи зиндагӣ боиси вокуниш ва эҷоди нобовариву нафрат мегардад. Аммо, бо донистани ин ҳама паёмадҳо, на танҳо аз ин амалҳо даст намебардоранд, балки огоҳона онҳоро бештар ҳам мекунанд, чун дар зиддият ва парокандагии арзишии ҷомеа бақои онҳо таъмин аст.

Аммо, он чиз, ки мусаллам аст ва дар поёни ин мавзуъ ҳам мехостам ба он ишора кунам, ниҳоятан шикаста шудан ва нокомии ин раванд аст. Бале, ҳатман таъсир дорад ва соҳибони ин тарҳ доранд ҳоло натиҷа ҳам мегиранд. Шояд, ба ин зудиҳо не, вале, мардум ҳатман аз нобоварӣ, душманӣ ва зиддияти тӯлонӣ бо ҳамсояи худ, ҳамдарси худ ва ҳар инсони дигар хаста хоҳанд шуд. Ва ҳатман суолеро ба худ хоҳанд дод, ки агар касе либоси ғайри ман мепушад (чи аврупоӣ бошад, чи миллӣ ва чи мазҳабӣ) ба ман чӣ рабт дорад? Ва агар ман чунин либосе мепӯшам, ба дигаре чӣ рабт дорад? Агар яке аҳли масҷид асту дигаре аҳли калисо ва ё касе ба ҳарду алоқае надорад, ба дигаре чӣ зарар ё фоида меоварад? Чун ҳама ин мусибатро дар зиндагии худ тайи 25 соли охир таҷриба карданд ва диданд, ки таҳмили як арзиш ва ё ҷаҳонбинӣ болои нафари дигар ва таҳаммули он чи қадар сангин аст. Ин худ ниёз ба арзишҳои муштараки инсониро дар ҷомеъа бештар мекунад ва ҳамзамон, дасти доираҳои манфиатдор дар ҳифзи зиддият байни арзишҳоро кутоҳтар.

Барои ин гуфтаҳо далеле ҳам аз ҳамин баҳонаи имрӯза дорам. Имрӯзҳо маъракаи густурдаи таблиғотӣ дар ду самт роҳандозӣ шудааст, яке алайҳи шахсиятҳои алоҳида ва дигаре алайҳи ҳама чизе, ки ба дину мазҳаб рабт дорад, аз ҷумла либос. То куҷо ба ҳам рабт доштани ин самти таблиғотӣ мушаххас нест, аммо, натиҷа он аст, ки имсол бештарин паёмҳоро ба муносибати зодрӯз дар муқоиса ба солҳои дигар дарёфт кардам. Ва он ҳам бештар аз касоне, ки байни мо ва онҳо муштаракоти гурӯҳӣ, ташкилотӣ ва ҳатто, ақидатӣ вуҷуд надорад, баръакс, ихтилофотамон дар ин замина бештаранд. Танҳо чизе, ки моро бо ин азизон мепайвандад, муштаракоти арзишии умумиинсонӣ аст. Аз маҷмӯъи ин ҳама паёмҳо як паёми умумиро дарёфтам, ки фурӯ рехтани деворҳои нобоварӣ, зиддият ва душманӣ дар ҷомеаи мо дур нест ва танҳо аз мо мехоҳад, ки дар баробари якдигар инсонвор рафтор кунем.

Бо изҳори миннатдории самимона ва талаби саломативу сарбаландии ҳама азизон аз Худованди Мутаъол, бародари шумо,

Муҳиддин Кабирӣ

24.07.2017



Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: