Шарҳи Маснавӣ (199)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (25)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (10)

* * *

Эй ҳаёти ошиқон дар мурдагӣ!

Дил наёбӣ ҷуз ки дар дилбурдагӣ.

Эй муддаъии ошиқӣ! Бидон, ки ҳаёти воқеии ошиқон мурдан аст дар роҳи маъшуқ. Ва то ба маъшуқи ҳақиқӣ дил надиҳӣ, соҳибдил нашавӣ.

Дилбурдагӣ: ошиқӣ, ошиқ шудан.

Нукта: Вазифаи дил ошиқ шудан ва хешро дар пойи маъшуқ афкандан аст. Аммо Акбарободӣ шарҳе номуваҷҷаҳ карда. Ӯ мегӯяд: “Ошиқонро дар мавти иродӣ, аз зуҳуру таҷаллият зиндагӣ мебахшӣ. То ту эшонро ба худ накашӣ, эшонро расидан ба ту душвор.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.121)

Ман дилаш ҷуста ба сад нозу далол,

Ӯ баҳона карда бо ман аз малол.

Ман дар садади дилҷӯии он маъшуқ баромадам, вале ӯ, ки аз дархости ман дилтанг шуда буд, бо сад нозу карашма бароям баҳона овард.

Далол: нозу карашма.

Нукта: Бисёре аз шореҳон аз ҷумла Акбарободӣ ва Гулпинорлӣ, дар тафсири байти фавқ дучори хато шудаанд. Гулпинорлӣ маънии байти ахирро чунин навиштааст: “Ман мехоҳам бо сад ишваву ноз дили ӯро биҷӯям, ӯ аз роҳи дилтангӣ баҳонаҳо меоварад.” (Насру шарҳи Маснавии шариф, дафтари аввал, с.291) Дар ҳоле ки “ба сад нозу далол” мутаммими мисроъи дуввум аст, на қайд барои феъли “ҷуста”. Далели дигар он ки ошиқ барои ба даст овардани дили маъшуқ ноз намекунад, балки ноз аз маъшуқ аст ва ниёз аз ошиқ. Аммо Акбарободӣ дар тавҷеҳи ваҷҳи хато мутакаллифона навиштааст: “Бояд донист, ки ошиқ дар талаби ҷилваи маъшуқ гоҳе ба аҷзу ниёз мегарояд ва гоҳе дар мақоми нозу далол дармеояд, то бошад, ки ниқоби ҳиҷоб аз рӯйи хуби худ бигушояд.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.121) (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.554)

Гуфтам охир ғарқи туст ин ақлу ҷон,

Гуфт: рав, рав, бар ман ин афсун махон.

Ман ба маъшуқ гуфтам: Эй маҳбуби ростинам! Охир, ин ақлу ҷон мустағриқи дарёи ишқи туст, пас висолатро ба ман ато кун. Посухам дод: Бирав, бирав, ин афсонаҳоро барои ман махон.

Ман надонам он чӣ андешидаӣ?

Эй дудида, дӯстро чун дидаӣ?

Ман он чиро, ки ту дар борааш андешидаӣ, намедонам. Эй дубин! Ту дӯстро чӣ гуна дидаӣ? (Яъне, ту, ки мегӯӣ ақлу ҷон ғарқи туст, пас маълум мешавад, ки ҳанӯз дуӣ аз ту нарафтааст, зеро ки ҳанӯз шуъур нисбат ба ғарқ ва фанои ақлу ҷон боқист, ва то шуъур ба фано боқист, дуӣ ва ғайрият аз миён нарафтааст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.132)

Дудида: дубин, аҳвал.

Эй гаронҷон, хор дидастӣ маро,

З-он ки бас арзон харидастӣ маро.

Эй, ки аз ишқ тиҳӣ ҳастӣ, вале лофи онро мезанӣ! Ту маро хору бемиқдор дидӣ, ба ҷиҳати он ки маро бисёр арзон ба даст овардаӣ.

Гаронҷон: киноя аз мардуми фоқиди завқу ишқ.

Ҳар кӣ ӯ арзон харад, арзон диҳад,

Гавҳаре тифле ба қурсе нон диҳад.

Ҳар кас, ки чизеро арзон бихарад, арзон ҳам хоҳад фурӯхт. Масалан, кӯдаке гавҳареро бо як қурси нон иваз мекунад, зеро ки қадри онро намешиносад.

Нукта: Ҳамин тавр, атфоли тариқат низ гавҳари яқин ва маърифатро ба ҳавои нафс мефурӯшанд.

Ғарқи ишқеам, ки ғарқ аст андар ин,

Ишқҳои аввалину охирин.

Ман дар ишқе мустағрақ ҳастам, ки ҳамаи ишқҳои пешиниён ва пасиниён дар он ишқ ғарқа омадааст, зеро маъшуқи ман ҳақиқист, на маҷозӣ.

Муҷмалаш гуфтам, накардам з-он баён

В-арна ҳам афҳом сӯзад, ҳам забон.

Ман ба таври сарбаста аз рози ишқ сухан гуфтам ва гавҳари онро фош насохтам, зеро агар мехостам муфассал аз он дам бизанам, мусалламан дами оташинам ҳам зеҳнҳоро месӯзонад ва ҳам забонҳоро.

Нукта: Барои ҳамин амр, кибори урафо барои пӯшида доштани асрор ва ҳақоиқ аз авом, истилоҳоте вазъ кардаанд, ки танҳо соликони ин тариқ бо он ошно ҳастанд ва ағёрро бад-он роҳ нест.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: